Ардуғон: “Пойгоҳи низомии худ дар хоки Қатарро ба ҳеч унвон таътил нахоҳем кард”

Раҷаб Тайиб Ардуғон дар мусоҳиба бо шабакаи хабарии France 24 эълом кард: “Ба рағми гунҷонда шудани таътилии пойгоҳи низомии Туркия дар шурути 13-гонаи кишварҳои арабӣ барои оддисозии равобит бо Қатар, пойгоҳи низомии худ дар хоки Қатарро ба ҳеч унвон таътил нахоҳем кард”.

Ардуғон шомгоҳи чаҳоршанбе дар ин мусоҳиба афзуд: “Бидуни дархости Қатар ба ҳеч унвон пойгоҳи худро дар хоки он кишвар таътил нахоҳем кард ва ба тавофуқи худ пойбанд ҳастем ва дархости таътилии ин пойгоҳ ғайриқобили қабул аст”.

Вай изофа кард: “Ҷои суол аст, ки кишварҳои арабӣ чаро таътилии пойгоҳҳои низомии Омрико ва Фаронсаро дар хоки Қатар мутолиба ва дархост накардаанд?

Вай, бо баёни ин ки намехоҳем дар минтақа бӯҳрони дигаре ба вуҷуд биёяд, изҳор кард: “Ҳамакнун дар кишвари Ироқ ва Сурия бӯҳрони ҷиддии ҷанги дохилӣ дар ҷараён аст ва дар минтақаи халиҷи Форс низ хоҳони бӯҳрон ҷадиде нестем”.

Вай баён кард: “Барои ҷилавгирӣ аз бӯҳрон дар минтақа бо подшоҳи Арабистон музокира карда ва аз ӯ хостаам, ки ҷилави ба вуҷуд омадани бӯҳрони дигар дар минтақаро бигирад”.

Ардуғон изҳор кард: “Пешниҳодҳои 13-моддаии кишварҳои арабӣ ба Қатар, дар воқеъ нодида гирифтани ҳуқуқ ва иқтидори як давлат маҳсуб мешавад ва ин ғайриқобили қабул аст”.

Вай идома дод: “Туркия ва Қатар тавофуқномаи дифоӣ дар соли 2014 имзо кардаанд ва эҷоди пойгоҳи низомӣ низ бар асоси он амалиётӣ шудааст ва дар ҳамон сол дархости мушобеҳе барои эҷоди пойгоҳро ба давлати Арабистон низ додем ва эълом карданд, ки баррасӣ мекунанд, вале посухе надоданд”.

Ардуғон ҳамчунин гуфт: “Ба ҳеч унвон намепазирем, ки Қатар давлати теруристӣ ва ё ҳомии теруризм аст, чаро ки дар 15 соли гузашта давлати Қатарро ҳамвора алайҳи терур ва теруризм дидаем”.



Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: