Сайфулло Сафаров: “ҲНИТ заминаи иҷтимоӣ дорад”

Муовини аввали раиси Маркази пажӯҳишҳои истротежики Тоҷикистон, бо баёни ин ки “фаъолияти ҲНИТ ва иттиҳоди гурӯҳҳои мухолиф дар хориҷа ба амнияти кишвар хатар дорад” гуфт: “Дар ҳоле ки гурӯҳҳои опозисиюн дар гузашта дар дохили кишвар бар рӯйи ҷомеа таъсир надоштанд, аммо Ҳизби наҳзати исломӣ заминаи иҷтимоӣ дорад ва ҳамагуна фаъолиятҳои сиёсӣ ва муттаҳидшавиаш бо гурӯҳҳои дигар, метавонад ба афкори ҷомеа дар дохили Тоҷикистон таъсир гузорад”.

Ба гузориши радиои Озодӣ, ин матлабро Сафаров рӯзи 10-уми июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе баён кард.

Бар пояи ин гузориш, вай гуфт: “Ҳоло таъкид мекунам, ки раванди муттаҳидшавии нерӯҳои мухолиф дар беруни кишвар, бахусус, пешравии Ҳизби наҳзати исломӣ, ба амнияти миллии мо хатари хеле ҷиддӣ дорад. Ҳамон тавре ки чанд соли пеш гуфта будам, боз ҳам мегӯям, бояд давлат, халқ ва ҳизбу ҳаракатҳои сиёсии Тоҷикистон дар баробари ин ҳаракат аз эҳтиёт кор гиранд.”

Сайфулло Сафаров эътироф кард, ки то кунун нафақат кишварҳои хориҷи дур, балки давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Русия, Ҳизби наҳзати исломиро созмони теруристӣ намедонанд.

Сойти Ахбор (Мирзои Салимпур) низ, ки гузорише аз нишасти хабарии оқои Сафаров дар сафҳаи худ дар ин сойт гузошт, навишт, муовини аввали раиси Маркази пажӯҳишҳои истротежики Тоҷикистон, дар посух ба ин суол ки оё ҳукумат нисбат ба Олмон, ки рӯзи 9 июл дар шаҳри Дортмунди он кишвар як ҳамоиши гурӯҳҳои опозисиюни тоҷик доир шуд, чораҷӯӣ мекунад, оқои Сафаров гуфт, ҳарчанд кишварҳои Урупо аз меъёрҳои дугона кор мегиранд, вале Тоҷикистон муносибатҳояшро бо Олмон бад карданӣ нест.

Бар асоси ин гузориш, Сайфулло Сафаров дар ин нишасти хабариаш, аз кишварҳои муштаракулманофеъ, ба вижа аз Русия даъват кард, то дар масъалаи амнияти Тоҷикистон бетараф набошанд ва алайҳи гурӯҳҳои сиёсие, ки дар Тоҷикистон мамнӯъ шудаанд, иқдом кунанд.

Ва ҳаминчунин аз хабарнигорон даъват кард, ки “дар мубориза бо чунин омилҳое, ки ба амнияти Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд”, мусоидат намоянд. Ӯ гуфт: “Шояд дар Тоҷикистон камбудиву норасоиҳо вуҷуд дошта бошад, вале ин камбудиҳоро мешавад аз тариқи гуфтугӯ ҳаллу фасл кард.”

Гуфтанист, рӯзи 9 июл дар шаҳри Дортмунди Олмон ҳамоише бахшида ба солгарди 20-уми имзои Созишномаи сулҳи байни ҳукумат ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати кунунӣ, аз ҷумла Ҳизби наҳзати исломӣ, Гурӯҳи 24 ва Анҷумани нерӯҳои созандаи Тоҷикистон ширкат карданд.

Бар асоси гузориши сойти Ахбор, дар пайи ин ҳамоиш дар Дортмунд нишасти алоҳидаи раҳбарони гурӯҳҳои опозисиюнии Тоҷикистон доир шудааст. Ширкаткунандагон мегӯянд, дар ин нишаст ҷиҳати таъсиси як эътилофи нирӯҳои мухолиф ва анҷоми иқдомҳои муштарак тавофуқ кардаанд.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: