Таҳлили Абдулборӣ Атвон аз вокуниши кишварҳои муҳосиракунандаи Қатар ба ин кишвар

Нишасти раисони сервисҳои иттилоотии меҳвари саудӣ дар Қоҳира, он ҳам дар остонаи баргузории нишасти вазирони хориҷаи ин кишварҳо дар ҳамон пойтахти Миср, нуктаи муҳиммеро дарбар дорад, ки аз ҳассосият ва хатари мавзеъгирӣ дар қиболи Қатар ҳикоят дорад.

Арзёбии конфронси матбуотии вазирони хориҷаи меҳвари душманӣ бо Қатар дар Қоҳира, шомили мавориди аслӣ ва хатарнокест, ки иборатанд аз:

1) Тавофуқи вазирони чаҳор кишвари Арабистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва Баҳрайн бар сари ин ки посухи Қатар ба хостаҳои онон манфӣ ва бемуҳтаво буд, ва ба гуфтаи Сомиҳ Шукрӣ, вазири хориҷаи Миср, нишоне аз ақибгард дар он дида намешуд.

Ин ба он маъност, ки миёнҷигарии Кувайт ба поён расида ва раванди умур ба самти марҳилаи ҳар чи шиддат ёфтан дар ҳаракат аст.

2) Лаҳни тунди Сомиҳ Шукрӣ ва истифода аз калимоти бисёр қотеъона ва кӯбанда, баёнгари моҳияти иқдомоти эҳтимолӣ дар оянда аст, аз ҷумла ин ки вай изҳор дошт, чорае ҷуз “қотеъият” дар манъи тамомии касоне, ки ҳомии теруризм ҳастанд вуҷуд надорад ва ҳеч тасомуҳе бо нақши Қатар дар ин хусус вуҷуд надорад.

Вай ҳамчунин изҳор дошт, чаҳор кишвари мазбур иттиҳомзанӣ намекунанд, балки далоил ва рухдодҳои сабтшуда дар ихтиёр доранд.

Дар ин шароит бояд пурсид, оё мо дар баробари “тӯфони қотеъият”-и ҷадид алайҳи Қатар қарор дорем? Оё ин изҳорот дарбардорандаи ҳарфу лаҳни Муҳаммад бен Зоид ва Муҳаммад бен Салмон нест?

3) Идомаи таҳрими сиёсӣ ва иқтисодии Қатар то замоне, ки аз мавозеъи худ кӯтоҳ биёяд ва ба тамоми таъаҳҳудоти худ дар тавофуқномаи Риёз пойбанд шавад.

Дар ин миён иқдомоти ҷадид дар қиболи Қатар комилан баррасишуда хоҳад буд ва машварат ва ройзанӣ дар хусуси он идома хоҳад ёфт, ба ин маънӣ, ки интизори онон аз Қатар ин аст, ки тамоми дархостҳои 13-гонаро пазируфта ва парчами сафеди таслимро бидуни ҳеч шарте боло бибарад.

4) Баррасии таълиқи узвияти Қатар дар Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ба нишасти оянда мавкул хоҳад шуд бидуни ин ки сатҳи ҳузури он мушаххас шавад. Дар натиҷа бояд пурсид, оё аъзои ин шӯро барои баррасии ин мавзӯъ дар рӯзҳо ва ё ҳафтаҳои оянда, нишасти фавқулъода баргузор хоҳанд кард ё баррасии ин мавзӯъро ба нишасти сарон, ки қарор аст моҳи марти оянда баргузор шавад, мавкул хоҳанд кард?

5) Холид Оли Халифа, вазири умури хориҷаи Баҳрайн гуфт, иттиҳоми теруризм фақат ба аъзо ва раҳбарони ҷунбиши Ихвонулмуслимин маҳдуд намешавад, балки тамомии касонеро, ки бо онон ҳамроҳӣ дошта бошанд низ дарбар мегирад ва ин гурӯҳ низ ба ҳамон иттиҳоми теруризм муҳокима хоҳанд шуд.

Изҳороти ӯ ба ин маъност, ки ҳар фарде аз иқдомоти давлатҳо алайҳи ихвониҳо ба вежа аз дастгирӣ ва зиндонӣ кардани онон, интиқод кунад, чӣ басо бо иттиҳоми ҳимоят аз теруризм рӯ ба рӯ шавад ҳатто агар либерол ва ё лоик бошад.

Дар сурати иҷрои ин қонун, шояд лозим бошад милюнҳо нафарро дастгир ва агар на, барои садҳо ҳазор нафар балки дастикам барои даҳҳо нафар додгоҳ баргузор кард.

6) Шайх Абдуллоҳ бен Зоид, вазири умури хориҷаи Аморот таъкид кард, ки чаҳор кишвари Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср барои муҷозоти Қатар, ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷеа нахоҳанд кард, балки иқдомотеро иттихоз хоҳанд кард, ки мӯътақиданд муносиб аст.

Ин изҳорот ба ин маънист, ки ҳар эҳтимоле аз ҷумла дахолати низомӣ алайҳи Қатар вуҷуд дорад.

7) Ҳар чаҳор кишвари мазбур иттиҳомоти марбут ба даст доштани Қатар дар ҳимоят аз теруризм ва ҳимояти молӣ ва таҳрики онро такрор карда ва эълом карданд, ин маворид бояд ҳар чи зудтар мутаваққиф шавад ва агар Қатар ба он пойбанд набошад, бояд иқдомоти лозим иттихоз шавад.

8) Одил ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷаи саудӣ, бо тафовут қоил шудан байни Эрон ва Туркия, муддаӣ шуд, ки Эрон аз теруризм ҳимоят мекунад ва табиӣ аст, ки ҳомии Қатар бошад, аммо Туркияро бетараф шумурд.

Дар ин хусус суол ин аст: оё ин тафовут қоил шудан бар асоси рӯйкардҳои тоифаӣ сурат гирифтааст ба ин эътибор, ки Эрон як кишвари шиъӣ ва Туркия суннимазҳаб аст? Ё ба ин далел ин изҳоротро ба забон овард, ки умедвор аст мавзеъи Туркия мабнӣ бар ҳимоят аз Қатар ба зудӣ тағйир мекунад?

9) Аҳаммияти нишасти Қоҳира дар баргузории фаврии он — як рӯз пас аз поёни мӯҳлати Қатар — набуд, балки дар ин аст, ки бори дигар Миср ва чанд кишвари араби ҳошияи халиҷи Форс гирди ҳам омаданд, дар натиҷа чӣ басо мавзеъи онон баёнгари мавзеъи қотеъонаи минтақаӣ ва ҷойгузини мавзеи Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс ва низ Иттиҳодияи Араб бошад.

* * *

Аммо ду рухдоде, ки ба таври мустақим дар мавозеъи вазирони умури хориҷаи чаҳор кишвари мазбур таъсир дошт ва такмилкунандаи он буд низ ба шарҳи зер аст:

1) Нишасти раисони ниҳодҳои иттилоотии Арабистон, Аморот, Миср ва Баҳрайн дар остонаи нишасти вазирони умури хориҷаи ин кишварҳо дар Қоҳира.

2) Тамоси телефонии Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико бо Абдулфаттоҳ Ассисӣ, ҳамтои мисрии худ, ки дар он, бар лузуми пойбандии тамоми кишварҳо ба таъаҳҳудоти худ дар нишасти сарон дар Риёз мабнӣ бар таваққуфи ҳимоят аз теруризм ва мубориза бо тафаккуроти ифротӣ таъкид кард. Тромп ҳамчунин тамоми тарафҳоро ба гуфтугӯи созанда барои ҳаллу фасли кашмакаш бо Қатар фаро хонд.

Ба назар намерасад, раисони ниҳодҳои иттилоотии чаҳор кишвари мазбур ба манзури баррасии мавҷи гармо дар Ховари Миёна, дар Қоҳира гирди ҳам омаданд, балки ҳадафи онон “тавтиа” ва барномарезӣ дар хусуси чигунагии дахолати амниятӣ ва низомӣ дар Қатар ва коштани базри шикоф дар дохили хонадони ҳокими ин кишвар ба изофаи эҷоди нооромӣ дар он буд, ва чӣ басо ин мавзӯъ то ба роҳ андохтани инфиҷорҳо ва ё таҳрики эътирозоти мардумӣ ва ба кор гирифтани мухолифони дохилӣ ва хориҷии Қатар ва тартиб додани кудетои дохилӣ ва дахолати низомӣ дар ҳимоят аз он пеш биравад.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки ҷузъиёти тамоси телефонии Тромп бо Ассисӣ бисёр мубҳам аст, зеро Тромп Қатарро ба мубориза бо теруризм ва пойбандӣ ба тасмимоти нишасти Риёз фаро хонд ва сипас гуфт, вай ҳаллу фасли бӯҳрон бо Қатарро аз тариқи гуфтугӯ хостор аст.

Ҳанӯз бар ин боварем, ки Тромп ҳомии мавзеъи Арабистон, Аморот, Миср ва Баҳрайн мабнӣ бар ба зону даровардани Қатар ва қаймумият бар он ва чӣ басо тағйири низоми ҳокими он аст, зеро агар чизе ғайр аз ин буд, вазири умури хориҷаи худро озими ин панҷ кишваре мекард, ки вориди кашмакаш шудаанд.

* * *

Дар ин миён, ин нишасти раисони сервисҳои иттилоотии чаҳор кишвари мазбур аст, ки беш аз нишасти вазирони умури хориҷаи онон дар Қоҳира нигаронкунанда аст, зеро онон раҳбарони тавтиъа ва тарҳи нақшаҳои дахолат аз ҳар навъе ба шумор меоянд, ва ҳамин афрод ҳастанд, ки ҳокимони воқеӣ ба шумор меоянд, ва агар ин гуна набошад, дастикам бояд гуфт, беш аз ҳар каси дигаре дар тасмимгирии кишварҳояшон таъсиргузор ҳастанд.

Ба ҳар ҳол ҳанӯз ҳар ду тараф бар кӯтоҳ наомадан аз мавозеъи худ таъкид доранд ва Қатар низ зимни таъкид бар ҳокимияти худ, эълом кард, наметавонад қаймумиятро бипазирад.

Бояд дар назар дошт, ки дар партави фишорҳои мавҷуд ва идомаи таҳрими сиёсӣ ва иқтисодии Қатар, эҳтимоли дахолати низомӣ ва ё амниятӣ ва ё ҳар ду бо ҳам, беш аз ҳар эҳтимоли дигаре вуҷуд дорад.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: