Ҳамоиши “Созишномаи сулҳи тоҷикон” дар Олмон (тасовир)

Имрӯз (09.07.2017) дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоише ба муносибати 20-солагии барқарории сулҳу созиш дар Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш, ки бо ширкати беш аз 100 нафар аз фаъолони сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик баргузор шуд, ба иловаи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ҳамчунин оқоён Олег Панфилоф, рӯзноманигори маъруф, Темур Варқӣ, рӯзноманигор ва фаъоли иҷтимоӣ, Абдулло Давлатов, фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Русия, Шарофуддин Гадоев, раҳбари “Гурӯҳи 24”, Муҳаммад Расул, муовини сиёсии раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, Ҷамшед Ёров, ҳуқуқдон ва вакили мудофеъ, Нуруддин Ризоӣ, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ ва ғайра ширкат ва суханронӣ карданд.

Муҳиддин Кабирӣ дар суханронии худ (ки машрӯҳи онро дар сурати такмил хоҳем овард), бо тарҳи ин суол, ки “чаро матни Созишномаи сулҳро нашр намекунанд?” изҳор дошт: “Чаро ягон бор матни протоколҳо ва санади ҳамдигарбахширо мунташир намекунанд? Мегӯянд, 20-солагии созишнома. Кадом созишнома? Мардум чиро ҷашн бигиранд? Биёед, ҳамон матни созишномаро нашр кунед ва дар мактабҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо биомӯзонед. Матни санади ҳамдигарфаҳмиро ба мардум бифаҳмонед”.

Вай афзуд: “Ба хотири он нашр намекунанд, ки медонанд, агар мардум донанд, ки ду тараф барои чӣ сулҳ карданд ва ҳадаф аз сулҳ чӣ буд ва ба чӣ натиҷа расиданд, он вақт хиёнаткории онҳо, дурӯғи онҳо ва ҷиноятҳои онҳо ошкор хоҳад шуд. Ин санадҳо ҳамчун ойинае ҳаст, ки аз тариқи он камбудиҳои худро мебинанд. Ба ҳамин хотир аст, ки 20-солагии созишномаро ҷашн мегиранд, вале ба мардум намегӯянд, ки ин созишнома чӣ буд”.

Тасовире аз ин ҳамоиш:

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки:

2 replies

  1. Ахсан бародарон Аллох нигахбонатон

    Нравится

  2. Аллоху Аубар

    Нравится

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: