Руҳонии сиёсатмадор

Ба баҳонаи зодрӯзи марҳум Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода

6 июл, зодрӯзи руҳонии барҷаста ва сиёсатмадори варзида, марҳум Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода аст. Ба ҳамин муносибат, лозим дидем, шаммае дар бораи зиндагӣ ва фаъолиятҳои ин руҳонии сиёсатмадор бинависем.

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода 6 июли соли 1951 дар деҳаи Ғундараи ноҳияи Тавилдара ба дунё омадааст. Ӯ баъди хатми мактаби таҳсилоти ҳамагонӣ, дар назди донишмандони даврон улуми исломиро омӯхтааст.

Ҳимматзода соли 1978 ба саффи Наҳзати Исломӣ мепайвандад ва дере нагузашта ба унвони яке аз фаъолони ин ҳаракат шинохта мешавад. Баъди ҳабси Устод Нурӣ дар соли 1986, Шӯрои Наҳзати Исломӣ эшонро муваққатан роҳбар интихоб мекунад.

Соли 1990 дар Анҷумани таъсисии Ҳизби Наҳзати Умумииттиҳодӣ, ки 9 июн дар шаҳри Острохони Русия баргузор шуд, бо вуҷуди он ки эшон дар он ширкат надошт, узви Риёсати олии ҲНИ ИШ интихоб гардид.

6 октябри соли 1990 дар Конфронси таъсисии шӯъбаи тоҷикистонии ҲНИ Иттиҳоди Шӯравӣ, ки дар деҳаи Чортути ноҳияи Ленини собиқ баргузор шуд, ӯро раиси бахши тоҷикистонии ҲНИ ИШ интихоб карданд.

Баъди истиқлол ёфтани Тоҷикистон, дар Анҷумани таъсисии ҲНИТ дар соли 1991 Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода раиси ҲНИТ интихоб мегардад. Охири соли 1992 бар асари ҷанги шаҳрвандӣ иҷборан ба Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳиҷрат мекунад ва дар Ҳаракати Наҳзати Исломии Тоҷикистон ва ИНОТ ба унвони муовини раис кору фаъолият менамояд.

Ҳамзамон, солҳои 1993-1997 дар Донишгоҳи байналмилалии Покистон таҳсил намуда, онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.

Эшон аз соли 1994 то соли 1997 дар музокироти сулҳи тоҷикон ба унвони муовини раиси ҳайъати гуфтушунид ширкати фаъолона дошт. Баъди бозгашт ба Ватан, аз моҳи июли соли 1997 то моҳи октябри соли 1998, узви зеркомиссияи сиёсӣ ва аз октябри соли 1998 то апрели соли 2000, ба ҳайси раиси зеркомис­сияи ҳуқуқии КОМ ифои вазифа намудааст.

Аз 19 январ то 20 марти соли 2000 сафир доир ба супоришоти махсуси Вазорати умури хориҷии ҶТ буд. Дар интихоботи парлумонии солҳои 2000 ва 2005 аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ мувофиқи рӯйхати ҳизбӣ ба ҳайси вакили Мн МО ҶТ интихоб мешавад.

Барои хидматҳои шоён бо ордени “Дӯстӣ” сарфароз гардидааст.

Устод Ҳимматзода муаллифи китобҳои “Дар ҷустуҷӯи ҳақиқат”, “Зиндагӣ ва осори Имом Абӯҳанифа”, “Ақидаи Имом Абӯҳанифа”, “Дидгоҳ ва масоил”, “Таъассуби мазҳабӣ; амале номақбул” мебошад.

Устод Ҳимматзода аз соли 1999 то 2006 ба ҳайси муовини раиси ҲНИТ фаъолият кардааст. Соли 2006 дар Анҷумани ғайринавбатӣ бо пешниҳоди раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари маънавии ҲНИТ ин­тихоб шуд.

Устод Муҳаммадшариф Ҳимматзода 17 марти соли 2010 бар асари бемории тӯлонӣ аз олам даргузашт.

Аз эшон ҳафт фарзанд ба ёдгор мондааст.

Манбаъ: сойти. Nahzat.org

Тасовире аз ташъейи ҷанозаи марҳум Устод Ҳимматзода

Реклама


Рубрики:Инсони муваффақ, Машоҳир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: