Қатар ба дунболи дарёфти ғаромат аз кишварҳои арабии таҳримкунанда

Қатар қасд дорад бо ташкили як кумитаи вежа, милёрдҳо дулор ғаромат аз кишварҳои арабии таҳримкунанда дарёфт кунад.

Қатар дирӯз (якшанбе, 09.072017) эълом кард, ки кумитаи вежаеро ташкил дода, то дарёфти ғаромат аз кишварҳои арабӣ ба хотири эъмоли таҳримҳо ва маҳдудиятҳо алайҳи ин кишварро пайгирӣ кунад. Қатар хостори дарёфти милёрдҳо дулор ғаромат аз Арабистони Саудӣ ва соири кишварҳои арабии таҳримкунанда аст.

Алӣ бен Фитёс ал-Морӣ, додситони кулли Қатар, дар суханоне таъкид кард: “Кумита иддаоҳои ғаромат ба парвандаҳои марбут ба ширкатҳои бузург мисли Qatar Airways ва донишҷӯёни қатарӣ, ки аз кишварҳои арабӣ ихроҷ шудаанд, расидагӣ мекунад”.

Вай дар идома тасреҳ кард: “Ин кумита ҳамаи иддаоҳоро дарёфт хоҳад кард, хоҳ ин иддаоҳо аз бахши умумӣ ва давлатӣ бошад ё аз бахши хусусӣ ё афроди ҳақиқӣ”.

Вай дар суханоне дар Дуҳа афзуд: “Ширкатҳо, бонкҳо ва ашхос қодир хоҳанд буд, то иддаоҳои худро дар додгоҳҳои Қатар ва додгоҳҳои хориҷӣ мисли Ландан ва Порис матраҳ кунанд”.

Қатар эълом кардааст, ки ҳазорон шаҳрванди ин кишвар аз иқдомоти мунзавикунандаи кишварҳои арабӣ осеб дидаанд. Ин бадтарин бӯҳрон дар равобити кишварҳои арабӣ дар солҳои ахир ба шумор меравад.

Кумитаи ҳуқуқи башари Дуҳа низ эълом кард, ки таҳримҳои кишварҳои арабӣ алайҳи Қатар нақзи ҳуқуқи 140 донишҷӯе будааст, ки дар ҳоли таҳсил дар Аморот, Арабистон ва Баҳрайн будаанд.

Ширкати ҳавопаймоии Qatar Airways низ, ки Дуҳаро ба як маркази аслии ҷаҳонӣ тайи солҳои ахир табдил карда буд, ба хотири таҳримҳои кишварҳои арабӣ, дар маърази аз даст додани ҷойгоҳи худ ба унвони яке аз ширкатҳои бузурги ҳавопаймоӣ аст. Кишварҳои арабӣ ҳарими ҳавоии худро ба рӯйи ин ширкат бастаанд.

Гуфтанист, 22 июн кишварҳои арабӣ зарбулаҷали 13-моддаиро ба Қатар ироа карданд, ки шомили дархостҳои ин кишварҳо барои лағви таҳримҳо будааст, қатъи равобит бо Эрон ва таътилии шабакаи Алҷазира ва бастани пойгоҳи низомии Туркия дар Қатар аз ҷумлаи муҳимтарин дархостҳои кишварҳои арабӣ будааст. Қатар бо ин дархостҳо мухолифат кардааст.



Рубрики:Ҷаҳони ислом

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: