Оё адёни иброҳимӣ аз резахорони хони маздаясно ҳастанд?

(Нақде бар мақолаи “Дини ношинохтае, ки Ғарбро шакл дод“ (The obscure religion that shaped the West))

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси фалсафа ва маорифи исломӣ

Мақолаи “Дини ношинохтае, ки Ғарбро шакл дод“ (The obscure religion that shaped the West) навиштаи оқои Зӯбини Бихрад (Joobin Bekhrad) аст, ки дар торихи 6 апрели соли 2017 дар ВВС нашр шуда ва ахиран ҷаноби оқои Дориюши Раҷиён онро дар сафҳаи фейсбукӣ бознашр карданд.

Дар он мақола кӯшида шуда, то шабоҳатҳое байни омӯзаҳо ва мафоҳими ойини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ (яҳудият, масеҳият ва ислом) нишон дода шавад, сипас ин шабоҳатҳоро далеле бар раҳ ёфтани ин мафоҳими динӣ аз дини зартуштӣ ба адёни иброҳимӣ гирифтааст.

Вале бояд донист, ки сирфи шабоҳат, наметавонад долли бар раҳ ёфтани он омӯзаҳо аз яке бар дигарӣ бошад. Ва ба қавли мантиқдонон, ҳадди васат ин ҷо аъамми аз натиҷа аст.

Зеро бояд бидонем, ки шабоҳат байни ду ё чанд мақула эҳтимол дорад ба хотири чанд далел бошад:

1) Иллати ягона доштан: яъне ҳама аз як асл ва маншаъ бархоста бошанд. Мисол: шабоҳат байни омӯзаҳои мазоҳиби мухталиф дар доираи як дин, ки ин шабоҳатҳо далолат бар ин мекунад, ки ҳамаи ин мазоҳиб омӯзаҳои худро аз як манбаъ гирифтаанд;

2) Яке иллат ва дигаре маълул бошад: яъне яке асл бошад ва мобақӣ фаръи бар он ва баргирифта аз он бошанд. Мисол: шабоҳат байни забонҳои сомӣ (арабӣ, ибрӣ ва оромӣ) далолат бар он мекунад, ки яке аз ин се забон бар ду тои дигар таъсир гузошта ва он ду фаръи бар он ва баргирифта аз он як мебошанд;

3) Сирфи тасодуф: яъне ҳеч иртиботи иллӣ байни онҳо набошад, ва ба иборати дигар, на ҳамаи онҳо дорои иллати ягона ва на яке иллат ва мобақӣ маълул бошанд. Мисол: ёфтаҳои бостоншиносӣ нишон медиҳад, ки байни тамаддуни Мисри бостон ва тамаддуни Мойо (цивилизация Майя) шабоҳатҳое вуҷуд дорад, махсусан дар сохтмонҳои мазҳабӣ ва маъбадҳо, ки ба сурати ҳирам (пирамида) сохта шудааст. Ин шабоҳат сирфан шабоҳати тасодуфӣ мебошад. Зеро на метавон барои тамаддуни Мисри бостон ва тамаддуни Мойо як маншаи ягона пайдо кард ва на шавоҳиде аз раҳ ёфтани яке бар дигарӣ.

* * *

Ҳол, нависандаи мақолаи “Дини ношинохтае, ки Ғарбро шакл дод“ дар пайи исботи ин муддао мебошад, ки тамоми омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми адён ва махсусан адёни иброҳимӣ (яҳудият, масеҳият ва ислом), аз омӯзаҳои дини зартуштӣ таъсир пазируфтааст. Ва тибқи гузориши оқои Раҷабиён аз ин мақола: “Доштани Худованди якто (фақат як худованд) ягона андешаи асолатан зартуштӣ нест, ки ба ҳамаи динҳои аслии дигар, бавежа “сегонаи бузург” (яҳудият, масеҳият ва ислом) роҳ ёфтааст. Мафҳумҳои биҳишту дӯзах, рӯзи қиёмат (рӯзи ҷазо), ваҳйи ниҳоӣ, фириштаҳову девҳо (ҷинну аҷинна), ҳама ва ҳама баромада аз омӯзаҳои Зартушт ва ҳамчунин адабиёти динии маздаясност, ки бо илҳом аз омӯзаҳои ӯ падид омад. Ҳатто иде (андеша)-и мавҷудияти Шайтон аз беху бун зартуштӣ аст. Дар воқеъ, тамомии дини маздаясно мубтанӣ бар набардест миёни Худованду нерӯҳои некию равшаноӣ (ки Рӯҳи Муқаддас / Спента Майнйу аз онҳо намояндагӣ мекунад) ва Аҳриман, ки дар раъси нерӯҳои торикию бадӣ қарор дорад. Ҳарчанд инсон дар интихоби яке аз ин ду тараф озоду мухтор аст, ин дин омӯзиш медиҳад, ки саранҷом Худованд пирӯз мешавад. Ва ин ки ҳатто одамони маҳкум ба дӯзах ҳам аз баракоти пардис (боғи биҳишт) бебаҳра намемонанд. Зимнан, “пардис” ҳам як вожаи порсии бостон аст” (ки дар забони инглисӣ ба шакли Paradise ва дар забони ъарабӣ ба шакли “фирдавс” ҳузур дорад).

Дар идомаи гузориши оқои Раҷабиён аз он мақола мехонем:

Чигуна шуд, ки андешаҳои зартуштӣ ба боварҳои иброҳимӣ ва динҳои дигар роҳ ёфтанд? Донишварон мегӯянд, яҳудиҳое, ки Куруши Бузург, фармонравои Эрон, онҳоро аз банди асорат дар Бобил раҳо карда буд, бо бисёре аз мафҳумҳои маздаяснӣ ошно шуданд. Дар натиҷа ин мафҳумҳо дар ҷараёни аслии тафаккури яҳудӣ ҳам ҷорӣ шуд ва чеҳраҳое чун Баъл-аз-Забоб пайдо шуданд. (“Баъл-аз-Забоб талаффузи ъарабии בַּעַל זְבוּב— (Be’elzebub)-и ъибрӣ аст, ки шаҳриёри дӯзах маҳсуб мешуд ва саромади Шайтон аст; асолатан баромада аз Аҳриман аст – ДР). Ва дар пайи ишғоли сарзаминҳои юнонӣ ба дасти Эрон дар авҷи қудрати импротурии Ҳахоманишӣ фалсафаи Юнон масири дигареро ихтиёр кард. Пештар юнониён бад-ин бовар буданд, ки инсонҳо аз худ ихтиёри андаке доранд ва ин ки сарнивишташон дар дасти худоёни бисёрест, ки маъмулан аз сари ҳавову ҳавас тасмим мегиранду иқдом мекунанд. Аммо пас аз ошноӣ бо дину фалсафаи эронӣ ба онон (юнониён) андак-андак ин ҳис даст дод, ки гӯё худашон арбоби сарнивишташон ҳастанд ва ин ки тасмимгирӣ бо худи онҳост (на бо худоёнашон).”

Яъне яҳудиён пас аз он ки тавассути Куруш аз асорати Бобил озод шуданд, дар асари ҳамзистӣ бо зартуштиён, бо мафоҳими дини зартуштӣ ошно мешаванд, дар натиҷа ин мафоҳим кам-кам вориди дини яҳудиён мегардад.

* * *

Посух:

а) Иддаои таъсипазирии яҳудият аз маздаясно:

Ҳамагон медонем, ки манзур аз дини яҳудият, пайравони ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) аст ва ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) дар садаи 13 қабл аз мелод мезист. Ва Куруш дар ҳудуди соли 537 қабл аз мелод Бобилро фатҳ кард ва асирони яҳудиро, ки аз замони Бухтуннаср аз Уршалим ба Бобул оварда шуда буданд, озод намуд ва бо меҳрубонӣ бо онон рафтор намуд ва зарфҳои тилло ва нуқрае, ки Бухтуннаср аз онҳо ғанимат гирифта буд, ба онҳо бозпас гардонд ва ба онҳо иҷоза дод, ки ба Урушалим баргарданд. (Аҳди қадим, Азро, боби аввал)

Бухтуннаср, подшоҳи Бобил, бори аввал дар ҳудуди соли 597 қабл аз мелод ба Уршалим ҳамла кард ва ҷамиъи мардони ҷангиро, ки 10 ҳазор нафар буданд асир кард. “Ва тамоми аҳли Ерусалим, ва ҳамаи мирон, ва ҳамаи мардони ҷангиро ба асирӣ гирифта бурд, — асиршудагон даҳ ҳазор нафар буданд, — ва ҳамаи ҳунармандон ва оҳангаронро низ; ғайр аз камбағалони қавми мамлакат касе боқӣ намонд.” (Аҳди қадим, китоби чоруми подшоҳон, боби 24, шумораи 14, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

Ва бори дуввум ҳам дар ҳудуди соли 586 қабл аз мелод ба Уршалим ҳамла карда ва Сидқиёро, ки ёздаҳ сол дар Уршалим подшоҳӣ карда ва саранҷом бар зидди Бобил қиём карда буд, саркӯб намуд. Ва ниҳоятан Сидқиё дастгир шуд ва баъд аз ин ки тамоми кӯдаконаш пеши чашмаш ба қатл расиданд, ду чашмонаш аз ҳадақа берун оварда шуд ва ӯро ба занҷир кашида ба Бобил бурданд. Ва мардум низ ҳамроҳи сарбозон таслим шуда ва ба Бобил ба асорат бурда шуданд. (Аҳди қадим, китоби чоруми подшоҳон, боби 25, тарҷумаи Мордехай бен-Ҳиё Бачаев)

Бо ин ҳисоб яҳудиён тақрибан ба муддати 60 сол дар асорати Бобил буданд ва аз замони беъсати ҳазрати Мӯсо (алайҳис салом) то замони асорат ҳудуди 700 сол ва то замони раҳоӣ ҳудуди 760 сол мегузаштааст.

Агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, ин бад-он маъност, ки муддати 760 сол дини яҳудият аз омӯзаҳои аслӣ ва муҳимми динӣ туҳӣ буда ва яҳудиён аз он омӯзаҳо бехабар. Зеро иддаои эшон ин аст:

Доштани Худованди якто (фақат як худованд) ягона андешаи асолатан зартуштӣ нест, ки ба ҳамаи динҳои аслии дигар, бавежа “сегонаи бузург” (яҳудият, масеҳият ва ислом) роҳ ёфтааст. Мафҳумҳои биҳишту дӯзах, рӯзи қиёмат (рӯзи ҷазо), ваҳйи ниҳоӣ, фириштаҳову девҳо (ҷинну аҷинна), ҳама ва ҳама баромада аз омӯзаҳои Зартушт ва ҳамчунин адабиёти динии маздаясност, ки бо илҳом аз омӯзаҳои ӯ падид омад…

Оё ин ҷо суол пеш намеояд, ки ин чӣ динест, ки мафоҳими аслии дин — аз тавҳид (ягонагии Худо) гирифта то биҳишту дӯзах ва вайҳу фариштаву дигару дигар — дар он вуҷуд надошта бошад ва тоза пас аз ҳафтсаду чанд сол баъд бо ин мафоҳим ошно шуда бошад?

* * *

б) Иддаои таъсирпазирии масеҳият аз маздаясно:

Дар мавриди таъсирпазии масеҳият аз омӯзаҳои дини зартуштӣ низ масъала аз ҳамин қарор аст. Зеро аввалан, таъсири эрони ҳахоманишӣ ба юнониҳо рабте ба масеҳият надорад, чаро ки хостгоҳи масеҳият Юнон нест. Юриши ҳахоманишӣ ба Юнон қабл аз зуҳури масеҳият будааст ва паёмбари дини масеҳият ҳазрати Исои Масеҳ (алайҳис салом) на дар Юнон, балки дар шаҳри Байт-Лаҳм (аз шаҳрҳои иёлати Носираи Фаластин)  дар минтақаи Яҳудия ба дунё омада ва дар ҳамон минтақаи Яҳудия ба таблиғи дини худ пардохта ва тибқи бовари масеҳиён, дар ҳамон ҷо дар синни 33-солагӣ ба салиб кашида мешавад ва тибқи бовари мусалмонон, ба осмон ъуруҷ мекунад.

Сониян, чанд сол баъд аз ъуруҷи ҳазрати Исо (алайҳис салом), ойини вай тавассути ду тан аз мубаллиғони масеҳӣ ба сарзаминҳои Рум ва Руми шарқӣ (ки Юнон ҳам дар он вақт ҷузъи Руми шарқӣ ба шумор меомад) расид. Яке аз онҳо Пулус (Павел ) ва дигарӣ Шамъун (ё Петрус) буд, ки барои аввалин бор ҷиҳати таблиғи масеҳият ба Рум меравад ва паёми дини масеҳиро ба он ҷо мерасонанд. Вале то қарни севвуми мелодӣ, дини масеҳият дар Рум ба расмият шинохта намешавад ва пайравони дини масеҳият дар он ҷо таҳти таъқиб қарор гирифта ва муҷозот мешуданд, то ин ки дар соли 313 мелодӣ ба сабаби пуштибонии имперотур Константин масеҳият дар Рум расмият меёбад.

Бо ин ҳисоб, агар иддаои ҷаноби Зӯбини Бихрадро дуруст бидонем, дини масеҳият низ қариби 300 сол аз мафоҳими аслӣ ва омӯзаҳои муҳимми динӣ бояд бебаҳра ва пайравонаш аз он бехабар буда бошанд. Ва баъд аз гузашти се қарн, пас аз ин ки румиён ба кеши масеҳият гаравиданд, онҳо мафоҳими динии зартуштиро вориди дини масеҳият намуда ва масеҳиёнро бо мафоҳими аслии динӣ ошно кардаанд.

* * *

Ҳол, суоле, ки ин ҷо ба вуҷуд меояд ин аст, ки яҳудиён ҳудуди 700 сол ва масеҳиён ҳудуди 300 сол, то ошноӣ бо мафоҳими дини зартушӣ, чӣ гуна диндорӣ мекардаанд?

Асосан, ҳазрати Мӯсо ва ҳазрати Исо (алайҳимас салом) ба пайравони худ чӣ чизро таълим дода буданд?

Агар гуфта шавад, ки худи паёмбарон ин омӯзаҳоро аз дини зартуштӣ мустақиман дарёфт накардаанд, балки бо гузашти замон ин омӯзаҳо ба дини онҳо раҳ ёфтааст, дар ин сурат суол пеш меояд, ки агар ҳамаи мафоҳими аслӣ ва муҳимми динӣ аз зартуштият ба динҳои дигар раҳ ёфта бошад, пас паёмбарони динҳои дигар, чӣ чизеро аз ҷониби Худо овардаанд?!
Ё накунад, паёмбарони дигар фақат ҳамин миқдор ба пайравонашон таълим дода буданд, ки равед ва аз дини зартуштӣ мафоҳими диниро биомӯзед?!

* * *

в) Иддаои таъсирпазирии ислом аз маздаясно:

Дар мавриди таъсирпазизии дини ислом аз мафоҳими дини зартуштӣ, дигар маълум нест, ки ин муддаиён ба кадом ҳодисаи торихӣ тамассук мекарда бошанд?

Зеро пас аз ислом, раванди торих тағйир кард ва дигар фарҳанги зартуштӣ, як фарҳанги ғолиб ба шумор намерафт, ки гуфта шавад, ба ислом таъсир гузоштааст.

Шояд ҳам ба ин тартиб истидлол намоянд, ки мафоҳими дини зартуштӣ аввал вориди яҳудият ва масеҳият шуда, сипас аз тариқи он вориди дини ислом гашт. Дар ин сурат, бояд Паёмбари ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо (Саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) қабл аз беъсат, ин мафоҳимро аз яҳудиён ва масеҳиён таълим гирифта бошанд. Аммо кай ва дар куҷо? Пеши кадом усқуфи масеҳӣ ва коҳини яҳудӣ? Асосан, оё дар ҷое аз торих сабт шудааст, ки он ҳазрат назди касе таълим гирифта бошанд?

Дар воқеъ якчунин иддао, ки —

Доштани Худованди якто (фақат як худованд) ягона андешаи асолатан зартуштӣ нест, ки ба ҳамаи динҳои аслии дигар, бавежа “сегонаи бузург” (яҳудият, масеҳият ва ислом) роҳ ёфтааст. Мафҳумҳои биҳишту дӯзах, рӯзи қиёмат (рӯзи ҷазо), ваҳйи ниҳоӣ, фириштаҳову девҳо (ҷинну аҷинна), ҳама ва ҳама баромада аз омӯзаҳои Зартушт ва ҳамчунин адабиёти динии маздаясност, ки бо илҳом аз омӯзаҳои ӯ падид омад…”

— дониста ё надониста баробар аст бо инкори нубуввати соири паёмбарон ба ҷуз Зартушт. Зеро агар ҳамаи мафоҳими динӣ аз дини зартуштӣ ба соири адён раҳ ёфта бошад, маънояш чунин мешавад, ки оварандагони ин адён дар воқеъ паёмбар набудаанд. Чун паёмбар касест, ки аз ҷониби Худо паём дарёфт мекунад, на ин ки мафоҳимеро аз ҷои дигар биомӯзад ва сипас онро ба Худо нисбат диҳад, ки ба ман чунин ваҳй шудааст.

На танҳо ин ба маънои инкори нубуввати соири паёмбарон аст, балки ҳамаи онҳоро дурӯғгӯ мебарорад. Зеро онҳо он чиро, ки аз дини зартуштӣ омӯхта буданд, ба Худо нисбат дода иддао карданд, ки ба мо аз ҷониби Худо ваҳй шудааст.

Ростӣ, худи Зартушт омӯзаҳои дини тавҳидиро аз кӣ ва аз куҷо омӯхтааст? Зеро ончунон ки оқои Раҷабиён аз ин мақола гузориш медиҳанд: “Пеш аз Зартушт эрониён яздҳо (яздон) ё худовандҳои дини эронуориёиро мепарастиданд, ки муъодили дини ҳиндуориёиҳо буд, ки акнун бо номи ҳиндуисм (кеши ҳинду) шинохта мешавад. Аммо Зартушт ин кешро маҳкум карду гуфт, ки ба ҷои ин ҳама худо бояд як Худои воҳидро парастид; Аҳуромаздо ё Худованди Хирадро. Зартушт бо ин иқдоми худ на танҳо шикофи миёни ориёиҳои эронӣ ва ҳиндиро фарохтар кард, балки истидлол ҳам шуда, ки нахустин дини тавҳидӣ (яккахудоӣ)-ро ба насли башар (тамоми инсоният) муъаррифӣ кард…”

Ҳатман он чунон ки дар манобеъи зартуштӣ мехонем, Худо ба Зартушт ин омӯзаҳоро ваҳй кардааст.

Агар омӯзаҳои динӣ ба Зартушт ваҳй шуда бошад, пас чаро ин омӯзаҳои динӣ ва тавҳидӣ ба паёмбарони дигар ваҳй нашуда бошад?

Асосан, паёмбар он замоне воқеъан паёмбар аст, ки паёмашро аз ҷониби Худо дарёфт карда бошад, бинобар ин бояд байни омӯзаҳои паёмбарон шабоҳат вуҷуд дошта бошад, чун ҳама аз як манбаъ ва аз ҷониби Худои воҳид ваҳй шудааст.

* * *

Натиҷа ин ки: аввалан, ҳаргиз сирфи шабоҳат байни омӯзаҳои дини зартуштӣ ва адёни иброҳимӣ, далолат бар раҳ ёфтани он аз зартуштӣ бар адёни дигар намекунад.

Сониян, он чи ба унвони шоҳид ё далели торихӣ бар ин иддао зикр шуда, бештар шабеҳи як шӯхии журнолистӣ аст, то шоҳиди торихӣ. Зеро яҳудият то раҳоӣ аз Бобил аллакай беш аз 700 сол умр дошт ва масеҳият то вуруди комил ба Рум аллакай умри беш аз 300 сола дошт.

Гузашта аз инҳо, асосан маънои паёмбарӣ ин аст, ки шахси паёмбар аз ҷониби Худо паём дарёфт намояд, дар ғайри ин сурат, аз ҳар куҷо дарёфт кунад, ӯ дигар паёмбар нест.

Ва аз ҳама муҳим, дар худи ин маталб, ки оё дини зартуштӣ мисли адёни иброҳимӣ як дини тавҳидӣ будааст ва ё ин ки санавӣ, миёни муҳаққиқон ихтилофи назари фаровон вуҷуд дорад, ки дар як фурсати дигар бояд пиромуни он ба тафсил баҳс намуд.



Рубрики:Нақду назар, Посух ба шубаҳот, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: