Паёми Муҳаммадсаид Ризоӣ ба ҳамоиши “Созишномаи сулҳи тоҷикон”

Муҳаммадсаид Ризоӣ, узви Раёсати олӣ ва раиси шӯъбаи фарҳанг ва иршоди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, дар паёме ба ширкаткунандагони ҳамоиши “Созишномаи сулҳи тоҷикон”, ки дирӯз (09.07.2017) дар шаҳри Дортмунди Олмон баргузор гардид, бо баёни ин ки “дуруст аст, ки бо имзои созишномаи сулҳ фоидае накардем ва роҳбарҳо, шахсиятҳои муҳим ва нерӯямонро аз даст додем” хотирнишон кард: “Аммо дар муқобил, кишаварамон, Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифамон фоида карданд. Оромӣ, истиқрори Тоҷикистон ва озодона дар он зистан, аз муҳимтарин самараи сулҳу ваҳдат буданд”.

Машрӯҳи ин паём ба шаҳри зерин аст:

Ба номи Худованди меҳрубон

Мӯҳтарам устод Муҳйиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, меҳмонони азиз, хоҳарон ва бародарони гиромӣ!

Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ

Ҳодисаҳои муҳим ва барои қавму миллатҳо мондагор, дар байни ҳамаи мардум, қавму миллиятҳои дунё вуҷуд доранд. Милоди ҳазрати Масеҳ (а.с), ки дар раъси солшумории милодӣ дар саросари дунё қарор дорад. Солшумории ҳиҷрии қамарӣ барои беш аз якуним милиард пайравони ислом, ки аз ҳиҷрати Паёмбари ислом (а.с) ҳамроҳ бо мусулмонон ба Мадинаи Мунаввара ва оғози марҳилаи иззат ва рушди ислом ва мусулмонон асос меёбад. Ҳамчунин аст Наврӯз ва дигар ҳодисаҳои муҳим дар байни дигар қавму милятҳои дунё.

Ваҳдати байни тоҷикон ҳам барои тоҷикону тоҷикистониён аз чунин ҷойгоҳи азиме бархӯрдор мебошад. Агарчӣ ҳоло як тараф, тарафи ҳукумати феълӣ онро на ҳамчун рӯйдоди барои кишвару миллат муҳим, балки танҳо аз он барои манфиъати як гурӯҳ ва он ҳам таҳкими ҳукумати сохти оилавӣ ва ёди ҷангу харобиҳои ҳодисаҳои хунини як давре аз замон ва бо ин роҳ дохил кардани руъб ва тарсу даҳшат дар дили мардум ҷашн мегирад.

Барои ҳамин вақти ҷашн ва истиқболи ин санаи таърихӣ, ки мутобиқи барномаи ҳукуматӣ ҳар сол дар яке аз вилоятҳо ё ноҳияву шаҳраке ҷашн гирифта мешавад, дар он ҳама навъи мушкилот, аз ситондани маблағ барои маросими бо дабдаба сар карда, то машқҳо (маршировка)-и талабаҳову маҷбуран овардан ва ташнаву гурусна нигоҳ доштани мардум соатҳои тулонӣ дар майдон, то анҷоми ҷашн, ба сари мардум мисли борон рехта мешавад.

Ин чӣ маънӣ дорад?! Ин ҳамон маъноро дорад, ки ҳукуматдорони ҳоло сари қудрат қарор доранд ва худро “пешво”ву “бунёнгузори сулҳу ваҳбат” ном мебаранд, ки соҳиби ин сулҳ нестанд. Онҳо бо ин ваҳдат бегонаанд. Соҳиби аслии ин сулҳу ваҳдат ана ҳамин мову шумоем. Поягузорони асосии истиқлоли кишаврамон ва бунёнгузорони сулҳу ваҳдат дар он ҳамин мову Шумо мебошем.

Вақте Қадриддин Аслонов (раҳматуллоҳи алайҳӣ), раиси Шурои Олӣ ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Ҷумҳурӣ, истиқлоли Тоҷикистонро дар майдон, дар рӯ ба рӯи мардуми гирдҳиҳамомада эълон кард, дар паҳлӯи ӯ ва дар байни мардуми гирдиҳамомада мову Шумо будем. Агар баъзе аз мо он ҷо набудем, падарон, бародарон ва наздикони мо ва онҳое, ки ҳоло сарсону саргардон ҳастанд, он ҷо буданд ва ашки шодӣ мерехтанд.

Дар муқобил, ин ҳукуматдорони феълӣ буданд, ки бо шиъорҳои “Неъмати СССР мезанатон!”, “СССР ва мардуми Рус ба мо чӣ бадӣ доранд?!” сар дода, истиқлоли Тоҷикистонро аз Шӯравии собиқ хиёнат қаламдод мекарданд. Аз ҳамон ибтидо шурӯъ ба бадрафторӣ карда шиъори “Нест бод ислом!” сар доданд ва раванди он ҳаракати мардумиро, ки танҳо ва танҳо барои ҳифзи истиқлол, озодӣ ва якпорчагии кишвар буд, ба мазҳабиву қавмӣ кашониданд, дар ҳоле, ки дар он вақт масъалаи ислом ва ё ҳеч ҳизб ё қавму миллате дар миён набуд.

Бинобар ҳамин, ман ҳоло Шумо иштирокдорони ин ҳамоиш ва ҳамватанони азизамонро, меҳмонони азизи ватанӣ ва беруние, ки дар роҳи расидани ин сулҳу ваҳдат бевосита саҳим ҳастанд, он меҳмонҳое ҳам, ки дар ин ҳамоиш ҳузур доранд, ҳама бародарон ва хоҳаронамонро дар дохил ва онҳое, ки дар берун аз кишвар ба сар мебаранд, ба ҷашни ин санаи муҳим ва таърихӣ барои миллату кишварамон аз самими дил табрик мекунам.

Хоҳарон ва бародарони азиз!

Мо бисёр шахсиятҳои мазҳабӣ ва милливу сиёсии худро дар ин роҳ аз даст додаем: Устодон Саид Аблуллоҳ Нурӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода, устод Латифӣ, устод Ҳабибуллоҳ Сангинов, Тоҳири Абдуҷаббор он шахсе, ки эъломияи истиқлоли кишварро ба тасвиб расонидааст ва даҳҳо шахсиятҳои муҳим ва садҳо размандагони ғайюри дигар, ки шарафмандона дар ин роҳ қадам задаанд (раҳмати Худо нисори ҳаммаи онҳо бод!) Онҳо талош намуданд, ки бо ин сулҳ кишвар ва мардуми худро аз хорӣ, таҳқиру саргардонӣ бираҳонанд.

Ҳоло бисёр суоле ҳам матраҳ мешавад, ки: “Сулҳ барои мо чӣ овард?”, “Мо аз ин ваҳдат чӣ фоидае кардем?”

Шояд дуруст бошад, ки мо фоидае накардем. Дар иваз роҳбарҳо, шахсиятҳои муҳим ва нерӯямонро аз даст додем. Аммо дар муқобил, кишаварамон, Тоҷикистони азиз ва мардуми шарифамон фоида карданд. Оромӣ, истиқрори Тоҷикистон ва озодона дар он зистан ва бе таҳқиру ташвиш сафар кардан, баръакси бозҷӯиҳои имрӯз ва боздошту таҳқир ва соатҳои дароз дар вокзалҳо ва майдонҳои ҳавоӣ нигоҳ дошатан ё иҷборан ба Ватан баргардондани ҳамватанон, махсусан ҷавонони мо, аз муҳимтарин самараи сулҳу ваҳдат буданд.

Инро ҳам бидонем, ки ин гуна суолҳо аҳёнан нофаҳмида дода шаванд, дар бисёр маврид аз тарафи нафарони махсуси дастгоҳи амниятӣ ба хотири беарзиш нишон додани ин санаи муҳими таърихӣ ва эҷоди ихтилофу тафриқа байни ҷавонон ва байни шарафмардони худи онҳо матраҳ карда мешаванд.

Ҳоло ин ҳама мушкилотро вақте мебинем, яқин мекунем, ки сулҳу ваҳдат ҳадяи хубе буд аз тарафи Парвардигор барои Тоҷикистон ва миллати мо ва сулҳофаринони ҳақиқӣ, ғамхорон ва дӯстдорони воқеии кишвар ва миллати худ буданд.

Ҳамватанони азиз!

Тамаъи ҳукуматдорони кунунӣ аз кишвар ва аз миллати мо, ҳамон тамаъҳои қаблияшон аст ва дигар нашудааст. Ҳоло ҳам Ватан ва миллат талафот дода истодааст. Ҳизбу ҳаракатҳои озодихоҳ ва нашрияҳои гуногунандеш баста шуданд. Шахсиятҳои озодандеш, ҳуқуқдонҳо, тоҷирон ва сиёсатмадорони дилсӯз барои Ватану миллат бо айбҳои бофтаву сохта ва бисёр нанговар зиндонианд. Маҳмадрузӣ Искандаров ва Зайд Саидов, раисони ҳизбҳои сиёсӣ ва корчалонҳои соҳаҳои рушди сиёсату тиҷорат, ҳуқуқдонҳои варзида ва ғамхор ба ин марзу бум, Бузургмеҳр Ёров, ҳоҷи Нуриддин Макамов ва даҳҳо адибону шоирон ва нависандагони озодбаён ва дигарандешони кишварамон ё зинодониянд ва ё саргардон берун аз Ватан. Муъовинони раиси Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон, Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Ҳайит ва даҳҳо аъзоёни Раёсати олӣ ва садҳо аъзоёни қаторӣ ва тарафдорони Наҳзат ба ҳабси доимӣ ва тӯлонӣ ҳукм карда шуданд.

Бинобар ин, ҳамзамон тавсияе дорам барои ҳозирини ин ҳамоиш ва ҳамватанони азизамон дар саросари дунё ва мехоҳам ҳамин ҷо арз кунам: Мо дар гирдиҳамоиҳои қаблӣ шиъори “Иттиҳод, иттиҳод рамзи пирӯзист!” доштем. Ин шиъор бар зидди кадом қавм ё мардуми хосси Тоҷикистон ва тоҷикистониён набуд. Дар он рӯз танҳо ва танҳо (таъкид мекунам) барои ҳифзи истиқлол ва озодӣ, якпорчагии Ватан ва сарбаландии мардуми азизамон буд. Дар ҳоли ҳозир ҳам хатари истиқлоли кишвар, таҳқири миллат дар ҳама абъоди зиндагияшон, чӣ дар сиёсат, ҳуқуқ ва чӣ дар ақидаву фарҳанг, тиҷорат ва касбу кор аз он давра дида, камтар нест. Пас имрӯз ниёзи амалӣ кардани ҳамон шиъор аз он вақт карда зарурӣ мебошад.

Мо бо иттиҳоди худ ваҳдатро бозсозӣ мекунем ва рушд медиҳем. Бо иттиҳоди худ ба саргардонӣ ва таҳқиру азияти ҳамватанони азиятдидаи худ хотима медиҳем.

Ба умеди раҳоии озодандешону адолатхоҳон ва ба орзуи пиӯзии ҳаққу адолат.

Вассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.

Муҳаммадсаид Ризоӣ

Узви Раёсати олӣ ва раиси шӯъбаи фарҳанг ва иршоди Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон

Полша, Варшава

09.07.2017

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: