Мубаллиғи саудӣ: “Феълан, аз дуо алайҳи “яҳуд” даст бардоред!”

Шайх Алӣ Рубейъӣ, мубаллиғи машҳури саудӣ, аз хатибони мусалмон дархост кард, феълан даст аз дуо алайҳи “яҳуд ва насоро” бардоранд.

Ба гузориши “Алхалиҷ ал-ҷадид”, вай, рӯзи сешанбе (5 июли 2017) дар твиттери худ навишт: “Бар хатибони мусалмон лозим аст, феълан даст аз дуо алайҳи яҳуд ва насоро бардоранд; ва дар муқобил, бар дуо алайҳи шиъаёни бутпараст ва давлати Эрони маҷусӣ тамаркуз намоянд”.

Ба гуфтаи ин мубаллиғи саудӣ, ин кор “аз фиқҳи навозил” будааст.

Бар асоси гузориши “Алхалиҷ ал-ҷадид”, аз назари коршиносон, даъват ва дархости ин мубаллиғи саудӣ, дар ростои талошҳои ин кишвар ҷиҳати муқаддимачинӣ барои оддисозии равобит байни Арабистони Саудӣ ва режими саҳюнистӣ будааст.

Дар ҳамин росто, дар рӯзномаи “Арриёз” ва ба вежа дар мақолаи Мусоид ал-Усаймӣ, ки дар торихи 6 июн дар ин рӯзнома мунташир шудааст, нависандаи мақола, зимни даъват ба таъйини авлавиёт, ин суолро матраҳ кардааст, ки: “Оё дар ин миён душмане бадтар аз Эрон барои мо ва кишварамон вуҷуд дорад?… Ва оё Исроил дар назари мо мисли Эрон мояи таҳдид, таъсир, нигаронӣ ва кина аст?

Ӯ дар ин мақола, даъват ба тамаркуз рӯйи “душмани воқеӣ” яъне Эрон намуда, гуфтааст: “Мо бояд ақли худро барои масолеҳи худ ба кор гирем ва масоилро аз назари иқтисодӣ ва сиёсӣ ва ҳатто аз назари торихӣ баррасӣ кунем, то бифаҳмем, оё Эрон барои мо хатарноктар аст ё Исроил?

Реклама


Рубрики:Салафият, Сиёсат, Такфир, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: