Ислом ва Эронзамин (31)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (19)

Таълим ва таъаллуми занон

Бо ин ки занон маҷмӯан вазъи ногуворе доштаанд, гоҳе ба ҷараёноти торихие бармехӯрем, ки нишон медиҳад, бархе занон аз назари таҳсилоти олӣ мақоми шомихе доштаанд. Муҳаққиқон як китоби ҳуқуқиро, ки дар он аҳд навишта шудааст ном мебаранд ба номи “Мотикони ҳазор дотистон” яъне гузориши ҳазор фатвои қазоӣ. Қисмате аз ин китоб мавҷуд аст ва бархе аз муҳаққиқони урупоӣ аз қабили Бартоломе (Christian Bartholomae) онро тарҷума ва чоп кардаанд. Дар ин китоб номи гурӯҳе аз қузоти он аҳд омадааст, ва албатта манобеи ҳуқуқии он аҳд Авасто ва Занд будааст. Дар ин китоб достоне омадааст мабнӣ бар ин ки:

Яке аз қузот дар мавқеъе, ки ба маҳкама мерафт, панҷ зан ӯро иҳота карданд ва яке аз онҳо суолоте аз ӯ намуд роҷеъ ба баъзе аз маводди махсуса аз боби гарав ва замонат. Ҳамин ки ба охирин суол расид, қозӣ ҷавобе надошт. Яке аз занон гуфт: Эй устод! Мағзатро аз ин бобат хаста макун ва бетаъоруф бигӯ намедонам. Ба илова, мо худ ҷавоби онро дар шарҳе, ки “Гулӯгон андарзбуд” навиштааст хоҳем ёфт”. (Эрон дар замони Сосониён, с.440)

Оё ин достон метавонад далел бар ин бошад, ки занони он давра аз таълимоти умумӣ баҳраманд будаанд?

Ҳамон тавр, ки Бартоломе таҳқиқ кардааст ва таҳқиқоти ӯ дар бораи ҳуқуқи зан дар давраи соcонӣ мабнои назариёти Кристенсен (Arthur Christensen) воқеъ шудааст, дар хонаводаҳои мумтоз занон гоҳе аз таълимоти олӣ бархӯрдор будаанд. Яъне асли “зиндагии табақотӣ” дар ин маврид низ монанди ҳамаи мавориди дигар ҳукмфармо будааст. Ҳамчунон ки дар давраи соcонӣ ду тан аз духтарони Хусрави Парвиз: Пурондухт ва Озармидухт барои муддати кӯтоҳе салтанат карданд. Интихоби онҳо ба салтанат, ба воситаи эътиқоди азиме буд, ки эрониён ба “тухмаи шоҳӣ” доштанд. Эрониён шоҳони хешро эзаднажод мепиндоштанд. Ардашери Бобакон, ки сарсилсилаи Соcониён аст, насаби хешро ба шоҳони қадимтари Эрон расонд, то аз ин ҷиҳат эроде набошад, ки чӣ гуна касе, ки аз “тухмаи шоҳӣ” нест, муддаии салтанат аст. Дар ошуфтагии пас аз Хусрави Парвиз ду тан, ки аз тухмаи шоҳӣ набуданд муддаии тоҷу тахт шуданд, вале чун аз тухмаи шоҳӣ набуданд, натавонистанд давом биёваранд. Духтарони Парвиз дар давраи ошуфтагии пас аз Парвиз аз он ҷиҳат ба подшоҳӣ расиданд, ки Ширавайҳ писари Хусрави Парвиз 17 тан бародарони худро кушта буд ва танҳо касе, ки аз тухмаи шоҳӣ боқӣ монда буд ин ду духтар буданд. Эътиқоди азим ба хуну нажодро бо масъалаи ҳуқуқи зан набояд иштибоҳ кард. Подшоҳии Пурон ва Озармидухт ва ҳамчунин таҳсилоти олии чанд зан аз табақоти мумтозро натавон миқёсе барои ҳуқуқи зан ба таври умум дар он давра қарор дод.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Манобеи торихие, ки дорем, иттилое дар боби таъолими духтарон ба даст намедиҳад. Бартоломе чунин ҳадс мезанад, ки таълими духтарон бештар марбут ба усули хонадорӣ будааст. Ба илова, Бағнаск сареҳан аз таълимоти зан дар фанни хонадорӣ баҳс мекунад. Бо вуҷуди ин, занони хонаводаҳои мумтоз гоҳе таълимоти бисёри амиқ дар улум таҳсил мекардаанд”.

Кристенсен (Arthur Christensen) дар фасли ҳафтуми китоб хеш, ки дар бораи наҳзати Маздакия баҳс мекунад мегӯяд:

Дар тавсифе, ки мо дар натиҷаи таҳқиқоти Бартоломе аз аҳволи ҳуқуқи занон дар аҳди Соcониён намудем, тазодди бисёр нишон медиҳад. Сабаби ин тазодд он аст, ки аҳволи қонунии зан дар тӯли аҳди Соcониён таҳаввулоте ёфтааст. Бино бар қавли Бартоломе, аз лиҳози илмӣ ва назарӣ зан дар ин аҳд ҳуқуқаш ба табаъи ғайр буда ва ё ба иборати дигар, шахсияти ҳуқуқӣ надошт, аммо дар ҳақиқат зан дар ин замон дорои ҳуқуқи мусалламае будааст. Дар замони Соcониён аҳкоми атиқ дар ҷанби қавонини ҷадид боқӣ буд ва ин тазодди зоҳирӣ аз он ҷост. Пеш аз он ки аъроби мусалмон Эронро фатҳ кунанд, муҳаққақан занони Эрон дар шуруфи таҳсили ҳуқуқ ва истиқлоли худ будаанд”.

* * *

Низоми ахлоқӣ

Агар бихоҳем руҳия ва дараҷаи ахлоқи умумии он рӯзи мардуми Эронро бидонем, мадорики кофӣ ва мустақим дар даст надорем, вале аз маҷмӯаи қароин метавон ба даст овард, ки руҳия ва ахлоқи умумӣ чӣ гуна будааст.

Ахлоқ ва руҳия ду навъ аст: табиӣ ва иктисобӣ. Ахлоқи табиии як қавм иборат аст аз хасоиси нажодӣ ва иқлимии онҳо. Виросат ва муҳити табиӣ ва ҷуғрофиёӣ ҳамчунон ки дар хусусиёти ҷисмии афроди башар аз ранги пӯсту чашму мӯ ва хусусиёти андом муассир аст, дар хусусиёти руҳӣ ва мушаххасоти ахлоқӣ ва руҳии онҳо низ муассир аст; бо ин тафовут, ки омили нажодӣ яъне виросат дар асари ихтилотҳо ва имтизоҷҳо ва издивоҷҳо ва нақлу интиқолҳо ва муҳоҷиратҳо аз байн меравад ва шакли дигар пайдо мекунад, аммо омили минтақаӣ ва ҷуғрофиёӣ аз як суботи нисбӣ бархӯрдор аст. Отифа ва меҳрубонӣ, хунгармӣ, меҳмоннавозӣ, тезҳушӣ ва суръати интиқол, обрӯдорӣ ва суратро бо селии сурх нигаҳ доштан, аз хасоисе аст, ки эрониён дар ҳамаи давраҳо ба онҳо сутуда шудаанд.

Ахлоқи иктисобӣ вобаста аст ба дараҷаи тамаддун, албатта тамаддуни инсонӣ ва маънавӣ, на санъатӣ ва фаннӣ. Ахлоқи иктисобӣ аз тарафе вобаста аст ба навъи омӯзишу парвариш, ва аз тарафи дигар ба низомоти иҷтимоӣ ва сунан ва одоби ҳоким бар иҷтимоъ. Таъсири омили омӯзишу парвариш таъсири мустақим аст ва таъсири омили муҳити иҷтимоӣ таъсири ғайримустақим.

Қисмати муҳимме аз руҳия ва ахлоқи умумӣ аксуламали руҳии афрод аст дар муқобили ҷараёноте, ки дар муҳити иҷтимоии онҳо мегузарад ва махсусан сунан ва қавонине, ки бар зиндагии онҳо ҳукумат мекунад.

Эрониён аз назари ахлоқи табиӣ яъне ахлоқи виросӣ ва иқлимӣ мақоми шоистае доштаанд. Эрониён аз қадимулайём ба доро будани хасоиси олӣ сутуда шудаанд.

Ҳеродот, муаррихи маъруфи юнонӣ дар қарни панҷум қабл аз мелод, ки аслан аҳли Осиёи Сағир буда ва ӯро падари торих номидаанд, тавсифи нисбатан ҷомеъе аз мардуми Эрони он рӯз кардааст. Он чӣ Ҳеродот навишта маҷмӯае аз зиштиҳо ва зебоиҳост, вале метавон гуфт, зебоиҳояш бештар аст.

Ксенофон (Xenophon), шогирди маъруфи Суқрот, ки тақрибан як қарн баъд аз Ҳеродот будааст, яке дигар аз касоне аст, ки эрониёнро тавсиф кардааст, вале ӯ баръакси Ҳеродот, ки давраи эътилои Эронро дида ва тавсиф кардааст, давраи инҳитоти Эронро дида ва муқоисае миёни руҳия ва ахлоқи эрониён дар давраи Куруш ва руҳия ва ахлоқи онҳо дар аҳди худаш ба амал оварда ва тағйир ва инҳитоти ахлоқи эрониёнро дар давраи худаш тавзеҳ додааст.

Агар ахлоқи табиии эрониёнро бо соири милал муқоиса кунем, мусалламан агар бар соири милал пешӣ надошта бошанд, поинтар ҳам нестанд. Мо барои дурӣ ҷустан аз итолаи сухан, аз нақли порае мушаххасот аъамм аз хуб ё бад, ки гуфта шудааст аз хасоиси руҳи эронӣ аст, худдорӣ мекунем.

Дар ривоёти исломӣ хулқ ва руҳияи эронӣ мавриди ситоиш қарор гирифтааст, махсусан аз ду ҷиҳат: бетаъассубӣ ва озодфикрӣ, ва дигар донишдӯстӣ.

Дар ояти каримаи Қуръон омадааст:

وَلَوْ نَزَّلْنَاهُ عَلَى بَعْضِ الْأَعْجَمِينَ. فَقَرَأَهُ عَلَيْهِم مَّا كَانُوا بِهِ مُؤْمِنِينَ

Яъне агар Қуръонро бар фарде аз аҷам фурӯ мефиристодем, инон (аъроб) ҳаргиз имон намеоварданд. (Сураи Шуъаро, оятҳои 198 ва 199) Имом Содиқ алайҳис-салом фармуд: “Оре, агар Қуръон бар аҷам нозил шуда буд, араб ба он имон намеовард, вале бар араб нозил гашт ва аҷам имон овард, ва ин фазилати аҷам аст”. (Тафсири Софӣ, зайли ҳамин оят) Ҳамчунин Имом Содиқ алайҳис-салом фармуд: “Он кас, ки исломро аз рӯйи рағбат ва майл пазируфтааст, беҳтар аст аз он, ки исломро аз рӯйи тарс пазируфтааст. Мунофиқони араб аз рӯйи тарс исломро пазируфтаанд ва имонашон ҳақиқӣ нест, аммо эрониён ба майлу рағбати худ исломро пазируфтаанд”. (Сафинатул-биҳор, моддаи “аҷам”)

Абдуллоҳ ибни Умар аз Расули Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) нақл кардааст, ки фармуд: “Дар олами руъё гӯсфандоне сиёҳ дидам, ки гурӯҳи анбӯҳе гӯсфанди сафед дохили онҳо шуданд. Мардум аз он ҳазрат пурсиданд: Ё Расулаллоҳ! Ин хобро чӣ таъбир фармудед? Фармуд: Таъбири ин хоб он аст, ки аҷам дар дини шумо ва ҳам дар насаб ва хуни шумо шарик хоҳад шуд. Яъне ҳам ба дини шумо имон хоҳад овард ва ҳам бо шумо издивоҷ хоҳад кард ва хунаш бо шумо махлут хоҳад шуд. Мардум бо таъаҷҷуб пурсиданд: Ё Расулаллоҳ! Аҷам дини исломро хоҳад пазируфт ва сипас дар хуни мо бо мо шарик хоҳад шуд? Фармуд: Оре, агар имон ба ситораи сурайё овехта бошад, мардоне аз аҷам бад-он даст хоҳанд ёзид”. (Ҳамон манбаъ)

Кристенсен (Arthur Christensen) дар хотимаи китоби худ чанд сафҳаро ба ахлоқ ва руҳияи эрониён ихтисос додааст. Вай мегӯяд:

Ҷаҳони эронӣ ба сурате, ки муаррихони ғарб мисли Омиёнус Марселинус ва Прукупиус онро шинохта ва бо ҷанбаҳои неку бадаш васф кардаанд, ба назари мо ҷомеаи ашрофии маҳз меояд. Фақат табақоти олӣ муаррифи ин ҷомеа маҳсуб мешудаанд ва ба миллати Эрон ҷилва ва виҷҳаи хосси худро бахшидаанд”.

Тавзеҳоти Омиёнус Марселинус, ки Кристенсен ба тафсил нақл кардааст, ҳама марбут аст ба табақаи ашроф, ва табъан ҷанбаҳои пасти он бар ҷанбаҳои олии он зиёд мечарбад. Ҷанбаҳои олии кам дар он ёфт мешавад. Лузуме надорад мо онҳоро нақл кунем.

Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Нависандагони араб давлати соcониро, ки сармашқи сиёсати дували машриқӣ буда бо тамҷид ва таҳсин меситоянд ва миллати Эронро ба бузургӣ ном мебаранд”.

Он гоҳ аз китобе ба номи “Хулосатул-аҷоиб” ин иборатро нақл мекунад:

Ҳамаи ақвоми ҷаҳон бартарии эрониёнро изъон доштанд, хосса дар камоли давлат ва тадобири олии ҷангӣ ва ҳунари рангомезӣ ва таҳияи таом ва таркиби даво ва тарзи пӯшидани ҷома ва таъсисоти иёлот ва муроқибат дар ниҳодани ҳар чиз ба макони худ ва шеър ва тарассул ва нутқ ва хитоба ва қуввати ақл ва камоли покизагӣ ва дурусткорӣ ва ситоише, ки аз подшоҳони худ мекарданд; дар ҳамаи ин масоил бартарии эрониён бар ақвоми ҷаҳон мусаллам буд. Торихи ин қавм сармашқи касоне аст, ки пас аз онон ба назми мамолик мепардозанд”.

Аҷиб ин аст, ки Кристенсен (Arthur Christensen) пас аз нақли ҳамаи инҳо мегӯяд:

Эрониён дар тайи қуруни мутамодӣ, мақоми пешвоии маънавии худро дар миёни милали исломӣ нигоҳ доштанд, аммо нерӯи хулқӣ ва сиёсии онон баъд аз суқути давлати соcонӣ хеле заъиф шуд. Сабаби ин заъф — чунонки баъзе пиндоштаанд — ин нест, ки дини ислом аз ҳайси устувории мабонии ахлоқӣ камтар аз дини порсӣ будааст, балки яке аз иллатҳои инҳитоти миллати Эрон вазъи “ҳукумати омма” аст, ки бо ислом барқарор шуд. Табақоти нуҷабо рафта-рафта дар соири табақоти тӯда фурӯ рафта, маҳв гардиданд ва сифоте, ки мӯҷиби имтиёзи онон буд заъиф шуд”.

Албатта мақсуди Кристенсен аз нерӯи хулқӣ, ки дар радифи нерӯи сиёсӣ овардааст, ахлоқи сиёсӣ аст, ки бо ахлоқи инсонӣ дар ҷиҳати мухолиф қарор дорад. Аз назари ахлоқи сиёсӣ яъне ҳамон даричае, ки Кристенсен ин ҷо аз он дарича нигаристааст, суқути табақаи нуҷабо ва заъиф шудани сифоти хосси онҳо, ки ба мӯҷиби он сифот як ақаллияти ночиз ҳукумат ва қудрат ва сарватро дар даст гирифта ва ҳуқуқи аксарияти анбӯҳеро ба худ ихтисос медод ва онҳоро дар хидмати худ мегирифт ва истисмор менамуд ва давлати муқтадире бар рӯйи ин асос ба вуҷуд оварда буд, мӯҷиби таъассуф аст, аммо бо миқёс ва меъёри башарӣ ва аз назари ахлоқи инсонӣ, суқути табақаи ашроф ва боз шудани роҳ барои “ҳукумати омма” на танҳо мӯҷиби таъассуф нест, балки мӯҷиби камоли хурсандӣ аст.

Аз назари омӯзишу парвариш давраи соcонӣ, ки чӣ гуна буда ва бар чӣ асосе будааст, иттилои комиле дар даст нест; ҳар чӣ буда ҳамон буда, ки ба василаи “ҳирбад”-ҳо сурат мегирифтааст. Ҳирбадҳо муҳтаваёти Авасторо ба мардум таълим медодаанд, чизи дигаре дар ихтиёр надоштаанд.

Он ойинае, ки аз ҳар ойинаи дигар беҳтар метавонад вазъи ахлоқии он рӯзи мардуми Эронро нишон бидиҳад, низомоти иҷтимоӣ ва хонаводагии он рӯз аст. Иҷтимои маданӣ ва ҳам иҷтимои хонаводагии он рӯз, иҷтимои мутаъодиле набудааст. Мо қаблан ба тафсил дар ҳар ду мавзӯъ баҳс кардаем.

Дар иҷтимои номутаъодил мардум тақсим мешаванд ба ду табақаи ақаллият ва аксарият: ақаллияти мутанаъим ва бархӯрдор, ва аксарияти маҳрум ва ниёзманд.

Табақаи бархӯрдор ва мутанаъим ба мӯҷиби вазъ ва ҳоли худ дорои навъе ахлоқ мегардад ва табақаи маҳрум дорои навъе дигар аз ахлоқ ва ҳеч кадом ахлоқи мутаъодил ва инсонӣ нахоҳанд дошт. Табақаи бархӯрдор дар ин иҷтимоъот маъмулан табақаест аз худ розӣ, мағрур, худписанд, лус, бекор ва бекора, тарсу, камҳавсала, каммуқовимат, нозпарварда, зудранҷ, исрофу табзиркун, айёш. Ин авсофро каму беш дар баёни Омиёнус Марселинус дар бораи нуҷабои Эрон мебинем. Аммо табақаи маҳрум дар ин гуна иҷтимоъот табақаест бадбин, кинатӯз, норозӣ, бадхоҳ, интиқомҷӯ, мӯътақид ба шонсу тасодуф, мункири назму адл дар ҷаҳон.

Ҳарчанд муаррихе тӯдаи мардуми Эронро дар он аср тавсиф накардааст, аммо қоидатан дар чунон иҷтимои табақотӣ ҷуз ин наметавонистааст бошад.

Дар Эрон молиёти сарона гирифта мешуд, вале ҳамон табақоте, ки беш аз дигарон мебоист машмули қонуни молиёт бошанд мустасно буданд. Анушервон, ки дар вазъи молиётҳо таҷдиди назар кард ва ислоҳоте намуд, боз ҳам “бузургон, нуҷабо, сарбозон, руҳониюн, дабирон ва соири хидматгузорони давлатро мустасно кард”. (Эрон дар давраи Сосониён, с.390) Бадеҳӣ аст, ки ин табъизҳо ва истисноҳо руҳи табақаи молиётпардозро норозӣ ва осӣ мегардонид.

Аз бархе ҷараёноти торихии он аср каму беш метавон ба ахлоқи оммаи мардум пай бурд.

Комил”-и Ибни Асир менависад:

Ҳангоме, ки Рустами Фаррухзод дар сарзамини Байнаннаҳрайн ба муқобилаи сипоҳи ислом мерафт, бо арабе бархӯрд кард. Араб зимни гуфту шунуд бо Рустам, изҳори яқин кард, ки эрониён шикаст мехӯранд. Рустам ба танз гуфт: Пас, мо бояд бидонем, ки аз ҳамакнун дар ихтиёри шумо ҳастем. Араб гуфт: Ин аъмоли фосиди шумост, ки чунин сарнавиште барои шумо муайян кардааст. Рустам аз гуфту шунуд бо араб нороҳат шуд ва дастур дод, гардани ӯро бизананд. Рустам бо сипоҳиёнаш ба “Бурс” расиданд ва манзил карданд. Сипоҳиёни Рустам рехтанд миёни мардум ва амволашонро тороҷ карданд, ба занон дастдарозӣ карданд, шароб хӯрданд ва маст шуданд ва арбада кашиданд. Нолаву фарёди мардум баланд шуд, шикояти сарбозонро пеши Рустам бурданд. Рустам хитобае илқо карда ба сипоҳиён, гуфт: Мардуми Эрон! Акнун мефаҳмам, ки он араб рост гуфт, ки аъмоли зишти мо сарнавишти шуме барои мо таъйин кардааст. Ман акнун яқин кардам, ки араб бар мо пирӯз хоҳад шуд, зеро ахлоқ ва равиши онҳо аз мо басе беҳтар аст. Ҳамоно Худованд дар гузашта шуморо бар душман пирӯз мегардонид ба ҳукми ин ки некрафтор будед, аз мардум рафъи зулм карда ба онҳо некӣ мекардед. Акнун, ки шумо тағйир ёфтаед, қатъан неъматҳои илоҳӣ аз шумо гирифта хоҳад шуд”.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: