Ислом ва Эронзамин (35)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (23)

Китобсӯзии Эрон ва Миср (4)

То ин ҷо сухани Абдуллатифро нақл ва баррасӣ кардем. Акнун ба нақди сухани Абулфараҷ ибни Алибрӣ бипардозем.

Абулфараҷ як табиби яҳудист, ки дар соли 623 ҳиҷрӣ дар Малатия (Осиёи Сағир) таваллуд ёфта ва падараш дини яҳудро тарк карда ва ба насроният гароидааст. Абулфараҷ низ оғози таҳсилоти худро ба фаро гирифтани усули насроният гузарондааст. Ӯ ба забони сурёнӣ ва арабӣ ошноии комил доштааст. Торихе мабсут ба забони сурёнӣ навишта, ки маъхазҳои он китобҳои сурёнӣ, арабӣ, юнонӣ будааст. Дар он китоб зикре аз китобсӯзии мусалмонон дар Искандария вуҷуд надорад ва хулосае аз он китоб ба арабӣ ба номи “Мухтасаруд-дувал” навишт, ки мегӯянд, ҳамаи нусхаҳои он нотамом ва ноқис аст. Ва аҷаб ин аст, ки мегӯянд, бо ин ки “Мухтасаруд-дувал” хулосаи он торихи муфассали сурёнӣ аст, муштамил бар матолибест, ки дар асли муфассали сурёнӣ нест; аз ҷумлаи онҳо достони китобсӯзии Искандария ба василаи мусалмонон аст.

Китоби “Мухтасаруд-дувал”-ро марде ба номи дуктур Пукук (Pococke), ки пруфусури колеҷи Оксфурд буда ва аз ашхосест, ки дар нашри акозиб алайҳи мусалмонон даст доштааст, табъу нашр карда ва ба забони лотин ҳам тарҷума намудааст. Аз он вақт ва ба василаи ин китоб ва ин шахс шойеъаи китобсӯзии мусалмонон дар Искандария дар Урупо ривоҷ ёфт, то он ки дар қуруни ахира ба василаи муҳаққиқони урупоӣ амсоли Гибон (Gibbon) ва Кирил ва Густов Ле Бун (Gustave Le Bon) ва дигарон ин шойеъа такзиб шуд.

Достони китобсӯзӣ дар китоби “Мухтасаруд-дувал” ба ин шакл омадааст:

Дар он замон Яҳёи Наҳвӣ, ки ба забони мо ба “Ғромотиқус” яъне наҳвӣ мулаққаб будааст, дар миёни араб мақоми шӯҳратро ҳоиз гардид. Мушорун илайҳ сокини Искандария будааст ва мазҳабан насронӣ ва ҷузъи фирқаи Яъқубӣ буд ва махсусан ақидаи совариро таъйид менамуд. Ӯ дар охир мазҳаби танассурро тарк гуфта ва тамоми уламои насорои Миср назди ӯ ҷамъ шуда насиҳат намуданд, ки аз куфр ва зандақа берун ояд, вале ӯ қабул нанамуд. Вақте, ки уламо маъюс шуданд, вайро аз маносибе, ки доро буд андохтанд, ва ӯ то муддате ба ҳамин ҳол боқӣ ва зинда буд, то он ки Амр ибни Ос (фармондеҳи мусалмонон дар фатҳи Миср) вориди Миср гардид. Рӯзе Яҳё назди вай ҳозир шуд. Амр аз мақоми илму фазли ӯ воқиф гардида ва хеле аз ӯ эҳтиром намуд. Фозили мушорун илайҳ шурӯъ ба як ришта суханони ҳакимонае намуд, ки аъроб абадан бо он ошно набуданд. Суханони мазбур дар димоғи Амр фавқулъода муассир воқеъ гардида фирефтаи вай шуд. Назар ба ин ки Амр аз ашхоси боҳуш ва оқил ва факур буд, мусоҳибати вайро ихтиёр намуд ва ҳеч вақт ӯро аз худаш ҷудо намесохт. Як рӯз Яҳё ба Амр изҳор дошт, ки ҳар чӣ дар Искандария ҳаст, дар тасарруфи шумо мебошад; албатта он чӣ барои шумо муфид мебошад, моро ба он коре нест, вале чизҳое, ки чандон маҳалли ҳоҷати шумо нест, хоҳиш мекунам, ки онҳоро ба худи мо вогузор кунед, ки истеҳқоқи мо ба онҳо бештар мебошад. Амр пурсид, ки онҳо чистанд? Дар ҷавоб гуфт: Китобҳои ҳикмат ва фалсафа мебошанд, ки дар китобхонаи давлатӣ захира шудаанд. Амр изҳор дошт, ки ман дар ин боб бояд аз халифа (Умар ибни Хаттоб) дастур бихоҳам, ва илло аз худам наметавонам қаблан иқдоме кунам. Чунонки айни воқеаро ба халифа иттилоъ дода ва касби таклиф намуд, дар ҷавоб навишт: Агар ин китобҳо мувофиқ бо Қуръон мебошанд, ҳеч зарурате ба онҳо нест, ва агар мухолиф бо Қуръонанд, тамоми онҳоро бар бод деҳ. Баъд аз вусули ин ҷавоб, Амр шурӯъ ба инҳидоми китобхона намуда муқаррар дошт, ки байни ҳаммомиҳои Искандария китобҳоро тақсим карданд ва аз ин рӯ дар муддати шаш моҳ тамоми кутубро сӯзонида бар бод дод. Ва он чӣ воқеъ шуда бидуни истеъҷоб қабул намо”. (Шибли Нӯъмон, рисолаи “Китобхонаи Искандария, сс.16-17)

Гузашта аз он чӣ дар нақди сухани Абдуллатиф гуфтем — ки як ривояти торихӣ бидуни зикри санад ва маъхаз ва мадрак, ба ҳеч ваҷҳ қобили қабул нест, бавежа, ки баъд аз 600 сол ин нақл бе санад ва бе маъхаз матраҳ шавад ва қаблан аҳаде аз он валав бидуни санад ва маъхаз зикре накардааст, ва ба илова, гуфтем, аз назари муҳаққиқон ин матлаб ба субут расида, ки асосан дар мавқеи фатҳи Искандария ба дасти мусалмонон, аз китобхона чизе боқӣ намонда буд ва мавзӯъ аз асл мунтафӣ будааст — далоил ва қароини дигаре алайҳи ин гузориш вуҷуд дорад:

1) Аввалан, дар ин достон қаҳрамон Яҳёи Наҳвӣ файласуфи маъруф аст. Тибқи асноде, ки ахиран таҳқиқ шуда, вай дар ҳудуди 100 сол қабл аз фатҳи Искандария даргузаштааст ва мулоқоти вай бо Амр афсона аст. Аҷиб ин аст, ки Шибли Нӯъмон бо ин ки менависад, ки вай яке аз ҳукамои ҳафтгонае аст, ки дар асари фишори Жустинин, аз Рум ба Эрон омаданд ва Хусрави Анушервон аз онҳо пазироӣ кард, асли мулоқоти Яҳё бо Амрро мавриди таъйид қарор медиҳад; таваҷҷӯҳ намекунад, ки аз муҳоҷирати он ҳукамо ба Эрон то фатҳи Искандария беш аз 120 сол фосила аст; одатан имкон надорад Яҳё, ки дар ҳудуди 120 сол қабл аз фатҳи Искандария ҳакиме маъруф будааст, ҳангоми фатҳи Искандария ба сурати яке аз надимони Амр ба ҳаёти худ идома диҳад. Бинобар ин, нақлҳое, ки мулоқоти Яҳё бо Амрро зикр кардаанд, ҳарчанд номе аз китобхона набурдаанд, беасос аст.

Достони мулоқоти Яҳё бо Амр дар ривояти Абулфараҷ, назири достони тадриси Арасту дар Искандария дар ривояти Абдуллатиф аст; ваззоъон ва қиссапардозон ба интибоқи қисса бо торих таваҷҷӯҳ накардаанд.

2) Сониян, дар матни қисса омадааст, ки пас аз он ки дастури халифа ба нобудии китобҳо расид, Амр китобҳоро ба ҳаммомҳои Искандария тақсим кард ва то муддати шаш моҳ хӯроки ҳаммомҳои Искандария буд, ва бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Искандария дар он вақт бузургтарин шаҳри Миср ва яке аз бузургтарин шаҳрҳои ҷаҳони он рӯз будааст ва худи Амр дар гузорише, ки бо эъҷоби фаровон барои халифа аз ин шаҳр медиҳад, менависад: “Дар ин шаҳр 4000 ҳаммом, 4000 иморати олӣ, 40 ҳазор яҳудии ҷизяпардоз, 400 тафреҳгоҳи давлатӣ, 12 ҳазор сабзифурӯш, ки сабзии тоза мефурӯшанд вуҷуд дорад”, бояд чунин фарз кунем, ки дар муддати шаш моҳ 4000 ҳаммом аз ин китобҳо гарм мешудаанд; яъне он қадр китоб будааст, ки агар як ҳаммомро мехостанд бо он гарм кунанд, барои қариб ба 700 ҳазор рӯз яъне дар ҳудуди 2 ҳазор соли он ҳаммом кофӣ буд.

Аҷибтар он ки тибқи он чӣ дар матни гузориши Абулфараҷ омада, ҳамаи он китобҳо дар ҳикмат ва фалсафа буда, на дар мавзӯи дигар. Акнун хуб аст каме биандешем, оё аз оғози пайдоиши тамаддун то имрӯз, ки қарнҳост санъати чоп пайдо шуда ва дар шакли сарсомоваре нусха берун медиҳад, ин андоза китоби ҳикмат ва фалсафа, ки барои сӯхти 4000 ҳаммом дар муддати шаш моҳ кофӣ бошад, вуҷуд доштааст?

Боз хуб аст биандешем, чунин китобхонае чӣ масоҳатеро ишғол карда будааст? Китобҳо ба сурати анборшуда монанди анбори коҳи гандум набуда, балки ба сурати чидашуда дар қафасаҳо буда, зеро мавриди истифодаи мардум будааст. Ва аз ин рӯ, дар гузорише, ки аз як кашиши масеҳӣ дар қарни чаҳоруми баъд аз мелод расида, ки аз ноҳияи имперотури вақт маъмур шуда буд китобхонаро аз байн бибарад, чунин омада, ки: “Ман қафасаҳои онро дар он вақт аз китоб ба куллӣ холӣ ёфтам” (Шибли Нӯъмон, “Китобхонаи Искандария”, с.50). Як равоқ, ки оқои Абдуллатиф ҳам онро мушоҳида карда буда, ки ҳеҷ, масоҳати як шаҳр ҳам шояд барои чунин китобхонае кофӣ набошад.

Имрӯз китобхонаҳои бисёр бузург дар асари пешрафти санъати чоп ва вуҷуди имконоти бесобиқа дар торихи башар, дар ҷаҳон хусусан Омрико ва Шӯравӣ вуҷуд дорад, ҳамчунон ки шаҳрҳои бисёр бузург ва бесобиқа дар торихи башар дар ҷаҳони имрӯз вуҷуд дорад. Ман бовар надорам имрӯз ҳам китобхонае вуҷуд дошта бошад, ки китобҳояш барои гарм кардани ҳаммомҳои шаҳре, ки он китобхона дар он ҷо ҳаст, барои муддати шаш моҳ кифоят кунад.

Инҳо ҳама далели афсона будани ин достон аст ва танҳо дар дунёи афсонаҳо назире барояш метавон ёфт. Гӯянд, марде дар васфи шаҳри Ҳирот, ки муддаӣ буд рӯзгоре фавқулъода бузург ва пурҷамъият буда доди сухан медод; корро ба ҷое расонид, ки гуфт: Дар он вақт дар Ҳирот 21 ҳазор Аҳмади якчашми каллапаз вуҷуд доштааст! Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки ҳама номашон Аҳмад набуда ва ҳамаи Аҳмадномҳо якчашм набудаанд ва ҳамаи Аҳмадҳои якчашм каллапаз набудаанд, пас агар фақат адади Аҳмадҳои якчашми каллапаз ба 21 ҳазор нафар мерасида, ҳисоб кунед ва бибинед, адади соирин чӣ қадр будааст?! Агар аввалину охиринро рӯйи замин ҷамъ кунем, қатъан боз ҳам кофӣ нест.

Достони Абулфараҷ чизе шабеҳи достони Аҳмади якчашми каллапаз аст. Аз ин рӯ, нависандагони доиратулмаорифи ангилисӣ бино бар нақли Шибли Нӯъмон, қиссаи Абулфараҷро ҷузъи фукоҳиёт ба ҳисоб овардаанд.

3) Солисан, ҳамон тавре, ки Шибли Нӯъмон ва бархе муҳаққиқони ғарбӣ гуфтаанд, дар он аср китобҳо аз пӯст буда ва абадан ба дарди сӯхт намехӯрданд. Ва бад-ин ҷиҳат онҳоро барои сӯхт ба кор бурдан як кори лағву беҳудаи дигаре буда. Шибли Нӯъмон аз шахсе ба номи Мисю Дерпир нақл мекунад, ки гуфта: “Мо яқин дорем, ки ҳаммомиёни Искандария то вақте, ки барои сӯхт маводди дигаре ҳозир доштанд, ҳеч вақт китобҳоеро, ки рӯйи пӯст тадвин ёфта ба масрафи сӯхт намерасониданд, ва сухан ин ҷост, ки қисмати аъзами китобҳои мазбур аз пӯст ташкил ёфта буданд” (Ҳамон манбаъ, сс.53-56)

4) Робеъан, агар чунин китобхонае дар Искандария буд, қатъан Амр дар гузориши худ аз ин шаҳр ба халифа, ки дар таворих мазбут аст, номе ҳам аз он мебурд. Дар он гузориш аз тафреҳгоҳҳои давлатӣ ва сабзифурӯшҳои шаҳр сухан ба миён омада, аммо аз китобхона сухане нест.

5) Хомисан, Искандария пас аз фатҳ ба василаи Амри Ос, қарордоди сулҳ бо мусалмонон баст ва мардуми он ҷо “аҳли зимма” ба шумор мерафтанд ва муқаррароти “аҳли зимма” дар бораи онҳо иҷро мешуд. Яъне ҷону молу номусу ҳатто маъобид ва озодии ибодаташон мӯҳтарам буд ва ҳукумати исломӣ худро зомин ва масъули онҳо медонист. Амр ибни Ос дар аҳдномаи худ бо мардуми Миср чунин навишт: “Ин паймони амниятӣ аст, ки Амр ба мардуми Миср медиҳад, ки ҷону хуну амволу масокину соири умурашон дар амон аст”. Ва тибқи он чӣ аз “Муъҷамул-булдон” нақл шуда, тасреҳ шудааст, ки: “Замини мардуми Миср, амвол ва сармояҳои он мардум ҳама мутааллиқ ба худашон аст ва касе ҳаққи таарруз надорад”.

Ба таври куллӣ медонем, ки сираи мусалмонон бо аҳли китоб ҳамвора инчунин буда, ки онҳоро пас аз фатҳ дар “зимма”-и худ қарор медоданд ва аз онҳо ҷизя мегирифтанд ва дар муқобили ин ҷизя ӯҳдадори амнияти ҷону молу ҳайсияту маъобиди онҳо мешуданд. Дар Искандария низ чунин шуд. Агар дар нақли Абулфараҷ омада буд, ки мусалмонон ҳангоми фатҳи Искандария қабл аз ақди паймони сулҳ бо мардуми он ҷо чунин коре карда буданд, то ҳадде қобили қабул буд, аммо гузориши Абулфараҷ мегӯяд, ин ҷараён муддатҳо баъд аз фатҳи Искандария, дар асари тазаккуре, ки аз тарафи Яҳёи Наҳвӣ дода шуд рух додааст. Ин ки мусалмонон баъд аз қарори сулҳ даст ба чунин коре бизананд, мухолифи сира ва суннати онҳост.

6) Содисан, он чӣ аз аҳволи Амр ва Умар ибни Хаттоб иттилоъ дорем, ин ҷараёнро таъйид намекунад. Аммо Амр шахсан марде мудаббир ва боҳуш ва мустақиллулфикр буда ва агар назари хоссе дошт, ба ҳар шевае буд бар халифа таҳмил мекард. Таворих менависад, ки Умар ибни Хаттоб чандон рағбате ба фатҳи Миср нишон намедод ва Амр ибни Ос назари худро бар ӯ таҳмил кард, то он ҷо, ки мегӯянд, аз халифа касби иҷоза кард, аммо пеш аз он ки иҷоза бирасад, ҳамларо шурӯъ кард.

Агар чунин мебуд, ки дар матни қисса омада, ки Яҳёи Наҳвӣ ба сурати надим ва муошири Амр даромада буд ва Амр ба ҳукми ақлу ҳуши зотӣ аз суханони ҳакимонаи Яҳё лаззат мебурд ва истифода мекард, Амр дар номаи худ ба халифа тавре гузориш медод, ки китобхонаи мавриди алоқаи дӯсти донишмандаш маҳфуз бимонад, на ин ки ба касби иҷозаи соддае қаноат кунад ва ба маҳзи расидани номаи халифа бидуни он ки бори дигар номае бинависад, фавран дар ҷилави чашми дӯсти донишмандаш китобҳоеро, ки аз ҷон барои дӯсташ азизтар буд, тӯъмаи оташ намояд. Ба илова, сираи Амр дар Искандария сираи як фотеҳи алоқаманд ба ислоҳу умрону ободӣ будааст, на сираи як ҷаббору ситамгар аз қабили Қутайба ибни Муслим. Вил Дуронт менависад:

Амр бо адолат ҳукумат кард. Қисмате аз молиётҳои газофро ба пок кардани конолҳо ва таъмири пулҳо ва таҷдиди маъбари обӣ, ки ба рӯзгори салаф Нилро ба баҳри Аҳмар мепайваста буд ихтисос дод ва киштиҳо аз Медитарона ба уқёнуси Ҳинд роҳ тавонистанд ёфт. Ин маъбари обӣ бори дигар ба соли 114 ҳиҷрӣ (732 мелодӣ) аз шен пур шуд ва матрук монд”. (Торихи тамаддун, ҷ11, с.220)

Аз фарде, ки фикри иҷтимоиаш дар ин сатҳ будааст, наметавон бовар кард, ки китобхонаеро оташ бизанад.

Ва аммо Умар ибни Хаттоб ҳарчанд марди сахтгире будааст, вале аҳаде дар ҳушу дурандешии ӯ тардид надорад. Умар барои ин ки ҳамаи масъулиятҳоро шахсан бар ӯҳда нагирад ва ба илова аз фикру андешаи дигарон истимдод ҷӯяд, маъмулан дар масоили муҳим хусусан дар сиёсати хориҷии ҳукуматаш шӯро ташкил медод ва ба машварат мепардохт, ки дар китобҳои торих мастур аст ва ба ду намунааш ба таносуб дар Наҳҷул-балоға ишора шудааст. Дар ҳеч торихе дида нашуда, ки Умар дар бораи китобхонаи Искандария шӯрое ташкил дода бошад ва бо касе машварат карда бошад. Бисёр баъид аст, ки чунин тасмимеро бе машварат иттихоз карда бошад. Ба илова, агар Умар чунин андешае медошт, ки мо бо вуҷуди Қуръон ба ҳеч китоби дигар эҳтиёҷ надорем, қатъан ин андешаи дигарро ҳам дошт, ки бо вуҷуди масоҷид эҳтиёҷ ба маъбади дигар надорем. Пас, чаро дар қарордодҳои худ калисоҳо ва канисаҳо ва ҳатто оташкадаҳоро таҳаммул мекунад ва балки давлати исломиро мутаъаҳҳиди ҳифзу нигаҳдории онҳо дар изои шароити зимма медонад?

7) Собеъан, фаразан Амр ибни Ос чунин дастуре дода бошад, оё боваре аст, ки мардуми масеҳӣ ва яҳудии Искандария бидуни ҳеч аксуламали мухолифе он китобҳоро, ки маҳсули фарҳанг ва торихашон буда, монанди анбори ҳезум таҳвил бигиранд ва бисӯзонанд ва ҳатто махфиёна он китобҳоро дарнабаранд ва махфӣ насозанд?!

* * *

Аммо нақл Қифтӣ, айнан ҳамон аст, ки Абулфараҷ нақл кардааст. Ҳамаи эродҳое, ки бар нақли Абулфараҷ ворид аст, бар ин низ ворид аст. Ва ҳамчунон ки Абулфараҷ дар китоби торихи муфассали худ, ки ба сурёнӣ навишта ин қиссаро наёварда ва аммо дар “Мухтасаруд-дувал”, ки ба арабӣ аст ва хулосаи он аст оварда ва ин мояи шигифтӣ аст, Қифтӣ низ дар китобе, ки дар торихи Миср навишта зикре аз ин қиссаи аҷиб накардааст, аммо дар китоби “Ахборул-уламо би ахборил-ҳукамо”, ки торихи фалосифа аст, дар зайли аҳволи Яҳёи Наҳвӣ ин қиссаро бидуни зикри ҳеч мадраке овардааст. Бинобар ин, дар нақли Қифтӣ низ Яҳёи Наҳвӣ яке аз ду қаҳрамони қазия аст ва ҳамаи он китобҳо, ки дар ҳикмат ва фалсафа буда ба қадре буда, ки 4000 ҳаммомро дар муддати шаш моҳ гарм кардааст.

Қифтӣ муддаӣ аст, ки Яҳёи Наҳвӣ дар ибтидо “киштирон” буда, дар синни 45-солагӣ ишқи таҳсил ба сараш зада ва баъд, ҳам файласуф шуда ва ҳам пизишк ва ҳам адиб ва ҳам ба мақоми усқуфии Искандария расидааст.

Дар мавзӯи Яҳёи Наҳвӣ навъе ибҳом дар торих ҳаст. Он чӣ мусаллам аст марде файласуф ва усқуф дар давраи қабл аз ислом ба номи Яҳёи Наҳвӣ вуҷуд доштааст ва ҳамон аст, ки бар радди Пруқлус (Proclus) ва Арасту ва дар дифоъ аз усули масеҳият китоб навишта ва Бӯалӣ дар номаи маъруфаш ба Абӯрайҳони Берунӣ аз ӯ ба зиштӣ ёд мекунад ва муддаӣ аст, ки ӯ на аз рӯйи ақида, балки ба хотири авомфиребии мардуми насоро он китобҳоро навиштааст. Аз тарафи дигар, Ибни ан-Надим дар “Алфеҳрист” аз Яҳёи Наҳвӣ ном мебарад, ки бо Амр ибни Ос мулоқот доштааст, бидуни зикре аз китобхонаи Искандария. Дар китоби мӯътабари “Савонул-ҳикма”-и Абӯсулаймони Мантиқӣ менависад, ӯ дар замони Усмон ибни Аффон ва Муовия дида шудааст.

Бинобар ин, ё нақли Ибни ан-Надим ва Абӯсулаймон бе асос аст ва ё он кас, ки дар замони Амр ибни Ос ва Муовия будааст, Яҳёноми дигаре буда ғайри он ки шахсияте маҳсуб мешавад ва шуруҳи зиёде бар китобҳои Арасту ва ғайра навишта ва усқуфи Искандария будааст.

Баъид нест касоне, ки достони китобхонаи Искандарияро сохтаанд, аз зикри номи Яҳёи Наҳвӣ дар каломи Ибни ан-Надим ва Абӯсулаймон истифода карда ва достонро пардохтаанд.

Ба ҳар ҳол, он чӣ мусаллам аст Яҳёи Наҳвии Искандаронӣ файласуф ва пизишк ва шореҳи Арасту ва усқуфи маъруфи Искандария, давраи Амр ибни Ос ва Муовияро дарк накардааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: