Ҳимоят ё адами ҳимоят; вокуниши Абдуллоҳ ба ташкили эътилофи мунтақидони Ғанӣ дар Туркия чист?

Дар пайи ҳузури мунтақидони Ғанӣ дар Туркия ва ҳузури муовини Абдуллоҳ дар эътилофи “Шӯрои олӣ барои наҷоти Афғонистон”, як манбаи наздик ба риёсати иҷроӣ гуфта, ки Абдуллоҳ ба зудӣ дар баробари ин эътилоф эъломи мавзеъ хоҳад кард.

Ба гузориши хабаргузории Tasnimnews, дар пайи эъломи эътилофи сегона байни Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини дуввуми раиси иҷроии давлати Афғонистон, Ато Муҳаммад Нур, волии Балх ва раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва ҳамчунин женерол Дӯстум, муовини аввали раисиҷумҳури ин кишвар таҳти унвони эътилофи “Шӯрои олӣ барои наҷоти Афғонистон”, ҳанӯз мавзеи Абдуллоҳ Абдуллоҳ мушаххас нест.

Як манбаи наздик ба раиси иҷроии ҳукумати ваҳдати миллӣ гуфтааст, ки Абдуллоҳ ба зудӣ мавзеи худро дар қиболи ин эътилоф эълом хоҳад кард.

Ин манбаъ ба телевизиюни 1 хабар додааст, ки ройзаниҳо дар ин бора ва баррасии ҳимоят ва ё адами ҳимоят аз ин эътилоф, дар риёсати иҷроӣ ҷараён дорад ва Абдуллоҳ ба зудӣ мавзеи худро эълом хоҳад кард.

Бо дар назар доштани ихтилофоти сиёсӣ байни Абдуллоҳ ва Ато Муҳаммад Нур ва мавозеъи ҳафтаҳои гузашта дар бораи ҳазфи раиси иҷроӣ аз Шӯрои раҳбарии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ, ба назар мерасад, ки Абдуллоҳ дар робита бо таъйини мавзеъ дар қиболи эътилофи “Шӯрои олӣ барои наҷоти Афғонистон” дучори сардаргумӣ шудааст.

Дар ҳоле, ки ихтилофоти Абдуллоҳ ва Ато Муҳаммад Нур ҳамчунон ба қуввати худ боқист, яке аз хостаҳои эъломшуда тавассути ин эътилоф таҳаққуқи тавофуқномаи сиёсии ҳукумати ваҳдати миллӣ аст, ки Ашраф Ғаниро мулзам мекунад, то бо таъдили қонуни асосӣ ва эҷоди пости нахуствазирӣ бахши умдае аз салоҳиятҳои риёсати ҷумҳуриро ба Абдуллоҳ вогузар кунад.

Аз сӯи дигар, ин эътилоф бо интиқодҳои густардае ба вежа аз сӯи сенои Афғонистон ва соири ниҳодҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ ва аҳзоби сиёсӣ мувоҷеҳ шудааст.

Сенои Афғонистон дар вокуниш ба эҷоди эътилофи сегона эълом кард, ки дар сурати эъломи мавҷудияти расмии ин эътилоф, афроди опозисиюн мукаллаф ҳастанд, ки аз симатҳои давлатии худ канорагирӣ кунанд, чун аз назари қонунӣ ва ахлоқӣ ба сурати ҳамзамон наметавонанд ҳам опозисиюн ва ҳам бахше аз ҳукумат бошанд.

Ин эътилоф гарчи бо ҳузури ғайрирасмии Салоҳуддин Раббонӣ, раҳбари Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ дар Онкоро сурат гирифт, аммо Шӯрои “Инсиҷоми Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ”, ки бахши бузурге аз ин ҳизбро ташкил медиҳад, мухолифати сареҳи худро бо он эълом кард.

Гарчи бисёре аз шурут ва хостаҳои ин эътилоф ба нафъи Абдуллоҳ аст, аммо ба назар мерасад, ки эъломи мухолифати Шӯрои Инсиҷом” бо ин эътилоф ва ихтилофот ва яккатозии Ато Муҳаммад Нур, кори Абдуллоҳро дар эъломи ҳимоят аз ин эътилоф душвор кардааст.

Бинобар ин, раиси иҷроии давлати Афғонистон дар эъломи мавзеи расмии худ дар қиболи ин эътилоф, бар сари дӯроҳӣ қарор гирифтааст.

Бо ин ҳол, ташкили эътилоф тавассути Ато Муҳаммад Нур, раиси иҷроии Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ бидуни ҳамоҳангӣ бо сарони ин ҳизб ва адами ҳамоҳангии Муҳаққиқ, муовини Абдуллоҳ нишон медиҳанд, ки ин эътилоф қабл аз мувоҷеҳа бо риёсати ҷумҳурӣ бояд бо ихтилофоти дарунҳизбӣ низ дасту панҷа нарм кунад.

Ин дар ҳолест, ки сухангӯи Ҳизби Исломӣ (Ҳикматёр) низ дар вокуниш ба ин эътилоф, аз ташкили эътилофи дигар таҳти унвони “Тафоҳуми миллӣ” тавассути Ҳикматёр раҳбари ин ҳизб хабар додааст.

Вай муддаӣ шуда буд, ки дар ин эътилоф қарор аст аҳзоби умдаи тоҷик ба шумули Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ, Ҷабҳаи навин ва Шӯрои ҳиросат низ ҳузур дошта бошанд.

Гуфта мешавад, ки Маъсум Станказай, раиси умумии амнияти миллӣ ва аз афроди хосси Ашраф Ғанӣ, субҳи имрӯз ба Туркия сафар кардааст, аммо ҳанӯз ҳадаф аз ин сафар мушаххас нест, гарчи ин сафар ва ройзании эҳтимолӣ бо женерол Дӯстум беиртибот бо эътилофи “Шӯрои олӣ барои наҷоти Афғонистон” нест.

Бо ин ҳол, бояд барои гумоназаниҳои наздик ба воқеият, мунтазир монд, ки оё сафари Станказай ва ҳамчунин ройзаниҳои пушти парда таъсире дар мавзеи Абдуллоҳ дар баробари Ҳизби Ҷамъияти Исломӣ ва эътилофи мунтақидони Ғанӣ хоҳад гузошт ё хайр.

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: