Фалсафа ва равиши реализм (88)

Мақолаи ҳафтум

Воқеият ва ҳастии ашё (2)

Муқаддима (2)

Тамоюзи улум

Ҳар илме маҷмӯае аз масоил аст, ки дар оғози зуҳури он илм басит ва маҳдуд буда ва баъд тавсиъа ва афзоиш ёфтааст. Башар аз даврони қадим то кунун ҳамвора масоили илмиро дастабандӣ мекарда ва ба ҳар дастае номи махсус медода: тибб, ҳандаса, ҳисоб, мантиқ, фалсафа ва ғайра. Мисли ин ки ҳар дастаи бахусусеро ба манзилаи афроди як хонавода ташхис медод, ки ҳамаи онҳо аз асли воҳиде муншаъиб мешаванд ва ба як реша мепайванданд. Ва ҳамин ҷиҳат мӯҷиби имтиёз ва ҷудоии он даста аз масоил аз соири масоил буда. Ва албатта ин хонаводаҳо ба тадриҷ рӯ ба издиёд ва тавсиъа рафтаанд, яъне бо мурури замон ҳар андоза муҷоҳидатҳои бештаре аз тарафи уламо шуда афроди дигаре аз ҳамон асли воҳид (мустақиман) тавлид шудааст.

Гоҳе байни афроди ҳар хонаводае бо хонаводаи дигар дар айни ин ки аз лиҳози хонаводагӣ мутамойизанд, робитае шабеҳи робитаи фомилӣ дида мешавад, ки қаробат ва хешовандии илмиро бо илми дигар намоён месозад, назири робитае, ки байни илми ҳисоб ва илми ҳандаса вуҷуд дорад.

Ва ҳамчунин байни ҳар фомиле бо фомили дигар робитае шабеҳи робитаи нажодӣ дида мешавад, назири робитае, ки байни улуми назарӣ (дар муқобили улуми амалӣ) ҳар як бо дигаре дида мешавад.

Иртиботи хонаводаҳо ва фомилҳо ва нажодҳо дар улум мӯҷиб шуд, ки донишмандон ба тақсим ва табақабандии улум бипардозанд. Ва аввалин тақсим ва табақабандӣ, ки аз қадим дида мешавад, ҳамон тақсим ва табақабандии маъруфи арастуӣ аст в Ибни Сино онро ба беҳтарин сурате баён ва такмил карда ва бархе монанди Шайхи Ишроқ эродоте бар он ворид кардаанд ва бархе дигар он эродотро дафъ кардаанд, ки дар ҷойи худ мастур аст ва лузуме надорад мо дар ин ҷо каломро итола кунем.

Он чӣ дар ин ҷо лозим аст, баёни ин ҷиҳат аст, ки он асли воҳиде, ки масоили ҳар илмеро ба сурати афроди як хонавода дароварда ва байни онҳо робитаи зотӣ барқарор карда чист? Ва ҳамчунин, маншаи қаробати фомилии хонаводаҳои мухталифи улум ва маншаи қаробати нажодии фомилҳо чист? Ва оё тамоми нажодҳои улум воқеан ва ҳақиқатан аз як ҷадди аъло муншаъиб мешаванд? Ва агар чунин ҷадди аълое дар кор ҳаст, он кист ва чист? Мантиқдонон ва фалосифа баъд аз таҳқиқ ва ҷустуҷӯи бисёр ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳеч илме холӣ аз мавзӯъ нест ва он чизе, ки масоили ҳар илмеро ба сурати афроди як хонавода дармеоварад, ҳамон “мавзӯъ”-и он илм аст. Ва он чизе ҳам, ки маншаи қаробатҳои фомилӣ ва нажодии улум аст, ҳамоно қаробатҳоест, ки байни мавзӯъоти улум барқарор аст, ва агар барои ҳамаи улум ҷадди аълое қоил шавем, ҳамоно он ҷадди аъло низ марбут ба мавзӯъоти улум аст.

* * *

Мавзӯъ чист?

Мавзӯи ҳар илме иборат аст аз он чизе, ки дар он илм аз аҳвол ва аворизи ӯ гуфтугӯ мешавад ва қазияҳои марбут ба ӯ ҳал мешавад. Тадаббур ва тадқиқ дар масоили ҳар илме ва таҷзияи масоили он равшан мекунад, ки ҳамаи он масоил баёни аҳком ва осор ва авориз ва ҳолоти як шайъи бахусус аст, ва ҳамон шайъи бахусус аст, ки ҳамаи он масоилро ба сурати афроди як хонавода даровардааст, ва мо онро “мавзӯъ”-и он илм меномем.

Дар ин ҷо як суоли муҳим барои мантиқдонон ва фалосифа пеш омадааст, ва он ин ки: назар ба ин ки мавзӯъоти улум мутабойин мин ҷамиъилҷиҳот нестанд, балки — чунонки қаблан ишора кардем — қаробатҳое байни мавзӯъоти улум барқарор аст ва ҳамон қаробатҳо маншаи хешовандии фомилӣ ва нажодии улум аст, мисли ин ки байни “камми мунфасил”, ки мавзӯи илми ҳисоб (арифметика) шумурда шуда ва “камми муттасил”, ки мавзӯи илми ҳандаса (геометрия) шумурда шуда қаробати ҷинсӣ аст. Яъне ҳар ду аз ҷинси каммийят ҳастанд. Ва аз тарафи дигар, он чӣ мавзӯи як илм номида мешавад, ҳамвора дорои анвоъ ва ақсомест ва ҳар навъ ва қисме ихтисос дорад ба як силсила аҳком ва авориз ва ҳолот, мисли ин ки мавзӯи ҳандаса, ки “камми муттасил” шинохта мешавад, мунқасим мешавад ба хатт ва сатҳ ва ҳаҷм, ва ҳар як аз онҳо аҳвол ва аворизи махсус ба худ дорад. Ва аз тарафе ҳам, калимаи “авориз ва аҳком” калимаи кешдорест ва он чӣ аз аворизи навъ ва қисми як шайъ маҳсуб мешавад, аз аворизи худи он шайъ низ маҳсуб мешавад. Ва дар ин сурат, ё бояд ҷамиъи улумро илми воҳид бидонем, яъне масоили мухталифи ҷамиъи улумро ба манзилаи афроди як хонавода ва ҳамаро мустақиман муншаъиб аз як асл бидонем ва ихтилофоти хонаводагӣ ва фомилӣ ва нажодиро мункир шавем ва ихтилофи ҳар илмеро бо илми дигар як амри қарордодӣ ва вазъӣ бидонем ва ё он ки ба ҳар андоза, ки мавзӯъот анвоъ ва ақсом пайдо мекунанд, улумро мутакассир ва мухталиф бидонем? Масалан, ҳандасаро маҷмӯае аз се илм (илмулхатт ва илмуссатҳ ва илмулҳаҷм) бидонем, балки назар ба ин ки мумкин аст ҳар як аз ин се низ инқисомоте пайдо кунанд, мисли инқисоми хатт ба мустақим ва мунҳанӣ, инқисомоти ҷузъитари барои он илм қоил шавем? Илова бар ин ки мавзӯъоти улум мутабойинот мин ҷамиъилҷиҳот нестанд ва байни онҳо ваҷҳи муштаракҳое дар кор аст, аҳёнан мебинем, ки мавзӯи як илм айнан ҷомеи муштараки мавзӯи илми дигар бо як ришта ашёи дигар аст, мисли он ки мавзӯи илмуннабот ҷомеи муштараки мавзӯи илмулҳайвон ва як идда аз ашё аст ва ҳамин тавр…

Мантиқдонон ва фалосифа ба ин суол посух додаанд. Ҳосили он чӣ дар мақоми посух ба ин суол баён шуда ин аст, ки авориз ва аҳкоме, ки ба як шайъ нисбат дода мешавад, бар ду қисм аст: аворизи аввалия ё аворизи зотия, ва аворизи сонавия ё аворизи ғариба. Ва дар мақоми тамйизи аворизи зотия аз аворизи ғариба таҳқиқоти некӯ ва арҷманде ба амал омада. Ва он кас, ки аз ҳама бештар ва беҳтар ин матлабро таҳқиқ карда Ибни Сино дар китобҳои мантиқии хеш ва ба хусус мантиқи Шифост, ҳарчанд мутааххирин нукоти лозимеро, ки вай ёфтааст дарк накардаанд ва ба роҳҳои дигар рафтаанд, ва ҳамин ҷиҳат мӯҷиби изтироб ва ихтилофи орои зиёде дар он масъала шуда, то он ҷо, ки аз тарафи бархе аз ғайримантиқдонон ақоиди аҷибу газофамонанде дар ин замина изҳор шудааст.

Чунонки маълум шуд, дар масъалаи тамоюз ва ташобуҳи улум ва табақабандии онҳо нуктаи ҳассосе, ки аз назари мантиқӣ ҳаст, ҳамоно тамйиз ва ташхиси аворизи зотия аз аворизи ғариба аст. Ва тамйиз ва ташхиси ин ҷиҳат эҳтиёҷ ба муқаддимоти мантиқии зиёде дорад, ки аз ӯҳдаи ин муқаддима ва ин мақола хориҷ аст ва толибин бояд ба китобҳои мантиқӣ ва ба хусус китобҳои Ибни Сино муроҷеа кунанд.

Тавзеҳи як нукта лозим аст, ва он ин ки: назар ба ин ки аворизи зотии ҳар мавзӯе ҳамвора ба наҳвест, ки зеҳн ё мустақиман ва биловосита робитаи онро бо мавзӯъ дарк мекунад — яъне эҳтиёҷ ба дахолати ҳадди васат ва иқомаи бурҳон надорад — ва ё ин ки бо мудохилаи ҳадди васат робитаи вай бо мавзӯъ равшан мешавад, қаҳран робита байни ҳар мавзӯе ва аворизи зотии вай бояд воқеӣ ва нафсуламрӣ бошад (на эътиборӣ) ва қаҳран бояд он мавзӯъ куллӣ бошад (на ҷузъӣ). Ва бино бар ин, улуми эътиборӣ, ки робита байни мавзӯъот ва маҳмулот дар он улум вазъӣ ва қарордодӣ аст, на воқеӣ ва нафсуламрӣ — монанди ҳуқуқ ва фиқҳ ва усул ва сарф ва наҳв — ва ҳамчунин улуме, ки як силсила қазияҳои шахсия масоили онҳоро ташкил медиҳад — монанди луғат ва таърих ва ҷуғрофия — аз маҳалли каломи мантиқдонон хориҷ аст. Зеро он чӣ дар мавриди тамоюз ва ташобуҳ ва табақоти улум гуфта мешавад, аввалан дар мавриди улуми ҳақиқӣ аст, ки робитаи воқеӣ ва нафсуламрии умурро баён мекунад (на улуми эътиборӣ). Ва сониян, дар мавриди куллиёт аст, ки барои зеҳн қобили истидлол ва истинтоҷ аст, на ҷузъиёт, ки ба қавли мантиқдонон “на косибанд ва на муктасаб” ва билохира дар мавриди улумест, ки “бурҳон” ба маънои саҳеҳи мантиқӣ дар он улум ҷорӣ аст, монанди тамоми улуми ақлии маҳз ва улуми озмоишӣ.

Дар улуми таҷрибӣ ва озмоишӣ ҳарчанд мустақиман бурҳон ҷорӣ нест, вале мутобиқи он чӣ дар мақолаи 5 таҳқиқ шуд, он силсила улум қатъӣ будан ва куллӣ будан ва қонуни умумӣ будани худро мадюни як силсила бурҳонҳои ақлонӣ мебошад, ки ба таври зимнӣ мавриди истиноди он улум аст.

* * *

Нуқтаҳои иттикои масоили улум, ё мабодии тасаввурия ва тасдиқия

Аз он чӣ дар мақоми муаррифии мавзӯи илм гуфтем, мизони маърифати “масоили илм” низ ҳосил мешавад. Масъалаи ҳар илм иборат аст аз қазияе, ки робитаи мавзӯи он илмро бо яке аз авориз ва аҳкоми вай баён мекунад. Ва аз ин рӯ, ҳар илме иборат аст аз маҷмӯае аз масоил, ки муштамил аст бар мавзӯъ ва маҳмул ва нисбате, ва ҳангоме он масъала сурати “қонун” ба худ мегирад, ки аввалан куллӣ бошад ва сониян ҳолате пайдо кунад, ки зеҳн “ҷабран” изъон ба субути маҳмул аз барои мавзӯъ пайдо кунад.

Ин изъон ва тасдиқ ҳангоме пайдо мешавад, ки аввалан зеҳн тасаввури равшан ва сареҳе аз мавзӯи масъала ва ҳамчунин аз маҳмули он дошта бошад, то мавриди қазовати хешро бишносад. Ва сониян, як навъ далел ва ҳуҷҷате дар кор бошад, ки санади қазоват воқеъ шавад ва зеҳнро мулзам ба тасдиқ ва изъон намояд. Пас қонун шудани як масъала барои азҳон дар дараҷаи аввал мутаваққиф аст ба маърифати мавзӯъ ва маҳмули он масъала. Ва дар дараҷаи дуввум мутаваққиф аст ба далел ва ҳуҷҷате, ки санади қазоват воқеъ шавад ва битавонад зеҳнро қонеъ ва мулзам кунад. Он чӣ дар мақоми муаррифии мавзӯъот ва маҳмулот оварда мешавад, ҳамон “таърифот” аст, ки дар ҳамаи улум мавриди истифода қарор мегирад. Ва он чӣ санади қазовати зеҳн воқеъ мешавад, як силсила “усули мутаорафа” ё “усули мавзӯъа” ва ё як ришта масоили муттакӣ ба усули мутаорафа ва усули мавзӯъа аст.

Таърифот ва усули мутаорафа ва усули мавзӯъаи ҳар илме ба унвони “мабодӣ”-и он илм шинохта мешавад.

Таърифотро “мабодии тасаввурия” ва усули мутаорафа ва мавзӯъаро “мабодии тасдиқия” мехонанд.

Таърифотро маъмулан ҳама мешиносанд, мисли он чӣ дар мақоми таърифи хатт ва сатҳ ва ҳаҷм ва доира ва мураббаъ ва мусаллас ва ғайра дар ҳандаса ба кор бурда мешавад. Дар ин ҷо лозим аст фарқи усули мутаорафа ва усули мавзӯъаро баён кунем:

Усули мутаорафа иборат аст аз як ё чанд асле, ки далоил ва бурҳонҳои он илм бар рӯйи онҳо бино шуда ва худи он усул бадеҳӣ ва ғайри қобили тардид аст ва ҳеч зеҳне хилофи онро ҷоиз намешуморад, монанди асли кулл ва ҷузъ (кулл аз ҷузъ бузургтар аст) ва асли мусовот (ду миқдори мусовӣ бо як миқдор, мусовӣ бо якдигаранд) дар ҳандаса, ва асли имтиноъи таноқуз дар фалсафа ва мантиқ.

Усули мавзӯъа иборат аст аз як ё чанд асле, ки бархе аз далоили он илм муттакӣ ба онҳост ва худи он усул бадеҳӣ ва ҷазмии азҳон нест ва далеле ҳам аҷолатан бар сиҳҳати он усул нест, вале он усулро мафрузуссиҳҳа гирифтаем.

Ва албатта мумкин аст, ки як асли мавзӯъ дар як илм ҷанбаи “вазъӣ” ва фарзӣ дошта бошад, вале дар илми дигар бо далоили махсуси он илм ба таҳқиқ пайваста бошад, мисли ин ки дар улуми табиӣ аз усули риёзӣ ва дар улуми риёзӣ аз усули табиӣ ва дар ҳар як аз инҳо аз усули фалсафӣ ва дар фалсафа аз ҳар як аз инҳо истифода шавад.

Пас, фарқи “асли мутаораф” ва “асли мавзӯъ” ба ин аст, ки асли мутаораф ба худии худ қатъӣ ва ҷазмӣ аст ва зеҳн хилофи онро ҷоиз намешуморад, ва асли мавзӯъ ба худии худ ғайри қатъӣ аст ва зеҳн хилофи онро ҷоиз мешуморад, хоҳ он ки он асли мавзӯъ ба таври мутлақ ҷанбаи вазъӣ ва фарзӣ дошта бошад ва ё он ки бо таваҷҷӯҳ ба як ришта далоил, ки махсуси фанни дигарест ғайр аз он фанне, ки ин усули мавзӯъа мавриди истифодаи он фанн қарор гирифта, ҷанбаи қатъият ва зарурат пайдо карда ва ба таҳқиқ пайваста бошад. Тафсили ин матолиб ва ҷамиъи вуҷуҳи фарқ байни усули мутаорафа ва усули мавзӯъа ва таърифот, ва инқисоми усули мутаорафа ба усули омма ва хосса, ва ҳамчунин баёни ин ки дар фалон илм чӣ усули мутаорафа ва чӣ усули мавзӯъае ба кор бурда мешавад, яке аз судмандтарин мабоҳисест, ки бояд дар мантиқ мавриди баҳс воқеъ шавад. Мантиқдонони ҷадид заҳамоти гиронмояе дар ин замина кашидаанд ва яке аз касоне, ки усули мутаорафа ва мавзӯъаи улуми мутадовали асри хешро тибқи истинботи худ баён карда Конт аст. Он чӣ дар ин ҷо лозим аст, ишораест ба вазъи мабодии тасаввурия ва тасдиқияи фалсафӣ.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: