Фалсафа ва равиши реализм (87)

Мақолаи ҳафтум

Воқеият ва ҳастии ашё (1)

Муқаддима (1)

Мабҳаси мавриди назари ин мақола мабҳаси воқеият ва ҳастӣ, ва ба иборати дигар, мабҳаси “вуҷуд” аст ва шомили як ришта масоил аст, ки дар фалсафа ба номи “масоили вуҷуд” шинохта мешавад.

Инсон дар фалсафа пеш аз ҳар луғат ва мафҳуме бо луғат ва мафҳуми “вуҷуд” бархӯрд мекунад ва иллати ин амр он аст, ки “вуҷуд” ё “мавҷуд” ба унвони мавзӯи фалсафа шинохта мешавад. Ва ҳамин ҷиҳат мӯҷиб шуда, ки фалсафа расман ба сурати фанни мустақил дарояд ва аз соири фунун — ки истилоҳан ҳамагӣ таҳти унвони “илм” ва ҳар як бо номи махсус хонда мешавад — тамоюз пайдо кунад. Ва бадеҳӣ аст, ки дар ҳар фанне инсон пеш аз ҳар чиз бо мафҳуми мавзӯи он фанн сару кор пайдо мекунад. Мо фалсафаро метавонем ба номи “илми вуҷуд” бихонем, дар муқобили илмулаъдод ва илмулмақодир ва илмуннафс ва илмулҳайвон ва илмулмаъодин ва ғайра… Яъне ҳамон тавре, ки соири маҳсулоти андешаи башарӣ ҳар як мутааллиқ ба як шаъйи муайян аст, фалсафа низ мутааллиқ ба як маъно ва мафҳуми мутамойизе аст, ки ҳамоно мафҳуми “вуҷуд” ё “мавҷуд” аст.

Лозим аст қаблан зеҳни хонандаи мӯҳтарамро мутаваҷҷеҳи ин нукта созем, ки мабҳаси мавриди назари ин мақола — ки шомили як ришта масоил ба номи “масоили вуҷуд” аст — фаслест, ки ҳукамои исломӣ дар давраҳои ахир дар фалсафа боз кардаанд ва бо эҳтимоми зиёд ба баҳс ва таҳқиқ дар атрофи масоили он пардохтаанд. Ва ин табақа аз ҳукамо ин мабҳасро асоситарин мабоҳиси фалсафа ба шумор овардаанд, зеро ба ақидаи онҳо усул ва қоъидаҳои аслии фалсафа, ки ба манзилаи “мифтоҳи ҳалл”-и соири масоили фалсафӣ аст, дар ин ҷо ба даст меояд ва дар соири мабоҳис бо доштан ин мифтоҳҳо метавон тавфиқ ҳосил кард ва натоиҷи қатъӣ ба даст овард.

Албатта, баҳс дар “вуҷуд” собиқаи мумтадд ва тӯлонӣ дорад ва ҳамаи макотиби фалсафии Юнони қадим ҳар як тибқи сабки хеш дар вуҷуд баҳс кардаанд. Ва иллати ин ки Арасту дар доиратулмарифи худ як қисматро, ки баъдҳо ба номи “метафизик” ё “фалсафаи уло” ё “илми аъло” маъруф шуд муҷаззо кард ва ба як ришта масоили муайян ихтисос дод, ҳамин буд, ки ин масоил бар меҳвари вуҷуд мечархад ва баҳс аз вуҷуд аст, дар муқобили соири қисматҳо, ки ҳар як аз онҳо баҳс аз мавзӯи хосси дигаре аст.

Арасту дар мақолаи “ҷ”-и рисолаи мобаъдуттабиа, ки ба “Китоби ҳуруф” маъруф аст, тасреҳ мекунад, ки мабоҳиси ин қисмат дар хӯри ҳеч як аз улуми табиӣ ё риёзӣ нест, зеро мавзӯи баҳси ин қисмат як маъное аст аъамм аз мавзӯъоти табиӣ ва риёзӣ ва ғайра.

Мутарҷимини арабӣ он маънои аъаммро дар тарҷумаи “Китобул-ҳуруф ба калимаи “ҳувият” тарҷума кардаанд ва баъдҳо ҳукамои исломӣ ба ҷойи калимаи “ҳувият” калимаи “мавҷудот”-ро истеъмол кардаанд. Ва шояд аввал касе, ки бо ин таъбир матлабро адо кардааст, Абӯнасри Форобӣ дар рисолоти хеш аст. Ба ҳар ҳол, донишмандони шарқу ғарб ин маъниро ба таври мусаллам мунтасаб ба Арасту медонанд, ки фалсафаи уло ва илми куллӣ, ки шомили куллитарин масоил аст, баҳс аз вуҷуд ва мавҷуд аст ва мавзӯи он “вуҷуди мутлақ” аст. Бинобар ин, баҳс дар вуҷуд собиқаи мумтадд ва тӯлонӣ дорад, балки асосан фалсафаи уло баҳс аз вуҷуд аст.

Вале масоиле, ки дар фалсафаи исломӣ ба номи “масоили вуҷуд” хонда мешавад ва дар як фасли алоҳида ҷо дода мешавад ва ин мақола ба таври ҷудогона ба онҳо ихтисос дода шуда, як идда масоили махсусест, ки то он ҷо, ки мо ҷустуҷӯ карда ва иттилооте ба даст овардаем, ба тадриҷ вориди фалсафаи исломӣ шуда ва назари соҳибназаронро ҷалб карда, то он ки ба сурати ҷиддитарин ва асоситарин масоили фалсафӣ даромада ба тавре, ки якбора сарнавишти фалсафаро дар даст гирифтааст.

Ин масоил беш аз он миқдор, ки бо манобеи юнонӣ ва ғайри юнонӣ иртибот дошта бошад, аз тарафе аз оро ва назариёти мутакаллимин, ва аз тарафи дигар аз ақоид ва афкори урафо сарчашма гирифта. Ва албатта ин масоил дар назди мутакаллимин ё урафо ҳолати баситтар ва соддатаре дошта. Ва ба илова, бо равиши саҳеҳи ақлонии фалсафӣ таҷзия ва таҳлил намешуда ва баъдан, ки вориди фалсафа шудааст, мавриди таҷзия ва таҳлилҳои ҳакимонаи ҳукамо воқеъ шуда ва сурати фалсафӣ ба худ гирифта ва нузҷ ва камол ёфта, то он ки дар қуруни ахир ба ин сурате, ки имрӯз ҳаст даромада. Мо дар ҳамин мақола пас аз он ки худи ин масоилро тавзеҳ ва ташреҳ кардем, ба кайфияти сайри ин масоил дар миёни мутакаллимин ва дар миёни урафо ва сипас вуруди онҳо дар фалсафа ва таҳаввулоте, ки дар фалсафа роҷеъ ба ин масоил рух дода, то ҳадде, ки мутаносиб бо вазъи ин китоб аст, ишора мекунем ва мифтоҳе ба дасти хонандаи мӯҳтарам медиҳем.

Иллати ин ки дар фалсафаи ҷадиди урупоӣ ин масоил ба сурате, ки мафҳуми ҳукамои машриқзамин аст мавриди таваҷҷӯҳ воқеъ нашуда ва агар аҳёнан масоиле ба ин асмо ном бурда мешавад, сирфан ҷанбаи иштирок дар лафз ва исм дорад, вале аз лиҳози маъно ва мафҳум, ба куллӣ мутабойин аст (мисли асолати вуҷуд дар истилоҳи қадим ва ҷадид), ин аст, ки робитаи фалсафаи урупоӣ бо фалсафаи исломӣ аз манобеи даҳ қарни пеш ё андаке пештар ё баъдтар сарчашма мегирад ва дар даҳ қарни пеш ин масоил ба ин сурат ва кайфият вуҷуд надоштааст.

* * *

Хонандаи мӯҳтарам агар бо китобҳои илмӣ ошноии комил дошта бошад, медонад, ки дар қадим маъмул чунин буд, ки барои ҳар илме муқаддимае вазъ мекарданд ва дар он муқаддима се матлабро баён мекарданд, ва онҳо иборат буд аз: баёни мавзӯи он илм ва таърифи он ва фоидаи он, ва аҳёнан умури дигаре низ изофа мешуд. Ин амал дар тамоми улум ва фунун — аз фалсафа ва ғайра — ҷараён дошт ва дар муқаддимаи фалсафа (илми куллӣ ва фалсафаи аъло ба истилоҳи он замон) ва аҳёнан дар китобҳои мантиқ (монанди мантиқи Шифо) чанд матлаби дигар изофа мешуд, ки иборат буд аз: тақсимоти улум, тамоюзи улум, мавзӯи илм чист? Ва баъзе матолиби дигар.

Донишмандон ҳамвора мутаваҷҷеҳ буданд, ки муқаддимаи ҳар илме — яъне баёни мавзӯъ ва таъриф ва фоидаи он илм — ҷузъи он илм наметавонад қарор бигирад ва ҳамчунин тақсимоти улум ҷузъи фалсафа ё мантиқ нест. Ва сирри ин матлаб возеҳ ва равшан аст ва дар зимни баёноти оянда равшантар хоҳад шуд.

Вале фанни мустақиле, ки ӯҳдадори баёни ҳамаи ин умур бошад ва он чӣ ба унвони муқаддима дар оғози ҳар илм баён мешавад баён кунад, дар қадим мавҷуд набуд.

Аз ҷумлаи қадамҳои муфиде, ки донишмандони ҷадид дар олами фалсафа ва мантиқ бардоштанд ин буд, ки фанни мустақилле ба вуҷуд оварданд, ки ӯҳдадори ҳамаи ин ҷиҳот аст ва дар он фанн илова бар умуре, ки дар боло зикр шуд, қисматҳои муфид ва муҳимми дигаре илова шуд, аз қабили баёни “усули мутаорафа” ва “усули мавзӯъа”-е, ки дар ҳар илме ба кор бурда мешавад ва равиш ва услуби фикрӣ, ки дар ҳар як аз улум бояд аз он истифода шавад, то дар он илм пешравӣ ҳосил шавад.

Қисмати ахир — яъне баёни ихтилофи улум аз лиҳози равиш ва услуби фикрӣ ва таъйини ин ки дар фалон илм аз чӣ равиш ва услубе бояд истифода кард, то ба натиҷаи матлуб расид — муҳимтарин танаббӯҳ ва таваҷҷӯҳе аст, ки ин донишмандон дар ин замина пайдо кардаанд ва ба ақидаи ин донишмандон аз он рӯзе, ки равишҳои улум шинохта шуд, роҳи пешравӣ ва такомул боз шуд ва иллати аслии рукуд ва таваққуфи илм дар қадим ҳамоно нашинохтани “метод” ва тарзи тафаккури саҳеҳе аст, ки дар ҳар илм лозим аст, мисли он ки дар мавориде, ки бояд аз тарзи тафаккури таҷрибӣ истифода шавад бо тарзи таъаққулӣ ва истинтоҷӣ мехостаанд ба натиҷа бирасанд.

Ба ҳар ҳол, ин қисмат ба қадре тавсиъа пайдо кард, ки соири қисматҳоро таҳти шуъоъ қарор дод ва бо илҳоқи соири қисматҳо, ки дар боло ишора шуд, илми ҷадиде ба вуҷуд омад, ки ҳама ба номи “равишшиносӣ” ё “методология” хонда мешавад. Ба ақидаи ин донишмандон, фоидаи шинохтани равишҳои улум аз лиҳози саҳеҳ фикр кардан, ки ғоят ва натиҷаи мантиқ аст, аз мантиқи Арасту, ки бештар мутаваҷҷеҳи ашкол ва суратҳо ва ҳайъат ва тартиби афкор ва маъқулот аст, ба дараҷоте бештар аст ва аз ин рӯ донишмандони мантиқро ба ду қисмат тақсим кардаанд:

“Мантиқи сурӣ”, ки ҳамон мантиқи арастуӣ аст, ва “методология”, ки мутазаммини тақсимоти улум ва таърифот ва мавзӯъот ва фавоид ва равишҳо ва усули мутаорафа ва мавзӯъаи онҳост.

Бадеҳӣ аст, ки истиқсои баҳс дар он чӣ имрӯз ба сурати фанне мустақил ва доманадоре даромада рабте ба мабоҳиси мавриди ниёзи мо, ки дар ин силсиламақолоти фалсафӣ тарҳ шуда надорад, вале он чӣ аз он қисматҳо, ки тамосе бо фалсафа дорад ва ба тавре аст, ки мумкин аст агар мо назарияи худро дар бораи онҳо баён накунем, дар зеҳни хонандаи мӯҳтарам шубаҳот ва ишколоте боқӣ бигузорад, ночорем баён кунем, хусусан он ки баъзе аз қисматҳо, ки дар ҳамин муқаддима хоҳад омад, то он ҷо, ки мо иттилоъ дорем, дар атрофи онҳо то кунун таҳқиқе нашудааст.

Дар мақолаи 1 таърифи фалсафа ва мавзӯъ ва фоидаи он баён шуд ва дар мақолаи 5 дар бораи сиҳҳати равиши таъаққулӣ, ки мавриди истифодаи фалсафа аст баҳс шуд. Дар муқаддимаи ин мақола ба муносибати ин ки ҳамон тавре, ки қаблан ишора шуд масоили матруҳаи ин мақола поя ва асоси соири масоили фалсафӣ аст ва аз лиҳози синоӣ ба манзилаи оғози фалсафа маҳсуб мешавад, ба соири қисматҳои лозим мепардозем, ки шомили матолиби зайл аст:

(1) Тамоюзи улум;

(2) Мавзӯъ чист?

(3) Нуқтаҳои иттикои масоили улум ё мабодии тасаввурия ва тасдиқия;

(4) Нуқтаҳои иттикои фалсафа ё мабодии фалсафӣ;

(5) Услуб ва равиши фикр дар фалсафа;

(6) Маншаи ихтилофи улум аз лиҳози усули мутаорафа ва мавзӯъа ва услуб ва равиш.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: