Ислом ва Эронзамин (34)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (22)

Китобсӯзии Эрон ва Миср (3)

Ва аммо достони мамнӯъ будани таълиф ва тасниф дар ҷаҳони ислом, ки дар оғоз ба василаи халифаи дуввум эълом шуд ва то сад сол идома ёфт, ин достон низ шуниданӣ аст. Ҳарчанд мо дар бахши севвуми ин китоб, ки ба баёни хадамоти эрониён ба ислом мепардозем, дар бахши хадамоти фарҳангӣ таҳти унвони “Тадвин ва таълиф аз кай шурӯъ шуд?” дар бораи ин матлаб тавзеҳ хоҳем дод, вале ночорем дар ин ҷо ишора кунем, ки он чӣ ба халифаи дуввум мансуб аст, марбут аст ба китобати аҳодиси набавӣ.

Аз садри ислом миёни халифаи дувввум ва баъзе саҳобаи дигар аз як тараф, ва Алӣ ва баъзе саҳобаи дигар аз тарафи дигар, дар тадвин ва китобати аҳодиси набавӣ ихтилофи назар вуҷуд дошт.

Гурӯҳи аввал, ки халифаи дуввум дар раъси онҳо буд, истимоъ ва забту нақли аҳодисро биломонеъ медонистанд, аммо китобат ва тадвини онҳоро нописанд мешумурданд, ба узри ин ки бо Қуръон муштабаҳ нашавад, ва ё эҳтимом ба ҳадис, ҷойи эҳтимом ба Қуръонро нагирад. Вале гурӯҳи дуввум аз оғоз ба китобат ва тадвини аҳодиси набавӣ ташвиқ ва тарғиб карданд. Омма ба пайравӣ аз халифаи дуввум то як қарн ба тадвини ҳадис напардохт, аммо пас аз як қарн омма низ аз назари Алӣ пайравӣ кард ва назари халифаи дуввум дигар тарафдор надошт…

Пас, матлаб ин нест, ки тасниф ва таълиф дар миёни араб мутлақан ва дар бораи ҳар мавзӯъ мамнӯъ будааст ва мардуме, ки ба худашон иҷозаи таълиф ва тасниф намедоданд, ба тариқи авло таълифот ва таснифоти дигаронро маъдум мекарданд. Ин мамнӯият ё макрӯҳият марбут ба аҳодиси набавӣ буда, на чизи дигар ва рабте ба масъалаи мухолифат бо китоб ва навишта надорад.

Ҷорҷи Зайдон дар “Торихи тамаддуни ислом” ва дуктур Забеҳуллоҳи Сафо дар “Торихи улуми ақлӣ дар ислом” сухане дар ин замина доранд, ки дареғ аст нақлу нақд нашавад. Дуктур Сафо менависад:

Эътиқоди араб, монанди эътиқоди ҳамаи мусалмонон он буд, ки:

ان الاسلام يهدم ما قبله

“Ислом моқабли худро мунҳадим месозад”, ва ба ҳамин сабаб дар азҳони мусалмонон чунин русух карда буд, ки ҷуз ба Қуръон ба чизе назар накунанд, зеро Қуръон носихи ҳамаи китобҳо ва ислом носихи ҳамаи адён аст. Пешвоёни шаръи мубин ҳам мутолеаи ҳар китоб ва ҳатто ҳар китоби диниро ғайр аз Қуръон мамнӯъ дошта буданд. Гӯянд, рӯзе Пайғамбар (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи) дар дасти Умар варақае аз Таврот мушоҳида кард ва чунон ғазабнок шуд, ки осори ғазаб бар чеҳраи ӯ ошкор гардид, ва он гоҳ гуфт:

ألم آتكم بها بيضاء نقية والله لو كان موسى حيا ما وسعه الا اتباعي  

“Оё шариати дурахшон ва покиза барои шумо наёвардам? Ба Худо савганд, агар Мӯсо худ зинда мебуд, роҳе ҷуз пайравӣ аз ман надошт”. Ва низ ба ҳамин сабаб буд, ки Пайғамбар фармуд:

لا تصدقوا أهل الكتاب ولا تكذبوهم وقولوا آمنا بالذي أنزل علينا وأنزل اليكم والهنا والهكم واحد

“Аҳли китобро дар он чи ба номи дин мегӯянд, на тасдиқ кунед ва на такзиб. Бигӯед, ба он чи бар мо фуруд омада ва он чи ба сӯи шумо омада (на он чи аз пеши худ сохтаед) имон дорем, маъбуди мо ва шумо якест”. Аз ҷумлаи аҳодиси маъруф дар ин аҳд ин буд, ки:

كتاب الله فيه خبر ما قبلكم ونبأ ما بعدكم وحكم ما بينكم

“Дар китоби Худо ҳикояти гузаштагони пеш ва пешгӯии ояндаи шумо ва қонуни ҳоким миёни шумо ҳаст”. Нутқи Қуръони Карим ба ин ҳақиқат, ки:

ولا رطب ولا يابس الا في كتاب مبين

“Тару ё хушке нест, магар он ки дар китобе равшан вуҷуд дорад”, табъан мояи таҳкими чунин ақидае мешуд ва натиҷаи ин эътиқод, иктифо ба Қуръон ва аҳодис ва инсироф аз ҳамаи китобҳо ва осор буд…” (Забеҳуллоҳи Сафо, Торихи улуми ақлӣ дар ислом, с.32)

Ман ҳақиқатан аз ин мардони фозил дар шигифтам! Оё инон намедонанд, ки ҷумлаи:

ان الاسلام يهدم ما قبله

… нозир ба ин буда ва ҳаст, ки бо омадани ислом тамоми қавонин ва русум ва одоти гузашта мулғост? Ҳамаи мусалмонон аз садри ислом то кунун аз ин ҷумлаҳо ҷуз ин нафаҳмидаанд. Ин ҷумла эъломи беэътибор будани маросими динии ҷоҳилият, аъамм аз ҷоҳилияти ширк ё ҷоҳилияти аҳли китоб аст, ва рабте ба ғайри маросим ва сунани мазҳабӣ надорад, ҳамчунон ки мафҳуми ҷумлаи:

الاسلام يجب ما قبله

… ин аст, ки ислом рӯи гузаштаро мепӯшонад ва атфи ба мосабақ намекунад. Масалан, ҷинояте, ки агар дар ислом воқеъ шавад, қисос ё дияи хосс дорад, агар қабл аз ислом шахсе ва дар замони ширки ӯ сурат гирифта бошад ва ӯ баъд мусалмон шуда бошад, ислом атфи ба мосабақ намекунад. Ҳамаи мусалмонон аз ин ҷумлаҳо ин маъониро фаҳмида ва мефаҳманд. Инҳо куҷо ва маъонӣ мандароварди ин нависандагон куҷо?!

Ҳамчунон ки ҳадиси халифаи дуввум ба равшанӣ фарёд мекунад, ки Расули Худо фармудааст, бо омадани Қуръон ва шариати хатмия, Таврот ва шариати Мӯсо мансух аст. Пас, Пайғамбар мутолеаи ҳар китоб ҳатто китобҳои диниро манъ нафармуд, (балки) мутолеаи хусуси китобҳои осмонии мансухи гузаштаро манъ кард. Он ҳазрат барои ин ки мусалмонон шаройеъи мансухи гузаштагонро бо шариати ислом наёмезанд, онҳоро аз мутолеаи Таврот манъ фармуд. Ин ки Пайғамбар фармуд, он чӣ аз аҳли китоб мешунавед на тасдиқ кунед ва на такзиб низ нозир ба қасаси динӣ ва аҳёнан аҳкоми динӣ аст. Ҳазрат бо ин ҷумлаҳо ба онҳо фаҳмонид, ки дар дасти аҳли китоб росту дурӯғ баҳам омехтааст; чун шумо аҳли ташхис нестед, на тасдиқ кунед мабод, ки дурӯғеро тасдиқ карда бошед, ва на такзиб кунед мабод, ки ростеро такзиб карда бошед. Камо ин ки ҷумлаи “Дар Қуръон ҳикояти гузаштагон, пешгӯии оянда ва қонуни ҳоким миёни шумо ҳаст, ки дар Наҳҷул-балоға низ омадааст, нозир ба ҳикоёти динӣ, ояндаи ухравӣ ва қавонини мазҳабӣ аст ва мақсуд ин аст, ки: бо омадани Қуръон, шумо ба китоби осмонии дигаре ниёз надоред.

Аз ҳама музҳиктар тамассук ба ояти:

ولا رطب ولا يابس الا في كتاب مبين

“Тару ё хушке нест, магар он ки дар китобе равшан вуҷуд дорад” аст, ки то он ҷо, ки ман иттилоъ дорам, як нафар аз муфассирон ҳам ин ояро марбут ба Қуръон надонистааст, ҳама онро ба лавҳи маҳфуз тафсир кардаанд.

Тасаввури мусалмонон аз ин оят ва аз он аҳодис ҳаргиз он чизе набуда, ки ин оқоён фарз карда ва натиҷа гирифтаанд, ки ин оят ва он аҳодис заминаи фикрӣ ба мусалмонон медода, ки ғайри Қуръон ҳар китоберо дар ҳар фанне ва ҳар илме аз байн бибаранд.

* * *

Акнун навбати он аст, ки ба нақди далели чаҳоруми марҳум дуктур Муин бипардозем. Эшон ба шакле нақл кардаанд, ки гӯӣ Ибни Халдун қотеъона дар бораи китобсӯзии Эрон назар додааст ва гӯӣ дар нақли Абулфараҷ ибни Алибрӣ ва Абдуллатифи Бағдодӣ ва Қифтӣ ва Ҳоҷӣ Халифа ҳам ҳеч гуна халале нест! Дар сурате, ки эшон қатъан медонистаанд, ки муҳаққиқони Урупо ахиран бепоягӣ ва беасосии китобсӯзии Искандарияро ба василаи мусалмонон, ба вузуҳ ба исбот расонидаанд, вале эшон танҳо ба нақли инкори Шиблӣ Нӯъмон ва Минавӣ қаноат карда ва рад шудаанд, бидуни ин ки ба далелҳои қотеъи онҳо таваҷҷӯҳ кунанд.

Акнун мо ба таври хулоса назариёти муҳаққиқонро дар бораи китобсӯзии Искандария ба изофаи нукоте, ки ба назари худи мо расида нақл мекунем, сипас ба нақди он чӣ ба Ибни Халдун ва Ҳоҷӣ Халифа дар бораи китобсӯзии Эрон нисбат дода шуда мепардозем.

Ғолибан муддаиёни китобсӯзӣ дар Эрон, ба китобсӯзии Искандария истинод мекунанд. Бадеҳӣ аст, ки агар бесаводии араби ҷоҳилият, таҳқири омӯзгорӣ ба василаи фарде аз Қурайш, китобсӯзии Абдуллоҳ ибни Тоҳири эронӣ, китобсӯзии Қутайба ибни Муслим дар Хоразм сад сол баъд аз футуҳоти аввалияи исломӣ, далели китобхонасӯзии аъроби фотеҳи Эрон бошад, китобсӯзии Искандария ба василаи шахсияти оқил ва боҳуше назири Амр ибни Ос — ки тибқи нақл, аз маҳзари файласуфи он рӯзи Искандария баҳра мебурда ва бо ӯ муошират дошта — он ҳам ба фармони мустақими халифа аз маркази Мадина, на аз пеши худ (он чунон ки Қутайба ибни Муслим дар Хоразм кард), ба тариқи авло далели китобхонасӯзӣ дар Эрон бояд шумурда шавад! Аз ин рӯ, ҳамеша аз тарафи ин гурӯҳ китобсӯзии Искандария бо обутоби фаровон нақл мешавад.

Муқаддаматан бояд бигӯем, ки торихи ислом ва футуҳоти исломӣ, чӣ ба таври умум ва чӣ ба таври хусус (яъне футуҳоти як минтақаи хосс), аз охирҳои қарни дуввум тадвин шуда ва он китобҳо дар ихтиёри мост. Роҷеъ ба фатҳи Искандария бахусус, илова бар муаррихони исломӣ чанд нафар масеҳӣ низ фатҳи ин шаҳрро ба дасти аъроб, бо тафсили фаровон нақл кардаанд. Дар ҳеч як аз китобҳои исломӣ ё масеҳӣ ё яҳудӣ ва ғайри инҳо, ки қабл аз ҷангҳои салибӣ таълиф шуда, номе аз китобсӯзии Искандария ё Эрон дар миён нест.

Танҳо дар охирҳои қарни шашуми ҳиҷрӣ ва аввалҳои қарни ҳафтум аст, ки барои аввалин бор Абдуллатифи Бағдодӣ, ки марде масеҳӣ аст, дар китобе ба номи “Алифода вал-эътибор фил умурил мушоҳада вал ҳаводисил муъойна би арзи Миср” (ки мавзӯи он, умур ва ҳаводисест, ки шахсан мушоҳида кардааст ва дар ҳақиқат сафарнома аст) он ҷо, ки амудеро ба номи “Амудус саводӣ” дар маҳалли собиқи китобхонаи Искандария тавсиф мекарда гуфтааст:

Ва гуфта мешавад, ки ин амуд яке аз амудҳоест, ки бар рӯи онҳо равоқе устувор буда ва Арасту дар ин равоқ тадрис мекарда ва дорулилм буда ва дар ин ҷо китобхонае буда, ки Амр ибни Ос ба ишораи халифа онро сӯхтааст”.

Абдуллатиф беш аз ин намехоста бигӯяд, ки дар афвоҳи мардум (ва лобуд масеҳиёни ҳамкеши ӯ) чунин шойеъае бар сари забонҳост, бидуни он ки бихоҳад онро таъйид кунад. Зеро сухани худро бо “ва юзкару” (чунин гуфта мешавад, чунин бар сари забонҳост) оғоз кардааст.

Ҳама медонем, ки дар нақли ривояти торихӣ ё ҳадисӣ, ноқил агар санаде дошта бошад, матлабро бо зикри санад нақл мекунад, он чунон ки Табарӣ аз муаррихон ва ҳамчунин ғолиби муҳаддисон анҷом медиҳанд. Беҳтарин навъи нақл ҳамин навъ аст; хонандаро имкон медиҳад, ки дар сиҳҳату суқми нақл таҳқиқ кунад. Ва агар санадро саҳеҳ ёфт, бипазирад. Ва агар ноқил бидуни зикри санад ва маъхаз нақл кунад, ду гуна аст: гоҳе ба сурати “ирсоли мусаллам” нақл мекунад; масалан мегӯяд, дар фалон сол фалон ҳодиса воқеъ шуд, ва гоҳ мегӯяд: гуфта мешавад, ё гуфта шудааст, ё чунин мегӯянд, ки дар фалон сол фалон ҳодиса воқеъ шуд.

Агар ба сурати аввал баён шавад, нишонаи ин аст, ки худи гӯянда ба он чӣ нақл карда эътимод дорад, вале албатта дигарон ба ин гуна нақлҳо — ки мадрак ва маъхаз ва санад нақл нашуда — эътимод намекунанд. Уламои ҳадис чунин аҳодисеро мӯътабар намешуморанд. Муҳаққиқони урупоӣ низ ба нақлҳои торихӣ бидуни мадрак ва маъхаз эътиное намекунанд ва онро ғайримӯътабар мешуморанд.

Ҳаддиаксар ин аст, ки мегӯянд, фалон шахс чунин нақле дар китоби худ карда, аммо маъхаз ва мадрак нишон надода, яъне эътибори торихӣ надорад.

Аммо агар ба сурати дуввум баён шавад, ки худи ноқил ба сурати “гӯянд” ё “чунин мегӯянд” ё “гуфта шудааст” ва амсоли инҳо (ба истилоҳ, бо сиғаи феъли маҷҳул) баён кунад, нишони ин аст, ки ҳатто худи гӯянда низ эътиборе барои ин нақл қоил нест.

Иддае мӯътақиданд, ки калимаи “қила” (гуфта шудааст) дар нақлҳо, танҳо нишонаи адами эътимоди ноқил нест, (балки) ишора ба беэътибории он низ ҳаст.

Абдуллатиф ин достонро ба сурати севвум нақл карда, ки лоақал нишонаи он аст, ки худи ӯ ба он эътимод надоштааст. Ба илова, баъид аст, ки Абдуллатиф ин қадр беиттилоъ буда, ки намедонистааст Арасту пояш ба Миср ва Искандария нарасида, то чӣ расад, ки дар он равоқ тадрис карда бошад! Балки асосан Искандария баъд аз Арасту таъсис шуда, зеро Искандария баъд аз ҳамлаи Искандар ба Миср таъсис шуд. Тарҳи ин шаҳр дар замони Искандар рехта шуд ва шояд ҳам дар замони ӯ оғоз ба сохтмон шуд ва тадриҷан ба сурати шаҳр даромад. Арасту муосири Искандар аст.

Пас, хоҳ Абдуллатиф шахсан ба ин нақл эътимод дошта ва хоҳ надоштааст, ин нақл заъфи мазмунӣ дорад. Яъне муштамил бар матлабест, ки аз назари торихӣ қатъан дурӯғ аст, ва он, тадриси Арасту дар равоқ аст. Агар як нақл ва як ривоят муштамил бар чанд матлаб бошад, ки бархе аз онҳо қатъан дурӯғ бошад, нишонаи ин аст, ки боқӣ ҳам аз ҳамин қабил аст. Сӯхта шудани китобхонаи Искандария ба василаи мусалмонон, аз назари эътибор назири тадриси Арасту дар он маҳалл аст.

Пас, нақли Абдуллатиф, ҳам заъфи санад дорад, зеро фоқиди санад ва мадрак аст, ва ҳам заъфи мазмунӣ дорад, зеро муштамил бар як дурӯғи возеҳ аст, ва ҳам заъфи баёнӣ дорад, зеро ба гунае баён шуда, ки нишон медиҳад, худи ӯ ҳам ба он эътимод надорад.

Илова бар ҳамаи инҳо, агар Абдуллатиф дар асри фатҳи Искандария мезист (қарни аввали ҳиҷрӣ) ва ё лоақал дар асри муаррихоне мезист, ки футуҳоти исломӣ аз ҷумла фатҳи Искандарияро ба тариқи ривоят аз дигарон дар китобҳои худ гирд овардаанд (қарни дуввум то чаҳоруми ҳиҷрӣ), ин эҳтимол мерафт, ки иттифоқан Абдуллатиф бо афроде бархӯрда, ки бевосита ё маъалвосита шоҳиди ҷараён будаанд ва барои Абдуллатиф нақл кардаанд ва дигарон ба чунин афроде барнахӯрдаанд. Вале Абдуллатиф китоби худро дар охирҳои қарни шашум ва аввалҳои қарни ҳафтум таълиф кардааст. Яъне бо ҳодисаи фатҳи Искандария, ки дар ҳудуди солҳои 17 ва 18 ҳиҷрӣ воқеъ шуда наздик ба 600 сол фосила дорад. Ва дар ҳамаи ин 600 сол дар ҳеч китоби торихӣ ва аз забони ҳеч муаррихе аъамм аз мусалмон ва масеҳӣ ва яҳудӣ ва ғайра дида ва шунида нашуда, якмартаба баъд аз ин муддати тӯлонӣ дар китоби Абдуллатиф дида мешавад” Ин ҷиҳат нақли Абдуллатифро аз ҳадди як нақли бесанад (ва ба истилоҳ “хабари мурсал”) ҳам поинтар мебарад ва ба сурати нақле дармеоварад, ки қароини хориҷӣ бар дурӯғ будани он ҳаст.

Аз ҳамаи инҳо болотар ин ки таворих шаҳодат медиҳанд, ки асосан китобхонаи Искандария чандин бор қабл аз он ки Искандария ба дасти мусалмонон фатҳ шавад, мавриди тороҷ ва яғмо ва ҳариқ воқеъ шуда ва ҳангоме, ки мусалмонон Искандарияро фатҳ карданд, асосан китобхонае ба сурати собиқ вуҷуд надошт ва танҳо китобҳое дар дасти афроде буда, ки мусалмонон дар қарнҳои дуввум то чаҳоруми ҳиҷрӣ аз он китобҳо истифода карданд.

Ин ҷо бори дигар масали маъруф мисдоқ пайдо мекунад, ки шахсе гуфт: “Имомзода Яъқубро гург бар рӯи манора дарид”. Дигаре гуфт: “Имомзода набуд ва пайғамбарзода буд, Яъқуб набуд ва Юсуф буд, болои манора набуд ва таҳи чоҳ буд, тоза асли матлаб дурӯғ аст, гург Юсуфро надарид. Ман ин ҷо зимоми суханро ба Вил Дуронт, муаррихи маъруфи ҷаҳонии торихи тамаддун медиҳам. Вил Дуронт мегӯяд:

Аз ҷумлаи далоили заъфи ин ривоят (ривояти Абдуллатиф) ин аст, ки:

1) Қисмати муҳимми китобхонаи Искандарияро масеҳиёни мутаассиб ба даврони усқуф Туфинис ба соли 392 мелодӣ (дар ҳудуди 250 сол қабл аз фатҳи Искандария ба дасти мусалмонон) сӯзонида буданд;

2) Дар муддати панҷ қарн, ки аз вуқӯъ то сабти ҳодисаи мафруз дар китоби Абдуллатиф фосила буд, ҳеч як аз муаррихон дар бораи он сухан наёвардаанд, дар сурате, ки Уткиюси масеҳи, ки ба соли 322 ҳиҷрӣ (933 мелодӣ) усқуфи бузурги Искандария буд, фатҳи ин шаҳрро ба дасти аъроб бо тафсили фаровон нақл кардааст. Ба ҳамин ҷиҳат, ғолиби муаррихон ин қазияро намепазиранд ва онро афсона мепиндоранд. Нобудии китобхонаи Искандария, ки ба тадриҷ анҷом шуд, аз ҳаводиси ғамангези торихи ҷаҳон буд”. (Торихи тамаддун, ҷ.11, с.219)

Вил Дуронт мароҳили тадриҷии нобудии ин китобхонаро ба василаи масеҳиён дар “Торихи тамаддун” зикр кардааст. Алоқамандон метавонанд ба муҷалладоти шашум ва нӯҳум ва ёздаҳуми тарҷумаи форсии “Торихи тамаддун” муроҷеа кунанд.

Густов Ле Бун (Gustave Le Bon) дар “Тамаддуни ислом ва араб” мегӯяд:

Сӯзонидани китобхонаи Искандария, ки онро ба фотеҳини ислом нисбат додаанд, ҷойи басе тааҷҷуб аст, ки якчунин афсонаи мавҳумӣ чӣ гуна дар ин муддати мутамодӣ ба шӯҳрати худ боқӣ мондааст ва онро талаққӣ ба қабул намудаанд. Вале имрӯз бутлони ин ақида ба субут пайваста ва маълум ва муҳаққақ гардидааст, ки худи насоро пеш аз ислом ҳамчунон ки ҳамаи маъобид ва худоёни Искандарияро бо камоли эҳтимом мунҳадим намудаанд, китобхонаи мазбурро низ сӯзонида бар бод доданд, чунонки дар замони фатҳи ислом аз китобҳои мазбур чизе боқӣ намонда буд, то онро тӯъмаи ҳариқ созанд. Шаҳри Искандария аз замони бинои он, ки дар 332 пеш аз мелод сурат гирифта то замони фатҳи мусалмонон, яъне то муддати ҳазор сол, яке аз шаҳрҳои муаззам ва муҳимми дунё ба шумор мерафт. Дар асри мулуки Батолиса тамоми ҳукамо ва фалосифаи дунё дар ин шаҳр ҷамъ шуда, мадорис ва китобхонаҳои муҳимме таъсис карда буданд, вале он тараққиёти илмӣ он қадр давом пайдо накард, чандон ки дар соли 48 қабл аз Масеҳ румиён таҳти сардории Сезор ба Искандария ҳамла бурда латмаи зиёде ба ҳаёти илмии он ворид сохтанд. Агарчӣ дар салтанати румиён дубора ин шаҳр тараққӣ карда аҳаммияте басазо пайдо намуд, лекин ин тараққӣ муваққатӣ будааст, зеро дар аҳолӣ ҷунуни муноқишоти мазҳабӣ пайдо шуда ва бо вуҷуди ҷилавгириҳои саффоконаи имперотурони Рум, рӯзона бар шиддати он меафзуд, то замоне, ки диёнати Масеҳ мазҳаби расмии мамлакат қарор гирифт. Он вақт Теодор ҳукм кард, тамоми маъобид ва муҷассамаҳои худоён ва китобхонаҳои бутпарастонро бо хок яксон намуданд”. (Торихи тамаддуни ислом ва араб, сс.263-265)

Шаҳри Искандария, ки ҳамакнун аз шаҳрҳои мӯътабари Миср аст, ба василаи Искандар дар чаҳор қарн қабл аз мелоди Масеҳ сохта ва ё тарҳрезӣ шуд ва ба ҳамин ҷиҳат номи Искандария ёфт.

Хулафои Искандар дар Миср, ки онҳоро “батолиса” мехонанд, дар он шаҳр музей ва китобхона ва дар ҳақиқат “академия” таъсис карданд, ки ба сурати як ҳавзаи илмии азим даромад. Бисёре аз донишмандони Искандария бо акобири Юнон баробарӣ мекунанд ва аз машоҳири илмии ҷаҳонанд.

Ҳавзаи Искандария аз қарни севвум ва дуввум қабл аз мелод оғоз шуда ва то қарни чаҳорум баъд аз мелод идома ёфт. Миср ба таври куллӣ дар давраи Искандар ва хулафояш зери нуфузи сиёсии Юнон буд. Баъд, ки тамаддуни юнонӣ ба уфул гароид ва миёни Рум — ки марказаш Руми феълӣ дар Итолиё буд — бо Юнон ҷанг даргирифт ва Рум бар Юнон ғалаба кард, Миср ва Искандария низ таҳти нуфузи сиёсии Рум воқеъ шуд. Давлати Рум дар ҳудуди чаҳор қарн баъд аз мелод мунқасим шуд ба Руми шарқӣ, ки марказаш Қустантиния (Истамбули феълӣ) буда ва Руми ғарбӣ, ки марказаш Рум дар Итолиё будааст. Руми шарқӣ ба масеҳият гароид, ва масеҳият, ҳам рӯи тамаддуни Юнон ва ҳам рӯи тамаддуни Рум асари манфӣ гузошт, ва қуруни вустои ғарбӣ, ки давраи инҳитоти ғарб аст, тақрибан аз ҳамин вақт (аз инқисоми Рум ба шарқӣ ва ғарбӣ) оғоз мешавад.

Пас аз гароиши Руми шарқӣ ба масеҳият, сояи масеҳият — ки тадриси улум ва фалсафаро бар хилофи усули дини Масеҳ медонист ва уламо ва фалосифаро кофир ва гумроҳ ва гумроҳкунанда мешумурд — бар ҳавзаи Искандария сангинӣ кард ва дастбурдҳо ва тороҷҳо ва сӯзониданҳои мутановиби ин китобхона бори дигар баъд аз ҳамлаи Сезор дар 48 мелодӣ оғоз гашт.

Қустантини аввал, имперотури Руми шарқӣ, аввалин имперотурест, ки ба масеҳият гароид. Жустинин (Justinian) аз ахлофи Қустантин, дар қарни шашуми мелодӣ ҳавзаи Афинаро расман таътил кард ва қаблан дар қарни чаҳорум ҳавзаи Искандария таътил ва ё тазъифи комил шуда буд. Таътили ҳавзаи Афина дар соли 529 мелодӣ сурат гирифт, яъне 41 сол қабл аз таваллуди Расули Акрам ва 81 сол қабл аз беъсати эшон ва 94 сол қабл аз ҳиҷрат ва 105 сол қабл аз реҳлати эшон ва 120-у анд сол қабл аз фатҳи Искандария ба дасти мусалмонон.

Аз маҷмӯи он чӣ гуфтем маълум шуд, ки ин китобхонаро бутпарастон ва мушрикон таъсис карданд ва масеҳиён онро аз байн бурданд, вале баъд аз ҷангҳои салибӣ миёни масеҳиён ва мусалмонон, ки дар ҳудуди 200 сол тӯл кашид (қарни панҷум ва шашуми ҳиҷрӣ) масеҳиён аз як тараф бо тамаддун ва фарҳанги исломӣ ошно шуданд ва ин тамаддун ба онҳо огоҳӣ дод, ва аз тарафи дигар пас аз шикасти ниҳоӣ аз мусалмонон сахт кинаи мусалмононро дар дилҳои худ пухтанд ва ба ҷанги аъсоб алайҳи мусалмонон даст заданд. Он андоза алайҳи ислом ва Қуръон ва Расули Акрам ва мусалмонон шойеъа сохтанд, ки мӯҷиби шармсории мутамаддинҳои масеҳии қуруни ҷадида аст ва мебинем, ки ба ҷуброни мофот “Узри тақсир ба пешгоҳи Муҳаммад ва Қуръон” (китобе ба ҳамин унвони таълифи Ҷон Девинпурт (John Davenport)) менависанд. Шойеъаи китобсӯзиҳо ба василаи мусалмонон ҷузъи ҳамин шойеъот аст, ки аҳёнан бархе аз мусалмонон низ аз қарни ҳафтум ба баъд бидуни ин ки шойеъаҳоро бидонанд, ба сурати “шойеъ аст” ё “гуфта мешавад” ё “чунин ривоят мешавад” дар китобҳои худ мунъакис кардаанд, ғофил аз он ки созандаи шойеъа масеҳиёни салибӣ мебошанд ва ангезаашон бадном кардани мусалмонон аст. Ва дар қарни ахир, ки истеъмор барангехтани эҳсосоти миллии мусалмононро алайҳи ислом ва мусалмонони садри аввал дар садри барномаи худ қарор дода, амсоли Пурдовуд ин афсонаро ба сурати як ҳодисаи торихӣ дароварданд ва ба нақлҳое назири нақл Абдуллатиф пару бол доданд ва ба сурати як нақли торихӣ ба хӯрди донишомӯзон ва донишҷӯёни бехабар доданд.

То ин ҷо сухани Абдуллатифро нақл ва баррасӣ кардем. Акнун ба нақди сухани Абулфараҷ ибни Алибрӣ бипардозем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: