Кабирӣ: “Миллат агар аз гиребонатон гирифт, ба осонӣ раҳоятон нахоҳад кард”

Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, дар суханоне дар ҳамоиши “Созишномаи сулҳи тоҷикон”, ки дирӯз (09.07.2017) дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гардид, бо баёни ин ки “мо намедонем, Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемурро бо фармони чӣ касе куштанд, вале имрӯз медонем, бо имзо ва фармони чӣ касоне кушта мешаванд, медонем, онҳо чӣ вазифа дар кадом сохтор доранд. Шояд вақти он аст, ки мо як паём аз номи ҳамаи миллат бифиристем, ки дигар он замон нест ва ҳама сирру асрорашон ошкор хоҳад шуд. Дигар баҳона наоранд, ки ба ман фармон доданд, ки рав зиндонӣ кун, боздошт кун ва молу мулкашро бигир. Худро дар муқобили миллат нагузоред, миллат агар аз гиребонатон гирифт, ба осонӣ раҳоятон нахоҳад кард”.

Ба гузоиши сойти Varorud, раиси ҲНИТ, дар ибтидои суханони худ бо радди ин иддао, ки ҳеч сулҳе набудааст, гуфт: “Ҳатто дар ин толор ҳам суоле ба вуҷуд омад, ки ҳеҷ гуна сулҳ набуд ва ин афсона аст ва набояд ҷашн гирифта шавад. Сулҳ буд ва сулҳу ваҳдат моли миллат аст… Агар ба сулҳу ваҳдат хиёнат шуд, набояд сулҳро бад гӯем”.

Кабирӣ ин даъворо ҳам, ки гӯё худи ӯ шахсан дар сулҳ саҳм надорад, рад кард ва гуфт: “Агар Кумиссиуни оштии миллӣ 15 сентябри соли 1997 кори худро дар Душанбе шурӯъ кард, 25-уми сентябр хабар шуд, ки устод Нурӣ шуморо мехонанд. Мо 27 сентябр ба зиёрати устод расидем. Тақрибан аз 29 сентябр ба мо гуфтанд. ки миллат ба марҳилаи нав ворид шуд. Ва гуфтанд, ки ба мо ёри расонед. Вақте ман гуфтам, ки кор дорам, се рӯз вақт доданд ва баъди се рӯз ба кор шурӯъ кардам

Раиси ҲНИТ дар идома бо баёни ин ки дар ҳамаи мулоқоти як ба яки Сайид Абдуллоҳи Нурӣ бо Эмомалӣ Раҳмон ҳузур доштааст, гуфт: “Гоҳ вақт якҷо чой менӯшидем. Шояд замоне меояд ки ман тамоми ин сирру асрор ва бозиҳоро ба забон меорам. Инҳо афсона нестанд ва инҳо сахифаҳое ҳастанд ки бояд гуфта шаванд”.

Кабирӣ бо ишора ба ин ки миллат ба марҳалаи нав ворид шудааст, изҳор дошт: “Ҳоло мо марҳилаи наве дорем, ки аз нав бар зидди мо ҷанг эълон кардаанд. Мо бояд баргардем ба ватан ва он Созишномаро ба миллат баргардонемИмрӯз барои чӣ ягон маротиба матни созишномаро нашр намекунанд? Чаро ягон бор матни протоколҳо ва санади ҳамдигарбахширо мунташир намекунанд? Мегӯянд, 20-солагии созишнома. Кадом созишнома? Мардум чиро ҷашн бигиранд?

Раҳбари ҲНИТ хитоб ба ҳукумати Тоҷикистон гуфт: “Биёед, ҳамон матни созишномаро нашр кунед ва дар мактабҳо, донишкадаҳо ва донишгоҳҳо биомӯзонед. Матни санади ҳамдигарфаҳмиро ба мардум бифаҳмонед. Ба хотири он нашр намекунанд, зеро онҳо медонанд, ки агар мардум донанд, ки ду тараф барои чӣ сулҳ карданд ва ҳадаф аз сулҳ чӣ буд ва ба чӣ натиҷа расиданд, он вақт хиёнаткории онҳо, дурӯғи онҳо ва ҷиноятҳои онҳо ошкор хоҳад шуд”.

Кабирӣ гуфт: “Дар матни созишнома омадааст, ки як нафар бояд 1 маротиба ва барои 7 сол интихоб шавад… Дар он созишнома ва санадхо навишта шуда, ки лаънати Худо ба касе бод ки он ҳодисаро ба ёд меорад!… Дигар инҳо на аз лаънати мардум метарсанд ва на аз ғазаби Худо”.

Вай афзуд: “Бародарони гиромӣ, дигар вақти заифнолӣ ва бечорагии мо нест. Шахсан ман соли 2015 ба СММ, ҷаноби Путин ва оғои Рӯҳонӣ навиштам, ки инҳо хиёнат карда истодаанд… Аз СММ ва дигар кишварҳои кафили сулҳ мактуб омад, ки ҳоло мо машғули Украина ва Сурия хастем ва дар Тоҷикистон ҷанг нест. Ман гуфтам ки шумо мунтазир мемонед, ки дар Тоҷикистон бори дигар ҷанг оғоз шавад ва мардум кушта шаванд? Мо ба шумо гуфта истодаем, ки инхо сулҳро пора мекунанд, шумо мегӯед, ки холо ҷанг нест”.

Ӯ дар идома гуфт: “Мо бояд худамон ҳаққамонро аз даҳони гург бигирем. Дар ин кор дигарон ба мо кӯмак намекунанд”.

Раиси ҲНИТ ҳамчунин мухолифинро ба ваҳдат даъват кард ва гуфт: “Шароит дигар шароите нест, ки мо мушкилро монда домани якдигарро бигирем. Аҷиб аст, ки мардум дар саҳифаашон даъват ба Ваҳдат мекунанд ва аз сафҳаи фейкии дигарашон алайҳи Наҳзат мегӯянд. Ин гуна бозӣ дорондани мардум ба нафъи мо нест. Агар мехоҳем нерӯҳои миллӣ, чи Наҳзат, чӣ Анҷуман ва чӣ дигарон иттиҳод ба даст ояд, бояд кор кунем. Мо бояд танкидҳо нисбати якдигарро дар шабакаҳо як тараф гузорем. Бояд проекти муштарак дошта бошем…”

Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин аз пирӯзии мухолифин дар ҷанги иттилоотӣ сӯҳбат кард. Ӯ гуфт: “Шабу рӯз нома мефиристанд, дархост мекунанд, ки фалониро экстремист ва терорист эълон карда, боздошт кунед. То имрӯз ягон кишвар ва созмонҳо ҳеҷ гурӯҳи мухолифи точикро гурӯҳ терористӣ намедонанд. Аммо ҳамаи онҳо ҳукумати Тоҷикистонро диктаторӣ ва авторитарӣ қабул кардагӣ ҳастанд. Пас бартарият бар ҷониби мост”.

Вай афзуд: “Вақте ҳукуматро танқид мекунем, набояд фаромӯш кунем, ки онҷо ҳам фарзандони ҳамин мардум ҳастанд. Агар дар сохторҳои ҳукумат кор мекунанд, маънои инро надорад, ки ҳама ҷинояткор ҳастанд. Онҳое, ки онҷо кор мекунанд, дилашон барои ин миллат бештар месӯзад. Аз ин ҳама зулму хиёнату ваҳшоният дард мекашанд, вале ҳарфашонро гуфта наметавонанд… Бинобар ин, вақте ҳукумат ва сохтори давлатӣ мегӯем, бояд ном ба ном бигӯем. Адади хоинон, онҳое, ки ба миллат хиёнат кардаанд, аз бист нафар зиёд нест. Агар сахт кӯшиш кунем шояд 100 нафар меёбем”.

Муҳиддин Кабирӣ кормандони сохторҳои давлатиро ба андеша даъват кард ва гуфт: “Мо намедонем, ки Нусратулло Махсум ва Шириншо Шотемурро бо фармони кӣ куштанд. Аммо мо медонем, ки бо имзо ва фармони кӣ имрӯз ба мо хиёнат мекунанд. Мо медонем, онҳо чӣ вазифа дар кадом сохтор доранд. Шояд вақти он аст, ки мо як паём аз номи ҳамаи миллат бифиристем, ки дигар он замон нест ва ҳама сирру асрорашон ошкор хоҳад шуд. Дигар баҳона наоранд, ки ба ман фармон доранд, ки рав зиндонӣ кун, боздошт кун ва молу мулкашро бигир. Худро дар муқобили миллат нагузоред, миллат агар аз гиребонатон гирифт, ба осонӣ раҳо нахоҳад кард. Ин таҳдид нест, чун ман аз аҳли таҳдид нестам. Ин танҳо як ҳушдор аст. Онҳое, ки ба хотири ин нишаст хонаводаашон зери фишор қарор гирифт, медонанд, ки бо имзо ва фармони кӣ шуда истодааст ин кор”.

Раиси ҲНИТ аз мақомдорони кишвар даъват кард аз рӯзе андеша кунанд, ки дар маҳкамаи миллат қарор хоҳанд гирифт.



Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: