Кишварҳои таҳримкунанда: “Қатар ба ҳалли бӯҳрон посухи манфӣ дод”

Вазирони умури хориҷаи кишварҳои таҳримкунандаи Қатар эълом карданд, ки Дуҳа ба ҳалли бӯҳрони ба вуҷудомада посухи манфӣ дод ва наметавон аз нақши мухарриби Қатар чашмпӯшӣ кард.

Сомиҳ Шукрӣ, вазири умури хориҷаи Миср дар поёни нишасти вазирони умури хориҷаи кишварҳои таҳримкунандаи Қатар баёнияеро хонд.

Вай гуфт: “Қатар ба хостаҳоямон барои ҳалли бӯҳрон посухи манфӣ дод ва наметавон аз нақши мухарриби Қатар чашмпӯшӣ кард”.

Дар ин баёния, бар аҳаммияти пойбандии ҳама ба қавонини байналмилалӣ ва таваққуфи тамомии иқдомоти таҳрикомез таъкид шудааст.

Дар баёнияи кишварҳои таҳримкунандаи Қатар омада, ки ҳама бояд ба баёнияи Риёз ва Конфронси Исломӣ, ки дар Риёз баргузор шуд, пойбанд бошанд.

Шукрӣ дар идомаи қироати ин баёния гуфт: “Ҳимоят аз ифротигарӣ ва теруризм мавзӯе нест, ки битавон дар бораи он созиш кард”.

Вай аз талошҳои амири Кувайт барои ҳалли бӯҳрон қадрдонӣ ва ҳамчунин аз мавзеи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико дар мубориза бо теруризм ташаккур кард.

Шукрӣ гуфт, ки посухи Қатар ба хостаи кишварҳои таҳримкунанда фоқиди ҳар гуна мазмун буда ва ба ройзаниҳо идома хоҳем дод ва нишасти баъдӣ дар Манома (пойтахти Баҳрайн) баргузор хоҳад шуд.

Абдуллоҳ бен Зоид Оли Наҳён, вазири умури хориҷаи Аморот низ дар ин конфронси хабарӣ гуфт: “Бояд минтақаро аз ҳар чизе, ки ба ҳарҷу марҷ ва аз байн рафтани фурсатҳо мунҷар шавад, орӣ кунем”.

Вай афзуд: “Тамоми имконот барои ҳимоят аз миллатҳои худ ва муқобила бо теруризм ва ифротигариро дорем ва гомҳоямон зимни чорчӯби қавонини байналмилалӣ дар ростои ҳимоят аз ҳаққи ҳокимият ва муқобила бо теруризм хоҳад буд”.

Вазири умури хориҷаи Аморот изофа кард: “То ба имрӯз шоҳиди ҳеч гуна иқдоме аз сӯи Қатар набуда ва ин кишвар саргарми дӯстони худ аст”.

Одил ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷаи Арабистон низ дар ин конфронси хабарӣ гуфт: “Иқдомотеро алайҳи Қатар иттихоз кардем, ки барои мо дарднок будааст”.

Вай афзуд: “Иқдомотеро, ки алайҳи Қатар иттихоз кардем, то замоне, ки Қатар сиёсатҳои худро таъдил накунад, идома хоҳад ёфт ва дар бораи иқдомоти баъдӣ ройзанӣ хоҳем кард”.

Вазири умури хориҷаи Арабистон ҳамчунин ибрози умедворӣ кард, ки Туркия ҳамчунон мавзеи бетарафро дар бӯҳрон бо Қатар иттихоз кунад.

Ал-Ҷубайр дар ин конфронси хабарӣ бори дигар иттиҳомоти худ алайҳи Эронро матраҳ кард ва гуфт: “Эрон нахустин кишвар дар ҳимоят аз теруризм буда ва иқдомоташ хориҷ аз қавонини байналмилалӣ аст”.

Вай афзуд: “Эрон кишваре мунзавӣ дар ҷаҳон буда ва ҳимояти ин кишвар аз Қатар таъаҷҷуббарангез нест”.

Вазири умури хориҷаи Арабистон гуфт: “Мо дар садри кишварҳои муборизакунанда бо теруризм ва хушкондани манобеи таъмини молии теруризм ҳастем”.

Холид бен Аҳмад Оли Халифа, вазири умури хориҷаи Баҳрайн низ дар ин конфронси хабарӣ гуфт: “Мо нақши худ дар муқобила бо теруризм ва ҳимоят аз кишварҳоямонро ифо мекунем”.

Вай афзуд: “Гурӯҳи Ихвонулмуслиминро ба далели иқдомоташон дар кишварҳоямон теруристӣ медонем”.

Аз сӯи дигар, шабакаи хабарии Алмаёдин ба нақл аз манобеи диплумотик, иқдомоти эҳтимолии баъдии кишварҳои муҳосиракунанда алайҳи Қатаррро эълом кард.

Бар асоси ин гузориш, эҳтимоли истиқрори артиши Миср дар ҷазирае наздики Қатар дар халиҷи Форс ва иттихози тасмими хориҷ кардани тамоми маболиғи қарордодашуда дар бонкҳои Қатар вуҷуд дорад.

Ҳамчунин узвияти Қатар дар Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ба таълиқ даромада ва ҳатто узвияти ин кишвар дар Иттиҳодияи Араб низ таълиқ хоҳад шуд ва аз бақияи кишварҳои арабӣ назири Кувайт низ хоста хоҳад шуд, то равобити худ бо Қатарро қатъ кунад.

Аз сӯи дигар, тамоми амволи Қатар дар кишварҳои муҳосиракунандаи ин кишвар низ мусодира хоҳад шуд.

Арабистон ҳамроҳ бо се кишвари Аморот, Баҳрайн ва Миср аз моҳи гузашта равобити диплумотик ва тиҷории худро бо Қатар қатъ ва ин кишварро муттаҳам кардаанд, ки аз гурӯҳҳои теруристӣ ҳимояти молӣ мекунад.

Ин кишварҳо хостори баста шудани шабакаи телевизиюнии Алҷазира, ихроҷи нерӯҳои Туркия аз хоки ин кишвар ва коҳиши сатҳи робита бо Эрон ҳастанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: