Паёми Додоҷон Атовуллоев ба ҳамоиши “Созишномаи сулҳи тоҷикон”

Додоҷон Атовуллоев, раҳбари Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон, дар паёме видеоӣ барои ширкаткунандагони ҳамоиши “Созишномаи сулҳи тоҷикон”, ки дирӯз (09.07.2017) дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гардид, бо баёни ин ки “имрӯз агар дар Тоҷикистон як назарсанҷӣ гузаронида шавад, ман боварӣ дорам, ки 80 фоизи мардум аз ин режим безор ҳастанд” гуфт: “Аммо ин мардум мехоҳанд дар баробари Раҳмонов як қувваеро бибинанд, як алтернативаеро бибинанд, ки ба ӯ бовар кунанд, қуввае аз шахсиятҳое, ки воқеан мардуми Тоҷикистон мешиносанд ва бовар мекунанд”.

Машрӯҳи ин паём ба шаҳри зерин аст:

Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон!

Сухан гуфтан аз сулҳи тоҷикон барои ман хеле сангин ва вазнин аст. Ман шоҳиди он ҳодисаҳо будам. Қабрҳои муҳоҷирон ва қабрҳои кӯдакони мусофири тоҷик дар Афғонистон пеши чашмонам ҳастанд. Навҷавонони шаҳиде, ки дар ин роҳ шаҳид шуданд, ҷон бохтанд, пеши чашмонам ҳастанд.

Ин сулҳ ба қимати бисёр гарон ба даст омад, аммо бисёр арзон аз даст рафт. Аз рӯзи аввал маълум буд, ки ҳукумати Раҳмонов, ки шиораш, “Мо бо хун омадем ва бо хун меравем!” аст, дигар нашуда буд. Аммо мухолифони тоҷик осон ба доми макру фиреби Раҳмонов афтоданд.

Ман имрӯз мехоҳам аз он сабақҳо ва аз он чизҳое ҳарф бизанам, ки опозитсияи имрӯза битавонад аз онҳо сабақ гирад.

Вақте ки мо тарафи Раҳмоновро айбдор мекунем, бояд бидонем, ки дар ягон гӯшаи дунё ягон қувва ва ягон кас намехоҳад, ки осон аз сари дастурхони пурнозу неъмати ҳукумат бархезад. Ва Раҳмонов ҳам инро ҳамеша мехост ва медонем. Аз ин рӯ, опозитсияи Тоҷикистон хиёнати сахттарине, ки кард, ин буд, ки баъди бастани созишномаи сулҳ, аз пайи арзишҳо, аз пайи муқаддасот, аз пайи принсипҳо, аз пайи дигаргуниҳои бунёдӣ ва стратегӣ нарафт. Яъне сулҳи тоҷикон ба тақисми мансабҳо ва курсиҳо бадал шуд. Мо бояд ин ҳақиқати талхро дарк кунем.

Албатта, ҷанг ба анҷом расид, он ҷанги ба истилоҳ гарм гузашт. Аммо онҳое, ки мегӯянд, ин сулҳ хотимаи ҷанг буд, ин хато андар хатост. Ҷанги Раҳмонов бо миллат ва Тоҷикистон ҳанӯз идома дорад. 25 сол аст, ки ҷанг дар Тоҷикистон идома дорад. Ва то даме, ки Раҳмонов ҳаст, ин ҷанг идома хоҳад дошт. Ҳанӯз пойи опозистсия ба Тоҷикистон нарасида, Раҳмонов тавонист байни онҳо ҷудоӣ андозад. Ва тухми ин ҷудоӣ дар Хостдеҳ (Афғонистон) кошта шуд. Бадбахтии дигар он, ки торихи ин ҷангро касе, ки тақрибан аз он бехабар аст, менависад.

Ва яке дигар аз хиёнатҳои опозитсия ин буд, ки баъди бозгашт ба ватан, баъзеҳо бо Раҳмонов “Лайлию Маҷнун” шуданд ва аз имкониятҳое, ки доштанд, истифода набурданд. Равшан накарданд, қаҳрамонони ин ҷанг кӣ буданд, душманони ин ҷанг кӣ буданд, кӣ хоин буд ва кӣ қаҳрамон! Хулоса, ба истилоҳ, як каша шуд. Аз ин рӯст, ки мардум дигар имрӯз осон бовар мекунанд, ки сулҳовару сулҳофарину ҳама чиз Эмомалӣ Раҳмонов аст. Аз мост, ки бар мост!

Ва имрӯз ҳам, мо мебинем, ки опозитсияи Тоҷикистон хеле парешон аст, опозитсияи Тоҷикистон аз гузашта сабақ нагирифтааст. Ва агар равиши мо ва амали мо чунин бошад, бовар кунед Тоҷикистонро даҳшатҳои нав ба нав дар интизор аст.

Ҳол, имрӯз мо беш аз ҳама ба чӣ чизе ниёз дорем. Якум, аз худ берун кардани кинаву адоват ва таҳорати ботин. Яъне вақте ки ту ба мубориза бармехезӣ барои як кори муқаддас ва барои як ҳадафи муқаддас бармехезӣ, бояд ки бо ботини пок ба ин сафар бароӣ.

Ва имрӯз бо алам гуфтан ё нагуфтани ин ки чаро ин созишномаи сулҳ ба ваҳдати миллӣ наовард, чаро ба оромӣ наовард, чаро ба субот наовард, ин ҳама хуб аст, аммо ин масъалаи асосӣ нест. Масъалаи асосӣ ин аст, ки имрӯз Тоҷикистон дар як варта гирифтор аст, шояд баъд аз ин мо ҳамчун миллат нест шавем, бояд ин хатарро ҳамаи мо эҳсос кунем ва барои наҷоти миллат ва наҷоти Тоҷикистон, ба ҳам биёем. Яъне як иттиҳоде, ки дар пайи арзишҳо бошад, дар пайи усулҳои бунёдӣ барои сохтани Тоҷикистони нав бошад.

Соли 1992 вақте, ки мо баъд аз ба сари қудрат омадани калтакдорони сулҳ, яъне ҳукумати Раҳмонов, рӯ ба ҳиҷрат овардем, воқеан аксари кишварҳои дунё бар зидди мо буданд, ва дар Тоҷикистон ҳам, ман бовар дорам, ки 60 ва 70 фоизи мардум ба сабаби таблиғот зидди опозитсия, хушдори ӯ набуданд. Аммо чаро опозитсия пирӯз шуд? Барои он ки опозитсия идея дошт. Идеяи опозитсия ба воситаи Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ва Устод Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва дигарон ба сурати равшан ба мардуми Тоҷикистон расонда мешуд.

Ва худи ҳамин мубориза ҳам, як романтика пайдо карда буд. Масалан, вақте ки ман дар Афғонистон будам, Устод Нурӣ нақл карданд, ки як ҷавон вақте ки ба амалиёт меравад ва ҳама кушта мешаванд ва ӯ зинда мемонад, пеши Устод Нурӣ меояд ва гиря мекунад ва ашк мерезад. Устод мепурсанд, ту чаро гиря мекунӣ?! Ин ҷавон мегӯяд, Худо барои ман шаҳодатро насиб надид. Яъне ман ягон гунаҳкорам, ки ман кушта нашудам, вале дӯстони ман кушта шуданд.

Ин буд, ки мардум ба муқобили тонкҳо, ба муқобили ҳавопаймоҳо, ба муқобили ҳар чи хоҳед, бо дастони урён мерафтанд. Тамоми дунё зидди опозитсия буд, аммо Худо бо опозитсия буд, ҳақиқат дар ҷониби опозитсия буд, адолат дар ҷониби опозитсия буд.

Имрӯз ҳам дар Тоҷикистон масалан агар як назарсанҷӣ гузаронда шавад, хона ба хона, ман боварӣ дорам, ки 80 фоизи мардум аз ин режим безор ҳастанд. Аммо ҳамин мардум мехоҳанд дар баробари Раҳмонов як қувваеро бибинанд, як алтернативаеро бибинанд, ки ба ӯ бовар кунанд, қуввае аз шахсиятҳое, ки воқеан мардуми Тоҷикистон мешиносанд ва бовар мекунанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: