Хушомадгӯӣ

Маҳмудхон Бурҳонов

Ҳамеша дар ҳар давру замон як идда аз мардум будаанд, ки шуғлашон хушомадгӯӣ будааст; хушомадгӯӣ ба даргоҳи қудрат. Фарқе намекунад чӣ касе сари қудрат бошад, шахси одил ё золим, худӣ ё бегона, диндор ё бедин… аслан муҳим нест.

Муҳим барои хушомадгӯён мақому мансаби он шахс аст, соҳиби қудратро то мақоми худоӣ ҳам боло мебаранд ва рақибонашро то сатҳи шайтон поин меоваранд.

Агар рафту рӯзе ҷои онҳо иваз бишавад, “худои” дирӯзаро ба ҷои шайтон менишонанд ва сангаш мезананд ва шайтони дирӯзаро ба ҷои “худо” қарор медиҳанду ситоишаш мекунанд.

Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо бозори ин ҷамоат аз ҳар давру замоне гармтар шудааст, ба ҳадде гарм, ки дар хушомадгӯӣ байни ҳам мусобиқа гузоштаанд. Он қадр вазъи мавҷудро васфу таҳсин мекунанд, ки гӯё дар мулки Сулаймон басар мебурда бошанд. Ва он чунон ҳокими давронро ситоиш мекунанд, ки ҳатто Фиръавн ҳам чунин ситоишҳоро надидаву нашнида буд.

Фақат байни хушомадгӯёни замони мо бо хушомадгӯёни даврони қадим як фарқ аст. Фарқашон дар ин аст, ки хушомадгӯёни он даврон ба миқдори ситоишу мадҳашон, аз ҷониби ҳокимон эҳсону такрим мешуданд. Бинобар ин, ҳар миқдор, ки ба онҳо бештар эҳсон мешуд, беҳтар мадҳу сано мекарданд. Вале хушомадгӯёни замони мо комилан бар хилофи онҳо амал мекунанд. Инҳо баръакс ҳар миқдор, ки бештар таҳқиру тавҳин бишаванд, беҳтару зеботар санову ситоиш мекунанд.

Гӯё завқи шавқи инҳо танҳо ҳангоми эҳсоси ҳақорат ва иҳонат шӯълавар мешавад.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷумлаҳои ҳикматомез

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: