Фалсафа ва равиши реализм (90)

Мақолаи ҳафтум

Воқеият ва ҳастии ашё (4)

Матни китоб:

Мо ҳаргиз тардид надорем ва ҳам набояд дошта бошем дар ин ки: дар нахустин гоме, ки мехоҳем пас аз хомӯш кардани таронаи сафсата бардорем, бо воқеияти ашё мувоҷеҳ буда ва сару кори мо бо воқеияти ҳастӣ хоҳад буд. Яъне асли воқеиятро исбот намуда бо ғаризаи ғайриқобили дафъи худ, ба ҷустуҷӯ ва кунҷковӣ аз воқеиятҳои гуногун хоҳем пардохт.

Ва ба иборати дигар: медонем “воқеияте ҳаст” (1) ва сипас ба тавлид ва таксири ин ҳақиқат, ки ҳақиқатҳои дигареро ба вуҷуд меоварад хоҳем пардохт. Вале пас аз он ки шумори чанде аз ин маълумот пеши мо пайдо мешаванд, меёбем, ки ҳамаашон ҳақиқат нестанд, балки бархе аз онҳо дурӯғҳои ростнамо мебошанд, агарчи решаи аслии ин маълумот (воқеияте ҳаст) пайваста як ҳақиқати пойбарҷо ва ғайриқобили тағйиру таҳаввул буда бар хилофи интизори тарафдорони ҳақиқати нисбӣ, ҳеч гоҳ аз ҷойи худ такон нахоҳад хӯрд.

Ва ҳамон андоза, ки асли воқеият пеш мо равшан аст, вуҷуди ин ағлот ва тасодуф бо ин иштибоҳот низ равшан аст. Ва тардид дар вуҷуди хато ва ғалати фикрӣ, аз тардид дар асли воқеият, ки онро “сафсата” мехонем, дасти каме надорад, зеро сафсата бо куштани воқеият, “ҳақиқат”-ро, ки гиромитарин дӯсти мо буд, аз бар мо мегирифт. Ва нафйи хато ва ғалат низ пиндор (-и ғалат)-ро дар бар мо мегунҷонад ва дар ҳар ду ҳол ҳақиқат аз бари мо рубуда мешавад.

Пас, воқеиятро бояд шинохт ва бад-ин васила мавҷудоти воқеиро аз мавҷудоти пиндорӣ ва ҳақоиқро аз ваҳмиёт тамйиз дод.

* * *

Таълиқот:

(1) Ин ҳамон аслест, ки дар “муқаддима” ба унвони “асли исботи воқеият” аз он ёд кардем. Ин асл иборат аст аз изъон ва тасдиқ ба ин ки иҷмолан “мавҷуд дорем” ва бар хилофи заъми суфастоиён, ҷаҳон ҳеч дар ҳеч ва мавҷуд будан амре пуч нест.

Ин асл, аслест яқинӣ ва қатъӣ ва мавриди қабули тамоми азҳони башарӣ ва нахустин нуқтаест, ки фикри инсон дар ин сайри ақлонӣ ба номи “фалсафа”, ки дар пеш дорад, онро мабдаъ ва оғози ҳаракати хеш қарор медиҳад.

Бояд донист, ки бар ҳар файласуфе лозим аст, ки афкори хешро аз як нуқтаи қатъӣ ва ғайриқобили тардиде оғоз кунад ва бурҳонҳо ва истидлолоти хешро бар рӯйи як пояи муҳкам ва матин бигузорад. Зеро бадеҳӣ аст, ки агар асос ва бунёни як силсила афкор ба номи “афкори фалсафӣ” бар як фарзияи ғайриқатъӣ ва назарияи эҳтимолӣ гузошта шавад, ҳеч гуна арзиш ва эътиборе наметавон барояш қоил шуд. Зеро бунёнест, ки аз пойбаст вайрон аст. Пас, он асли аввалӣ, ки ба унвони мабдаи сайр ва нуқтаи иттикоъ интихоб мешавад, бояд асле бошад, ки ҳеч гуна тардиде дар ӯ раво набошад ва бояд “асли мутаораф” бошад, на “асли мавзӯъ”, балки бояд ба масобае бошад, ки инкораш мусовии инкори ҳамаи аслҳои мусаллами дигар бошад.

Муҳаққиқини ҳукамо ба ин нукта бархӯрдаанд, ки ягона асле, ки салоҳият дорад мабдаъ ва нуқтаи шурӯи фалсафа қарор гирад, ҳамон асли “воқеияте ҳаст” мебошад, ки сарҳадди фалсафа ва сафсата ё реализм ва идеализм маҳсуб мешавад, ва аслест яқинӣ ва фитрӣ ва мавриди тасдиқи тамоми азҳони башарӣ, ва ҳатто худ суфастоӣ низ бидуни он ки таваҷҷӯҳ дошта бошад, дар ҳоққи зеҳни худ ба он эътироф дорад.

Мо дар нахустин лаҳзае, ки гиребони хешро аз чанголи муғолатоти сафсатӣ халос мекунем ва аз фитрати воқеъбини худ истифода мекунем, худро бо воқеияти ашё мувоҷеҳ мебинем ва изъон ва тасдиқи қатъӣ ба ин ки “воқеияте ҳаст”-ро дар ниҳояти вузуҳ ва равшанӣ дар зеҳни худ меёбем. Яъне худро мувоҷеҳ бо ҳамон чизе мебинем, ки ҳар касе бо фитрати соддаи худ бидуни он ки таваҷҷӯҳе ба муғолатоти сафсатӣ дошта бошад, худро мувоҷеҳ бо он мебинад. Ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда: “Дар нахустин гоме, ки мехоҳем пас аз хомӯш кардани таронаи сафсата бардорем, бо воқеияти ашё мувоҷеҳ шуда ва сару кор мо бо воқеияти ҳастӣ хоҳад буд. Яъне асли воқеиятро исбот намуда ва бо ғариза…”

Пас аз қабули ин асл, яъне пас аз изъон ва тасдиқ ба ин ки “воқеияте ҳаст”, дар марҳилаи дуввуми сайри ақлонии хеш ба дунболи ин матлаб меравем, ки мазоҳири ин воқеият чист? Ва ба иборати дигар, чӣ чиз ҳаст ва чӣ чиз нест? Дар ин марҳила аст, ки мазоҳире меёбем ва мерасем ба ин ки ман ҳастам, замин ҳаст, ситорагон ҳаст, модда ҳаст, қувва ҳаст, руҳ ҳаст… Ҳамон тавре, ки дар матн баён шуд: “Медонем воқеияте ҳаст ва сипас ба тавлид ва таксири ин ҳақиқат, ки ҳақиқатҳои дигареро ба вуҷуд меоварад, хоҳем пардохт”. Ва албатта бархе аз ин ҳақоиқ ҳақоиқест бадеҳӣ ва аёнӣ ва ғанӣ аз истидлол — мисли ҳақиқати ин ки “ман ҳастам”, ки аз илми ҳузурии нафс ба зоти хеш сарчашма мегирад ва ё ҳақиқати ин ки “замин ё хуршед ҳаст”, ки аз илми эҳсосии бадеҳии хориҷӣ сарчашма мегирад — ва бархе дигар ниёзманд ба баҳсу таҳқиқ аст, вале дар ҳар ҳол қабул ва изъони асли куллии “воқеияте ҳаст” ва нафйи заъми ботили суфастоӣ, ки муддаӣ аст ҳама чиз ҳеч андар ҳеч ва ботил андар ботил аст ва аслан мавҷуд шудан ва воқеият пайдо кардан амре маҳол ва мумтанеъ аст, ба мо фурсат ва навбат медиҳад, ки ин ҳақоиқи ҷузъитарро бидуни ҳеч ишкол ва монеъе изъон кунем.

Ин асли куллӣ монанди соири ҳақоиқ (бар хилофи ҳақоиқи эътиборӣ, ки дар мақолаи 6 гузашт) аслест мутлақ ва собит ва ҳаргиз машмули қонуни таҳаввулу такомул ва нушӯъу иртиқоъ нахоҳад буд, ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда, “пайваста як ҳақиқати пойбарҷо ва ғайриқобили тағайюру таҳаввул буда ва бар хилофи интизори тарафдорони ҳақиқати нисбӣ, ҳеч гоҳ аз ҷойи худ такон нахоҳад хӯрд”. Яъне бар хилофи заъми нисбигароён ва тарафдорони материализми диалектик — чунонки дар мақолаи 4 гузашт — ки тамоми усули фикрӣ ва ақлониро қобили тағйиру табдил ба зидди худ медонанд, ин асл, ки ҳадди фосили реализм ва идеализм аст, ҳеч гоҳ тағйир накарда ва табдил ба зидди хеш, ки ҳамон муддаъои идеализм ва суфастоигарӣ аст, нахоҳад шуд.

Муҷаддадан ёдоварӣ мекунем, ки ин асли куллӣ, ки нуқтаи шурӯи кунҷковии фалсафӣ аст, пас аз қабули асли куллии имтинои таноқуз аст, ки “зербино”-и ҷамиъи афкор ва андешаҳои башарӣ аст ва дар соири улум умуман ва дар фалсафа хусусан мавриди истифода аст.

Ҳамон тавре, ки дар муқаддимаи мақола гуфтем, асли имтинои таноқуз ва асли исботи воқеият, ду “асли мутаораф”-и умдаест, ки мавриди истифодаи истидлолот ва бурҳонҳои фалсафӣ қарор мегирад. Дар ҳақиқат ин ду асл ба манзилаи ду боли аслӣ аст, ки сайр ва парвози фалсафии қувваи оқиларо дар саҳнаи паҳновари ҳастӣ муяссар месозад.

Пас аз қабули асли куллии “воқеияте ҳаст” ва пас аз тавлид ва таксири ин ҳақиқат ва пайдоиши маълумоти чанде дар ин боб, инсон ба як нуктаи возеҳ ва равшани дигар бармехӯрад, ки марбут ба хештан ва дастгоҳи идрокӣ ва фикрии хештан аст, ва он, вуҷуди ағлот ва иштибоҳотест, ки хоҳ нохоҳ гирифтори онҳо мешавад ва гоҳе чизеро, ки нест ҳаст ва чизеро, ки ҳаст нест мепиндорад ва ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда: “Ҳамон андоза, ки асли воқеият пеши мо равшан аст, вуҷуди ин ағлот ва тасодуф бо ин иштибоҳот низ равшан аст”. Ва аз ин ҷо ниёзмандии шадид ба шинохтани воқеият ва ба иборати дигар, ба фанни “вуҷудшиносӣ”, ки бо доро будани он фанн битавон мавҷудоти воқеиро аз умури пиндорӣ ва ҳақоиқро аз авҳом тамйиз дод барои инсон пайдо мешавад, ва ин ҳамон “фалсафа” аст, ки метавонем онро “илмулвуҷуд” ё “фанни воқеиятшиносӣ” биномем.

Дар ин ҷо, ки аз нуқтаи шурӯи фалсафа баҳс кардем, бе муносибат нест, ки ба нуктаи зайл таваҷҷӯҳ кунем.

Декорт, донишманди шаҳири фаронсавӣ, ки хост таҳаввуле дар фалсафаи таъаққулӣ эҷод кунад ва шолудаи навине бирезад — чунонки медонем — ибтидо дар ҳама чиз шак кард ва ягона чизеро, ки яқинӣ ва қобили эътимод донист ва ҳамонро нуқтаи шурӯъ дар фалсафа қарор дод, вуҷуди хештан буд (ман вуҷуд дорам) ҳарчанд вуҷуди хештанро низ аз роҳи вуҷуди андеша ва фикр ба субут расонид. Пас, дар ҳақиқат Декорт нуқтаи шурӯъро “вуҷуди фикр ва андеша” қарор дод.

Ба ҳар ҳол Декорт муддаъӣ шуд, ки фаразан дар ҳама чиз шак кунам, дар ин ки “ман худам вуҷуд дорам” наметавонам шак кунам ва танҳо ҳамин як яқини аввалӣ кофист, ки маро ҳидоят кунад ва яқинҳои дигаре ба дунболи худ биёварад. Аз ин рӯ нуқтаи шурӯъ дар фалсафаи Декорт “ман вуҷуд дорам” ба шумор меравад. Бар равиши Декорт эродоти зиёде ворид кардаанд ва мо низ ба навбаи худ эродоти муҳкам бар ин равиш ворид кардем. (Руҷӯъ шавад ба мақолаи 1) Дар ин ҷо ба муносибати матлаби боло, изофа мекунем, ки қатъи назар аз ҳамаи эродоте, ки аз тарафи мо ва дигарон бар ин равиш ворид шуда, асосан интихоби ин роҳ барои нуқтаи шурӯи фалсафа мутазаммини фоидае нест, зеро бо эътирофи худи Декорт, шакки вай дар ҳама чиз ғайр аз вуҷуди хештан шакки воқеӣ ва ҳақиқӣ набуд, балки шакки дастурӣ ва фарзӣ буд. Ва албатта мумкин нест, ки касе битавонад дар яқиниёти фитрии хеш, ки ҷабран ва изтироран ба онҳо изъон дорад, воқеан шак кунад, ва ба қавли Поскол, “шаккоки воқеӣ вуҷуд надорад”. Ва ҳатто суфастоитарини афрод низ тибқи фитрати идрок ва иродаи хеш, дар ҳоққи зеҳни худ ба бисёре аз ҳақоиқ ҷузман изъон дорад ва рӯйи он изъонҳо дар ҷараёни ҳаёт ва зиндагии хеш ҳаракоте мекунад. Бинобар ин, пас аз ин ки Декорт мегӯяд “дар ҳар чизе агар шак кунам, хоҳам гуфт андеша аст, вале дар худи андеша наметавонам шак кунам”, ҷуз як баёни шоирона чизе нест. Зеро агар бино, бар шакки дастурӣ ва фарзӣ бошад, дар ҷамиъи бадеҳиёт (билоистисно) ҳатто дар вуҷуди ҳамин андеша ва шак низ метавон шак кард ва монанди шоири бостонии форсизабон метавон гуфт, “ҳамин самрод (пиндор) ҳам, самрод бошад”. Яъне метавон гуфт, ҳама чиз пиндор аст ва ҳар пиндоре ҳатто худи ҳамин пиндор ҳам пиндор аст ва ваҷҳе надорад, ки мо байни яқиниёти фитрии хеш табъиз қоил шавем. Ва аммо агар бино, бар қабули яқиниёти фитрӣ аст, албатта инсон ҳеч фарқе байни вуҷуди хештан ва соири илмҳои бадеҳӣ ва яқинӣ намебинад. Масалан, ҳеч фарқе аз ин ҷиҳат байни вуҷуди хештан ва вуҷуди ин қаламу коғаз, ки ба даст гирифта ва ин чароғ, ки дар партави он чиз менависад ва ҳамчунин соири бадеҳиёт аз қабили имтинои таноқуз ва ғайра намебинад. Ва дар ин сурат тартиби ақлӣ иқтизо мекунад, ки пас аз хомӯш кардани таронаи суфастоигарӣ, ки вуҷуд ва мавҷудиятро мункир ва амре маҳол медонад, ба нуқтаи муқобили он ки ҳамон асли яқинӣ ва бадеҳии “воқеияте ҳаст” мебошад такя кунем ва сипас дар марҳилаи дуввум ба тартибе, ки гуфта шуд, ба таксир ва тавлиди ин ҳақиқат бипардозем ва дар марҳилаи севвум, ки мусодиф бо ағлоти ҳақиқатнамо мешавем, бо интихоби равиши саҳеҳ, ба воқеиятшиносӣ ва илмулвуҷуд, ки ҳамон фалсафа аст, бипардозем. Ва ин ҳамон ягона тартиби саҳеҳе аст, ки дар ин мақола интихоб шуда ва бо равише, ки муҳаққиқини ҳукамо низ то кунун пеш гирифтаанд, вифқ медиҳад.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: