Худ ғалат буд он чи мепиндоштем…

(Назари коршиносони Эрон дар бораи баста шудани марокизи фарҳангӣ ва бозаргонии ин кишвар дар Тоҷикистон)

Ёддошти Ҳасани Биҳиштпур, таҳлилгари масоили Осиёи Миёна ва Қафқоз

“Давлати Эрон набояд аз ин иқдомҳо ба соддагӣ убур кунад ва беш аз ҳар замони дигар зарурат эҷоб мекунад, ки Эрон аз ҳамаи имконоти худ истифода кунад, то тарафи тоҷик мутаваҷҷеҳ шавад, ки наметавон дӯстони қадимиро бидуни пардохти ҳазина нодида гирифт…”

* * *

Хабари баста шудани як маркази фарҳангӣ ва як маркази бозаргонии Эрон дар шаҳри Хуҷанд — дуввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон, ба дастури давлати ин кишвар, дар лобалои ахбори муҳимме, ки ин рӯзҳо афкори умумиро дар минтақа машғул ба худ кардааст, гум шуд. Аммо ба бовари нигоранда, набояд ин мавзӯи муҳимро нодида гирифт. Зеро ин иқдом дар ростои соири иқдомҳои ғайридӯстона дар ду соли ахир, равобити ду кишварро ба сардӣ кашонда, ки дар 25 соли ахир аз замони истиқлоли Тоҷикистон то кунун, бесобиқа будааст.

Хабари баста шудани маркази фарҳангии марбут ба ройзани фарҳангии Эрон дар шаҳри Хуҷанд, ки кораш кӯмак ба чопи китобҳо ва мақолотест, ки решаҳои фарҳангӣ ва торихӣ ва забонии муштараки мардуми ду кишвари Эрон ва Тоҷикистонро муаррифӣ мекунад ҳайратангез, ва дар айни ҳол, таассуфовар аст. Ҳамчунин бастани маркази бозаргонии Эрон дар шаҳр Хуҷанд, ки кори ин марказ ҳам муаррифии имконоти тиҷорат бо Эрон ва фурӯши маҳсулоти Тоҷикистон дар Эрон буд, бидуни ҳеч гуна тавҷеҳи мантиқӣ ва иттилоърасонӣ барои афкори умумии ду кишвари дӯст, бисёр ғайриоддӣ ва суолбарангез аст.

Мумкин аст дар Эрон касоне бошанд, ки ба далели заъфи амалкарди ин ду маркази фарҳангӣ ва иқтисодӣ, аз таътилии онҳо истиқбол кунанд. Аммо ин мавзӯъ нафси амалкарди ғайридӯстонаи давлати Тоҷикистон дар ду соли гузаштаро тавҷеҳ намекунад.

Давлати Тоҷикистон аз ду соли қабл, ба баҳонаи воҳии ширкати оқои Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар Конфронси ваҳдати исломӣ дар Теҳрон, ки ҳар сол такрор мешавад ва оқои Кабирӣ ҳам дар солҳои қабл чандин бор ба унвони меҳмон дар он ширкат карда буд, муносиботи худро бо Эрон дучори чолишҳои ҷиддӣ кардааст. Ин раванд бо бастани марокизи эронӣ дар Тоҷикистон ва ҳатто тағйири маҳалли сафорати Эрон ва дафотири вобаста ба он ба баҳонаи навсозӣ ва ғайра, рӯз ба рӯз абъоди ҷадиде пайдо мекунад.

Давлати Тоҷикистон монанди ҳар кишвари мустақилли дигар ҳақ дорад тасмим бигирад, ки бо чӣ кишваре дар чӣ сатҳе ва дар чӣ заминае робита барқарор кунад, аммо давлати тарафи муқобил (Эрон) ҳам бар асоси асли “муқобила ба мисл” метавонад аз имконоте, ки дар ихтиёр дорад истифода кунад, то тарафи муқобил бидонад дар муносиботи дӯстонаи ду тараф, бояд баҳрамандӣ яктарафа набошад.

Дар воқеъ намешавад замоне давлате бо иддаои дӯстӣ аз ҳамаи имконоти молӣ ва маънавии як кишвари дӯст ва ҳамзабон барои тасбити мавқеияти худ баҳра бигирад, аммо дар замони дигар ба далели бархӯрдорӣ аз имконоти молии қобили таваҷҷӯҳ, бо кишваре, ки қасд дорад дӯстии қадимиро таҳти фишори сиёсӣ ва амниятӣ қарор диҳад, роҳи муғозаларо дар пеш бигирад. Он ҳам дар замоне, ки давлати Тоҷикистон медонад Арабистон дар воқеъ ба дунболи нуфузи бештари ваҳҳобият дар байни тоҷикон аст. Оморҳои ғайрирасмӣ ва тахминӣ ҳикоят аз он дорад, ки ҳаддиақал се ҳазор нафар тоҷик имрӯза дар саффи доъишиён дар Сурия ва Ироқ меҷанганд. Дар воқеъ тавсиаи робитаи Тоҷикистон бо Арабистон, заминасози густариши андешаҳои такфирӣ дар ин кишвар аст, ки амнияти миллии онро ба хатар андохтааст.

Мавзӯъ бар сари он аст, ки тавсиаи муносибот байни ду кишвари мусалмон, набояд баҳонае барои ворид овардани фишор бар кишвари солис бошад. Он ҳам кишваре, ки агар кӯмакҳояш барои истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон набуд, имрӯз маълум набуд сарнавишти оқои Раҳмон ва ёронаш, ки аз соли 1992 то кунун қудратро дар ин кишвар қабза кардаанд, ба куҷо меанҷомид!

Ҳатман оқои Раҳмон, ки имрӯз баъд аз солҳо муносиботи худро бо Ӯзбакистон тармим кардааст, ба хубӣ ба ёд дорад, ки дар ҷараёни ихтилофҳои Тоҷикистон ва Ӯзбакистон бар сари тақсими оби рӯдхонае, ки сарчашмаи он дар Тоҷикистон аст, ин Эрон буд, ки бо ҳамаи имконоти худ аз Тоҷикистон ҳимоят кард ва баҳои ин ҳимоятро ҳам дар муносиботи худ бо Ӯзбакистон пардохт.

Оқои Раҳмон аммо ин нуктаро намедонад, ки ворид шудан дар бозии бузургон, малзумотеро талаб мекунад, ки Тоҷикистон фоқиди он имконот аст. Бинобар ин, агар чунин тасаввур шавад, ки метавон аз “гови ширдеҳи” Арабистон бидуни масмумиятҳои сиёсӣ-ақидатии ношӣ аз ваҳҳобигарӣ баҳрабардорӣ кард ва ба фикри рӯзе набуд, ки билохира ихтилофҳои мақтаъии Теҳрон ва Риёз ба поён мерасад, тасаввуре ботил ва ношӣ аз ташхис надодани манофеи миллӣ дар баландмуддат ва асири бозиҳои сиёсии рӯзмарра барои касби манофеи кӯтоҳмуддат шудан аст.

Ба назар мерасад, давлати Эрон набояд аз ин иқдомҳо ба соддагӣ убур кунад ва беш аз ҳар замони дигар зарурат эҷоб мекунад, ки Эрон аз ҳамаи имконоти худ истифода кунад, то тарафи тоҷик мутаваҷҷеҳ шавад, ки наметавон дӯстони қадимиро бидуни пардохти ҳазина нодида гирифт. Иқдомҳои муассир ва кӯтоҳмуддат метавонад ҳушдордиҳанда барои тағйири рафтори ғайридӯстонаи Тоҷикистон бошад.

Мо зи ёрон чашми ёрӣ доштем,

Худ ғалат буд он чи мепиндоштем.

Irdiplomacy



Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: