Ин бор бо навъе дигар аз ифротгароӣ рӯбарӯ шуданд; ифротгароии навъи ғарбӣ

Ба қалами Рузбеҳи Ораш

Ҳар ҷо зеҳнҳои ҳушманд ва каме халлоқият дар канори ҳам ҷамъ шаванд, рубот (робот)-ҳо сар берун хоҳанд овард. Сӯҳбат кардан дар бораи руботик (робототехника), шуморо ёди Афғонистон нахоҳад андохт, аммо шуморе аз баччаҳои боҳуш дар шаҳре кучак дар 500 километрии Ҳирот илми руботикро ба роҳ андохтанд ва аввалин руботҳои афғониро сохтанд.

Руъё Маҳбуф, раиси ширкати “Китодел” дар Афғонистон ва ҷузъи маъдуд заноне аст, ки дар Афғонистон ба риёсати як ширкат мерасанд ва аввалин зани афғонистонӣ аст, ки дар заминаи фанновариҳои мудерн фаъолият мекунад. Ӯ дар мадрасаи кучак, гурӯҳе аз духтарони боҳуш ба роҳ андохта, ки руъёи бузург дар сар доранд; руъёе, ки бо як фармон нобуд шуд: фармони мамнӯияти судури визои Тромп барои мусалмонон.

Ҳама гиря мекарданд, тамоми рӯзро гиря мекарданд”. Руъё Маҳбуф ҳарфҳояшро бо Independent бо ин ҷумла шурӯъ кард. Оё боз ҳам Толибон коре кардааст? Ин баччаҳои навҷавон, ки тоза аз даврони торики Толибон роҳат шудаанд, мадраса мераванд, дарс мехонанд, барои худ руъё мебофанд ва ба зиндагии беҳтар ва пешрафти кишварашон умедвор ҳастанд, дучори навъе дигар аз ифротгароӣ шуданд; ифротгароии навъи ғарбӣ, ки ин бор аз Омрико сар баровардааст. Барои гурӯҳи руботики мадориси Афғонистон, визои ҳузур дар Омрико ва ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонии руботики мадорис содир нашуд. Ин нахустин давраи рақобатҳои ҷаҳонии руботики мадорис буд, ки қарор аст дар Вошингтун баргузор шавад, аммо баччаҳои дабиристонии хеле аз кишварҳои исломӣ натавонистанд гурӯҳҳои худро ба ин рақобатҳо эъзом кунанд.

Барои баччаҳо хеле муҳим буд. На фақат баччаҳо, балки барои тамоми мардуми Афғонистон. Руботик дар Афғонистон бисёр ҷадид ва навпост. Ин кор, танҳо монеъе дар баробари пешрафти мо хоҳад буд. Намедонам ин баччаҳо чӣ хатаре метавонистанд барои кишвари Омрико дошта бошанд?

6 навҷавони афғонистонӣ аз ин сафар бозмонданд, аммо онҳо тавонистанд руботи худро ба ин рақобатҳо ирсол кунанд. Ин рубот, намоде аз ҷомеаи ҷадиди Афғонистон хоҳад буд; ҷомеае, ки мехоҳад аз хокистари Толибон бархезад ва пешрафт кунад. Ин рубот бояд бидуни созандагонаш рақобат кунад; тӯпҳоро дунбол кунад, мароҳили мухталифро пушти сар бигузорад ва шояд ҷоизае ҳам барои соҳибонаш аз он сӯи обҳо ба армуғон биоёарад. Созандагони ин рубот фақат метавонанд кори сохтаи дасташонро аз тариқи видео тамошо кунанд ва рақобати ӯро бо 163 руботи дигар дар қалби Вошингтун, аз Ҳирот дунбол хоҳанд кард.

Копитони ин гурӯҳи руботик мегӯяд: “Чанд бор фосилаи 500 километрӣ то Ҳиротро тай кардем, то шояд битавонем визо бигирем. Афсари омрикоӣ бо мо мусоҳиба кард ва дар охир моро рад кард. Нафаҳмидем чаро. Ба суолҳои мо ҷавоб намедоданд ва фақат мегуфтанд, барои шумо визо содир нахоҳад шуд! Руботи мо ҳеч хатаре барои ҳеч кас надорад. Дар воқеъ, ин як руботи инсонёб аст, ки ба инсонҳо кӯмак мекунад ва дар сурате, ки намунаҳои бузургтари он сохта шавад, метавон аз он барои пайдо кардани инсонҳои зери овормонда истифода кард”.

Гурӯҳи духтарони Афғонистон, ҳамаи мароҳили сохти ин руботро ба танҳоӣ анҷом доданд. Онҳо барои ёдгирии сохти рубот бо фориғуттаҳсилони донишгоҳи Carnegie Mellon дар иёлати Пенсилвониё дар иртибот буданд ва барноманависиро аз онҳо ёд гирифтанд, аммо тамоми маводди лозим, тарҳ ва наҳваи коркарди рубот яксара кори худашон аст. Қарор аст гурӯҳе аз ин донишгоҳ ба ҷойи баччаҳои афғонистонӣ, мароҳили роҳандозии руботи сохташуда барои шурӯи мусобиқотро анҷом диҳанд. Ҷу Сусток, аз мудирони баргузории ин мусобиқот ба Independent гуфт: “Ба хотири ҳузури ДОЪИШ дар он манотиқ, барои руботик ва қитъаҳои электруникии он таҳримҳои сифту сахте барқарор аст ва мо коре барои муқобила бо ин масъала аз дастамон барнамеомад. Мо мукотиботи зиёде бо вазорати умури хориҷа анҷом додем, аммо роҳ ба ҷое набурдем ва сафари ин баччаҳо мумкин нашуд. Инҳо баччаҳо ва духтарон бениҳоят шуҷоъ ва боҳуш ҳастанд. Орзу доштем, ки мешуд онҳоро ин ҷо бибинем”.

Гурӯҳи Афғонистон, танҳо гурӯҳе набуд, ки аз ҳузур дар ин мусобиқот манъ шуд, балки гурӯҳҳое аз Гомбия, Ироқ, Эрон ва Судон низ натавонистанд визои сафар ба Омрикоро дарёфт кунанд.

Роҳ надодани духтарони маъсуми Афғонистон ба мусобиқоти руботики Омрико, дар матбуот ва расонаҳои маҷозии ин кишвар сару садои зиёде ба роҳ андохт. Ҷонотон Бленказ, фаъоли расонаӣ ва муҳаққиқ, дар ин бора гуфт: “Оё воқеан бо надодани як шонси тиллоӣ ба баччаҳое, ки коре ҷадидро дар кишварашон шурӯъ кардаанд, эҳсоси амнияти бештаре хоҳем кард? Оё роҳ надодани чанд донишомӯзи мусалмон аз кишварҳои исломӣ, амнияти моро таъмин хоҳад кард? Бояд диққат кунем, ки мо танҳо бузургтарин шонс ва шояд танҳо шонси зиндагиашонро аз онҳо гирифтем ва ин на танҳо коре ғайри ахлоқӣ, балки коре ғайримасъулона аст. Чӣ интизоре метавонем дар оянда аз насли ҷавони ин кишварҳо дошта бошем? Ба онҳо бигӯем, биёед бо ҳам дӯст бошем, вале шумо ҳамон касоне ҳастед, ки дар кӯдакӣ ба шумо иҷоза надодем ба кишвари мо биёед? Ин духтарҳо дар кишваре, ки мудом зери бомбборон буд, дар кишваре, ки ДОЪИШ ва Толибонро таҳаммул мекунад, ба мадраса мераванд, дарс мехонанд ва он қадр боҳуш ҳастанд, ки тавонистаанд коре хориқулода анҷом диҳанд ва руботҳое бисозанд, ки мо одамҳои оддӣ аз онҳо сар дарнамеоварем, он вақт мо дар посух барои онҳо визо содир накардаем”.

Чонотон Бленказ, хабарнигори Independent дар твиттер чандин бор вазорати умури хориҷаи Омрико ва масъулони онро мавриди хитоб қарор дод ва навишт: “Чаро барои чанд донишомӯз визо содир намешавад?”, “Оё рақобати руботик хатарнок аст?” Бо вуҷуди тамоми ин фишорҳо аммо вазорати умури хориҷаи Омрико ҳозир нашуда дар ин замина посухгӯ бошад.

Irdiplomacy

Реклама


Рубрики:Бонувон, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: