Эрон, Омрико ва ҷаҳон

Ба қалами Роберт Фонтино (ROBERT FANTINA)

Ишора: Роберт Фонтино (ROBERT FANTINA), нависанда ва рӯзноманигори машҳури омрикоӣ, ки ҳафтаи гузашта барои ширкат дар нишасти “Омрико, ҳуқуқи башар ва гуфтумони султа” дар Донишкадаи мутолеоти ҷаҳони Эрон, ба ин кишвар сафар карда будааст, дар бозгашт ба кишвараш, дар гузорише таҷрибаи худ аз ҳузур дар Эронро шарҳ додааст. Ин гузориш дар сойти Counterpunch мунташир шудааст, ки дар зайл қисмате аз онро хоҳем овард:

* * *

Ҷеймз Мэттис (James Mattis), вазири дифои Омрико, дар ҳоле, ки сари худро боло нигаҳ дошта буд, Эронро “аслитарин давлати ҳомии теруризм” тавсиф кардааст. Ин суханони касест, ки кишвараш дастикам 6 кишварро бомбборон кардааст.

Як ҳафта пеш, ман фурсати сафар ба Эрон барои ҳузур дар Конфронси “Иёлоти Муттаҳида, ҳуқуқи башар ва гуфтумони султа”-ро, ки дар 2 июл дар Теҳрон баргузор шуд доштам. Ҳарчанд, ки танҳо 4 рӯз дар Эрон будам ва танҳо аз ду шаҳр (Теҳрон ва Машҳад) боздид кардам, аммо (ин муддат) беш аз замоне аст, ки аксари мардуме, ки ба суханони берабт ва аҷиби Мэттис гӯш медиҳанд, дар Эрон гузарондаанд. Дар натиҷа бардоштҳои ман мумкин аст то ҳадде арзишманд бошанд.

Теҳрон шаҳре шулуғ ва пурҳаёҳу аст, ноҳияи тиҷории шаҳр пурсару садо, пуриздиҳом ва ҳаяҷонбарангез аст, ва тафовути чандоне бо дигар шаҳрҳои бузурги Иёлоти Муттаҳида ё Урупо, ки аз онҳо дидан кардаам, надорад.

Ман шоҳиди заноне будам, ки анвоъи мухталифи пӯшишро доштанд, албатта, ҳама рӯсарӣ ба сар доштанд, ҳамон гуна, ки илзомӣ аст, аммо фаротар аз он, онҳо шалворҳои ҷин, шалворҳои роҳатӣ, кафши варзишӣ ва кафшҳои пошнабаланд ба по карда ва аз ҳар гуна мӯде, ки дар ҷоҳои дигар мушоҳида мешавад, пайравӣ мекунанд.

Бар асоси гардишам дар ҳар ду шаҳр, шоҳиди заноне будам, ки ронандагӣ мекарданд; гоҳе авқот ба танҳоӣ, гоҳе авқот бо дигари занон ва гоҳе авқот бо дигар мардон. Илова бар он, заноне дорои мадраки дуктуро дар конфронс ҳозир шуданд ва ман бо як зани ҷавон, ки дар ҳоли таҳсил дар мақтаъи дуктуро дар Донишгоҳи Теҳрон буд, мулоқот кардам. Бояд ба ин нукта ишора кунам, ки ҳеч кадом аз ин вазъиятҳо дар Арабистони Саудӣ қобили мушоҳида нест; кишваре, ки дорои равобити комили диплумотик бо Иёлоти Муттаҳида аст.

Ҳутеле (меҳмонхонае), ки дар Теҳрон ва Машҳад дар он иқомат доштам, ҳар ду мудерн буданд ва ҳутеле, ки дар Машҳад буд, аз назари кайфият ва имконот фавқулъода буд. Чароғҳо дар роҳравҳо ҳангоме, ки ҳаракате анҷом мешуд, равшан мешуданд, ва дар натиҷа замоне ки ниёз буд, равшан мешуданд ва итлофи энержии барқро коҳиш медоданд. Ин чароғҳо ба шакли зебое дар ҳама ҷо вуҷуд доштанд.

Дар авқоте, ки дар Теҳрон будам, як афсари пулисро дидам, ки дар ҳоли ҳидояти трофик буд, надидам, ки ин афсар мусаллаҳ бошад. Ман як сарбози мусаллаҳро дар фурудгоҳи Машҳад дидам, ҳам дар замони вуруд ва ҳам ҳангоми тарки он ҷо. Ман ду сарбози дигарро дидам, ки ба назар мерасад дар мураххасӣ буданд ва мунтазири парвози худ дар Машҳад буданд. Ба ғайр аз он, ман шоҳиди ҳузури низомиён дар ҳеч кадом аз шаҳрҳо набудам.

Ман мардум (-и Эрон)-ро меҳрубон ёфтам. Ҳарчанд дар тамомии фаъолиятҳо роҳнамо доштам, аммо ин роҳнамоҳо дар парвоз аз Машҳад ҳамроҳи ман набуданд. Пеш аз савор шудан ба парвоз, роҳнамои ман, аз гурӯҳе аз афрод дархост кард, ки оё касе метавонад дар масири бозгашт ба Теҳрон, ба ман кӯмак кунад, барои ин ки битавонам робити худ дар Теҳронро биёбам?! Замоне, ки дархости худро матраҳ мекард, ман мутаваҷҷеҳ намешудам, ки чӣ чизе мегӯяд. Як марди бовиқор, ки то ҳадде метавонист ангилисӣ сӯҳбат кунад, довталаби ин кор шуд ва роҳнамои ман он чиро, ки рух дод бароям тавзеҳ дод.

Ман аз кӯмаки ин фарди бовиқор ташаккур кардам. Пас аз он, ҳангоми расидан ба Теҳрон, мутаваҷҷеҳ шудам, ки кифи пул ва гӯшии телефони ҳамроҳи худро дар бахши амниятии фурудгоҳи Машҳад ҷо гузоштаам. Он фарди бовиқор, ки довталаби кӯмак ба ман шуд, ба роҳнамоям дар Машҳад занг зад, ва вай ба фурудгоҳ бозгашт ва ашёи гумшудаи манро пасгирифт ва онҳоро бароям фиристод. Он фарди довталаб то замоне, ки роҳнамоям дар Теҳронро биёбам, канори ман боқӣ монд.

Шояд барои бархеҳо ҷолиб бошад, аммо ба ҳар куҷои аз ин ду шаҳр, ки мехостам, рафтам ва ҳамроҳи гурӯҳе, ки будам, аз ғизоҳо ва мушоҳидаи амокини диданӣ бидуни ҳеч маҳдудияте лаззат бурдам.

Мумкин аст ин пурсиш ба зеҳни касе биёяд, ки оё чизе вуҷуд дошт, ки дар Омрико таҷриба карда ва дар Эрон таҷриба накарда бошам?! Барои намуна, тайи замоне, ки он ҷо будам, ҳеҷ фарди ғайримусаллаҳе тавассути пулис кушта нашуд. Ҳеч тирандозии густардае дар мадорис ё амокини тиҷорӣ анҷом нашуд. Ҳасан Руҳонӣ, раисиҷумҳури Эрон худ ва кишварашро дар саҳнаи байналмилалӣ шармсор накард. Вай алайҳи ҳеч кишвари дигаре таҳдид ба тағйири режим накард. Ҳеҷ хабаре дар бораи талоши мақомоти кишвар барои маҳрум кардани шаҳрвандон аз муроқибатҳои беҳдоштӣ вуҷуд надошт.

Дар радди баёнияи гиҷкунандаи оқои Мэттис бояд гуфт, Эрон зарфи 200 сол ба ҳеч кишваре лашкаркашӣ накардааст, дар ҳоле ки Омрико бо торихи 241-солаи худ, бо ҳудуди 220 кишвар ҷангида.

Ҳол, бояд пурсид: кадомин кишвар ҳомии асосии теруризм ба шумор меояд? Оё кишваре, ки таҳдид ба тағйири режим дар кишваре мекунад, ки 200 сол аст ба ҳеч кишваре лашкаркашӣ накарда, ё кишваре ки ҳаминак дар ҳоли бомбборони 6 кишвар аст?

Албатта, ақли салим ҳукм мекунад, кишваре ҳомии теруризм аст, ки бомбборон мекунад. Ва дар ин сурат ин суол худнамоӣ мекунад, ки: пас чаро Омрико мехоҳад ҷаҳониёнро мутақоид кунад, ки Эрон дар ҳоли судури теруризм аст, дар ҳоле ки дастони худаш ба он олуда аст?

Ҷавоби инро ман медонам, ва он ин ки: Омрико намехоҳад дар Ховари Миёна ҳеч кишваре ба ҷуз Исроил қудратманд бошад.

Counterpunch



Рубрики:Нақду назар, Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: