Хиёнат ба номуси миллат ва сазои хиёнаткорон

Ёддошти Абдуманнон Шералиев

Сар аз дирӯз, замоне ки хабари ташкили гӯрӯҳҳои корӣ барои мубориза бо ҳиҷоби хоҳарони мусалмон дар Суғдро хондам, чанд бор сари компютер нишастам, то бинависам. Вале аз шиддати ғазабе, ки доштам ҷузъ лаъну нафрин ҳеҷ чизе ба зеҳнам наомад. Як рӯз сабр кардам. то навиштаам эҳсосотӣ набошад.

Ҳеҷ шаҳр, деҳа, маҳалла, хонаводае нест, ки даҳшати соли 37-у 38-и асри гузаштаро надонад. Ҳарчанд аз он ҳаводис 80 сол сипарӣ шудааст. Чаро? Чун аксари мардум, бештари хонаводаҳо он зулмро дар пӯсти хеш эҳсос кардаанд. Ва таъсираш ба ҳаде будааст, ки инак насли чаҳорум ҳам хотироте аз он сол дорад. Номи ҳар хоине, ки он солҳо ба мардум зулм кардааст то ҳанӯз сари забонҳост. Ҳарчанд дар ҳеҷ куҷое ном, аъмол ва зулмҳои эшон сабт нашудааст ва танҳо аз забон ба забон нақл шудааст. Он хоинон барои режими хунхори сурх хидмат мекарданд ва ин режим на танҳо ҷиноятҳояшонро пинҳон кард, балки аз аксарашон қаҳрамон тарошид. Вале ҳамаи мардумро намешавад фиреб кард.

Чаро аз он замон ёдовар шудам?

Қаблан, вақте ба ин гуна амалҳои ғайриинсонӣ даст мезаданд, аз лаънату ғазаби Худованд, ғазаби мардум, ҳуқуқи инсон ва ғайра гуфтанду гуфтем. Вале ин як даста манқурт, ки мансабаке дар идораяке чашмонашонро кӯр кардаву пули ҳароми пора ақлҳояшонро кунд, на аз ғазабу лаънати Худованд метарсанд, чун бовар надоранд ва на аз ғазаби мардум, чун мепиндоранд, ки ҳамон мансабакашон онҳоро қудратманду тавоно кардааст. Болои асби ғурур нишастаанд ва мардумро гурӯҳи мӯриёне дидаанд, ки ҳар вақте хостанд пой болояш мегузоранду пачақ мекунанд. Ҳамон “қудратмандон”-и соли 37 ҳам ҳамин пиндор ва ҳамин рафторро доштанд. Вале инак 80 сол мешавад тавқи лаънат на танҳо бар гардани худашон, балки насли чаҳорумашон ҳам овезон аст. Мардум некиро зуд фаромӯш мекунад, вале бадӣ то абад дар зеҳнаш мемонад. Ва сабаби ёдовар шудани соли 37 ҳам ҳамин буд, ки шояд ин гурӯҳак, ки аз ғазаби Худову халқаш наметарсад, аз таърих панд гирад.

Қиссаҳои аҷибу муассире аз он золимон ҳанӯз дар забонҳои мардум мечархад. Онҳо на танҳо боиси малъун шудани худу ҳафт пушташон шудаанд, балки дар зиндагиашон ҳам ба азобҳое гирифтор шудаанд, ки тасаввураш мушкил аст. Аз як қудратманди он замон дар диёри мо, ки мардумро зулми зиёде карда буд, нақл мекунанд, ки беш аз се сол ҷон кандааст. Ва яке аз азобҳои ҷонканиаш ин буда, ки ахлоташ аз даҳонаш меомадааст…

Соли 37 чӣ, ҳамин рӯзҳои худамон ҳам ин гуна мисолҳо зиёд доранд. Худам ду муаллимро мешиносам, ки ҳамеша зидди дини Худо дар мубориза буданд. Замони Шӯравӣ хонандагонро маҷбуран об менӯшонданд ва аз ҳар намозхониеву тадрисе дарак ёфтанд, ба мақомот мерасонданд. Баъди заволи Шӯравӣ ҳам аз корашон дастбардор нашуданд. Хеле баддаҳону дашномзан ҳам буданд. Ҳарду саратони даҳон шуданд ва яке ду солу дигаре 5(!) сол ҷон канд. Як дӯстам нақл кард, ки ба дидани якеи онҳо, ки падари ҳамсинфаш буда меравад. Мегӯяд вақте ба хонаи хобаш ворид шудам, бӯе хеле бад, ки ҳаргиз назирашро надидаам ба димоғам зад ва 10 сония ҳам натавонистам онҷо монам. Мегӯяд боре мурдаи даҳрӯзаро аз хонае бароварда будем ва он ҷасад ин қадар бӯи бад надошт, ки ин мард дошт…

Ин гурӯҳак бидонад, ки дин соҳиб дорад. Ва яке аз бадтарин ҷиноёте, ки башар метавонад мубтакир шавад, дастдарозӣ ба молу ҷону номуси мардум аст, ки ҳаргиз аз тарафи Худованд бахшида нахоҳад шуд, магар замоне, ки мазлум бибахшад. Аммо мардум шояд дастдарозӣ ба молаш ва ҳатто ҷонашро бибахшад, вале ҳаргиз таҳқири номусашро нахоҳад бахшид. Ва барои як зани баномуси мусалмон гирифтани сатраш бузургтарин таҳқир ба номусаш аст. Барои марди ғаюри мусалмон марг авлотар аз ин аст, ки нохалафе даст ба сатри занаш бизанад.

Ин гурӯҳак агар пиндоштааст мардум заъиф асту ҳеҷ воситае барои дифоъ аз худаш надорад, бидонад, ки Худояш ба ин мардум бузургтарин силоҳро ато кардааст, ки осмонҳоро мешикофад ва аршро ба ларза меорад. Ва ин силоҳ дуъои мазлум аст, ки ҳаргиз рад намешавад. Ҳатто агар мазлум кофир бошад. Чӣ расад ба як зани мусалмони муҳаҷҷабае, ки ҳиҷобашро ба хотири ёфтани ризои Худояш ба сар кардааст.

Агар ба Худову лаънати Худову қиёмат бовар надорад, биравад соате назди бобояш, падараш ё ҳар мӯйсафеди дигаре зону занад ва аз тақдири қудратмандоне пурсад, ки ба мардум зулм кардаанд. Ва бипурсад, ки оё мардум ҳеҷ золимеву хоинеро фаромӯш карда?

Агар бо вуҷуди дар он замон набудани дастгоҳи аккосӣ, дастгоҳи сабти овоз, диску флешкаву интернет мардум он ҳама номҳову ҳаводисро сабти таърих кардааст, пас золимини ин замон бо аксу наворҳояшон то абад сабти таърих хоҳанд шуд. Фикр накунанд, ки агар мардумро тарсондаанд, касе аз эшон аксу навор намегирад ва ҷиноятҳояшон пинҳон мемонад. Назди худам даҳҳо аксу наворҳое мавҷуданд, ки дӯстон аз гӯшаву канори кишвар фиристодаанд.

Ин коре, ик ин гурӯҳак мекунад бузургтарин хиёнат ба номуси миллат аст ва на Худову на миллат ин хиёнатро ҳаргиз нахоҳанд бахшид!

Ин гурӯҳак бидонад, ки ҳеҷ мансабе, мақоме, қудрате доимӣ нест, вале Худованд ва адлу қудрати ӯ абадист.

Манбаъ: Фейсбук

Реклама


Рубрики:Бонувон, Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: