Фалсафа ва равиши реализм (89)

Мақолаи ҳафтум

Воқеият ва ҳастии ашё (3)

Муқаддима (3)

Мабодии фалсафӣ

Аз он чӣ гуфтем, маълум шуд, ки мабодии тасаввурия ва тасдиқияи ҳар фанне ба манзилаи нуқоти иттикоъ ва аз лиҳозе ба манзилаи абзор ва асбоби кори он фанн ба шумор меравад. Аз ин ҷиҳат, лозим аст, ки бидонем, мабодии тасаввурия ва тасдиқияи фалсафӣ, ва ба иборати дигар, таърифот ва усули мутаорафа ва мавзӯаи фалсафа чӣ вазъе дорад.

Фалсафа аз лиҳози “таърифот” ғанитарини фунун аст, зеро мафоҳиме, ки мавзӯъот ва маҳмулоти масоили фалсафиро ташкил медиҳанд — аз қабили мафҳуми вуҷуду адам ва ваҳдату касрат ва вуҷубу имкону имтиноъ ва иллату маълул ва мутаноҳӣ ва номутаноҳӣ ва ҳодису қадим ва қувва ва феъл ва ғайри инҳо — мафоҳими басит мебошанд (на мураккаб), ва ба ҳамин ҷиҳат, бадеҳиюттасаввур ва мустағнӣ аз таъриф мебошанд. Барои тавзеҳи ин ки мафоҳими фалсафӣ баситанд на мураккаб ва тавзеҳи ин ки агар мафҳуме басит буд мустағнӣ аз таъриф мебошад, руҷӯъ шавад ба муқаддимаи мақола 8.

Усули мутаорафаи фалсафӣ: Таъйини ҷамиъи усули мутаорафаи фалсафӣ бисёр муфид ва муҳим аст ва ҷамъу истиқсои ҳамаи онҳо холӣ аз суъубат ва душворӣ нест ва то кунун дида нашудааст, ки касе дар садади ҷамъу истиқсои онҳо барояд, ва шояд мо муваффақ шудем, ки пас аз истиқсои комил дар маҳалли муносибе, ҳамаи онҳоро бо ишора ба ин ки ҳар як аз онҳо дар чӣ масоиле мавриди истифода қарор мегирад, зикр кунем. Дар ин ҷо лозим аст ба ду асли мутаорифи умда, ки муҳимтарин усули мутаорафаи фалсафӣ аст ишора кунем. Зеро ин ду асл ба манзилаи оғози сайри фалсафӣ маҳсуб мешавад, ва чунонки баъдан дар зимни худи мақола хоҳем дид, ин мақола, ки шомили мабоҳиси вуҷуд яъне шомили масоили аслии фалсафа аст, бо яке аз ин ду асл оғоз шуда. Он ду асл аз ин қарор аст:

1) Асли имтинои таноқуз. Шакке нест, ки ин асл мустаҳкамтарин нуқоти иттикои фалсафа аст. Ин асл дар ҳамаи улум ва ба хусус дар фалсафа мавриди ниёзмандӣ аст. Арасту дар “Алифи суғро” ва Ибни Сино дар авоили “Илоҳиёти Шифо” ва Садрулмутааллиҳин дар мабоҳиси “Ақл ва маъқул” ва дигарон аз фалосифаи қадиму ҷадид дар ҷоҳои дигар, дар атрофи ин асли мутаориф, ки ба номи “аслул-усул” ва “уммул-қазоё” номида шуда, баҳсҳое кардаанд ва мо дар мақолаҳои 2 ва 5 баҳси кофӣ аз ин матлаб кардем ва шубаҳоти мункирини ин аслро баён ва интиқод кардем ва собит кардем, ки истиқрори илм нисбат ба ҳар чизе, бидуни ин асл имконпазир нест. Дар ин ҷо аз такрори он бениёзем.

2) Асли исботи воқеият. Дар тайи мақолоти гузашта маълум шуд, ки “сафсата” мабнӣ бар инкори воқеият ва ҳастӣ аст ва ҳама чиз ва ҳар он чиро дар андеша бигзарад, ботил ва дурӯғ ва ҳеч дар ҳеч медонад. Гургиёс, суфисти маъруфи юнонӣ, бурҳон иқома мекунад, ки маҳол аст чизе мавҷуд бошад. Прутогурос, суфисти дигари Юнони бостон, ки мегӯяд: “Миқёси ҳама чиз инсон аст”, суханаш ҳамин натиҷаро медиҳад. Дигарон низ ба истиноди аслии вуқӯи хато дар идрокот, бар пиндор ва мавҳум будани ҷамиъи идрокот истидлол кардаанд. Ва низ маълум шуд, ки сарҳадди реализм ва идеализм ё фалсафа ва сафсата, ҳамоно изъон ба воқеият ва ҳастӣ аст. Яъне изъон ба ин ки мавҷуде ҳаст ва воқеияте дар кор аст. Мо ин ҳақиқатро ба унвони “асли исботи воқеият” мехонем. Ин асл, фитрии ҳар зишуъуре аст ва аҳаде ёфт намешавад, ки битавонад дар ҳоққи зеҳни хеш дар ин асли куллӣ тардид раво дорад. Ва ҳамон тавре, ки дар мақолаи 2 гузашт, шаккоктарини шаккокон ва суфастоитарини суфастоиён, дар амал, ба пайравӣ аз фитрати хеш реалист ва воқеъбин ҳастанд ва ба қавли Поскол, шаккоки воқеӣ ёфт намешавад.

Фалсафа ин асли бадеҳӣ ва қатъиро “асли мутаораф” қарор дода ва чунонки баъдан дар ҳамин мақола хоҳем дид, масоили асосии фалсафа, ки онҳоро ба номи “масоили вуҷуд” мехонем ва ба табаъ соири масоили муҳимми фалсафӣ ба тартиб аз ҳамин асл истинбот шудааст.

Асли имтинои таноқуз чун “зербино”-и тамоми усули фикрии башарӣ аст (руҷӯъ шавад ба мақолаи 5), дар ҳамаи улум ва ҳамаи масоил мавриди истеъмол дорад, ва ба истилоҳ, аз усули мутаорафаи омма аст, вале асли исботи воқеият танҳо дар фалсафа аст, ки ба унвони “асли мутаораф” мавриди истеъмол қарор мегирад.

* * *

Усули мавзӯа дар фалсафа: Дар мақолаи 1 он ҷо, ки робитаи фалсафа (ва улум)-ро баён мекардем, ба ниёзмандиҳои улум ба фалсафа ва ҳамчунин ба ниёзмандиҳо ва истифода карданҳои фалсафа аз улум ишора кардем ва гуфтем, ки фалсафа хоҳ нохоҳ натоиҷи таҳқиқоти улумро мавриди истифода қарор медиҳад.

Он натоиҷи илмӣ ба манзилаи маводди аввалияест, ки дар ихтиёри фалсафа қарор дода мешавад ва фалсафа аз он маводди аввалия ҳақоиқи куллии фалсафӣ месозад. Усули мавзӯаи фалсафӣ иборат аст аз ҳамон маводде, ки улум дар ихтиёри фалсафа қарор медиҳад ва албатта ҳамвора замонати сиҳҳату суқми маводд ба ӯҳдаи илм аст ва фалсафа наметавонад сиҳҳату суқми мутлақи он ҳақоиқи фалсафӣ, ки аз маводди илмӣ таҳия шуда тазмин кунад.

Бинобар ин, ҳар истидлоли фалсафӣ, ки муттакӣ ба маводди илмӣ бошад, дараҷаи сиҳҳат ва устувориаш тобеи дараҷаи сиҳҳат ва эътибори он масъалаи илмӣ аст, ба хилофи истидлолоти фалсафии холис, ки бар пояи бадеҳиёти аввалия ва усули мутаорафа қарор гирифта, ки фалсафа метавонад сиҳҳати мутлақи онҳоро тазмин кунад. Аз ин рӯ он қисмат аз масоили фалсафӣ, ки мубтанӣ бар қабули масоили ҳиссӣ ва таҷрибӣ ё ҳадсӣ ва тахминии табииёт ва фалакиёт буда ё ҳаст, бо таҷдиди назарҳое, ки дар масоили табиӣ ва фалакӣ шуда ва мешавад, мавриди таҷдиди назар қарор гирифта ва хоҳад гирифт.

Яке аз қисматҳое, ки фавқулъода лозим аст мавриди баррасӣ қарор гирад, ҳамоно тафкикт масоилт фалсафит холис аз масоилт муттакӣ ба улум аст ва то кунун дида нашуда, ки касе дар сададт ин тафкик ва таҷзия барояд. Ва инҷониб дар назар дорад, ки пас аз он ки бо диққат ҳамаи он масоилро аз якдигар тафкик кард, дар маҳалли муносибе баён намояд. Он чӣ метавонад дар ин ҷо баён кунад ҳамин қадр аст, ки масоили умдае, ки дар фалсафа ҳаст ва ба манзилаи сутуни фақароти фалсафа ба шумор меравад, аз навъи масоили фалсафии холис аст ва фақат қисмате аз масоили фаръии иллату маълул ва қисмате аз мабоҳис қувва ва феъл ва ҳаракат ва баъзе қисматҳои фаръии дигар аст, ки хоҳ ва нохоҳ муттакӣ ба назарияҳои илмӣ бояд буда бошад. Ва дар ҳақиқат, масоиле, ки марбут ба шинохтани ҷаҳони ҳастӣ аз ҷанбаи куллӣ ва умумӣ аст — мисли масоили вуҷуду адам ва зарурату имкон ва ваҳдату касрат ва иллату маълул ва мутаноҳӣ ва номутаноҳӣ ва ғайра — ҷанбаи фалсафии холис дорад. Дар системҳои фалсафии ҳиссӣ усули назарияҳо мубтанӣ бар ҳамин усули мавзӯа аст, балки гоҳе бар фарзияҳои ғайриқатъӣ, ки аз ҷанбаи илмӣ низ муҳаққақ шинохта нашуда мубтанӣ мешавад ва ин хусусият аз ҳама бештар дар пешонии материализми диалектик ҳувайдост.

* * *

Маншаи ихтилофи улум ва фунун аз лиҳози усули мутаорафа ва мавзӯа ва аз лиҳози равиш ва услуби тафаккур

Дар ҳар як аз улум ва ҳамчунин фалсафа, як идда усули мутаорафа ва мавзӯаи муайяне ба кор бурда мешавад, ки дар ғайри он мавриди истифода нест ва дар ҳақиқат ҳар як ё чанд асли мутаораф ва асли мавзӯъ ихтисос дорад ба мавриди хоссе. Ва ҳамчунин ҳамаи улум ва фунун аз лиҳози сабки таҳқиқ ва равиши тафаккур яксон нестанд, зеро ҳарчанд ҳамагӣ маҳсули андеша ва фаъолияти фикрӣ ва ақлонӣ ҳастанд, вале сабки фаъолият ва таҳқиқ дар ҳама ҷо яксон нест; дар бархе маворид бояд роҳи амал ва озмоиши хориҷиро пеш гирифт, ва дар бархе маворид бояд танҳо ба мушоҳида ва эҳсос пардохт, ва дар бархе маворид бояд мушоҳидаи ҳузурии нафсониро виҷҳаи ҳиммат қарор дод, ва дар бархе маворид бояд услуби бурҳон ва қиёси ақлиро ба кор андохт, ва дар бархе маворид яке аз ин роҳҳо, ва дар бархе мавориди дигар беш аз як роҳ мавриди истифода қарор мегирад.

Ихтилофи улум ва фунун аз лиҳози равиш ва услуби тафаккур, ҳамон матлабе аст, ки қаблан ишора кардем, ки мантиқдонони ҷадид ба он аҳаммият доданд ва “методология”-ро рӯйи ҳамин замина таъсис карданд.

Он чӣ мо мехоҳем дар ин ҷо баён кунем, нуктаи лозим ва муҳимме аст, ки надидаем касе то кунун мутаарризи он шуда бошад, ва он иборат аст аз баёни маншаи ихтилофи улум ва фунун аз лиҳози усули мутаорафа ва мавзӯа, ва ҳамчунин аз лиҳози равиш ва услуби тафаккур. Яъне чаро ва ба чӣ иллат баъзе усули мутаорафа ва мавзӯа фақат дар баъзе улум мавриди истеъмол доранд, на дар баъзеи дигар? Ва чаро дар ҳар илм ва фанне аз услуби хосс бояд пайравӣ намуд, на аз услуби дигар?

Ба ақидаи мо, ихтисоси як илм ба баъзе усули мутаорафа ва мавзӯа ва ҳамчунин ихтисоси он ба як равиш ва услуби муайян, аз ноҳияи мавзӯи он илм сарчашма мегирад, зеро усули мутаорафа ва мавзӯаи ҳар илме иборат аст аз як идда аҳкоми қатъӣ ё вазъӣ, ки ақл дар мавриди мавзӯи он илм дорад, ва ин матлаб аз баррасии яко-яки он усули мутаорафа равшан мешавад.

Ва услуб ва равиши фикрии хосси ҳар илме низ иборат аст аз як навъ иртиботи фикрии хоссе, ки байни инсон ва мавзӯи он илм бояд барқарор шавад, ва бадеҳӣ аст, ки навъи иртиботи фикрӣ байни инсон ва шаъйе аз ашё бастагӣ дорад ба наҳваи вуҷуд ва воқеияти он шайъ. Масалан, агар шаъйе аз навъи аҷсом аст, ночор бояд иртиботи ҷисмонӣ ва моддӣ байни инсон ва он шайъ барқарор шавад ва эҳсос ва озмоиши амалӣ ҳамон иртибототи моддӣ аст, ки дастгоҳи фикр бо ашё пайдо мекунад. Ва агар он шайъ вуҷуди нафсонӣ дорад, бояд ба мушоҳидаи ҳузурӣ ва нафсонӣ, ки ягона василаи иртиботи зеҳн бо он шайъ аст пардохта шавад. Ва агар он шайъ кайфияти ақлонӣ дорад — яъне ҳақиқатест, ки ақл бо аъмоли қувваи интизоъ онро ёфтааст — бояд бо сабки қиёс ва бурҳон ва таҳлили ақлонӣ мавриди баррасӣ қарор гирад.

Аз ин ҷо нақши муҳиммеро, ки мавзӯъоти улум дар улум доранд метавон дарёфт, зеро аз он чӣ дар ин муқаддима гуфта шуд, маълум шуд, ки аввалан, истиқлол ва имтиёзи як илм аз илми дигар, ва сониян, ихтисоси усули мутаорафа ва мавзӯаи он илм ба он илм, ва солисан ихтисоси услуби таҳқиқи хосси он илм ба он илм, ношӣ аз ноҳияи мавзӯи он илм аст. Пас мавзӯи ҳар илм ва фанне намояндаи истиқлол ва таъйинкунандаи равиш ва услуби таҳқиқ ва маншаи ихтисоси усули мутаорафа ва мабонии аввалияи он илм ба он илм аст.

* * *

Услуб ва равиши тафаккур дар фалсафа

Баъд аз шинохтани мавзӯи фалсафа ва баъд аз донистани ин ки дастгоҳи фикр ин мафҳумеро, ки мавзӯи фалсафа аст аз чӣ роҳ ва ба чӣ кайфияте ноил мешавад ва донистани ин ки услуб ва равиши тафаккури ҳар илм ва фанне бастагӣ дорад ба наҳваи ҳусул ва воқеияте, ки он мавзӯъ барои зеҳн дорад, дониста мешавад, ки услуби фикрии фалсафӣ бояд чӣ услубе бошад.

Дар мақолаи 5, ки кайфияти пайдоиши мафоҳимро барои зеҳн баён кардем ва назарияи “ҳиссгароён” ва “ақлгароён” -ро баён ва интиқод намудем, собит кардем, ки мафҳуми “вуҷуд” ва “мавҷуд”, ки мавзӯи аслии масоили фалсафа аст ва ҳамчунин мафоҳими фалсафии дигаре монанди ваҳдат ва касрат ва ғайра сирфан ақлонӣ ҳастанд, яъне мафоҳиме ҳастанд, ки зеҳн аз роҳи ҳеч ҳисси хориҷӣ ё дохилӣ қодир ба найл ба онҳо нест, балки бо яке аз олитарин аъмоли ақлонӣ онҳоро ноил шудааст (руҷӯъ шавад ба мақолаи 5) ва бадеҳӣ аст, ки баррасӣ ва кунҷковӣ дар бораи мавзӯе, ки ақл бо олитарин аъмол хеш онро ёфтааст ҷуз бо баррасиҳои ақлони муяссар нест.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: