Ҳукми гузоштани риш дар шариати исломӣ

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов

Дар боби риш аз ҳазрати Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) як чанд ривояти саҳеҳ ворид шудааст, ки метавон онро ба се даста тақсим кард:

1) Дастаи аввал: ривоёте, ки мегӯяд, ҳазрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) риш мегузоштанд, монанди ривояте, ки Муслим аз Самура ибни Ҷундаб нақл кардааст:

وَكَانَ كَثِيرَ شَعْرِ اللِّحْيَةِ

Яъне ҳазрати Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) дорои риши фаровон буданд. (Саҳеҳи Муслим, 12/13, Ашшомила)

2) Дастаи дуввум: ривоёте, ки дар он аз тарошидани риш наҳй ва ба гирифтан ё кӯтоҳ кардани мӯйлаб дастур додаанд, монанди ривояте, ки Ибни Ҷарири Табарӣ аз Зайд ибни Ҳабиб дар ҷараёни мулоқоти фиристодагони Хусрави Парвиз бо ҳазрати Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) нақл кардааст:

ودخلا على رسول الله صلى الله عليه وسلم وقد حلقا لحاهما وأعفيا شواربهما فكره النظر اليهما ثم أقبل عليهما فقال ويلكما من أمركما بهذا قالا أمرنا بهذا ربنا يعنيان كسرى فقال رسول الله لكن ربى قد أمرنى باعفاء لحيتى وقص شاربى

Яъне, он ду фиристода ба Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ворид шуданд, дар ҳоле, ки ришҳои худро тарошида ва мӯйлабҳояшонрро гузошта ва раҳо карда буданд. Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) аз нигоҳ кардан ба онҳо кароҳат намуда ва ба онҳо фармуданд: Вой бар ҳолатон! Чӣ касе шуморо ба ин кор дастур додааст? Он ду гуфтанд: Парвардигори мо. Ва манзурашон Хусрав буд. Ҳазрат фармуданд: Аммо Парвардигори ман маро ба раҳо гузоштани риш ва кӯтоҳ кардани мӯйлаб дастур додааст. (Торихи Табарӣ, 2/296, Ашшомила)

3) Дастаи севвум: ривоёте, ки дар он ба гирифтани мӯйлаб ва гузоштани риш дастур дода ва аз шабоҳат бо аҳли ширк наҳй кардаанд, монанди ривояте, ки Бухорӣ аз Ибни Умар нақл кардааст, ки ҳазрати Паёмбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) фармуда:

خَالِفُوا الْمُشْرِكِينَ، وَفِّرُوا اللِّحَى، وَأَحْفُوا الشَّوَارِبَ

Яъне, бо фаровон гузоштани риш ва гирифтани мӯйлаб, бо мушрикон мухолифат намоед. (Саҳеҳи Бухорӣ, 19/428, Ашомила)

Ва аммо ривоёти наҳй аз шабоҳат ба занҳо ба сурати умум ворид шуда ва дар он ба сурати куллӣ аз шабоҳати мард ба зан ва зан ба мард наҳй шудааст ва ҳеч ишорае дар хусуси риш нашудааст, монанди ривояте, ки Бухорӣ аз Ибни Аббос нақл карда, ки:

لَعَنَ رَسُولُ اللَّهِ صلى الله عليه وسلم الْمُتَشَبِّهِينَ مِنَ الرِّجَالِ بِالنِّسَاءِ، وَالْمُتَشَبِّهَاتِ مِنَ النِّسَاءِ بِالرِّجَالِ

Яъне, ҳазрати Расули Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) он даста аз мардоне, ки худро ба шакли зан дармеоваранд ва он заноне, ки худро ба шакли мард дармеоваранд лаънат кардаанд. (Саҳеҳи Бухорӣ, 19/418, Ашшомила)

Аз ин назар аст, ки фуқаҳои тамомии мазоҳиби исломӣ аз бех тарошидани ришро амале ҳаром унвон кардаанд. Дар “Алмавсуа” гӯяд:

ذَهَبَ جُمْهُورُ الْفُقَهَاءِ: الْحَنَفِيَّةُ وَالْمَالِكِيَّةُ وَالْحَنَابِلَةُ، وَهُوَ قَوْلٌ عِنْدَ الشَّافِعِيَّةِ، إِلَى أَنَّهُ يَحْرُمُ حَلْقُ اللِّحْيَةِ لأِنَّهُ مُنَاقِضٌ لِلأْمْرِ النَّبَوِيِّ بِإِعْفَائِهَا وَتَوْفِيرِهَا

Яъне, ҷумҳури фуқаҳо — аз ҳанафия, моликия ва ҳанобила, ва қавле дар шофеия – бар ин назаранд, ки тарошидани риш ҳаром аст, зеро мухолифи амри ҳазрати Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ба гузоштани риш аст. (Алмавсуатул-фиқҳия, 35/226, Ашшомила)

Реклама


Рубрики:Фиқҳи исломӣ

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: