Фалсафа ва равиши реализм (91)

Мақолаи ҳафтум

Воқеият ва ҳастии ашё (5)

Матни китоб:

Акнун чӣ бояд кард ва ба сӯи кадом васила бояд даст дароз кард? (1)

Оё монанди донишмандоне, ки гуфтаанд: ҳақоиқро бояд бо кӯмаки ҳиссу таҷриба фақат ба даст овард, барои шинохтани мутлақи воқеият ва авсоф ва хоссиятҳои ӯ ба ҳиссу таҷриба бипардозем?

Ва ё ба сухани ононе, ки гуфтаанд: “Ҳақиқат бояд муттакӣ ба амал ва вобаста ба кор буда бошад, вагарна андеша ва фикре, ки иртибот ба амал надошта бошад, пиндори холӣ буда ва аз ҳақиқат дур аст” гӯш кунем ва ё монанди (назарияҳои дигар)?..

Ин роҳҳо роҳҳои расое ҳастанд, вале нисбат ба мақсади вежаи худашон, на ба ҳар мақсад.

Ин донишмандон касоне ҳастанд, ки ба таҳқиқ дар бораи як силсила аз умури моддӣ — ки майдони фаъолияти ҳиссу таҷриба мебошад — иштиғол варзида, як ришта воқеиятҳои муқайяда (хоссиятҳои мавзӯоти моддӣ) ба даст овардаанд. Он гоҳ хомӯшии фанни худро аз баҳсҳое, ки хориҷ аз вазифаи он мебошад — монанди баҳс ва кунҷковӣ дар асли воқеият ва чигунагии он — нафй пиндошта ва аз маҷмӯи ин суханони мусбат ва манфӣ (хоссиятҳои исботкунандаи модда, ғайри модда ва ғайри хоссиятҳои модда, ки нафй менамоянд) як ришта суханоне ба номи “фалсафа” таҳия намудаанд, ва дар ҳақиқат, аз вазифаи як файласуф, ки дар аслу асоси буду набуди ашё бояд гуфтугӯ кунад, ғафлат кардаанд. Ин донишмандон бояд ин нуктаро мутазаккир шаванд, ки ҳиссу маҳсуси он ва таҷрибаву мавриди он ва амал (ки як туфайлии вуҷудии мост) ва мутааллақи он ва ҳамчунин мо — ки ҳамаи онҳоро ба кор мебандем — ҳамагӣ ба воқеияти мутлақ бастагӣ дорем ва чизҳои воқеиятдор ҳастем.

Ва ба ҳамин ҷиҳат, мо бояд аввал ба воқеияти ҳисс такя бизанем, то битавонем бо нерӯи он, маҳсусро биёбем. Ва ҳамчунин нахуст бояд ба воқеияти таҷриба (такрори амал) имон дошта бошем ва пас аз он ба мавриди таҷриба пардохта қазоват намоем. Ва пеш аз инҳо, ба воқеияти худамон ва ҳамчунин ба воқеиятҳои дигаре, ки барои анҷоми ин корҳо лозим аст бояд илм дошта бошем. Ва ҳаргиз наметавон гуфт, ки чизе, дар воқеияти худ ва муқаддамтар аз воқеияти худ, таъсир метавонад кард, яъне қазовати ҳиссӣ ва таҷрибии мо дар воқеияти худ ва воқеияти иллатҳои худ қазоват намояд. Гузашта аз ин ки ҳамин суханоне, ки аз ин донишмандон мешунавем (“Ҳар ҳақиқатеро бо ҳиссу таҷриба бояд ба даст овард”, “Ба ғайри маҳсус эътиборе нест”) худ ҳиссӣ ва таҷрибӣ нестанд, зеро бархе куллӣ ва бархе манфӣ ҳастанд ва ҳиссу таҷриба ба куллӣ ва манфӣ таъаллуқ намегиранд.

Дар сурате, ки асли ҳамаи маълумоти мо илм ба асли воқеият мебошад, натоиҷи зарурии ин илм ва тасдиқро намешавад инкор кард, вагарна мойему чолаи торики сафсата.

Пас, дар мавриди кунҷковӣ аз асли воқеият ва аҳкоми он, ба як ришта маълумот ва тасдиқоти аввалия, ки мо изтироран ва хоҳ нохоҳ онҳоро пазируфтаем, бояд даст зад.

* * *

Таълиқот:

(1) Дар муқаддимаи мақола гуфтем, ки инсон дар тариқи таҳқиқоти илмӣ василаҳои мухталиф ба кор мебарад; гоҳе аз равиши ҳиссӣ ва гоҳе аз равиши ақлонӣ истифода мекунад, гоҳе ба озмоиш ва таҷрибаи илмӣ ва гоҳе ба таҷзия ва таҳлили ақлонӣ мепардозад. Ва фалсафа ва улум мутлақан — бо он ки ҳама маҳсули фаъолияти фикру андешаи башарӣ аст — роҳҳо ва васоили ба даст овардани онҳо мутафовит аст. Ва аз ин рӯст, ки уламои мантиқи ҷадид фасли ҷадиде дар мантиқ боз кардаанд ва дар он фасл равишҳо ва услубҳоеро, ки лозим аст дар ҳар илм ба кор бурда шавад, таъйин кардаанд.

Ворид шудан дар ин фасли мантиқӣ ва баҳс аз равишҳои улум, хориҷ аз вазифаи феълии мост. Он чӣ тазаккураш дар ин ҷо муносиб аст, ҳамон аст, ки дар матн ишора шуда. Ва он иборат аст аз таъйини ин ки “барои шинохти воқеият, ва ба иборати дигар, барои таҳқиқи ғавомизи фалсафӣ чӣ бояд кард ва ба сӯи чӣ василае бояд даст дароз кард?”

Таъйини ин матлаб махсусан аз он ҷиҳат лозим аст, ки ахиран бархе аз касоне, ки “ҳудуди ҳисс” ва “ҳудуди ақл”-ро ба дурустӣ ташхис надодаанд ва дар эътибор ва арзиши равиши ҳиссӣ роҳи иғроқ ва муболиға паймудаанд, сареҳан иддаъо кардаанд, ки ягона василаи мунҳасир ба фарди таҳқиқ дар ҳамаи қисматҳо, ҳиссу таҷриба аст ва ба ғайри он эътимоде нест.

Мо дар мақолаи 5 он ҷо, ки ихтилофи назари мантиқи таъаққулӣ ва мантиқи таҷрибиро баён мекардем, ҷавоби кофӣ ба ин иддаъо додем ва собит кардем, ки ин иддаъо аз адами таъаммуқ дар ҳудуди ҳиссу ақл ва баррасӣ накардани афкор ва идрокот ва муҳтаваёти зеҳн ношӣ шуда. Ва равшан кардем, ки дар ҳисситарин ва таҷрибитарини улум қазияҳое чанд мавриди истифода қарор мегирад, ки гувоҳе аз ҳиссу таҷриба надорад ва сирфан ҷанбаи ақлонӣ дорад.

Дар ин ҷо дар мақоми тавзеҳи матн ва исботи ин ки наметавон маншаи ҳамаи тасдиқҳо ва изъонҳои зарурии зеҳнро “эҳсос” (ҳисс) донист, изофа мекунем, ки яке аз тасдиқҳои зарурии зеҳни мо “воқеият доштани худи эҳсос” аст; оё вуҷуди эҳсосро низ мо эҳсос кардаем? Яке дигар аз тасдиқҳои зарурии зеҳни мо “воқеият доштани таҷриба” аст; оё вуҷуди таҷрибаро мо бо таҷриба собит кардаем? Ва ба илова, ҳамон тавре, ки дар матн баён шуда, худи ин иддаъоҳо, ки аз ин ашхос мешунавем, ки ба ин сурат таъбир мешавад: “Ҳар ҳақиқатеро фақат бо ҳиссу таҷриба бояд ба даст овард” ва ё ин ки “Ба ғайри маҳсус эътиборе нест” ҳиссӣ ва таҷрибӣ нест, зеро бархе куллӣ аст ва бархе манфӣ ва ҳисс ба манфӣ ва куллӣ таъаллуқ намегирад. Пас, агар ба ғайри ҳиссу таҷриба эътиборе нест, ба худи ин иддаъоҳо низ эътиборе нест.

Як таваҷҷӯҳи мухтасар ба худи масоили фалсафӣ ин гумони кӯдаконаро аз байн мебарад ва равшан мекунад, ки таҳқиқи ин масоил аз ҳудуди эҳсос ва озмоиш хориҷ аст. Масалан, тасаввури ҳамин масоиле, ки дар ҳамин мақола ба назари хонандаи мӯҳтарам мерасад: иштироки вуҷуд, асолати вуҷуд, ташкики вуҷуд ва ғайра, ба хубӣ мерасонад, ки иддаъои ин ки таҳқиқ дар ин масоилро бояд аз роҳи ҳиссу таҷриба ва дар зери заррабин ва лобалои лабаратория анҷом дод, чӣ қадр музҳик ва масхара аст.

Иштибоҳ дар василаи таҳқиқоти фалсафӣ то андозаи зиёде ношӣ аз иштибоҳи дигаре аст роҷеъ ба ин ки фалсафа чист? Ва чӣ фоидае дорад? Ва фарқи он бо илм чист? Дар мақолаи 1 рафъи ин иштибоҳот ба ҳадди кофӣ шудааст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм

Реклама


Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: