Хатиби Масҷидулақсо: “Ихтилофот миёни аъроб мӯҷиби бетаваҷҷӯҳӣ ба масъалаи Фаластин шудааст”

Шайх Икрима Сабрӣ мӯътақид аст, ки даргирии кишварҳои арабӣ бо ҳам, мӯҷиб шуда авлавияти нахусти ҷаҳони ислом тағйир кунад ва масоили дигаре ҷойгузини ормони озодсозии Қудси Шариф шаванд.

Бархе аз режимҳои арабии минтақа дар садад ҳастанд, то масъалаи Фаластин ба фаромӯшӣ супурда шавад, ва бо аз байн бурдани ваҳдати миёни мусалмонон, манофеи саҳюнистҳо ва Омрикоро таъмин кунанд. Хабарнигори Tasnimnews дар ҳамин робита бо Шайх Икрима Сабрӣ, раиси Кумитаи исломии аълои Қудс ва хатиби Масҷидулақсо гуфтугӯ кардааст.

Шайх Икрима Сабрӣ дар хусуси талоши бархе режимҳои арабӣ барои фаромӯшии Қудс ва ба ҳошия рафтани Фаластин баён дошт: “Кишварҳои арабӣ он қадр ба мушкилоти худ машғул ва бо он даргир шудаанд, ки масъалаи Қудсро мавриди эҳтимом қарор намедиҳанд, ва ин мояи таассуфи бисёр аст. Дар чунин шароите, авлавияти нахуст тағйир карда ва ба сӯи масоили дигаре мунҳариф шудааст”.

Шайх Икрима Сабрӣ идома дод: “Мо ҳамчунин нисбат ба вуҷуди бархе ихтилофот миёни кишварҳои арабӣ низ таассуф мехӯрем. Ин дар ҳолест, ки дини мубини ислом ба ваҳдат ва адами даргирӣ миёни мусалмонон даъват мекунад. Мавзӯи дигар ин аст, ки бархе аз кишварҳои арабӣ оддисозии равобити худ бо ишғолгарони Исроилро калид зада ва оғоз кардаанд. Ин иқдом бо усул ва мабонии исломӣ дар тазодд ва таноқуз аст”.

Вай, дар идомаи суханони худ, ба мавзӯи ваҳдат миёни мусалмонон ва талоши бархе барои фитнаафканӣ дар ҷавомеи исломӣ ишора кард ва гуфт: “Банда мӯътақид ҳастам, ки кишварҳои бузурги истеъморгар ҳамонанди Омрико, омили бурузи ихтилофот миёни кишварҳои арабӣ ҳастанд. Ин дар ҳолест, ки ишғолгарони исроилӣ ба ҷавомеи исломӣ ҳамла ва мусалмононро аз иқомаи намоз дар Масҷидулақсо маҳрум кардаанд”.

Имом-хатиби Масҷидулақсо афзуд: “Мусалмонон дар тамоми ҷаҳон хоҳони поёни ишғоли Қудс тавассути Исроил ҳастанд, зеро шаъни Қудс дар тирози шаҳрҳои Макка ва Мадина аст ва Масҷидулақсо низ дар ҷойгоҳе мушобеҳи Масҷидулҳаром ва Масҷиди Набавӣ (с) қарор дорад, бинобар ин мусалмонон ҳақ надоранд аз ин мавзӯъ мунҳариф шаванд ва бояд вазоифашон дар қиболи Фаластинро анҷом диҳанд”.

Шайх Икрима Сабрӣ дар поён дар хусуси таҷовузи саудиҳо ба мардуми Яман низ таъкид кард: “Ман тамоми аъроб ва мусалмононро ба ваҳдат ва адами ҷанг бо ҳам даъват мекунам”.



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: