Чаро Қатар дар муқобили хостаҳои чаҳор кишвари арабӣ кӯтоҳ наомад?

Саранҷом пас аз гумоназаниҳо дар бораи шартҳои Арабистон ва муттаҳидонаш алайҳи Қатар ва поёни зарбулаҷал барои посухгӯӣ ба ин хостаҳо, Дуҳа бо радди ба ин дархостҳо, ба ҳама ин гумоназаниҳо хотима дод.

Он тавр, ки расонаҳо муҳтавои посухи Қатар ба дархости ин чаҳор кишварро мунташир карданд, Дуҳа низ дар муқобил бо тарҳи як саре дархостҳо тӯпро дар замини ҳариф андохт ва дар ҳадди як муддаӣ зоҳир шуд.

Тасаввури аввалии Арабистон ва муттаҳидонаш ин буд, ки бо фишорҳои густардаи расонаӣ хоҳанд тавонист Дуҳаро маҷбур ба ақибнишинӣ кунанд, вале баъд аз гузашти муддате, ин фишорҳо ҷавоб надод. Дар гоми баъдӣ, ин чаҳор кишвари арабӣ ба қатъи равобити диплумотик ва фишорҳои иқтисодӣ алайҳи Қатар рӯй оварданд, то ин кишвари кучакро водор ба таслим кунанд, ки ин тарҳ ҳам муҳаққақ нашуд ва саранҷом бо таъйини як зарбулаҷали 10-рӯза ва тамдиди ду рӯзаи он низ натавонистанд ба аҳдофи худ бирасанд ва дар ниҳоят бо посухи манфии Дуҳа мувоҷеҳа шуданд.

Арабистон ва муттаҳидонаш эълом карданд, ки ҳадафи онҳо тағйири рӯйкарди сиёсии Дуҳа аст ва ин кишвар бояд даст аз он чи “ҳимоят аз теруризм” ва низ ҳимояти ин кишвар аз гурӯҳҳои теруристӣ мехонанд, поён диҳад.

Арабистон дар ҳоле Қатарро ба ҳимоят аз теруризм муттаҳам мекунад, ки худаш ҳамчунон ба ҳимояти молӣ ва таслиҳотӣ аз теруристҳо дар Сурия идома медиҳад, ки бо ин ҳисоб муборизаи ин кишвар бо теруризм, бештар дар ҳарф боқӣ мемонад, то дар амал. Нақши ин кишвар дар ҳаводиси 11 сентябр ва низ тарвиҷи афкори ифротӣ дар минтақа ва ҷаҳон амре нест, ки бар касе пӯшида бошад.

Арабистон, ки аз нуфузи рӯ ба рушди Қатар дар минтақа нигарон аст, то ин ҷои бозӣ, бозандаи майдон будааст; на метавонад дар муқобили Қатар кӯтоҳ биёяд ва на то кунун тавониста Қатарро ба пазириши он чи хоста мутақоид кунад. Тадовуми ин бӯҳрон ҳам қатъан ба салоҳи ин кишвар нахоҳад буд.

Аз ибтидо мушаххас буд, ки Қатар ба хостаҳои 13-гонаи матраҳшуда тан нахоҳад дод ва ба гуфтаи вазири хориҷаи Қатар, “ин хостаҳо бо ин ҳадаф тарҳ шуда буд, ки Дуҳа ба он посух манфӣ бидиҳад”.

Қатар бо дарки шароити Арабистон дар минтақа, ки даргири парвандаҳои минтақаӣ аст ва амалан дар Яман ва Сурия бо шикаст мувоҷеҳ шудааст ва низ наздикӣ ба кишварҳои мухолифи сиёсатҳои Арабистон аз ҷумла Русия, Туркия ва Эрон, тавонист худро андаке аз зери бори ин фишорҳо раҳо кунад.

Қатар дар пайи фишорҳои иқтисодӣ ва таҳрими ин кишвар низ бахше аз ниёзҳои худро аз Туркия ва Эрон таъмин кард, то тарҳҳои Арабистон ва муттаҳидонашро хунсо кунад. Ин вазъият то ба-дон ҷо пеш рафта, ки кишварҳои урупоӣ низ аз Арабистон мехоҳанд, ки ба ихтилофи худ бо Қатар поён диҳад. Ва ин нишон медиҳад, ки кишварҳои урупоӣ низ хоҳони густариши ин бӯҳрон нестанд. Омрикоиҳо низ агарчи ба амалкарди Қатар дар минтақа интиқод доранд ва саъй мекунанд, ки дар баёни мавозеъ то андозае ҷониби Арабистони Саудиро нигаҳ доранд, вале Вошингтун низ хоҳони густариши ин бӯҳрон нест ва қарор аст вазири хориҷаи Омрико рӯз душанбе бо ҳадафи ҳалли ин бӯҳрон, ба минтақа сафар кунад, то роҳе барои он биёбад.

Ҳол, ки Қатар бо ин дархостҳо мухолифат кард, барномаи Арабистон ва дигар муттаҳидонаш алайҳи Дуҳа чӣ хоҳад буд?

Он тавр, ки вазири хориҷаи Арабистон матраҳ карда, фишорҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ алайҳи Қатар идома хоҳад дошт, чаро ки дасти Арабистон ончунон боз нест, ки битавонад тарҳҳои худро алайҳи Қатар пиёда кунад.

Одил ал-Ҷубайр, вазири хориҷаи Арабистон, пас аз поёни зарбулаҷал алайҳи Қатар ва радди ин дархостҳо аз сӯи Дуҳа, гуфт, ки ҳадаф тағйири сиёсати Қатар аст ва ин таҳрим ва муҳосира то таъдили сиёсатҳои ин кишвар ба қуввати худ боқист.

Ҳатто ҳарфу ҳадис дар бораи “таълиқи узвият”-и Дуҳа дар Шӯрои ҳамкории халиҷи Форс бо таваҷҷӯҳ ба мавзеъи ду кишвари Уммон ва Кувайт амалӣ ба назар намерасад, зеро ин шӯро барои дастёбӣ ба ин амр ба иҷмоъ ниёз дорад, ки баъид аст Уммон ва Кувайт бо он мувофиқат кунанд.

Аз сӯи дигар, гузинаи низомӣ ҳам алайҳи ин кишвар бо вуҷуди ҳузури низомии Омрико дар Қатар ва низ ҳузури низомии Туркия дар ин кишвар, баъид ба назар мерасад ва танҳо гузина ва аҳруми фишори Арабистон ва муттаҳидонаш ба фишорҳои иқтисодӣ алайҳи ин кишвар ва низ шуракои тиҷории ин кишвар маҳдуд хоҳад шуд. Ва дар ин росто Қатар бо дарки ин шароит, саъй дорад, ки доираи мухолифони тарҳи муҳосираи иқтисодӣ алайҳи ин кишварро бештар кунад ва ин корро бо таҳаррукоти диплумотик шурӯъ карда ва дар айни ҳол парвандаи гуфтугӯ бо ин кишварҳоро боз гузошта, то зимни ҳифзи мавозеъи худ ва адами имтиёздиҳии чашмгир ба тарафи муқобил, бозии тарафи муқобилро ба ҳам бизанад, чаро ки медонад ҳар гуна имтиёздиҳӣ дар шароити феълӣ ба тарафи муқобил, ба маънои эътои имтиёзҳои чашмгире дар оянда аст, чаро ки ин кишварҳо ба ин ҳадд розӣ нахоҳанд шуд ва гом ба гом ва ба тадриҷ хостаҳои худро ба пеш хоҳанд бурд.

Ва шояд асли моҷаро чизи дигаре бошад, шояд қатариҳо дарёфтанд, ки барномаи аслии Арабистон ва муттаҳидонаш алайҳи ин кишвар, он чи нест, ки дар зоҳир унвон кардаанд ва ҳадафи онҳо фаротар аз ин амр яъне ҳадаф гирифтани асли ҳокимияти ин кишвар ва тағйири ҳокимият аст. Ва ба ҳамин далел, Дуҳа бо огоҳӣ аз ин амр ва низ бо таъкид бар ин ки ин хостаҳо истиқлол ва ҳокимияти сиёсии ин кишварро зери суол мебарад, аз ҳамон ибтидо мухолифат кард; мавзӯе, ки Шайх Муҳаммад бен Абдурраҳмон Оли Сонӣ, вазири хориҷаи Қатар дар мусоҳиба бо шабакаи CNN низ бар ин масъала таъкид кард ва гуфт, ки дар бораи мавзӯъоте, ки истиқлоли ин кишварро ба бозӣ бигирад, вориди гуфтугӯ нахоҳанд шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба матолиби фавқ, метавон ба ин натиҷа расид, ки гарчи фишорҳо ва таҳримҳои иқтисодӣ Дуҳаро бо мушкилоте мувоҷеҳ карда, вале ин аҳрумҳои фишор бар хилофи тасаввури Арабистон ва муттаҳидонаш, аввалан, дар он сатҳе нест, ки Дуҳаро ба таслим водор кунад. Ва сониян, мавзеъи кишварҳои ғарбӣ алайҳи ин кишвар низ чандон сахтгирона ва шадид ба назар намерасад, ки Дуҳаро дар тангно қарор диҳад ва Қатар бо илм ва огоҳӣ ба ин мавзӯъ ва заъфи Арабистон дар пешбурди парвандаҳои минтақа, бар мавзеъи худ исрор дорад ва ҳозир нест аз хостаҳои худ кӯтоҳ биёяд.

Солисан, Арабистон ҳам дар ҳамроҳ кардани афкори умумии дохилӣ ва минтақаӣ барои таҳмили фишорҳои иқтисодӣ алайҳи Қатар ноком мондааст ва натавониста ба ҷуз чанд кишвар, дигар кишварҳоро дар ин роҳ бо худ ҳамроҳ кунад ва ҳам натавониста ризояти кишварҳои урупоӣ ва ғарбиро ҷалб кунад, чаро ки кишварҳои ғарбӣ эътиқод доранд, ки сиёсатҳои Риёз, натиҷаи акс дода ва бар хилофи тасаввур инҳо, на танҳо Қатар ақибнишинӣ накарда, балки Дуҳаро ба Теҳрон наздик кардааст; чизе, ки ҳам ғарбиҳо аз он ваҳшат доранд ва ҳам худи кишварҳои таҳримкунанда.

Tasnimnews

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: