Ислом ва Эронзамин (30)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (18)

Низоми хонаводагӣ

Дар давраи соcонӣ чизе, ки беш аз ҳама дастхуши тасарруф ва носиху мансух ва ҷарҳу таъдили мӯбадон буд, “ҳуқуқи шахсӣ” аст; махсусан аҳкоми никоҳу ирс ба андозае печида ва мубҳам буд, ки мӯбадон ҳар чӣ мехостанд мекарданд ва дар ин замина ихтиёроте доштанд, ки дар ҳеч шариате ба руҳониён надодаанд”.

Тааддуди завҷот дар давраи соcонӣ ҷорӣ ва маъмул будааст. Зартуштиёни асри ахир дар садади инкори ин асл ҳастанд, вале ҷойи инкор нест, ҳамаи муаррихон навиштаанд, аз Ҳеродоти юнонӣ ва Астробун дар асри ҳахоманишӣ гирифта то муаррихони асри ҳозир.

Ҳеродот дар бораи табақаи ашрофи аҳди ҳахоманишӣ мегӯяд:

Ҳар кадом аз онҳо чанд зани ақдӣ доранд, вале иддаи занони ғайриақдӣ бештар аст”.

Астробун дар бораи ҳамин табақа мегӯяд:

Онҳо занони зиёд мегиранд ва бо вуҷуди ин, занони ғайриақдӣ бисёр доранд”.

Жустен, аз муаррихони асри ашконӣ, дар бораи ашкониён мегӯяд:

Теъдоди занони ғайриақдӣ дар миёни онҳо ва бахусус дар хонаводаи салтанатӣ, аз замоне мутадовал шуда буд, ки ба сарват расида буданд, зеро зиндагонии саҳрогардӣ монеъ аз доштани занони мутааддид аст”.

Он чӣ дар Эрони бостон дар миёни табақаи ашроф маъмул будааст, чизе болотар аз тааддуди завҷот яъне ҳарамсаро будааст, ва аз ин рӯ на маҳдуд ба ҳадде будааст, масалан чаҳорто ё бештар ё камтар, ва на машрут ба шарте аз қабили адолат ва тасовии ҳуқуқи занон ва тавоноии молӣ ё ҷинсӣ, балки ҳамон тавр, ки низоми иҷтимоӣ як низоми табақотӣ будааст, низоми хонаводагӣ низ чунин будааст.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Асли тааддуди завҷот, асоси ташкили хонавода ба шумор мерафт. Дар амал, иддаи заноне, ки мард метавонист дошта бошад, ба нисбати иститоати ӯ буд. Зоҳиран, мардони камбизоат ба таври куллӣ беш аз як зан надоштанд. Раиси хонавода (казгхузой, кадхудо) аз ҳаққи риёсати дудмон (сардории дудмон) баҳраманд буд. Яке аз занон, савгулӣ ва соҳиби ҳуқуқи комила маҳсуб шуда ва ӯро “зане подшоиҳо” (подшоҳзан) ё зани мумтоз мехондаанд. Аз ӯ пасттар зане буд, ки унвони хидматкорӣ дошт ва ӯро зани хидматкор “зане чагориҳо, чокарзан” мегуфтанд. Ҳуқуқи қонунии ин ду навъ завҷа мухталиф буд… Шавҳар мукаллаф буда, ки модомулумр зани мумтози худро нон диҳад ва нигаҳдорӣ намояд. Ҳар писаре то синни булуғ ва ҳар духтаре то замони издивоҷ дорои ҳамин ҳуқуқ будаанд, аммо завҷаҳое, ки унвони “чокарзан” доштаанд, фақат авлоди зукури онон дар хонаводаи падарӣ пазируфта мешудааст. Дар китобҳои порсии мутааххир панҷ навъ издивоҷ шумурда шудааст, вале зоҳиран дар қавонини соcонӣ ҷуз ду қисме, ки зикр шуд, қисми дигаре набудааст”.

Духтар мустақиллан ҳаққи ихтиёри шавҳар надошт. Ин ҳақ ба падар ихтисос дошт. Агар падар дар қайди ҳаёт набуд, шахси дигаре иҷозаи шавҳар додани духтарро дошт. Ин ҳақ нахуст ба модар таъаллуқ мегирифт, ва агар модар мурда буд, мутаваҷҷеҳи яке аз амуҳо ё доиҳои ӯ мешуд.

Шавҳар бар амволи зан вилоят дошт ва зан бидуни иҷозаи шавҳар ҳақ надошт дар амволи хеш тасарруф кунад. Ба мӯҷиби қонуни заношӯӣ фақат шавҳар шахсияти ҳуқуқӣ дошт. Шавҳар метавонист ба василаи як санади қонунӣ занро шарики хеш созад. Дар ин сурат зан шарикулмол мешуд ва метавонист мисли шӯйи худ дар он тасарруф кунад. Фақат бад-ин васила завҷа метавонист муомилаи саҳеҳе шахси солис ба амал оварад.

Ҳар гоҳ шавҳаре ба зани худ мегуфт: аз ин лаҳза ту озод ва соҳибихтиёри худат ҳастӣ, зан бад-ин васила аз назди шавҳари худ тард намешуд, вале иҷозат меёфт ба унвони “зани хидматкор” (чокарзан) шавҳари дигаре ихтиёр кунад… Фарзандоне, ки дар издивоҷи ҷадид дар ҳаёти шавҳари аввалаш мезоид, азони шавҳари аввалаш буд, яъне зан таҳти табаияти шавҳари аввал боқӣ мемонд.

Шавҳар ҳақ дошт ягона зани худро ё яке аз занонашро (ҳатто зани мумтози худро) ба марди дигаре, ки бе он ки қусуре карда бошад мӯҳтоҷ шуда буд бисупорад (ория бидиҳад), то ин мард аз хадамоти он зан истифода кунад. Ризояти зан шарт набуд. Дар ин сурат шавҳари дуввум ҳаққи дахлу тасарруф дар амволи занро надошт ва фарзандоне, ки дар ин издивоҷ мутаваллид мешуданд, мутаъаллиқ ба хонаводаи шавҳари аввал буданд ва монанди фарзандони ӯ маҳсуб мешуданд… Ин амалро аз аъмоли хайр медонистанд ва кӯмак ба як ҳамдини тангдаст мешумурданд. (Эрон дар замони Сосониён, с.354; Торихи иҷтимоии Эрон, ҷ.2, с.45)

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

“Яке аз муқаррароти хоссаи фиқҳи соcонӣ “издивоҷи абдол” аст, ки нависандаи “Номаи Тенсер” ба шарҳи он пардохтааст ва тафсили он дар китоби “Алҳинд”-и Берунӣ аст, ки мустақиман аз тарҷумаи мафқуди Ибни Алмуқаффаъ гирифта ва он ин аст:

اذا مات الرجل ولم يخلف ولدا (فلينظروا) فان كانت له امرأة زوجوها من اقرب عصبته باسمه، وان لم يكن له امرأة فابنه المتوفى او ذات قرابته، فان لم توجد خطبوا على (العصبة) من مال المتوفى، فما كان من ولد فهو له ومن اغفل ذلك ولم يفعل فقد قتل ما لا يحصى من الانفس لانه قطع نسل المتوفى وذكره الى آخره

Хулоса ин аст, ки: барои ин ки номи хонаводаҳо маҳфуз бимонад ва асли моликияти хонадонҳое, ки ҳаққи моликият доштаанд мутазалзил нашавад ва сарвате, ки аз онҳо боқӣ мемонад ба дасти бегона наафтад, агар касе мемирад ва фарзанди писаре аз ӯ боқӣ намемонад ва ба истилоҳ уҷоқаш кӯр мемонд, “издивоҷи ниёбӣ” баъд аз фавташ анҷом медоданд. Қоида ва қонун ин буд, ки лузуман зани ӯро ба наздиктарин хешовандонаш, вале ба номи вафотёфта шавҳар диҳанд. Ва агар зан надорад, духтараш ва ё яке аз занони наздикашро ба номи ӯ ба наздиктарин хешовандонаш шавҳар диҳанд. Ва агар набуд, зани бегонаеро бо моли ӯ ҷаҳизия дода ва ба ниёбат аз ӯ ба яке аз хешовандони наздикаш шавҳар диҳанд. Писаре, ки аз ин “издивоҷи ниёбӣ” падид меояд, қонунан писари вафотёфта маҳсуб ва вориси ӯ шумурда мешавад. Ва касе, ки аз адои ин таклиф ғафлат варзад, сабаби қатли нуфуси зиёде шуда, зеро насли вафотёфтаро қатъ карда ва номи ӯро то абад ба фаромӯшӣ супурдааст.

Дар боби ирс муқаррар буд, ки зани мумтоз ва писаронаш яксон ирс бибаранд. Ба духтарони шавҳарнакарда нисфи саҳм медоданд. Чокарзан ва фарзандони ӯ ҳаққи ирс надоштанд, вале падар метавонист қаблан чизе аз дороии худро ба онон бибахшад ё васият кунад, ки пас аз марг ба онон бидиҳанд. (Ҳамон мадрак, с.357)

Кристенсен (Arthur Christensen) шарҳи муфассале дар бораи расми “писархондагӣ”, ки аз эҳтимоми фавқулъодаи он давра ба ҷилавгирӣ аз муталошӣ шудани номи хонаводаҳо сарчашма мегирад, нақл мекунад. Мо барои иҷтиноб аз итолаи бештари сухан, аз зикри онҳо худдорӣ мекунем.

Милок ва меҳвари муқаррароти хонаводагӣ ду чиз буда ва ҳамаи муқаррарот барои ҳифзи он ду будааст: нажод, сарват.

Издивоҷ бо маҳорим, ки суннати роиҷ буда ва дар он аҳд ва аз даврони пешин собиқа доштааст, рӯйи ҳамин асос қарор доштааст. Яъне хонадонҳо барои ин ки монеи ихтилоти хуни худ бо бегона ва афтодани сарвати худ дар ихтиёри бегона бишаванд, кӯшиш мекардаанд, то ҳадди имкон бо ақрабои наздики худ издивоҷ кунанд. Ва чун ин амал бар хилофи муқтазои табъ буда, бо зӯру қудрати мазҳаб ва ин ки аҷру подошаш дар ҷаҳони дигар азим аст ва касе, ки имтиноъ варзад ҷояш дар дӯзах аст, онро каму беш ба хӯрди мардум медодаанд.

Дар китоби “Ардо Вирофнома”, ки онро ба “Некшопур” аз донишмандони замони Хусрави аввали Нӯшинравон нисбат додаанд ва шарҳе аз меъроҷи руҳ аст, чунин омадааст, ки дар осмони дуввум равонҳои касонеро дидааст, ки “хуитук дас” (асвастоӣ: xᵛaētuuadaθa, издивоҷ бо маҳорим) карда буданд ва то ҷовидон омурзида шуда буданд, ва дар дуртарин ҷоҳои дӯзах, равони занеро гирифтори азоби ҷовидони дида, зеро, ки “хуитук дас”-ро ба ҳам задааст. Саранҷом гуфта шудааст “Вироф”, ки равони вай ба меъроҷ рафта ҳафт тан аз хоҳарони худро ба ҳамсарӣ баргузидааст. Дар китоби севвуми “Динкарт” (Dēnkart) дар ин замина истилоҳоти дигаре ба кор рафта, аз он ҷумла истилоҳи “наздпайванд” аст, ки ба маънии пайванд бо наздикон бошад, ва дар ин замина ба пайванди падар бо духтар ва бародар бо хоҳар ишора кардаанд. Нӯсоибурзмеҳр (Nosaiburzmitr) аз руҳониёни зартуштӣ, ки ин қисмат аз Динкартро тафсир карда судҳои бисёре барои ин гуна заношӯӣ оварда ва гуфтааст, ки гуноҳони ҷонкоҳро ҷуброн мекунад. (Торихи иҷтимоии Эрон, ҷ.2, с.39)

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Эҳтимом дар покии насаб ва хуни хонавода яке аз сифоти боризаи ҷомеаи эронӣ ба шумор мерафт, то ба ҳадде, ки издивоҷ бо маҳоримро ҷоиз мешумурданд ва чунин васлатеро “хуитук дас” (асвастоӣ: xᵛaētuuadaθa) мехонданд. Ин расм аз қадим маъмул буд, ҳатто дар аҳди Ҳахоманишиён. Агарчӣ маънии лафзи xᵛaētuuadaθa дар Авастои мавҷуд мусарраҳ нест, вале дар нусукҳои мафқуд мурод аз он бе шубҳа музоваҷат бо маҳорим буд”.

Зартуштиён ва махсусан порсиёни Ҳинд дар асри ахир, ки эҳсоси шаноат кардаанд ва худ онро тарк кардаанд, ахиран дар садади инкори ин амал шуда ва аз асл онро ба унвони як суннати зартуштӣ инкор кардаанд, дар садад баромадаанд барои калимаи “хуитук дас” таъвил ва тавҷеҳе бисозанд. Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Бо вуҷуди асноди мӯътабаре, ки дар манобеи зартуштӣ ва китобҳои бегонагони муосири аҳди соcонӣ дида мешавад, кӯшише, ки баъзе аз порсиёни ҷадид барои инкори ин амал яъне васлат бо ақориб мекунанд, беасос ва сабуксарона аст”.

Саъиди Нафисӣ мегӯяд:

Чизе, ки аз асноди он замон ҳатман ба даст меояд ва бо ҳамаи ҳаёҳуи ҷоҳилона, ки ахиран кардаанд, аз бадеҳиёти мусаллами тамаддуни он замон аст ин аст, ки никоҳи наздикон ва маҳорим ва заношӯӣ дар миёни ақориби дараҷаи аввал ҳатман маъмул будааст”.

Саъиди Нафисӣ он гоҳ нусусеро, ки дар китобҳои муқаддаси зартуштиён аз қабили Динкарт омадааст ва тасреҳоте, ки нависандагони исломӣ аз қабили Масъудӣ, Абуҳайёни Тавҳидӣ, Абӯалӣ ибни Мискавайҳ кардаанд, меоварад ва ҷараёни издивоҷи Қубод бо духтар ё хоҳарзода, ва издивоҷи Баҳроми Ҷӯбин бо хоҳар, ва издивоҷи Меҳрон Гушнасб — ки баъд масеҳӣ шуд — бо хоҳари худро ёдовар мешавад.

Марҳуми Мушируддавла дар китоби нафиси худ “Эрони бостон” аз Астробун, муаррихи қадими юнонӣ, дар бораи Ҳахоманишиён нақл мекунад, ки: “Инҳо (муғҳо) мувофиқи одоташон ҳатто модаронашонро издивоҷ мекунанд”.

Дар бораи Ашкониён мегӯяд:

Баъзе аз муаррихони хориҷа, издивоҷи шоҳони ашкониро бо ақрабо ва хешони наздик бо ниҳояти нафрат зикр мекунанд. Чунин нисбатеро Ҳеродот ба Камбуҷия, ва Плутарх ба Ардашери дуввуми ҳахоманишӣ додаанд ва лекин баъзе аз нависандагони порсии зартуштӣ ин нисбатро рад карда, мегӯянд, калимаи хоҳарро дар мавриди ашкониён набояд ба маънии ҳақиқӣ фаҳмид. Куллияи шоҳзодахонумҳоро шоҳони портӣ хоҳар мехонданд, зеро аз як дудмон ва хонавода буданд ва духтараму ва наваи аму ва ғайраҳо низ дар таҳти ин унвон дармеомаданд”.

Он гоҳ худи Мушируддавла изофа мекунад ва мегӯяд:

Вале чун дар торихнависӣ бояд ҳақиқатро ҷустуҷӯ кард ва навишт, ҳоққи масъала ин аст, ки издивоҷ бо ақрабои хеле наздик дар Эрони қадим мавсум ба “хуитук дас” писандида буда ва зоҳиран ҷиҳати онро ҳифзи хонавода ва покии нажод қарор медоданд”.

Яъқубӣ, муаррихи мӯътабари қарни севвуми ҳиҷрӣ, ки худ эронӣ аст низ мегӯяд:

Эрониён бо модарон ва хоҳарон ва духтарони худ издивоҷ мекарданд ва ин корро навъе силаи раҳм ва ибодат медонистанд”.

Кристенсен (Arthur Christensen) дар бораи исавиёни Эрон мегӯяд:

Онҳо низ ба тақлиди зартуштиён бар хилофи қавонини мазҳабии худ, ба музоваҷат бо ақориб одат карда буданд. Морбаҳо, ки дар соли 540 мелодӣ ҷосалиқи исавиён шуда буд, бар зидди ин амр, ки хилофи шаръи насоро буд кӯшише фавқулъода кард”.

Дар садри ислом издивоҷ бо маҳорим миёни зартуштиён амри роиҷе будааст, аз ин рӯ ин масъала пеш омадааст, ки гоҳе баъзе аз мусалмонон баъзе аз зартуштиёнро ба иллати ин кор мавриди маломат ва дашном қарор медоданд ва онҳоро бад-ин сабаб зинозода мехонданд, аммо пешвоёни ислом мусалмононро аз ин бадгӯӣ манъ мекарданд, таҳт ин унвон, ки ин амал дар қонуни онҳо муҷоз аст ва ҳар қавме никоҳе доранд ва агар мутобиқи шариати худ издивоҷ кунанд фарзандонашон зинозода маҳсуб намешванд. Ва ҳам дар ривоёти боби “ҳудуд” омадааст, ки дар ҳузури Имом Содиқ алайҳис-салом шахсе аз шахси дигар пурсид, ки бо он марде, ки аз ӯ талабкор будӣ чӣ кардӣ? Он мард гуфт: Ӯ як валадуззиност. Имом сахт барошуфт, ки ин чӣ сухане буд? Он шахс гуфт: Қурбонат гардам! Ӯ маҷусӣ аст ва модараш духтари падараш аст ва аз ин рӯ, ҳам модараш аст ва ҳам хоҳараш, пас қатъан валадуззиност. Имом фармуд: Магар на ин аст, ки дар дини онҳо ин амал ҷоиз аст ва ӯ ба дини худ амал кардааст? Пас, ту ҳақ надорӣ ӯро валадуззино бихонӣ. (Васоиулуш шиъа, с.439) Садуқ дар “Тавҳид” ривояте нақл мекунад ва ҳамон ривоят дар “Васоилуш-шиъа” (абвобун никоҳ) омадааст, ки рӯзе аз рӯзҳо Алӣ алайҳис-салом аз мардум тақозо мекард, то зинда аст, фурсатро муғтанам шумурда мушкилоти хешро бипурсанд ва ин ҷумларо такрор мекард:

سلوني قبل ان تفقدون

(“Аз ман бипурсед, пеш аз он ки аз миёни шумо биравам”) Яке аз суолкунандагон Ашъас ибни Қайси Кендӣ буд. Ин мард нисбат ба эрониён назари хуше надошт ва мо муҷодилаи ӯро бо Алӣ алайҳис-салом дар бораи эрониён дар сафаҳоти пеш нақл кардем. Ин мард аз Алӣ алайҳис-салом суол кард: Чаро бо маҷус монанди аҳли китоб муомила мекунед ва аз онҳо ҷизя мегиред ва ҳол он ки онҳо китоби осмонӣ надоранд?

Алӣ алайҳис-салом фармуд: Онҳо китобе доштаанд. Худованд паёмбаре дар миёни онҳо мабъус фармуд ва дар шариати он паёмбар издивоҷ бо маҳорим ҷоиз набуд. Яке аз подшоҳони онҳо дар як шаб, ки маст буд, дар ҳоли мастӣ бо духтари хеш даромехт. Мардум огоҳ шуданд ва шӯриш карданд ва гуфтанд: Ту дини моро фосид кардӣ ва акнун лозим аст бар ту ҳадд ҷорӣ кунем. Он подшоҳ найранге андешид, ба онҳо гуфт: Ҳама гирд ойед ва сухани маро бишнавед, агар носавоб буд, ҳар тасмиме мехоҳед, бигиред. Мардум ҷамъ шуданд ва ӯ ба онҳо гуфт: Худатон медонед, ки дар миёни афроди башар ҳеч кас ба пойи падарбузург ва модарбузурги мо Одам ва Ҳавво намерасад. Ҳама гуфтанд: Рост аст. Гуфт: Магар на ин аст, ки ин ду бузургвор, ки соҳиби писарон ва духтарон шуданд, ҳамонҳоро бо якдигар зану шавҳар қарор доданд? Гуфтанд: Рост мегӯӣ. Гуфт: Пас, маълум мешавад, ки издивоҷ бо маҳорим аз қабили духтар ё хоҳар монеъе надорад. Мардум бо ин баён қонеъ шуданд ва аз он пас ин расм машрӯъ талаққӣ шуд ва мардум амал карданд. (Тавҳиди Садуқ, 3/46)

Аз ин суолҳо ва ҷавобҳо бармеояд, ки дар садри ислом зартуштиён заношӯӣ бо маҳоримро иҷро мекарданд ва ба ҳамин ҷиҳат мавриди баҳсу пурсиш воқеъ мешудааст.

Фуқаҳои ислом, аъамм аз шиъа ва суннӣ ва аъамм аз эронӣ ва ғайри эронӣ, дар абвоби мухталифи фиқҳ ин баҳсро ба унвони як масъала, ки дар хориҷ мисдоқ дорад, тарҳу баҳс мекардаанд. Ин фуқаҳо ғолибан эронӣ буданд ва бархе аз онҳо монанди Абӯҳанифа аз ду пушт болотар маҷусӣ будаанд ва агар чунин суннате дар миёни зартуштиён роиҷ намебуд, маҳол буд, ки чунин баҳсе дар фиқҳи садри аввали ислом тарҳ шавад.

Шайхи бузургвор Абӯҷаъфари Тӯcӣ дар китоби “Алхилоф” (ҷилди дуввум, китобул-фароиз, масъалаҳои 119 то 123) масоили марбут ба мероси маҷусиро хусусан он гоҳ, ки аз ду ҷиҳат милоки ирс дар ӯ бошад, яъне масалан ворис ҳам модари вафотёфта бошад ва ҳам хоҳари падари ӯ, тарҳ карда ва ҷавоб додааст ва назариёти соири фуқаҳои исломро низ мунъакис кардааст.

Инкори вуҷуди чунин суннате дар миёни зартуштиён, аз қабили инкори бадеҳиёт аст, вале зартуштиён ахиран барои чандумин бор дар торихи ин ойин, дар садади таҷдиди назар ва ҳакку ислоҳ дар усул ва фурӯи он баромадаанд ва ночор дурӯғҳои маслиҳатии зиёдеро дар ин замина таҷвиз кардаанд.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: