Фалсафа ва равиши реализм (86)

Ҷилди севвум

Муқаддима

Ҷилди севвуми ин китоб, ки акнун аз назари хонандаи мӯҳтарам мегузарад, муштамил бар мақолаи 7 ва 8 ва 9 аз маҷмӯи 14 мақолаест, ки давраи ин китобро ташкил медиҳад.

Мақолаи 7 муштамил бар як ришта матолиб аст, ки ба номи “масоили вуҷуд” хонда мешавад. Ин ришта масоил аз лиҳози дахолате, ки дар сарнавишти соири масоили фалсафа дорад, асоситарин масоили фалсафа бояд шумурда шавад. Масоили вуҷуд дар ин мақола ба сурати 12 масъала баён шуда ва аз ин 12 масъала фақат яке ду масъала аст, ки аз Юнони қадим ба ирс расида, вале қисмати умдаи масоил, ки дахолати зиёде дар мабно ва асоси фалсафа дорад, дар давраи исломӣ ба тадриҷ пайдо шуда ва дар зимни худи китоб иҷмолан ба таърихчаи ин масоил ишорае шудааст. Ду масъала аз ин 12 масъала — яке ин ки “мавҷуд маъдум намешавад” ва дигар ин ки “адам нисбӣ аст” — барои аввалин бор дар ин мақола унвон қарор дода шуда ва мустақиллан бо сабки махсусе аз онҳо баҳс шудааст.

Мақолаи 8 муштамил бар масоили “зарурат ва имкон” аст ва он чӣ дар он мақола мавриди таваҷҷӯҳ аст, мавзӯи вуҷуб ва ҳатмият ва қатъияте аст, ки дар кори ҷаҳон ҳукмфармост. Баҳс аз “зарурат ва ҳатмияти низоми ҳастӣ” яке аз муҳимтарин мабоҳисест, ки ҳамвора афкори фалосифаро ба худ мутаваҷҷеҳ сохтааст ва имрӯз ҳам дар миёни фалосифаи ғарб дар радифи аввали масоили фалсафӣ ба шумор меравад. Дар охири ин мақола мавзӯи “иҷбор ва ихтиёри инсон” ва “истеъдоди таклиф ва масъулияти вай дар баробари низоми ҳатмии мавҷудот” матраҳ шуда ва дар он изҳори назар шудааст.

Мақолаи 9 муштамил бар “қонуни иллият” ва мутафарреъоти вай аст. Қонуни иллият аз қадимтарин ва собиқадортарин масоили фалсафа аст. Ва агар сибқат ва қидматро манот қарор диҳем, ҳеч масъалае ба пойи масъалаи “иллат ва маълул” намерасад. Масъалаи иллат ва маълул аз он масоил аст, ки бо камоли сибқат ва қидмате, ки дорад, аҳаммият ва ҷалоли худро аз даст надодааст, балки дар асари таҳқиқот ва ковишҳо ва мӯшикофиҳои зиёде, ки дар атрофи ин масъалаи куҳан ба амал омадааст, ҳақоиқи зиёде дар бораи кайфияти иртиботи мавҷудот бо якдигар дар олами фалсафа равшан шудааст.

* * *

Мақолоте, ки дар ҷилди аввал ва дуввум гузашт, ба истиснои мақолаи 1, ҳама дар ҳавли масоили идрокӣ буд ва он чӣ мавзӯи баҳси мустақими он мақолот буд, инсон ва афкор ва андешаҳо ва идрокоти инсон буд ва мо аҳаммияти баҳс аз ҷанбаҳои идрокиро дар ҷилди аввал ва дуввум гӯшзад кардем. Ва аммо он чӣ мавзӯи баҳси ин се мақола аст, мустақиман воқеияти айнӣ аст. Яъне дар ин се мақола расман дар атрофи воқеияти айнӣ таҳқиқ шуда. Вале хонандаи мӯҳтарам дар зимни ин ки ба кайфияти иқомаи бурҳонҳои фалсафӣ дар ин масоил ошно мешавад, боз ба як ҳақиқати равшан бармехӯрад, ва он ин аст: то зеҳнро нашиносем, наметавонем фалсафа дошта бошем. Яъне шинохтани воқеият бад-он сон, ки башар аз фалсафа интизор дорад, бидуни шинохтани зеҳн ва огоҳӣ аз анбӯҳи андешаҳои ғалатандози зеҳн муяссар нест. Ин ҳақиқат дар зимни мутолеаи худи ин мақолот равшан хоҳад шуд.

Дар зимни ин ҳақиқат, шояд як мушкили дигар низ ҳал шавад, ва он мушкил иборат аст аз чигунагии қудрати зеҳн барои пешравӣ дар масоили таъаққулии маҳз. Агар мо аз ӯҳда баромада бошем ва манзури худро ба таври возеҳ ва равшане баён карда бошем, хонандаи мӯҳтарам ба хубӣ хоҳад фаҳмид, ки зеҳн бо як силсила масоили ҷиддӣ рӯбарӯ мешавад ва хоҳони ҷавоб додани саҳеҳ ба онҳост ва қодир аст бидуни он ки аз васоили хориҷӣ кӯмак бигирад, ба осонӣ ҷавоби онҳоро бидиҳад, балки мутаваҷҷеҳ мешавад, ки дар ҳалли ин ришта масоил, тавассул ба ғайри ин роҳ ҳеч маънӣ надорад.

* * *

Ҳамон тавре, ки дар муқаддимаи ҷилди аввал ва муқаддимаи ҷилди дуввуми ин китоб гуфтем, мо ҳатталмақдур саъй кардаем, ки матолибро бо забони содда ва умумифаҳм дар дастраси хонандагони мӯҳтарам бигузорем, ва шояд инҷониб дар асари ҳирс ва исроре, ки нисбат ба ин мақсуд доштааст ва аз ин ҷиҳат як матлабро бо иборот ва таъбироти мукаррар адо кардааст, мӯҷиби малоли хотири бархе аз хонандагони мӯҳтарамро фароҳам оварда бошад.

Яке аз мавзӯъоте, ки имрӯз назари донишмандони ҷаҳонро ҷалб карда ин аст, ки ҳатталимкон саъй кунанд ҳақоиқи илмиро осон ва содда таҳвил диҳанд. Ва албатта донишмандони ғарбӣ пешқадами ин роҳ ҳастанд. Дар дунёи ғарб эҳтимом ба осон кардани муъзалоти илмӣ камтар аз эҳтимом ба кашфи масъалаи тоза нест, ва алҳақ ин суннат бисёр суннати писандидаест ва бояд ҳамаи донишмандон дар ҳамаи риштаҳо ин равишро таъқиб кунанд, ва ин худ хидмати бузург ба ҷомеаи илм ва дониш аст. Ва мутаассифона бояд изъон кард, ғолиби китобҳои қадими мо (дар ҳамаи риштаҳо) фоқиди ин хасисаи олӣ аст, ба тавре, ки дар бархе аз бадбинон тавлиди суизанн карда, ки шояд таъаммуде дар кор буда ва номафҳум будан, мақсуд ва манзур будааст.

Имрӯз тарафдорони иваз кардани методи таълим ва таълиф зиёд шуда ва бо ғолиби ашхосе, ки рӯбарӯ мешавем, аз ҳамин мавзӯъ сухан ба миён меоваранд ва бархе дар ин роҳ ба ҳадди ифрот изҳори назар мекунанд ва хиёл мекунанд, ки воқеан ҳар матлабе, ки барои ҳар кас номафҳум аст, дар асари тарзи таълим ва баёни он матлаб аст, вале мо дар зимни ин ки ба тарафдорони тағйири методи таълим ва таълиф ҳақ медиҳем ва худ низ тарафдори он ҳастем, ин нуктаро ёдоварӣ мекунем, ки ҳамон андоза, ки бар донишмандон аст, ки ҳақоиқро аз қайди асорати ибороти муғлақ ва печида озод созанд, беш аз он андоза бар толибони маърифат аст, ки сатҳи афҳоми хешро бо сатҳи ҳақоиқ наздик созанд.

Яке аз чизҳое, ки дар кишвари мо мӯҷиб шуда, ки афрод толиби фалсафа ба забони содда бошанд, порае аз тарҷумаҳои китобҳоест, ки аҳёнан ба номи фалсафа мунташир шуда ва нависандагони онҳо ба номи фалсафа, осмону ресмон кардаанд ва ҳар чӣ хостаанд ба қолиб задаанд ва бархе хонандагон пиндоштаанд, ки фалсафаи Урупо содда аст, ва ҳол он ки агар касе кучактарин иттилое дошта бошад, медонад, ки фалосифа ва донишмандоне, ки воқеан дар худи Урупо оро ва назариёташон мавриди эҳтиром аст, камтар касе аст, ки иддаъо кунад, ки аз ӯҳдаи фаҳми назариёти онҳо бармеояд. Оё фалсафаи Конт ё Ҳегел ё Ҳонри Бергсун ё назарияи нисбияти Эйнштейн ё бисёре аз назарияҳои муҳимми иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба ҳамин соддагиҳоест, ки ин соддадилон пиндоштаанд?!

Афкор ва назариёти олӣ дар ҳар риштае, хоҳ нохоҳ диққатҳоеро ҳамроҳ дорад ва то инсон кӯшиш накунад ва сатҳи фикри хешро боло набарад, муваффақ ба дарки онҳо нахоҳад шуд.

Гӯянд, ҳангоме, ки Абутаммом, шоири тавонои араб, яке аз қасоиди ғаррои хешро иншо карда буд, бархе аз хӯрдагирон ба вай гуфтанд:

لم لا تقول ما يُفهم

Яъне, “чаро чизе намегӯӣ, ки фаҳмида шавад?” Мақсудашон ин буд, ки чаро тавре сухан намегӯӣ, ки мо бифаҳмем? Абутаммом дар посух гуфт:

لم لا تفقهون ما يقال

Яъне, “шумо чаро он чиро гуфта мешавад, намефаҳмед?”

* * *

Инҷониб барои ҳар се мақола поварақиҳои машрӯҳ навишт ва фақат қисмате аз авохири мақолаи 9, ки марбут ба мабҳаси “ғоёт” буд боқӣ монд. Роҷеъ ба он қисмат аз он ҷиҳат, ки бо матолиби мақолоти оянда бастагӣ дошт, беҳтар он дид, ки ба ҳамон андоза, ки дар матн баён шуда қаноат кунад ва албатта баъдан дар мақолаи 10 ва мақолаи 14 ба ҳадди лузум дар бораи он қисмати олӣ дар матн ва поварақиҳо баҳс хоҳад шуд.

Теҳрон — тирмоҳи 1335 шамсӣ (июли 1956)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: