Вокуниши Абдуллоҳ ба суханони нажодпарастонаи Ҳикматёр

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи давлати ваҳдати миллии Афғонистон, дар вокуниш ба изҳороти нажодпарастонаи Ҳикматёр, гуфт: “Сарони давлат ба муфтиҳои нави сиёсӣ ниёз надоранд, ки демукросиро ба онҳо биёмӯзанд”.

Раиси иҷроияи давлати ваҳдати миллии Афғонистон, дар 20-умин нишасти назорат ва ҳамоҳангӣ, бо муҳим хондани озодии баён, ҳуқуқи зан ва ҳуқуқи башар дар Афғонистон, ин арзишҳоро аз дастовардҳои вежа ва инҳисории мардум донист ва гуфт: “Дар ин росто ба муфтиҳои нави сиёсӣ зарурат надорад”.

Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ, ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ гуфта буд: “Бисёре аз суолоти хабарнигорон ба забони дарӣ буд, ки ин хилофи демукросӣ аст”.

Абдуллоҳ дар вокуниш ба сӯҳбатҳои Ҳикматёр гуфт: “Як нуктаи бисёр зариф мегӯям, ки мутаваҷҷеҳи як бахш аз сиёсиюн ё яке аз сиёсиюни Афғонистон аст, ки дар ин росто мо ба муфтиҳои нави сиёсӣ зарурат надорем, ки ба мо фатво бидиҳанд, ки чӣ чиз дар мутобиқат бо озодии баён ва демукросӣ ҳаст ё нест”.

Абдуллоҳ тасреҳ кард: “Мардуми Афғонистон ин дастовардҳоро бо мубориза ва қурбониҳои зиёде ба даст овардаанд ва аз ин дастовардҳо муҳофизат хоҳанд кард”.

Гуфтанист, Гулбиддин Ҳикматёр, раҳбари Ҳизби исломӣ, ҳафтаи гузашта дар як нишасти хабарӣ дар Кобул ҳозир шуд ва бо ишора ба ноамниҳо дар Афғонистон, сиёсатҳои давлат ва ҷомеаи ҷаҳониро дар Афғонистон ноком хонд.

Ҳикматёр пас аз нишасти хабарии худ, ба адами ҳузури хабарнигорони зан дар ин нишасти хабарӣ ишора кард ва гуфт: “Бисёре аз суолоти хабарнигорон ба забони дарӣ буд, ки ин хилофи демукросӣ аст”.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: