Ислом ва Эронзамин (33)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (21)

Китобсӯзии Эрон ва Миср (2)

Аммо далели аввал, яъне гуфтаҳои Сэр Ҷон Малкум, инҳо ҳамонҳост, ки мо қаблан таҳти унвони “Изҳори назарҳо” ва таҳти унвони “Маздаясно ва адаби порсӣ” нақл кардем ва беэътибории онҳоро равшан намудем. Сэр Ҷон Малкум зоҳиран дар қарни 13 ҳиҷрӣ мезиста ва ночор гуфтаҳояш дар бораи ҳодисае, ки дар ҳудуди 13 қарн бо ӯ фосилаи торихӣ дорад, бояд ба як санади торихӣ мустанад бошад ва нест. Ба илова, ӯ ончунон таассуби зиддиисломии худро ошкор сохтааст, ки кучактарин эътиборе ба гуфтааш боқӣ намемонад.

Ӯ муддаӣ аст, ки пайравони паёмбари арабӣ шаҳрҳои Эронро бо хок яксон карданд (дурӯғе, ки дар қутии ҳеч атторе пайдо намешавад). Аҷаб аст, ки марҳум дуктур Муин гуфтори саросар номарбути Сэр Ҷон Малкумро ба унвони як далел зикр менамояд.

Аммо масъалаи “уммият” ва бесаводии араби ҷоҳилӣ, матлабест, ки худи Қуръон ҳам онро таъйид кардааст, вале ин чӣ далелест?! Оё ин ки араби ҷоҳилӣ бесавод буда, далел аст, ки араби исломӣ китобҳоро сӯзонидааст? Ба илова, дар фосилаи давраи ҷоҳилӣ ва давраи футуҳоти исломӣ, ки рубъи қарн тақрибан тӯл кашид, як наҳзати қалам ба василаи шахси Пайғамбари Акрам (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар Мадина ба вуҷуд омад, ки ҳайратовар аст.

Ин араби ҷоҳилӣ ба дине рӯ овард, ки паёмбари он дин “фидя”-и бархе асиронро, ки хондан ва навиштан медонистанд, “таълим”-и атфоли мусалмонон қарор дод. Паёмбари он дин бархе асҳоби худро ба таълими забонҳои ғайриарабӣ аз қабили сурёнӣ ва ибрӣ ва форсӣ ташвиқ кард. Худ гурӯҳе дар ҳудуди 20 нафар “дабир” дошт ва ҳар як ё чанд нафарро масъули дафтар ва коре қарор дод. Ин араби ҷоҳилӣ ба дине рӯ овард, ки китоби осмониаш ба қалам ва навиштан савганд ёд кардааст (Сураи Қалам) ва ваҳйи осмониаш бо “қироат” ва “таълим” оғоз гаштааст (Сураи Алақ).

Оё равиши пайғамбар ва таҷлили Қуръон аз хондан ва навиштан ва донистан, дар араби ҷоҳилӣ, ки маҷзуби Қуръон ва пайғамбар буд, таъсире дар эҷоди ҳисси хушбинӣ нисбат ба китоб ва китобат ва илм ва фарҳанг надоштааст?!

Аммо достони таҳқири Қурайш ва соири аъроби ҷоҳилӣ омӯзгорӣ ва муаллимиро, мегӯянд: Қурайш ва араб таълими атфолро хор мешумурданд ва кори муаллимиро паст мешумурданд, балки асосан савод доштанро нанг медонистанд.

Аввалан: дар худи он баён тасреҳ шуда, ки кори муаллимӣ ба иллати камии даромад хор шумурда шудааст, яъне ҳамон чизе, ки имрӯз (замони шоҳ) дар Эрони худамон шоҳиди он ҳастем. Омӯзгорон ва дабирон ва руҳониён ҷузъи табақоти камдаромади ҷомеаанд ва аҳёнан баъзе афрод ба ҳамин ҷиҳат тағйири шуғл ва масъулият медиҳанд.

Агар як омӯзгор ё дабир ё руҳонии ҷавон ба хостгории духтаре биравад ва он духтар хостгоре ҳам аз касаба ва ё табақаи доро ва бисозу бифурӯш ҳарчанд бесавод, дошта бошад, хонаводаи духтар тарҷеҳ медиҳанд, ки духтари худро ба он косиб ё доро бидиҳанд, то он омӯзгор ё дабир ё руҳонӣ. Чаро? Оё ба иллати ин ки илм ва маънавиятро хор мешумуранд? Албатта на, рабте ба таҳқири илм надорад. Духтар ба чунин табақае додан, қадре фидокорӣ мехоҳад ва ҳама омодаи ин фидокорӣ нестанд.

Аҷабо! Мегӯянд, ба далели ин ки фарде аз Қурайш китобхонии кӯдакеро таҳқир карда, пас араб мутлақан душмани илму китобат буда, пас ба ҳар ҷо пояш расида китобҳоро оташ задааст. Ин дуруст мисли ин аст, ки бигӯянд, ба далели ин ки Убайди Зоконӣ, адиб ва шоири эронӣ гуфтааст:

Эй хоҷа, макун то битавонӣ талаби илм,

К-андар талаби ротиби як рӯза бимонӣ.

Рав масхарагӣ пеша куну мутрибӣ омӯз,

То доди худ аз меҳтару кеҳтар биситонӣ.

… пас, мардуми Эрон умуман душмани илм ва мухолифи саводомӯзӣ ҳастанд ва ҳар ҷо китоб ва китобхона ба дасташон биафтад, оташ мезананд, ва баръакс тарафдори мутрибӣ ва масхарагӣ мебошанд. Ё бигӯянд, ба далели ин ки Абӯҳайёни Тавҳидӣ дар асари фақр ва тангдастӣ тамоми китобҳои худро сӯзонид, пас мардуми кишвараш душмани илму саводанд.

Аммо он чӣ Абӯрайҳон дар бораи Хоразм нақл кардааст, ҳарчанд мустанад ба санаде нест ва Абӯрайҳон мадрак нишон надодааст, вале назар ба ин ки Абӯрайҳон мардест, ки илова бар соири фазоил, муҳаққиқ дар торих аст ва ба газоф сухан намегӯяд ва фосилаи замонии зиёде надорад — зеро ӯ дар нимаи дуввуми қарни чаҳорум ва нимаи аввали қарни панҷум мезистааст ва Хоразм дар замони Валид ибни Абдулмалик дар ҳудуди соли 93 ҳ.қ фатҳ шудааст ва ба илова, худ аҳли Хоразм будааст — баъид нест, ки дуруст бошад.

Аммо он чӣ Абӯрайҳон нақл карда, аввалан, марбут ба Хоразм ва забони хоразмӣ аст, на ба китобҳои эронӣ, ки ба забони паҳлавӣ ё авастоӣ будааст.

Ва сониян, худи Абӯрайҳон дар муқаддимаи китоби “Сайдала” ё “Сайдана”, ки ҳанӯз чоп нашуда, дар бораи забонҳо ва истеъдоди онҳо барои баёни мафоҳими илмӣ баҳс мекунад ва забони арабиро бар форсӣ ва хоразмӣ тарҷеҳ медиҳад ва махсусан дар бораи забони хоразмӣ мегӯяд: “Ин забон ба ҳеч ваҷҳ қодир барои баёни мафоҳими илмӣ нест. Агар инсон бихоҳад матлабе илмӣ бо ин забон баён кунад, мисли ин аст, ки шутуре бар новдон ошкор шавад”. (“Баррасиҳое дар бораи Абӯрайҳони Берунӣ, Муҷтабо Минавӣ). Бинобар ин, агар воқеан як силсила китобҳои илмии қобили таваҷҷӯҳ ба забони хоразмӣ вуҷуд дошт, имкон надошт, ки Абӯрайҳон то ин андоза ин забонро ғайривофӣ муаррифӣ кунад. Китобҳое, ки Абӯрайҳон ишора карда, як идда китобҳои торихӣ буду бас. Рафтори Қутайба ибни Муслим бо мардуми Хоразм — ки дар давраи Валид ибни Абдулмалик сурат гирифта, на дар давраи хулафои рошидин — агар достон асл дошта бошад ва холӣ аз муболиға бошад (зеро оқои дуктур Зарринкӯб дар “Корномаи ислом” асли ин қиссаро машкук донистаанд), рафтори зиддиинсонӣ ва зиддиисломӣ буда ва бо рафтори соири фотеҳони исломӣ, ки Эрон ва Румро фатҳ карданд ва ғолибан саҳобаи Расули Худо ва таҳти таъсири таълимоти он ҳазрат буданд, табоюн дорад. Бинобар ин, кори ӯро, ки дар бадтарин давраҳои хилофати исломӣ (давраи умавиён) сурат гирифта наметавон миқёси рафтори мусалмонон дар садри ислом, ки Эронро фатҳ карданд қарор дод.

Ба ҳар ҳол, он ҷо, ки эҳтимол меравад, ки дар Эрон таъсисоти илмӣ ва китобхона вуҷуд доштааст, Тисфун ё Ҳамадон ё Наҳованд ё Исфаҳон ё Истахр ё Рай ё Нишопур ё Озарбойҷон аст, на Хоразм. Забоне, ки эҳтимол меравад ба он забон китобҳои илмӣ вуҷуд дошта забони паҳлавӣ аст, на забони хоразмӣ. Дар давраи ислом китобҳои эронӣ, ки ба арабӣ тарҷума шуд, аз қабили “Калила ва Димна” ба василаи Ибни Муқаффаъ ва қисмате аз мантиқи Арасту ба василаи ӯ ё писараш, аз забони паҳлавӣ буда, на забони хоразмӣ ё забони маҳаллии дигар.

Кристенсен (Arthur Christensen) менависад:

Абдулмалик ибни Марвон дастур дод, китобе аз паҳлавӣ ба арабӣ тарҷума карданд”.

Ин ки бо ҳамлаи як юришгар, осори илмии забоне ба куллӣ аз миён биравад ва мардум яксара ба ҳолати “уммият” ва бесаводӣ ва бехабарӣ аз торихи гузаштаашон бароянд, вежаи забонҳои маҳдуди маҳаллӣ аст. Бадеҳӣ аст, ки ҳаргиз як забони маҳдуди маҳаллӣ наметавонад ба сурати як забони илмӣ дарояд ва китобхонае ҳовии анвоъи китобҳои пизишкӣ, риёзӣ, табиӣ, нуҷумӣ, адабӣ, мазҳабӣ бо он забон ташкил шавад.

Агар забоне ба он ҳадд аз вусъат бирасад, ки битавонад китобхона аз анвоъи улум ташкил диҳад, бо як юриш мардумаш якбора табдил ба мардуми уммӣ намегарданд. Ҳамлае аз ҳамлаи муғул ваҳшатноктар набудааст; қатли омм ба маънии ҳақиқӣ дар ҳамлаи муғул рух намуд, китобҳо ва китобхонаҳо тӯъмаи оташ гардид, вале ҳаргиз ин ҳамлаи ваҳшатнок натавонист осори илмӣ ба забони арабӣ ва форсиро ба куллӣ аз миён бибарад ва робитаи насли баъд аз муғулро бо фарҳанги қабл аз муғул қатъ намояд. Зеро осори илмӣ ба забони арабӣ ва ҳатто ба забони форсӣ, густардатар аз ин буд, ки бо чандин қатли омми муғул аз байн биравад. Пас, маълум аст, ки он чӣ дар Хоразм аз миён рафта ҷуз як силсила осори адабӣ ва мазҳабии зартуштӣ, ки аз муҳтавои ин навъ китобҳои мазҳабӣ огоҳӣ дорем набудааст, ва Абӯрайҳон ҳам беш аз ин нагуфтааст. Диққат дар сухани Абӯрайҳон мерасонад, ки назараш ба китобҳои торихӣ ва мазҳабӣ аст.

Аммо достони китобсӯзии Абдуллоҳ ибни Тоҳир. Ин достон шуниданӣ аст ва аҷиб аст, ки марҳум дуктур Муин ин достонро ба унвони далел ё қаринае бар китобсӯзии Эрон ба василаи аъроби фотеҳи Эрон овардааст. Абдуллоҳ писари Тоҳири Зуляминайн, сардори маъруфи эронии замони Маъмун аст, ки фармондеҳии лашкари Хуросонро дар ҷанг миёни Амин ва Маъмун, писарони Ҳорунаррашид ба ҳимояти Маъмун бар ӯҳда дошт ва бар Алӣ ибни Исо, ки араб буд ва фармондеҳии сипоҳи арабро ба ҳимоят аз Амин дошт пирӯз шуд ва Бағдодро фатҳ кард ва Аминро кушт ва мулки ҳоруниро барои Маъмун мусаллам кард.

Худи Тоҳир шахсан зиддиараб буд. Ба Аллони Шуъубӣ, ки дар байтулҳикмаи Ҳорун кор мекард ва китобе дар “Масолиби араб” яъне дар зикри зиштиҳо ва айбҳои араб навишт, 30 ҳазор динор ё 30 ҳазор дирҳам ҷоиза дод. (Аҳмад Амин, Зуҳал-ислом, ҷ.1, с.64) Писараш Абдуллоҳ, ки китобсӯзӣ мустанад ба ӯст, сарсилсилаи Тоҳириён аст. Яъне барои аввалин бор ба василаи ӯ Хуросон эъломи истиқлол кард ва як давлати мустақилли эронӣ ташкил гардид.

Абдуллоҳ монанди падараш табъан руҳияи зиддиараб дошт. Дар айни ҳол, шигифтии торих ва шигифтии исломро бибинед: ҳамин Абдуллоҳи эронии зиддиараб, ки аз назари қувват ва қудрат ба ҳадде расида, ки дар муқобили халифаи Бағдод эъломи истиқлол мекунад, китобҳои эронии қабл аз исломро ба унвони ин ки бо вуҷуди Қуръон ҳамаи инҳо беҳуда аст, месӯзонад!

Рӯзе шахсе ба дарбори Абдуллоҳ ибни Тоҳир дар Нишопур омад ва китобе форсӣ аз аҳди куҳан тақдим дошт. Чун пурсиданд, чӣ китобест? Посух дод: Достони “Вомиқ ва Азро” аст ва он қиссаи ширинро ҳукамо ба риштаи таҳрир оварда ва ба Анӯшервон эҳдо намудаанд. Амир гуфт: Мо Қуръон мехонем ва ниёзе ба ин китобҳо надорем. Каломи Худо ва аҳодис моро кифоят мекунад. Ба илова, ин китобро маҷусон таълиф кардаанд ва дар назари мо матруд ва мардуд аст. Сипас бифармуд, то китобро ба об андохтанд ва дастур дод, ҳар ҷо дар қаламрави ӯ китобе ба забони форсӣ ба хомаи маҷус кашф шавад, нобуд гардад”. (Торихи адабиёт, Броун, ҷ.1, с.510)

Чаро чунин кард? Ман намедонам. Ба эҳтимоли фаровон, аксуламали нафратест, ки эрониён аз маҷус доштанд. Ба ҳар ҳол, ин корро Абдуллоҳ ибни Тоҳири эронӣ кард, на араб.

Оё метавон кори Абдуллоҳро ба ҳисоби ҳамаи эрониён гузошт, ки асосан чунин тафаккуре доштанд, ки ҳар китобе ғайр аз Қуръон ба дасташон меафтод, месӯхтанд? Боз ҳам на.

Кори Абдуллоҳ кори нописанде будааст, аммо далели муддаъои мост, ки гуфтем, ҳар гоҳ фарҳанге мавриди ҳуҷуми фарҳанги дигар қарор мегирад, пайравон ва алоқамандон ба фарҳанги ҷадид ба наҳви ифрот ва зиёнборе осори фарҳанги куҳанро мавриди беэътиноӣ қарор медиҳанд.

Эрониён, ки аз фарҳанги ҷадиди исломӣ сахт ба ваҷд омада буданд, алоқае нисбат ба фарҳанги куҳан нишон надоданд, балки дар фаромӯшонидани он амд ба кор бурданд.

Аз эрониён рафторҳое назири рафтори Абдуллоҳ ибни Тоҳир, ки дар айни танаффур аз таассуби арабӣ, ки мехоҳад худро ба унвони як нажод ва як хун бар мардум таҳмил кунад, нисбат ба ислом таассуб варзидаанд ва ин таассубро алайҳи осори маҷусият ба кор бурдаанд, фаровон дида мешавад.

Ва агар мақсуд аз истидлол ба китобсӯзии Абдуллоҳ ибни Тоҳир ин аст, ки чунин корҳое дар ҷаҳон собиқа дорад, эҳтиёҷе ба чунин истидлоле нест. Ҷаҳон шоҳиди китобсӯзиҳо буда ва ҳаст. Дар асри мо Аҳмади Касравӣ ҷашни китобсӯзон дошт. Масеҳиён дар фоҷеаи Андалус ва қатли омми мусалмонон 80 ҳазор китобро ба оташ кашиданд. (Торихи тамаддуни ислом, Ҷорҷи Зайдон, ҷ.3, с.65) Ҷорҷи Зайдони масеҳӣ эътироф дорад, ки салибиёни масеҳӣ дар ҳамла ба Шом ва Фаластин 3 милюн китобро оташ заданд. (Ҳамон манбаъ) Туркон дар Миср китобсӯзӣ карданд. (Торихи тамаддуни Вил Дурон, ҷ.11, с.224) Султон Маҳмуди Ғазнавӣ дар Рай китобсӯзӣ кард. Муғул китобхонаи Марвро оташ заданд (Ҳамон манбаъ, ҷ.11, с.315). Зартуштиён дар давраи соcонӣ китобҳои Маздакияро оташ заданд. (Эрон дар замони Сосониён, Кристенсен, с.385) Искандар китобҳои эрониро оташ зад. Рум осори Аршимедис (Архимед), риёзидони маъруфро тӯъмаи оташ сохт. Баъдан дар бораи оташсӯзии китобхонаи Искандария ба василаи масеҳиён баҳс хоҳем кард.

Ҷорҷ Сортун дар “Торихи илм” мегӯяд:

Прутогурос, суфастоии юнонӣ, дар яке аз китобҳои худ дар бораи ҳақ ва ҳақиқат баҳс кард ва гуфт: “Ва аммо Худоён, наметавонам бигӯям ҳастанд ва наметавонам бигӯям нестанд. Бисёр чизҳост, ки моро аз фаҳми ин матлаб монеъ мешавад. Аввалини онҳо торикии худи мавзӯъ аст, ва дигар ин ки умри одамӣ кӯтоҳ аст”.

Сортун мегӯяд:

Ҳамин матлаб боис шуд, ки китобҳои ӯро дар соли 411 пеш аз мелод дар васати майдони шаҳр сӯзонданд ва ин нахустин намунаи сабтшудаи китобсӯзӣ дар торих аст”. (Торихи илм, с.271)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: