Интиқоли теруристҳо аз Ироқ ва Сурия ба Афғонистон

BBC арабӣ дар гузорише навишт: “Интиқоли теруристҳо ба манотиқи саҳроӣ, кӯҳистонӣ ва саъбулубур дар кишварҳое ҳамчун Афғонистон ва Либӣ, ҷиддитарин сенорию барои марҳилаи пасодоъиш дар Ироқ ва Сурия аст”.

Сойти ВВС арабӣ дар гузорише бо унвони “Аносури мусаллаҳи ДОЪИШ баъд аз Мавсил ба куҷо мераванд?”, ба сенориюҳои марҳилаи пас аз фурӯпошии ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия пардохт.

Дар ин гузориш омадааст, бо расидани Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ ба Мавсил ва судури баёнияи пирӯзӣ ва озодии ин шаҳр аз чанголи ДОЪИШ, бисёре аз нозирони Ироқ ва ғайри он дар бораи оянда ин гурӯҳаки теруристӣ, ки манотиқи зиёдеро дар Ироқ ва Сурия барои муддате тӯлонӣ таҳти сайтараи худ дошт, изҳори назар мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки гузоришҳо ҳокӣ аз фирори саркардаҳои ДОЪИШ ва аносури он аз тариқи тунелҳои зеризаминӣ аст. Бархе гузоришҳои дигар аз нуфузи ин низомиён ва оворагон дар дохили Ироқ хабар медиҳанд.

Усома Нуҷайфӣ, раиси собиқи порлумони Ироқ, дар октябри гузашта шумори теруристҳои ДОЪИШ-ро қариб ба ҳафт ҳазор нафар дар дохили Мавсил ва 2 баробари ҳамин теъдод дар перомуни он эълом карда буд.

Ҳаминак нозирон мӯътақиданд, ДОЪИШ дар марҳилаи кунунӣ ва бо таҳаммули шикастҳои паёпай тайи чанд моҳи гузашта, мавҷудияташ ба хатар афтода ва дар ҳоле, ки пеш аз ин дар андешаи густариши манотиқи таҳти нуфузи худ буд, ҳаминак барои ҳифзи бақои худ талош хоҳад кард.

Ба гуфтаи нозирон, метавон чандин сенорию барои ояндаи ДОЪИШ пешбинӣ кард. Яке ин ки аъзои ин гурӯҳак ба дигар манотиқи Ироқ интиқол ёфта ва шабакаҳои ҷадидеро ташкил бидиҳанд. Ва дигар ин ки ба хоки Сурия — ҷое, ки ҳанӯз манотиқи васеъе аз марзи он бо Ироқ таҳти сайтараи ДОЪИШ аст — мунтақил шаванд.

Илова бар он, нозирон эҳтимол медиҳанд, ки аносури хориҷии ДОЪИШ ба кишварҳои аслии худ, ки аз он ҷо омаданд, бозгарданд, аз ҳамин рӯ бими он меравад, ки ин аносури теруристӣ ба гургҳои танҳое мубаддал шаванд, ки шахсан даст ба ҳамалоти теруристӣ зада ва қурбониёни зиёде бигиранд.

Аммо эҳтимоли қавитар ин аст, ки дар сурати озодии Риққа, пойтахти худхондаи ДОЪИШ дар Сурия, аносури фирории ин гурӯҳак дар Ироқ ва Сурия, ба манотиқи васеъи саҳроӣ дар кишварҳое, ки шоҳиди даргириҳои дохилӣ аст мунтақил шавад.

Аз ҷумла кишварҳое, ки нозирон мӯътақиданд ДОЪИШ он ҷоро барои идомаи амалиёти худ интихоб хоҳад кард, Афғонистон ва Либӣ аст, бахусус, ки шоҳиди ҳузури рӯзафзӯни аносури ДОЪИШ дар минтақаи Синои Миср ва ҳамчунин марзҳои ғарбии Миср бо Либӣ ҳастем, ҳарчанд ДОЪИШ натавонад бори дигар хилофати худхондаи худро ҳамчун собиқ эълом кунад,

Ба назар мерасад, ки шикасти ДОЪИШ дар Ироқ ва Сурия навидбахши оромиш барои қудратҳои амниятӣ дар бисёре аз кишварҳо нест, чаро ки бештари сенориюҳои матраҳ дар бораи ояндаи ин гурӯҳак, хатарнок маҳсуб мешавад.

Дар хусуси бозгашти теруристҳои ДОЪИШ ба кишварҳое, ки аз он ҷо омаданд, коршиносон мӯътақиданд, ки мақомоти амниятӣ дар ин кишварҳо бояд ин афродро шиносоӣ ва ба диққат зери назар бигиранд, чаро ки онҳо хатаре барои амнияти кишварҳояшон ҳастанд ва метавонанд дар замонҳои ғайриқобили пешбинӣ даст ба ҳамалоти теруристӣ бизананд.

Дар ҳамин росто, Абдуллоҳ Раҳнамо, сардори раёсати таҳлили сиёсати хориҷии Маркази пажӯҳишҳои истротежики Тоҷикистон гуфтааст, саркӯби ДОЪИШ дар Сурия ва интиқоли онҳо ба Афғонистон хатари ин гурӯҳро барои кишвари мо зиёдтар карда истодааст.

Бино бар гузориши хабаргузории “Озодагон”, Раҳнамо ин матлабро дирӯз (10 июл) зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе иброз дошта, афзудааст, баъди саркуби ДОЪИШ дар шаҳри Мавсил ва оғози амалиёт дар Раққа, як кӯчиши бузурги аъзо, пайравон ва аҳлу оилаи ин гурӯҳ сар шудааст. Вай таъкид кардааст: ”Аз баски онҳо ҳудуди 3,5-4 соли охир дар он шаҳрҳои бузург зиндагӣ мекарданд, аллакай дар он ҷо оила, фарзанд, ҳама зерсохторҳоро доштанд. Ғайр аз ҷангандаҳо теъдоди зиёди аҳолие буданд, ки пайрав ё вобастаи ин гуруҳҳо шуда буданд. Барои ҳамин мо ду нуктаро дар ин ҷо мебинем, яке сарнавишти худи ҷангандаҳо, ки бисёри онҳо дар ин амалиёт аз байн бурда шуданд. Қисми дигари онҳо, бар асоси маълумоти дақиқе, ки ҳаст, аз тариқи каналҳои гуногун ба минтақаҳои дигари ҷаҳон кӯчонида ё интиқол мешаванд. Аз ҷумла ба шимоли Афғонистон, ба Либия, ки ҳоло ҷойҳои амнтар барои ДОЪИШ ҳисоб мешаванд. Аз назари интиқол ёфтани онҳо ба Афғонистон, саркӯби онҳо дар Сурия, барои мо хатарро зиёдтар карда истодааст”.

Бар асоси ин гузориш, Раҳнамо ёдовар шудааст, баъзе зану фарзандони аъзои ДОЪИШ, аллакай дар қатори гуреза, дар қатори паноҳандагон ба лагерҳои гуногун кӯчонида шуданд ва дар ин бора хабарҳои зиёд аст.

Абдуллоҳ Раҳнамо афзудааст, консулҳои кишвар дар Туркия ҳамаи онҳоеро, ки муроҷиат мекунанд, нигаҳбонӣ карда, барои бозгашти бархеи онҳо ба Ватан ҳатто чиптаҳо хариданд. Ва гуфта: “На танҳо зану фарзандон, балки тайи се соли охир ҳудуди 70 нафар аз худи ҷангандагон ба консулгариҳо алоқа барқарор карда ва дар натиҷа консулгариҳо барои бархеи онҳо ҳатто билет гирифта, онҳоро ба кишвар овардаанд”.



Рубрики:Такфир

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: