Дар ҳошияи баргузории конфронси “Созишномаи сулҳи тоҷикон”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Умедворам, бо баргузории конфронси “Созишномаи сулҳи тоҷикон” дар шаҳри Дортмунди Олмон, дар зеҳни насли ҷавон ва навҷавони имрӯзи тоҷик ҳаддиақал як тасвири нимакомиле аз он чи 20 сол пеш дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваста ҳосил бишавад.

Вагарна, бо мушоҳидаи барномаҳое, ки ба ҳамин муносибат имрӯзҳо дар дохили Тоҷикистон аз сӯи ҳукумат баргузор мешавад, он чи ибтидоан аз ин рухдод дар зеҳни як ҷавон ва наҷавони тоҷик падид меояд ин аст, ки гӯӣ 20-анде сол пеш, ҳукумати феълӣ бо шуморе аз “миррихиён”, ки аз сайёраи худ ба сайёраи мо ва дар сарзамини мо фуруд омада ва мехостанд “шарре” дар ин кишвар бапо бикунанд ҷангид ва бар он “миррихиён” пирӯз омад ва ҷомеаро аз “шарри” онҳо наҷот дод ва дар натиҷа сулҳу оромиш дар ин сарзамин барқарор гардид. Ва қаҳрамони набард бо “миррихиён” ҳам, касе набуд ҷуз Пешвои миллат, Раисиҷумҳури кунунии Тоҷикистон ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон!

Албатта, дар ин миён ин суол ҳам пеши ин насл бепосух мемонад, ки чаро аз ин рухдоди бисёр бузург на ба унвони “пирӯзӣ” (пирӯзи бар миррихиён), балки ба “сулҳ” ном бурда мешавад? Магар дар 20 соли пеш ҳукумат бо “миррихиён” сулҳе ҳам баста буд?!

Ба ҳар сурат, чунонки ҷаноби оқои Муҳиддин Кабирӣ дар суханони худ дар ин конфронс таъкид кард, барои ошноии насли имрӯз бо он вақойеъ, пеш аз ҳама лозим аст санади сулҳу созишномаи мазкур мунташир шавад, то ин насл бибинад ва бидонад, ки ҳукумат дар он мавқеъ ва ҳангоми бастани сулҳ, чӣ таъаҳҳудоте дод ва оё ба он таъаҳҳудот пойбанд монд ё ин ки ҳамаро зери по кард ва ба тамоми аҳду паймонҳои хеш пушт кард?!

Инро бояд насли ҷавон бидонад. Ва муҳимтар аз ин, насли имрӯз инро ҳам бояд бидонад, ки он “миррихиён” касе ҷуз ниме аз ҷамъияти ҳамин марзу буме, ки дар он зиндагӣ мекунанд, набуданд. Онҳо аз осмон фуруд наёмада буданд, ки номе аз онҳо бар сари забонҳо бурда нашавад. Онҳо касоне ҳастанд, ки имрӯза раҳбаронашон бидуни ироаи ҳеч иттиҳом ва ба баҳонаҳои воҳӣ ва пуч ба зиндон андохта шуданд ва бисёре аз онҳо ҳам аз рӯи изтирор ва ночорӣ миҳани худро тарк ва ба кишварҳои дигар муҳоҷират кардаанд. Инҳо на “ватанфурӯш”-анд, на “муздур” ва “зархарид”, на “терурист” ва ифротӣ, балки афроде ҳастанд дуруст мисли дигарон, мунтаҳо бо порае аз сиёсатҳои пешгирифтаи ҳукумати феълӣ ва худкомагӣ ва фасодҳои идорӣ ва бебандуборӣ дар марокизи қудрат мухолифанд ва интиқод доранд. Айбашон ҷуз ин нест.

Ба ҳар ҳол, умедворем опозисиюни тоҷик бо баргузории бештари ин гуна нишастҳо ва даъват аз шоҳидони айнӣ дар онҳо барои бозгӯ кардани воқеияти он чи 20 сол пеш иттифоқ афтод, ҳақоиқро барои насли кунунӣ ва бахусус насле, ки шоҳиди он вақойеи талх набуд, равшан созад.

Дар конфронси Олмон шахсиятҳои дигаре низ мисли Додоҷон Атовуллоев ва Равшани Темуриён ва ғайра даъват шуда буданд, аммо барояшон – ба ҷиҳати мусофират ва ё корҳои дигар — шароити ҳузур фароҳам нашуд. Банда ҳам ҷузъи даъватшудагон дар ин конфронс будам, вале натавонистам худамро бирасонам. Дӯстони баргузоркунанда хостанд аз тариқи Скайп чанд дақиқае суханронӣ бикунам. Банда матнеро барои ин суханронӣ омода кардам, аммо ба далели бурузи мушкилоти фаннӣ ва иртиботӣ, ин кор ҳам фароҳам нашуд. Ба ҳар сурат, лозим медонам, матнеро, ки омода карда будам, дар зайл бикорам, ба назарам, холӣ аз фоида нест.

* * *

Ба номи Худо

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳ!

Аввалан, лозим медонам, тақдир ва ташаккури худро ба баргузоркунандагони ин гирдиҳамоӣ иброз бидорам. Гирдиҳамоие, ки дар он, метавон ба рухдодҳои воқешуда дар таърихи муосири Тоҷикистон ва бахусус сулҳу созише, ки 20 сол пеш баъд аз ҷанги шаҳрвандӣ байни тарафайни даъво барқарор шуд, баҳои воқеӣ бидиҳад, на ончунонки аз сӯи ҳукумати кунунӣ мутаассифона ин воқеаҳо воруна ва бо таҳриф ба насли ҳозири тоҷик мунтақил мешавад.

Иҷоза бидиҳед, дар ин чанд дақиқае, ки бароям фурсат дода шуд, дар се меҳвар бо азизони ҳозир дар ин гирдиҳамоӣ, сӯҳбат ба амал оварам.

Меҳвари аввал, дар бораи асли сулҳу созише, ки барқарор шуд.

Меҳвари дуввум, дар бораи фаъолияти опозисиюни тоҷик дар ин марҳила.

Меҳвари севвум, чанд ҷумла хитоб бо давлатмадорон ва ҳукумати кунунӣ.

1) Дар бораи асли сулҳу созиш. Сулҳу созише, ки 20 сол пеш байни ҳукумат ва Иттиҳоди нерӯҳои мухолиф имзо шуд, сарфи назар аз бадаҳдӣ ва паймоншикании тарафи ҳукумат ба маводди ин созиш, асли ин амал, як дастоварди бисёр пурарзиш ба шумор меояд. Зеро, ақлан ва шаръан ва урфан, ҳамеша сулҳ некӯтар аз ҷанг будааст. Одами оқил ҳаргиз ҷангро бар сулҳ тарҷеҳ намедиҳад, бахусус агар ҷангу даргирӣ миёни фарзандони як миллат бошад. Аз ин назар, месазад ёде аз устоди марҳум Сайидабдуллоҳи Нурӣ ва низ ҳамроҳонаш бахусус Устод Тӯраҷонзода бикунем, ки бо вуҷуди он ки дар авҷи қудрат буданд ва дар он марҳила метавонистанд корро тамоман ба суди худ поён бидиҳанд, вале сулҳу созишро бар идомаи ҷанг тарҷеҳ доданд ва ҳозир ба имзои сулҳ шуданд. Қатъан, ба хотири ин иқдоми шариф, пеши Худованди Мутаъол ва мардум дорои аҷру подош ҳастанд. Мардуми мо ҳаргиз азхудгузаштагиҳои онҳоро фаромӯш намекунанд. Агар онҳо набуданд, оромиш ба кишвар ва ҷомеаи мо барнамегашт. Ин як воқеияти ғайриқобили инкор аст.

* * *

2) Ва аммо яке ду ҷумла дар бораи фаъолияти опозисиюн дар марҳилаи кунунӣ. Ба назарам, барои опозисиюни тоҷик дар ин марҳилаи бисёр ҳассос, дар назар гирифтани нукоти зерин ҳоизи аҳаммият аст:

а) Истиқомат. Яъне, пойдор мондан дар мавқеи худ ва ноумед нашудан. Ин хеле муҳим аст. Ҳамаи муборизаҳо ва дар назди ҳамаи миллатҳо, якчунин марҳилае, ки алъон опозисиюни тоҷик дар он қарор дорад, вуҷуд доштааст. Пирӯзӣ, на ба осонӣ ба даст меояд ва на бидуни сахтӣ кашиданҳо ва зиндон шуданҳо ва ҳиҷрат карданҳо ҳосил мешавад. Табиати мубориза ҳамин аст. Агар чизе ба осонӣ ва бидуни аз сар гузарондани сахтиҳо ва ҳиҷратҳо ба даст ояд, ба осонӣ ҳам аз даст меравад. Аз ин рӯ, ин гуна марҳилаҳо набояд дар дили инсони мубориз кучактарин ноумедӣ ва тазалзулро эҷод намояд. Ба сухани дигар, агар шумо ҳеч коре ҳам накунед ва шароит барои фаъолият бароятон фароҳам набошад, дар ин сурат, истиқомат ва ноумедӣ ба худ роҳ надодан ва адами тазалзул, худаш бузургтарин мубориза аст.

б) Дуюм, иттиҳод ва ваҳдати ҳамаи нерӯҳои мухолиф ва роҳ надодан ба ҳеч гуна ихтилоф ва тафриқа миёни суфуфи мухолифон. Бояд нерӯҳои мухолиф ҳамдигарро таҳаммул кунанд. Интиқод аз амалкарди якдигар ҳаргиз набояд мунҷар ба душманӣ ва адоват миёни ҳам бишавад. Ихтилофи салиқа як амри табиӣ аст. Мо бояд қабул кунем, ки назар ва дидгоҳҳоямон дар равишҳо ва услубҳои мубориза мухталиф аст. Дар мавориди ихтилоф, бо ҳамдигар биншинем ва баҳсу табодули назар кунем, вале ба ҳеч ваҷҳ бо ҳам душман нагардем.

Инро бояд бипазирем ва қабул кунем, ки ҳамаи мухолифони имрӯзи тоҷик наҳзатӣ ва исломгаро нестанд. Яке секулор аст, яке шояд атеист аст, яке чи басо дар дин бо мо ихтилоф дошта бошад… Инҳо воқеиятҳои ҷомеаи мост, наметавон аз инҳо чашм пӯшид. Бояд саъй кунем, ҳамаи мухолифон, сарфи назар аз дидгоҳу дину гароиш, ба ҳам оянд ва ҳадафи муштаракашон сохтани ҷомеаи озод ва демукротик дар Тоҷикистон бошад. Ҷомеае, ки дар он, ҳама озоданд ва аз ҳуқуқи баробар бархӯрдор.

Масалан, банда, ки аз мӯи сар то нохуни по як мусалмони пойбанд ба шариат ҳастам, чунин нест, ки дар ҷомеа ҳама мисли ман бошанд, ин як хобу хиёл аст, аз ин рӯ бояд ҳамаро қабул кунам ва ба андешаҳо ва гароишҳои ҳама эҳтиром қоил бошам. Ва иттифоқан, дини ман ба ман инро мегӯяд.

* * *

3) Ва аммо яке ду ҷумла хитоб ба давлатмардон ва ҳукумати кунунӣ. Албатта, он чӣ мегӯям, назари шахсии банда аст, на аз ҲНИТ аст ва на як мухолифи дигар. Назари шахсии худам аст. Шояд азизон бо ин назар мухолиф ҳам бошанд, вале ба ҳар сурат назарамро матраҳ мекунам.

Имрӯз ҳукумати кунунӣ дар сари як дуроҳӣ қарор дорад: ё ба ҳамин сиёсатҳояш идома диҳад, яъне сиёсати қалъу қамъ, инро бигиру ба зиндон андоз, ва ба он дигарӣ аз тариқи хонаводаҳояш фишор ворид соз, ки масалан чаро фарзанди ту ё бародари ту аз Урупо алайҳи ҳукумат ва “Пешвои миллат” суханронӣ ва фаъолият мекунад ва ин қабил рафторҳо… Ва роҳи дигар он ки: ба ҳамон шароити се сол пеш баргардад ва ба опозисиюн дар чорчӯби қонуни мавҷуд иҷозаи фаъолият бидиҳад.

Хуб, дар сурати аввал, яъне агар бихоҳад ба ҳамин сиёсатҳо идома диҳад, оё воқеан ин сиёсат ба ҷойе хоҳад расид ва натиҷа хоҳад дод ва ҷомеаро ба куллӣ аз вуҷуди мунтақид ва мухолиф холӣ хоҳад кард? Қатъан, ин сиёсат натиҷаеро дарбар нахоҳад дошт. Балки масъаларо печидатар карда ва садҳо дарди сар барои худи ҳукумат эҷод хоҳад кард. Билохира, намешавад шумо ниме аз ҷомеаро ба худатон душман кунед. Ин, на ба маслиҳати ҷомеа аст ва на ба маслиҳати ҳатто худи ҳукумат. Оё дар торих, ҳатто торихи муосир, мавридеро суроғ доред, ки ин навъ сиёсатҳо самара дода бошанд? Балки, якдафъа ва бидуни он ки пешбинӣ кунед, ҷомеа мунфаҷир мешавад. Аз назари фалсафаи торих, ва ҳатто фалсафаи морксистӣ, ин гуна сиёсат омили як инфиҷори иҷтимоӣ аст, ки паёмадҳои бас ногувореро дар пай хоҳад дошт.

Аммо агар роҳи дуюмро рафтед, яъне ба шароити қабл аз ду сол баргаштед ва ба мухолифони сиёсӣ, дар чорчӯби қонуни мавҷуд, иҷозаи фаолият додед, ва мухолифон, ки имрӯз дар Урупо ва ё соири кишварҳо ҳиҷрат кардаанд, ба миҳани худ баргарданд, дар ин сурат, аввалин касе, ки аз ин раванд фоида хоҳад кард, худи шумо ҳастед, яъне худи ҳукумати феълӣ. Магар ҲНИТ мухолифи риёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон буд? Магар ҲНИТ мехост ба роҳҳои ғайри мусолиматомез ҳукуматро қабза кунад? Шумо, қабл аз дигарон, хуб медонед, ки ҲНИТ ҳеч хатаре ҳатто ба ҳукумати шумо надошт.

Банда ба ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, як пешниҳоди холисона мекунам, воқеан мухлисона ва холисона, Худо гувоҳ аст!

Шумо, ақаллан як бор ҳам, ки шуда, бо чанд нафар одами оқил ва донишманд, на чоплус ва лаббайкгӯй, машварат кунед, назарашонро бихоҳед ва бипурсед, ки оё идомаи ин раванд ба нафъи ояндаи ҳукумати худи шумо ва чи басо яке аз фарзандонатон ҳаст ё нест?!

Он вақт, бибинед, чӣ мегӯянд? Як бор як таҳлили воқеъбинона кунед аз ин вазъи мавҷуд. Лаббайкгӯӣ ва хушомадгӯӣ ва чоплусии атрофиён ва ин ки агар ба ноҳияе меравед, ҳама ба истиқболи шумо меоянд ва кафкӯбӣ мекунанд ва ин қабил корҳо, набояд гӯлатон бизанад. Воқеият он нест, ки шумо фикр мекунед.

Ва инро бидонед, ки доштани мухолиф ва мунтақид, зомини бақои ҳукумати ҳатто худи шумост. Ин чанд ҷумларо, Худо гувоҳ аст, холисона гуфтам. Агар пазируфтед, ки чӣ хуб, вагарна, опозисиюн ба кори худ идома хоҳад дод ва ҳеч чиз монеъи ӯ нахоҳад шуд ва натавонад шуд.

Як бори дигар, тақдир ва ташаккури худро ба баргузоркунандагони ин гирдиҳамоӣ иброз дошта ва ба ҳамаи азизон орзуи муваффақият ва комёбӣ мекунам.

Саломат бошед!

Ва саллаллоҳу Таъоло ало хайри халқиҳи Муҳамадин ва олиҳи ва асҳобиҳ!

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: