Ислом ва Эронзамин (32)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (20)

Китобсӯзии Эрон ва Миср (1)

Аз ҷумла масоиле, ки лозим аст дар равобити ислом ва Эрон матраҳ шавад, масъалаи китобсӯзӣ дар Эрон ба василаи мусалмонони фотеҳи Эрон аст. Дар ҳудуди ним қарн аст, ки ба таври ҷиддӣ рӯйи ин масъала таблиғ мешавад, то он ҷо, ки ончунон мусаллам фарз мешавад, ки дар китобҳои дабистонӣ ва дабиристонӣ ва донишгоҳӣ ва билохира дар китобҳои дарсӣ, ки ҷуз масоили қатъӣ дар онҳо набояд матраҳ гардад ва аз ворид кардани масоили машкук дар азҳони соддаи донишомӯзон ва донишҷӯён бояд худдорӣ шавад, низ мураттаб аз он ёд мешавад.

Агар ин ҳодиса воқеияти торихӣ дошта бошад ва мусалмонон китобхона ё китобхонаҳои Эрон ё Мисрро ба оташ кашида бошанд, ҷойи ин ҳаст, ки гуфта шавад, ислом моҳияти вайронгар дошта, на созанда; ҳаддиақал бояд гуфта шавад, ки ислом ҳарчанд созандаи тамаддун ва фарҳанге будааст, аммо вайронгари тамаддунҳо ва фарҳангҳое ҳам будааст. Пас, дар баробари хадамоте, ки ба Эрон карда, зиёнҳое ҳам ворид кардааст, ва агар аз назаре “мавҳибат” буда, аз назари дигар “фоҷеа” будааст.

Дар атрофи ин масъала, ки воқеан дар Эрон китобхонаҳо буда ва таъсисоти илмӣ аз қабили дабистон ва дабиристон ва донишгоҳ вуҷуд дошта ва ҳама ба дасти мусалмонони фотеҳ ба бод рафтааст, он андоза гуфта ва навиштаанд, ки барои бархе аз афроди эронӣ, ки худ иҷтиҳоде дар ин боб надоранд, кам-кам ба сурати як асли мусаллам даромадааст.

Чанд сол пеш як шумора аз маҷаллаи “Тандуруст”, ки сирфан як маҷаллаи пизишкӣ аст, ба дастам расид. Дар он ҷо хулосаи суханронии яке аз пизишкони баноми Эрон дар яке аз донишгоҳҳои ғарб дарҷ шуда буд. Дар он суханронӣ пас аз он ки ба мазмуни ашъори маъруфи Саъдӣ: “Бани Одам аъзои як пайкаранд” ишора карда ва изҳор дошта буд, ки барои аввалин мартиба ин шоири эронӣ андешаи Ҷомеаи Милалро парварондааст, ба суханони худ инчунин идома дода буд:

Юнони қадим маҳди тамаддун будааст; фалосифа ва донишмандони бузург монанди Суқрот… дошта, вале он чӣ битавон ба донишгоҳи имрӯз ташбеҳ кард, дар воқеъ ҳамон аст, ки Хусрав подшоҳи соcонӣ таъсис кард. Ва дар Шуш пойтахти Эрони он рӯз дорулилми бузурге ба номи “Гундишопур”… Ин донишгоҳ солҳо давом дошт, то ин ки дар замони ҳамлаи аъроб ба Эрон монанди соири муассисоти мо аз миён рафт. Ва бо он ки дини муқаддаси ислом сароҳатан таъкид кардааст, ки илмро ҳатто агар дар Чин бошад бояд ба даст овард, фотеҳини араб бар хилофи дастури сареҳи Паёмбари ислом ҳатто китобхонаи миллии Эронро оташ заданд ва тамоми таъсисоти илмии моро бар бод доданд ва аз он торих то муддати ду қарн, Эрон таҳти нуфузи аъроб боқӣ монд”.

Аз ин намуна ва аз ин даст, ки бидуни зикри ҳеч гуна санад ва мадраке матолибе инчунин гуфта ва навишта мешавад, фаровон аст. Мо пеш аз он ки ба таҳқиқи торихӣ дар бораи ин матлаб бипардозем ва сухани афродеро, ки ба истилоҳ як силсила “далелҳо” низ радиф кардаанд нақди илмӣ намоем, дар посухи ин пизишки мӯҳтарам, ки чунин қотеъона дар як маҷмаъи пизишкии ҷаҳонӣ — ки қоидатан иттилооти торихии онҳо ҳам аз эшон бештар набуда — изҳор доштааст, арз мекунем:

Аввалан, баъд аз давраи Юнон ва қабл аз таъсиси донишгоҳи Ҷундишопур дар Эрон, донишгоҳи азими Искандария буда, ки бо донишгоҳи Ҷундишопур тарафи қиёс набудааст.

Мусалмонон, ки аз қарни дуввуми ҳиҷрӣ ва балки андаке ҳам дар қарни аввали ҳиҷрӣ ба нақли улуми хориҷӣ ба забони арабӣ пардохтанд, ба миқёси зиёде аз осори искандаронӣ истифода карданд. Тафсили онро аз китобҳои марбут метавон ба даст овард.

Сониян, донишгоҳи Ҷундишопур, ки бештар як маркази пизишкӣ буда, кучактарин осебе аз ноҳияи аъроби фотеҳ надид ва ба ҳаёти худ то қарни севвум ва чаҳоруми ҳиҷрӣ идома дод.

Пас аз он ки ҳавзаи азими Бағдод таъсис шуд, донишгоҳи Ҷундишопур таҳтушшуъо воқеъ гашт ва тадриҷан аз байн рафт. Хулафои аббосӣ пеш аз он ки Бағдод дорулилм бишавад, аз вуҷуди мунаҷҷимин ва пизишкони ҳамин Ҷундишопур дар дарбори худ истифода мекарданд. Ибни Мосуяҳо ва Бахтишуъҳо дар қарни дуввум ва севвуми ҳиҷрӣ фориғуттаҳсили ҳамин донишгоҳ буданд. Пас, иддаои ин ки донишгоҳи Ҷундишопур ба дасти аъроби фотеҳ аз миён рафт, аз камоли беиттилоӣ аст.

Солисан, донишгоҳи Ҷундишопурро уламои масеҳӣ, ки аз лиҳози мазҳаб ва нажод, ба ҳавзаи Рум (Антокия) вобастагӣ доштанд идора мекарданд. Руҳи ин донишгоҳ масеҳии румӣ буд, на зартуштии эронӣ. Албатта ин донишгоҳ аз назари ҷуғрофиёӣ ва аз назари сиёсӣ ва маданӣ ҷузъи Эрон ва вобаста ба Эрон буд, вале руҳе, ки ин донишгоҳро ба вуҷуд оварда буд, руҳи дигаре буд, ки аз вобастагии авлиёи ин донишгоҳ ба ҳавзаҳои ғайризартуштӣ ва хориҷ аз Эрон сарчашма мегирифт, ҳамчунон ки бархе марокизи илмии дигар дар Мовароуннаҳр буда, ки таҳти таъсир ва нуфузи будоиён эҷод шуда буд. Албатта, руҳи миллати Эрон як руҳи илмӣ будааст, вале режими мӯбадии ҳоким бар Эрон дар давраи соcонӣ, режиме зиддиилмӣ буда ва то ҳар ҷо, ки ин руҳ ҳоким буда, монеи рушди улум будааст. Ба ҳамин далел, дар ҷануби ғарбӣ ва шимоли шарқии Эрон, ки аз нуфузи руҳи мазҳабии мӯбадӣ ба дур буда, мадраса ва анвои улум вуҷуд доштааст ва дар соири ҷоҳо, ки ин руҳ ҳоким буда, дарахти илм рушде надоштааст. Дар миёни нависандагони китобҳои адабӣ ва торихӣ ва ҷуғрофиёии дарсӣ барои дабиристонҳо, ки ғолибан бахшномавор матолиби болоро такрор мекунанд, марҳум дуктур Ризозодаи Шафақ — ки ҳам марде олим буд ва ҳам аз инсоф ба дур набуд — то ҳадде риояти инсоф кардааст. Мушорун илайҳ дар торихи адабиёти соли чаҳоруми адабӣ дар ин замина чунин менависад:

Дар давраи соcонӣ осори динӣ ва адабӣ ва илмӣ ва торихӣ аз таълифот ва тарҷума бисёр буда. Низ аз ахборе, ки роҷеъ ба шуаро ва овозхонҳои дарборӣ ба мо расидааст, истинбот мешавад, ки каломи манзум (шеър) вуҷуд доштааст. Бо вуҷуди ин, аз фаҳвои торих метавон фаҳмид, ки осори адабӣ дар адвори қадим доманаи бисёр васеъ надошта, балки то ҳадде махсуси дарбориён ва руҳониён будааст. Ва чун дар охирҳои давраи соcонӣ ахлоқ ва зиндагонии ин ду табақа яъне дарбориён ва руҳониён бо вуфури фитна ва фасоди дарбор ва зуҳури мазоҳиби гуногун дар дин фосид шуда буд, аз ин рӯ метавон гуфт, авзои адабии Эрон низ дар ҳангоми зуҳури ислом дурахшон набуда ва ба воситаи фасоди ин ду табақа, адабиёт низ рӯ ба сӯйи инҳитот мерафтааст”.

Робеъан, ин пизишки мӯҳтарам, ки монанди иддае дигар тӯтивор мегӯянд “фотеҳини араб китобхонаи миллии моро оташ заданд ва тамоми таъсисоти илмии моро бар бод доданд”, беҳтар буд таъйин мефармуданд, ки он китобхонаи миллӣ дар куҷо буда? Дар Ҳамадон буда? Дар Исфаҳон буда? Дар Шероз буда? Дар Озарбойҷон буда? Дар Нишопур буда? Дар Тисфун буда? Дар осмон буда? Дар зери замин буда? Дар куҷо будааст? Чӣ гуна аст, ки эшон ва касоне дигар монанди эшон, ки ин ҷумлаҳоро такрор мефармоянд, аз китобхонаи миллӣ, ки ба оташ кашида шуд иттилоъ доранд, аммо аз маҳалли он иттилоъ надоранд?

На танҳо дар ҳеч мадраке чунин матлабе зикр нашуда ва бо вуҷуди ин ки ҷузъиёти ҳаводиси футуҳоти исломӣ дар Эрон ва Рум забт шуда, номе аз китобхонае дар Эрон аъамм аз ин ки ба оташ кашида шуда бошад ва ё ба оташ кашида нашуда бошад, дар ҳеч мадраки торихӣ вуҷуд надорад, балки мадорик хилофи онро собит мекунад. Мадорик мегӯянд, ки дар ҳавзаи зартуштӣ алоқае ба илм ва китобат набудааст. Ҷоҳиз ҳарчанд араб аст, вале таъассуби арабӣ надорад, ба далели ин ки алайҳи араб зиёд навиштааст ва мо анқариб аз ӯ нақл хоҳем кард. Вай дар китоби “Алмаҳосину вал-аздод” мегӯяд: “Эрониён алоқаи зиёде ба навиштани китоб надоштанд, бештар ба сохтмон алоқаманд буданд”. Дар китоби “Тамаддуни эронӣ” ба қалами ҷамъе аз ховаршиносон, тасреҳ мекунад ба адами ривоҷи навиштан дар мазҳаби Зартушт дар аҳди соcонӣ.

Муҳаққиқон иттифоқи назар доранд, ҳатто таксири нусахи Авасто мамнӯъ ва маҳдуд буд. Зоҳиран вақте Искандар ба Эрон ҳамла кард, аз Авасто ду нусха бештар вуҷуд надоштааст, ки яке дар Истахр буда ва ба василаи Искандар сӯзонида шудааст.

Назар ба ин ки дарсу мадраса ва саводу маълумот дар ойини мӯбадӣ мунҳасир ба дарбориён ва руҳониён буд ва соири табақот ва асноф мамнӯъ буданд, табъан илм ва китоб рушд намекард, зеро маъмулан донишмандон аз табақоти маҳрум бармехезанд, на аз табақоти мураффаҳ. Мӯзагарзодаҳо ва кӯзагарзодаҳо ҳастанд, ки Бӯалӣ ва Абӯрайҳон ва Форобӣ ва Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ мешаванд, на аъёнзодагон ва ашрофзодагон. Ва ба илова, ҳамон тавр, ки марҳум дуктур Шафақ ёдовар шудааст, ин ду табақа ҳам дар аҳди соcонӣ ҳар як ба гунае фосид шуда буданд ва аз табақаи фосид интизори осори илмӣ ва фарҳангӣ намеравад.

Бидуни шак, дар Эрони соcонӣ осори илмӣ ва адабӣ камобеш будааст. Бисёре аз онҳо дар давраи исломӣ ба арабӣ тарҷума шуд ва боқӣ монд ва бидуни шак бисёре аз он осори илмӣ ва адабӣ аз байн рафтааст, вале на ба иллати китобсӯзӣ ё ҳодисае аз ин қабил, балки ба ин иллати табиӣ ва оддӣ, ки ҳар гоҳ таҳаввуле дар фикр ва андешаи мардум падид ояд ва фарҳанге ба фарҳанги дигар ҳуҷум оварад ва афкор ва азҳонро мутаваҷҷеҳи худ созад, ба наҳви ифрот ва зиёнбор фарҳанги куҳан мавриди бемеҳрӣ ва бетаваҷҷӯҳӣ воқеъ мегардад ва осори илмӣ ва адабии мутааллиқ ба он фарҳанг дар асари бетаваҷҷӯҳӣ ва беалоқагии мардум тадриҷан аз байн меравад.

Намунаи инро имрӯз дар ҳуҷуми фарҳанги ғарбӣ ба фарҳанги исломӣ мебинем. Фарҳанги ғарбӣ дар миёни мардуми Эрон “мӯд” шуда ва фарҳанги исломӣ аз “мӯд” афтодааст. Ва ба ҳамин далел, дар ҳифз ва нигаҳдории онҳо эҳтимом намешавад. Нусхаҳои боарзише дар улуми табиӣ, риёзӣ, адабӣ, фалсафӣ, динӣ дар китобхонаҳои хусусӣ то чанд сол пеш мавҷуд буда ва акнун маълум нест чӣ шуда ва куҷост. Қоидатан дар дӯкони баққолӣ мавриди истифода қарор гирифта ва ё ба тороҷи бод супурда шудааст. Мутобиқи нақли устод Ҷалолуддини Ҳумоӣ, нусхаҳои нафисе аз китобҳои хаттӣ, ки марҳуми Маҷлисӣ ба ҳукми имконоте, ки дар замони худ дошт, аз атрофу акнофи ҷаҳони исломӣ дар китобхонаи шахсии худ гирд оварда буд, дар чанд соли пеш бо тарозу ба мардум фурӯхта шуд. Қоидатан ҳангоми фатҳи Эрон китобҳое, ки баъзе аз онҳо нафис буда, дар китобхонаҳои хусусии афрод вуҷуд доштааст ва шояд то ду се қарни баъд аз фатҳи Эрон ҳам нигаҳдорӣ мешудааст, вале баъд аз фатҳи Эрон ва исломи эрониён ва ривоҷи хатти арабӣ ва фаромӯш шудани хатти паҳлавӣ, ки он китобҳо ба он хатт будааст, он китобҳо барои аксарияти қариб ба иттифоқи мардум билоистифода буда ва тадриҷан аз байн рафтааст. Аммо ин ки китобхона ё китобхонаҳое буда ва таъсисоти илмӣ вуҷуд доштааст ва аъроби фотеҳ ҳангоми фатҳи Эрон онҳоро ба амд аз байн бурда бошанд афсонае беш нест.

Иброҳими Пурдовуд, ки дараҷаи “ҳусни ният”-аш равшан аст ва ба қавли марҳуми Қазвинӣ, бо араб ва ҳар чӣ аз ноҳияи араб аст “душман” аст, дасту по карда аз гӯшаву канори торих қароине биёбад ва он қароинро, ки ҳатто номи қарина наметавон рӯйи онҳо гузошт (аҳёнан бо таҳриф дар нақл) ба унвони “далел” бар китобсӯзии аъроби фотеҳ дар Эрон ва бар бод додани таъсисоти илмӣ ба кор бибарад. Баъд аз ӯ ва таҳти таъсири ӯ, афроде, ки лоақал аз баъзе аз онҳо интизор намеравад, ки таҳти таъсири ин мавҳум қарор гиранд, аз ӯ пайравӣ кардаанд.

Марҳум дуктур Муин аз он ҷумла аст. Марҳум дуктур Муин дар китоби “Маздаясно ва адаби порсӣ” он ҷо, ки натоиҷи ҳамлаи араб ба Эронро зикр мекунад, мутаарризи ин матлаб шуда ва бештари он чӣ оварда аз Пурдовуд аст. Он чӣ ба унвони “далел” зикр карда иборат аст аз:

1) Сэр Ҷон Малкуми ангилисӣ дар торихаш ин қазияро зикр кардааст;

2) Дар ҷоҳилият араб муқорини зуҳури ислом мардуми бесавод ва уммӣ буданд. Мутобиқи нақли Воқидӣ, дар Макка муқорини беъсати ҳазрати Расул фақат 17 тан аз Қурайш босавод буданд. Охирин шоири бадавии араб “Зуррумҳ” босавод будани худро пинҳон мекард ва мегуфт, қудрати навиштан дар миёни мо беадабӣ шумурда мешавад;

3) Ҷоҳиз дар китоби “Албаёну ват-табйин” нақл карда, ки рӯзе яке аз умарои қабилаи Қурайш кӯдакеро дид, ки ба мутолеаи китоби Сибавайҳ машғул аст. Фарёд баровард, ки “Шарм бар ту бод! Ин шуғли омӯзгорон ва гадоён аст”. Дар он рӯзгор омӯзгорӣ яъне таълими атфол дар миёни араб бисёр хор буд, зеро ҳуқуқи онон шаст дирҳам беш набуд, ва ин музд дар назари эшон ночиз буд;

4) Ибни Халдун дар фасли “Алулумул-ақлия ва аснофуҳо” (аз муқаддимаи торихаш) гӯяд: Вақте кишвари Эрон фатҳ шуд, китобҳои бисёре дар он сарзамин ба дасти тозиён афтод. Саъд ибни Абиваққос ба Умар ибни Хаттоб дар хусуси он китобҳо нома навишт ва дар тарҷума кардани онҳо барои мусалмонон рухсат хост. Умар бад-ӯ навишт, ки он китобҳоро дар об афканад, чӣ агар он чӣ дар онҳост роҳнамоист, Худо моро ба раҳнамотар аз он ҳидоят кардааст, ва агар гумроҳист, Худо моро аз шарри он маҳфуз дошта. Бинобар ин, он китобҳоро дар об ё дар оташ афканданд ва улуми эрониён, ки дар он китобҳо мудавван буд аз миён рафт ва ба дасти мо нарасид. Абулфараҷ ибни Алибрӣ дар “Мухтасаруд-дувал” ва Абдуллатифи Бағдодӣ дар китоби “Алифода вал-эътибор” ва Қифтӣ дар “Торихул-ҳукамо” дар шарҳи ҳоли Яҳёи наҳвӣ, ва Ҳоҷ Халифа дар “Кашфуз-зунун” ва дуктур Сафо дар “Торихи улуми ақлӣ” аз сӯхтани китобҳои Искандария тавассути араб сухан рондаанд, (яъне агар собит шавад, ки аъроби фотеҳ китобхонаи Искандарияро сӯхтаанд, қарина аст, ки дар ҳар ҷо китобхонае меёфтаанд месӯхтаанд. Пас, баъид нест дар Эрон ҳам чунин коре карда бошанд), вале Шиблӣ Нӯъмон дар рисолае ба унвони “Китобхонаи Искандария” тарҷумаи Фахри Доӣ, ва ҳамчунин оқои (Муҷтабо) Минавӣ дар маҷаллаи “Сухан” 74, сафҳаи 584 ин қавлро (китобсӯзии Искандарияро) рад кардаанд;

5) Абӯрайҳони Берунӣ дар “Алосорул-боқия” дар бораи Хоразм менависад, ки: “Чун Қутайба ибни Муслим дубора Хоразмро пас аз муртад шудани аҳолӣ фатҳ кард, Ускуҷмукро бар эшон волӣ гардонид, ва Қутайба ҳар кас, ки хатти хоразмӣ медонист ва аз ахбор ва авзои эшон огоҳ буд ва аз улуми эшон мутталеъ, ба куллӣ фонӣ ва маъдумуласар кард ва эшонро дар ақтори арз мутафарриқ сохт ва лизо ахбор ва авзои эшон ба дараҷае махфӣ ва мастур мондааст, ки ба ҳеч ваҷҳ василае барои шинохтани ҳақоиқи умур дар он кишвар баъд аз зуҳури ислом дар даст нест”. Ва ҳамчунин Абӯрайҳон дар ҳамон китоб нависад: “Ва чун Қутайба ибни Муслим нависандагони эшон (хоразмиён)-ро ҳалок кард ва ҳирбадони эшонро бикушт ва китобҳо ва навиштаҳои ононро бисӯхт, аҳли Хоразм уммӣ монданд ва дар умуре, ки мӯҳтоҷун илайҳи эшон буд, фақат ба маҳфузоти худ иттико карданд, ва чун муддат мутамодӣ гардид ва рӯзгори дароз бар эшон бигузашт, умури ҷузъии мавриди ихтилофро фаромӯш карданд ва фақат матолиби куллии мавриди иттифоқ дар ҳофизаи онон боқӣ монд”.

6) Достони китобсӯзии Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ки Давлатшоҳи Самарқандӣ дар “Тазкиратуш-шуаро” овардааст”.

Инҳо маҷмӯи ба истилоҳ далоиле аст, ки марҳум дуктур Муин бар китобсӯзӣ дар Эрон иқома кардааст. Дар миёни ин далелҳо танҳо далели чаҳорум, ки аз забони Ибни Халдун нақл шуда, ба илова бо достони китобсӯзии Искандария, ки Ибни Алибрӣ ва Бағдодӣ ва Қифтӣ онро нақл кардаанд ва бо он чӣ Ҳоҷ Халифа дар “Кашфуз-зунун” оварда мавриди таъйид қарор гирифтааст, қобил баррасӣ аст.

Далели ҳафтум ҳам ҳаст, ки марҳум дуктур Муин мутаарризи он нашуда, вале Ҷорҷи Зайдон ва баъзе нависандагони эронӣ, фаровон онро ёдоварӣ мекунанд ва далел бар зиддияти араб бо китоб ва китобат ва илм гирифта мешавад. Ва он ин ки: халифаи дуввум ба шиддат ҷилави китобат ва таълифи китобро гирифта ва бо тарҳи шиори «”Ҳасбуно китобуллоҳ” (моро Қуръон бас аст) ба шиддат таълиф ва таснифро мамнӯъ эълом карда буд ва ҳар кас даст ба чунин коре мезад, ҷурм шинохта мешуд.

Ин мамнӯият то қарни дуввум идома ёфт ва дар қарни дуввум ба ҳукми ҷабри замон шикаста шуд.

Бадеҳӣ аст мардуме, ки ба худашон лоақал то сад сол иҷозаи таълиф ва тасниф надиҳанд, маҳол аст, ки ба таълифот ва таснифоти ақвоми мағлуба иҷозаи идомаи вуҷуд дар он муддат дода бошанд.

Мо нахуст далелҳое, ки марҳум дуктур Муин овардаанд, ба истиснои далели чаҳоруми эшон, нақду баррасӣ мекунем ва сипас ба ҳафтумин далел мепардозем. Он гоҳ ба тафсил вориди чаҳорумин далели дуктур Муин мешавем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: