Абдулло Давлатов: “Аҷаб миллати ғуломтабиат будаем!”

Абдулло Давлатов, фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Русия, дар вокуниш ба назарсанҷии ахире, ки дар он аксари пурсидашудаҳои шаҳри Душанбе Иосиф Сталинро “барҷастатарин шахсияти торихӣ” ном бурдаанд, бо баёни ин ки “аҷаб миллати ғуломтабиати бегонапарасти худкуш будаем”, ёдовар шудааст: “Сталини хунхорро, ки Самарқанду Бухорои тоҷиконро ба ӯзбакҳо дод ва тоҷиконро таьрифи пуч мекарду ин ду халқро ҷанг меандохту то имрӯз душман кард, дӯст медорем.”

Ба гузориши сойти Akhbor, дар як пурсиши “Азия Плюс” дар Душанбе аксар раҳбари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ Иосиф Сталинро шахсияти аз ҳама барҷастаи торихӣ ном бурдаанд. Бар пояи ин гузориш, аз натоиҷи пурсиши “Азия Плюс” дар байни беш аз 100 нафар бармеояд, ки дар Тоҷикистон бисёриҳо Иосиф Сталинро ба далели саҳмаш дар шикасти Олмони фашистӣ дар ҷанги дуюми ҷаҳон шахсияти аз ҳама барҷаста мешуморанд. Тақрибан 50 нафар дар ин пурсиш ба Сталин овоз додаанд. Беш аз 30 нафар Владимир Путинро шахсияти барҷастаи торихӣ ном бурдаанд. Тақрибан 20 нафар дар ин назархоҳӣ сардафтари адабиёти форсу тоҷик Абӯабдулло Рӯдакиро барҷастатарин шахсияти торихӣ барои мардуми тоҷик ном бурдаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар ин пурсиш, аз лиҳози маҳбубият, баъди Сталин, Путин ва Рӯдакӣ ҷои чорумро гирифтааст.

Абдулло Давлатов, фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Русия, дар ёддоште дар сафҳаи худ дар Фейсбук навиштааст: “Дар Русия ҳазорон тоҷикро бо тӯҳмат зиндонӣ мекунанд ва садҳо ҳазорашро депорт, аммо омор нишон медиҳад, ки тоҷикон беш аз дигарон Русияро дӯст медоранд. Эрону Афғонистонро, ки бо ҳамаи мушкилоташ ба тоҷикон кӯмак карданд, бад мебинем. Амрикову Аврупоро, ки ба сари тоҷикон ҳеч гоҳ теғ накашидаанд, бад мебинем, вале Сталини хунхорро, ки Самарқанду Бухорои тоҷиконро ба ӯзбакҳо дод ва тоҷиконро таьрифи пуч мекард ва бо ин, ин ду халқро ҷанг меандохт ва то имрӯз душман кард, дӯст медорем”.

Вай афзудааст: “Дар ГУЛАГ-и сталинӣ даҳҳо ҳазор тоҷикони бомаърифату донишманд азият мекашиданд. Чун аксари онҳо забони русиро намедонистанд, дар сӯҳбат бо онҳо аз тарҷумон истифода мешудааст. Яке аз тарҷумонҳои форсидон осетине будааст. Аниқ дар хотирам нест, вале гумон дорам фамилияаш Хетагуров буд. Ҳамон марди осетинӣ, ки сӯҳбатҳои тоҷиконро дастнавис мекардааст, ки ахиран чанд ҷилд ҷамъ кардааст”.

Давлатов идома додааст: “Шунида будам, ки аввали солҳои ҳафтодум ҳамон Хетагуров ба Академияи илмҳои Тоҷикистон мактубе навиштаву аз дастхатҳояш иттилоъ додааст. Шодравон президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон академик Муҳаммад Осимӣ ба Осетия намоянда фиристодааст. Чун дастхатҳои он осетинро ба Душанбе овардаанд, дидаанд, ки маъхази бебаҳое аз қиссаҳои ҳамон тоҷиконе будааст, ки дар конслагерҳои сталинӣ фавтидаанд”.

Вай дар поён ёдовар шудааст: “М. Осимӣ, ки тоҷики асил ва олими воқеӣ буданд, намедонам бо кадом роҳ тавониста бошад, вале мегӯянд, ки 10 000 рубли шӯравӣ ба Хетагуров интиқол кардааст. Чунин маблағи ҳангуфтро дар замони Шӯравӣ ба як нафар таслим кардан осон набуд! Баъди бозсозӣ умед буд, ки ҳамон маъхаз нашр мешавад, ки маълумотҳои бебаҳое мардумӣ мешаванд. Дигар намедонам чӣ шуда бошаду куҷо шуда бошанд”.



Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: