Ислом ва Эронзамин (36)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (24)

Китобсӯзии Эрон ва Миср (5)

Аммо Ҳоҷ Халифа. Ин мард аз мутааххирин аст ва дар қарни 11-уми ҳиҷрӣ мезистааст. Ӯ як китобшинос ва феҳристнавис аст на муаррих. Китоби маъруфи ӯ “Кашфуз-зунун” аст, ки феҳристи китобҳост ва дар фанни худ боарзиш мебошад. Ҷумлае, ки аз ӯ нақл шуда ду қисмат аст. Қисмати аввал ин аст, ки: “Араб дар садри ислом улумеро, ки мавриди таваҷҷӯҳ қарор медод се қисмат буд: забон, дигар аҳкоми шариат, севвум пизишкӣ, ки андаке қаблан ҳам аз он баҳра дошт ва ба илова мавриди ниёзаш буд, вале ба улуми дигар намепардохт, зеро намехост пеш аз он ки пояҳои ислом устувор шавад, улуми бегона дар миёни мардум роиҷ гардад”.

Сухани Ҳоҷ Халифа то ин ҷо сухани дурустест. Мо дар бахши “Хадамоти Эрон ба ислом” оғоз ва кайфияти нашъунамои улумро дар ислом баррасӣ хоҳем кард. Улуми исломӣ аз қироат, фиқҳ, дастури забон оғоз гашт. Дар ибтидо таваҷҷӯҳе ба улуми фалсафӣ ё табиӣ ё риёзӣ набуд. Тадриҷан ба ин улум таваҷҷӯҳ шуд. Қисмати дуввуми сухани Ҳоҷ Халифа ин аст: “Ҳатто гуфта мешавад, ки араб ҳангоми фатҳи шаҳрҳо китобҳое, ки ба даст меовард месӯхт”.

Мебинем, ки Ҳоҷ Халифа низ бо ин ки муаррих нест, нуктаеро, ки аҳли нақлу ривоят риоят мекунанд риоят кардааст. Нагуфтааст, ки араб ҳангоми фатҳи шаҳрҳо китобҳоро месӯзонид, ки изҳори назар ва таъйид дар қазия маҳсуб шавад, мегӯяд: “Гуфта мешавад чунин…” Шак надорад, ки дар замони Ҳоҷ Халифа, ки дар қарни 11-ум буда, чунин сухане гуфта мешудааст. Чаҳор қарн буда, ки ин сухан гуфта мешуда ва табъан қарн ба қарн бештар бар сари забонҳо меомадааст. Мисли ин аст, ки мо имрӯз бигӯем, гуфта мешавад ва бисёр ҳам гуфта мешавад, ки мусалмонони садри аввал ҳар ҷо китобе меёфтанд, месӯхтанд. Агар мо имрӯз чунин сухан бигӯем, дурӯғ нагуфтаем, чунонки дидем аз замони Абдуллатиф ва Абулфараҷ ва Қифтӣ шурӯъ шуд.

Пас Ҳоҷ Халифа илова бар ин ки монанди Абдуллатиф ва дигарон санаде ва маъхазе зикр накардааст, чизи тозае нагуфтааст; он чиро, ки дар афвоҳ дар замонаш гуфта мешуда, бо сиғаи феъли маҷҳул (“ва юрво”) ба нишонаи ғайриқобили эътимод будан мунъакис кардааст.

Баъд аз Абдуллатиф афроди дигаре айни иборати Абдуллатифро дар китобҳои худ мунъакис кардаанд, ки чун маълум аст нақли сухани Абдуллатиф аст, қобили баҳсу баррасӣ нест. Масалан, Миқризӣ китобе дар торихи Миср навишта, ки ба номи “Хутат Миқризӣ” маъруф аст. Вай он ҷо, ки монанди як муаррих фатҳи Искандарияро зикр карда, номе аз китобсӯзӣ набурдааст, аммо он ҷо, ки ба тавсифи “Амудус-саворӣ” — ки Абдуллатиф ҳам иборати маъруфи худро дар зайли тавсифи он гуфтааст — мерасад, айни иборати Абдуллатифро ҳарф ба ҳарф такрор мекунад. Ин худ мерасонад, ки Миқризӣ кучактарин эътимоде ба ин нақл надоштааст, ва илло лоақал инро дар зимни фатҳи Искандария меовард ва ё лафзи “ва юзкар” (чунин гуфта мешавад)-ро меандохт.

* * *

Акнун навбати он аст, ки ба нақди сухани Ибни Халдун, ки дар бораи хусуси китобсӯзӣ дар Эрон сухан гуфтааст бипардозем. Агар ба асли иборати Ибни Халдун муроҷиа накунем ва ба нақли Пурдовуд дар Яштҳо, ки оқои дуктур Муин аз он ҷо нақл кардаанд эътимод кунем, бояд бигӯем, Ибни Халдун, ки худ як муаррих аст ва ӯро бо Абдуллатиф, ки сирфан як табиб аст ва мехоста сафарнома бинависад ё Абулфараҷ, ки ӯ низ табиб аст ва ё Ҳоҷ Халифаи феҳристнавис ва ҳатто бо Қифтии “Торихул-ҳукамо”-навис набояд муқоиса кард. Ӯ худ як муаррих ва муаллифи торихи умумӣ аст, бинобар ин агар ба зирси қотеъ изҳори назар кунад валав мадрак нишон надиҳад, бояд гуфт, санад ва маъхазе дар кор будааст.

Вале Ибни Халдун низ изҳори назар накарда ва ба сурати феъли маҷҳул баён кардааст. Ӯ ҳам сухани худро бо ҷумлаи “ва лақад юқолу” оғоз кардааст (ҳамоно чунин гуфта мешавад). Ба илова, Ибни Халдун дар садри суханаш ҷумлае изофа карда, ки бештар мӯҷиби заъфи қазия мешавад. Ӯ баъд аз он ки тибқи асли иҷтимоии хосси худаш (ки мавриди қабули дигарон нест, ва он ин ки ҳар ҷо, ки мулку умрон густариш ёфта бошад, улуми ақлӣ хоҳ нохоҳ густариш меёбад) натиҷа мегирад, ки дар Эрон, ки мулку умрон густариши азим ёфта будааст, наметавонад улуми ақлӣ густариш наёфта бошад, мегӯяд:

Ва ҳамоно гуфта мешавад, ки ин улум аз эрониён ба юнониён расид он гоҳ, ки Искандар Дороро кушт ва бар мулки каёнӣ тасаллут ёфт ва бар китобҳо ва улуми бе ҳадду ҳасри онҳо истило ёфт ва чун сарзамини Эрон фатҳ шуд ва дар он ҷо китобҳо фаровон диданд, Саъд ибни Ваққос ба Умар нома навишт…

Чунонки медонем, ин ки Искандар аз Эрон китобҳое ба Юнон бурда бошад ва баъд аз фатҳи Эрон ба дасти Искандар юнониён ба улуми тозае даст ёфта бошанд, матлабест, ки ҳеч торихе онро ёд накардааст ва ҳеч асосе надорад. Оқои Пурдовуд дар ин ҷо дағале фармуда, қисмати аввалро, ки ҳам муштамил бар феъли маҷҳули “ва лақад юқолу” аст ва ҳам муштамил бар достони маҷъули ҳамли китобҳо ва улуми Эрон ба Юнон аст ҳазф кардааст ва ба натиҷагирӣ пардохтааст.

Маъхази шойеъае, ки Ибни Халдун ишора карда бо маъхази шойеъаи китобсӯзии Искандария ъалаззоҳир дутост. Шойеъаи китобсӯзии Искандарияро масеҳиён сохтаанд барои он ки ин ҷиноятро аз гардани худашон, ки омили аслӣ ҳастанд бардоранд ва ба гардани мусалмонон биандозанд, вале маъхази шойеъае, ки Ибни Халдун ишора кардааст ъалаззоҳир “Шуъубия” ҳастанд. Худи Ибни Халдун низ холӣ аз тамоюли шуъубӣ ва зиддиарабӣ нест.

Шуъубиёни эронӣ шиорашон ин буд: “Ҳунар назди эрониён асту бас”. Аз зоҳири иборати Ибни Халдун шояд бишавад истифода кард, ки мехостаанд муддаӣ шаванд ҳамаи улуми Юнон аз Эрон аст, дар сурате, ки медонем Искандар дар замони Арасту ба Эрон ҳамла кард ва тамаддун ва фарҳанги Юнон дар он вақт дар авҷи шукуфоӣ буд.

Матлаби дигар ин аст, ки он чӣ то кунун аз Ибни Халдун нақл шуда аз муқаддимаи ӯст, ки китобест фалсафӣ ва иҷтимоӣ. То кунун надидаем, ки ин матлабро касе аз худи торихи ӯ, ки ба номи “Ал-ибар ва девонул-мубтадаи вал-хабар” аст нақл карда бошад. Ибни Халдун агар барои ин қисса арзиши торихӣ қоил буд, бояд дар он ҷо нақл карда бошад.

Мутаассифона торихи Ибни Халдун дар ихтиёрам нест, вале агар чизе дар он ҷо мебуд, бисёр баъид аст, ки риндон ғофил монда бошанд. Агар чунин матлабе дар худи торихи Ибни Халдун буд, аз он ҷо нақл мешуд ва на аз муқаддима. Бояд ба худи торихи Ибни Халдун муроҷиа шавад.

Дар мавриди китобхонаи Искандария, илова бар набудани маъхаз ва илова бар ин ки ноқилҳо ба сурати феъли маҷҳул, ки нишонаи беэътимодист нақл кардаанд, як силсила қароини хориҷӣ ҳам бар дурӯғ будани қазия буд, аз он ҷумла ин ки торих мегӯяд, ин китобхона қарнҳо қабл аз ислом ба бод рафтааст.

Дар мавриди китобсӯзии Эрон низ бархе қароини хориҷӣ дар кор аст. Яке ин ки асосан торих вуҷуди китобхонаеро дар Эрон забт накардааст, бар хилофи китобхонаи Искандария, ки вуҷуди чунин китобхонае дар солҳои миёни се қарн қабл аз мелод то ҳудуди чаҳор қарни баъд аз мелод қатъии торих аст. Агар дар Эрон китобхонаҳое вуҷуд медошт, фаразан сӯхтани онҳо забт нашуда буд, асли вуҷуди китобхона забт мешуд, хусусан бо таваҷҷӯҳ ба ин ки медонем ахбори Эрон ва торихи Эрон беш аз ҳар ҷойи дигар дар таворихи исломӣ ба василаи худи эрониён ё аъроб забт шудааст.

Дигар ин ки дар миёни эрониён як ҷараёни хосс падид омад, ки эҷоб мекард агар китобсӯзӣ дар Эрон рух дода бошад, ҳатман забт шавад ва бо обутоби фаровон ҳам забт шавад, ва он ҷараёни шуъубигарӣ аст. Шуъубигарӣ ҳарчанд дар ибтидо як наҳзати муқаддаси исломии адолатхоҳона ва зиддитабъиз буд, вале баъдҳо табдил шуд ба як ҳаракати нажодпарастона ва зиддиараб. Эрониёни шуъубимаслак китобҳо дар масолиб ва маойиби араб навиштанд ва ҳар ҷо нуқтаи заъфе аз араб суроғ доштанд, бо обутоби фаровон менавиштанд ва пахш мекарданд; ҷузъиёте аз лобалои торих пайдо мекарданд ва аз сир то пиёз фурӯгузор намекарданд.

Агар араб чунин нуқтаи заъфи бузурге дошт, ки китобхонаҳоро оташ зада буд, хусусан китобхонаи Эронро, маҳол ва мумтанеъ буд, ки шуъубия — ки дар қарни дуввуми ҳиҷрӣ авҷ гирифта буданд ва Бани Аббос ба ҳукми сиёсати зиддиумавӣ ва зиддиарабӣ, ки доштанд ба онҳо пару бол медоданд — дар борааш сукут кунанд, балки як калоғро сад калоғ карда ва ҷору ҷанҷол роҳ меандохтанд, ва ҳол он ки шуъубия тафаввуҳ ба ин матлаб накардаанд. Ва ин худ далели қотеъест бар афсона будани қиссаи китобсӯзии Эрон.

Сухани мо дар бораи китобсӯзии Эрон ва Искандария ба поён расид. Хулосаи сухан ин шуд, ки то қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ яъне ҳудуди 600 сол баъд аз фатҳи Эрон ва Миср, дар ҳеч мадраке (чӣ исломӣ ва чӣ ғайриисломӣ) сухан аз китобсӯзии мусалмонон нест. Барои аввалин бор дар қарни ҳафтум ин масъала тарҳ мешавад. Касоне, ки тарҳ кардаанд, аввалан ҳеч мадрак ва маъхазе нишон надодаанд ва табъан аз ин ҷиҳат нақлашон эътибори торихӣ надорад, ва агар ҳеч заъфе ҷуз ин як заъф набуд, барои беэътибории нақли онҳо кофӣ буд.

Тоза, ҳамаи онҳо ба истиснои Абулфараҷ ва Қифтӣ, вуҷуди шойеъаеро бар забонҳо ривоят кардаанд, на вуқӯи ҳодисаро, ва дар шариати ривоят ва қонуни нақли торихӣ, ҳар гоҳ муаррих ба ҷойи нақли ҳодисае, “бар сари забонҳо будан”-и он ҳодисаро нақл кунад, яъне ба ҷойи он ки бигӯяд чунин ҳодисае воқеъ шуда, бигӯяд “гуфта мешавад чунин ҳодисае воқеъ шуда”, нишонаи ин аст, ки ҳатто худи гӯянда эътимоде ба вуқӯи он ҳодиса надорад.

Ва ба илова, нақлҳои қарни ҳафтум, ки реша ва манбаи соири нақлҳост, яъне нақли Абдуллатиф ва Абулфараҷ ва Қифтӣ, дар матни худ муштамил бар дурӯғҳои қатъист, ки санади беэътибории онҳост.

Ва илова бар ҳамаи инҳо, чӣ дар мавриди Эрон ва чӣ дар мавриди Искандария, қароини хориҷӣ вуҷуд дорад, ки фаразан ин нақлҳо заъфи санадӣ ва мазмунӣ намедошт, онҳоро аз эътибор меандохт.

Мумкин аст барои хонандаи мӯҳтарам ин тасаввур падид ояд, ки мо дар бораи ин матлаб ба итноб сухан рондем ва кори нақдро ба исроф кашондем, ҳамин мухтасар, ки дар ин ҷо гуфта шуд, кофӣ буд ва ҳаддиаксар андаке бештар тафсил дода мешуд.

Тасдиқ мекунам, ки агар қиссаи китобсӯзӣ сирфан ба унвони як ҳодисаи торихӣ дар муҳити таҳқиқ бихоҳад баррасӣ шавад, ниёзе ба ин ҳама тафсил надорад, аммо хонандаи мӯҳтарам бояд таваҷҷӯҳ дошта бошад, ки ин достонро аз муҳити таҳқиқ ва ҷавви баррасии илмӣ хориҷ карда ва аз он як “сужа” барои ”таблиғ” сохтаанд. Барои муҳаққиқони бетараф, аъамм аз мусалмон ва ғайримусалмон, беасосии ин достон амре мусаллам ва қатъист, вале гурӯҳҳое, ки ба навъе худро дар таблиғи ин қисса зинафъ медонанд, дастбардор нестанд, кӯшиш доранд аз роҳҳои мухталиф ин достонро василаи таблиғ қарор диҳанд. Таблиғи китобсӯзӣ дар Эрон ва дар Искандария, тадриҷан ба сурати як “дастур” ва як “шеваи ҳамла” даромадааст.

Шибли Нӯъмон дар рисолаи “Китобхонаи Искандария” мегӯяд:

“Муҳаққиқони номии Урупо монанди Гибон (Edward Gibbon), Корлил (Thomas Carlyle), Гудфри (Godfray), Ҳектур (Hector), Ренон ва ғайри инҳо ғолиби ривоёти беҳудаеро, ки дар Урупо роҷеъ ба ислом ва мусалмонон интишор ёфта буданд, ғалат ва беасос дониста ва сароҳатан онҳоро рад ва инкор кардаанд, вале дар таълифот ва ривоёти омма ҳанӯз аз шӯҳрати онҳо коста нашудааст. Ва бояд донист аз миёни шойеъоте, ки гуфтем, яке ҳам шойеъаи сӯзонидани китобхонаи Искандария аст, Урупо ин қазияро бо як садои ғариб ва оҳанги маҳибе интишор додааст, ки воқеан ҳайратангез мебошад. Китобҳои торих, румон, мазҳаб, мантиқ ва фалсафа ва амсоли он ҳеч кадом аз асари он холӣ нест. (Барои ин ки ин қисса дар азҳон русух пайдо кунад, дар ҳар навъ китоб ба баҳонае онро гунҷонидаанд, ҳатто дар китобҳои фалсафа ва мантиқ). Ҳатто як сол дар имтиҳони солиёнаи донишгоҳи Калкатаи Ҳинд (ки таҳти назари ангилисиҳо буд) дар авроқи суолҳои мутааллиқ ба мантиқ, ки чандин ҳазор нусха чоп шуда, ҳалли муғолатаи зайлро суол намуда буданд: “Агар китобҳо мувофиқ бо Қуръон аст, зарурате ба онҳо нест, ва агар мувофиқ нест ҳамаро бисӯзон”. (Шибли Нӯъмон, Китобхонаи Искандария, с.6)

Шибли Нӯъмон баъд ин суолро тарҳ мекунад, ки чӣ сиёсате дар кор аст; оё ин навъе ҳамдардӣ ва дилсӯзӣ дар бораи китобҳоест, ки сӯхта шуда ё матлаби дигаре дар кор аст? Агар дилсӯзист, чаро нисбат ба китобсӯзиҳои мусаллам ва басе маҳибтар, ки дар фатҳи Андалус ва ҷангҳои салибӣ ба василаи худи масеҳиён сурат гирифта ҳеч вақт дилсӯзӣ намешавад?!

Шибли худаш инчунин посух мегӯяд, ки иллати аслӣ ин аст, ки ин китобхонаро худи масеҳиён қабл аз ислом аз байн бурданд ва акнун бо таблиғи фаровон тавре вонамуд мекунанд, ки ин китобхонаро мусалмонон аз байн бурданд, на онҳо. Ҳадафи аслӣ пӯшонидани рӯйи ҷурми худашон аст.

Иллате, ки Шиблӣ зикр мекунад, яке аз иллатҳои қазия аст ва танҳо дар мавриди китобхонаи Искандария сидқ мекунад. Иллат ё иллатҳои дигаре дар кор аст. Масъала, асли истеъмор аст. Истеъмори сиёсӣ ва иқтисодӣ он гоҳ тавфиқ ҳосил мекунад, ки дар истеъмори фарҳангӣ тавфиқ ба даст оварда бошад. Бе эътиқод кардани мардум ба фарҳанги худашон ва торихи худашон, шарти аслии ин муваффақият аст. Истеъмор дақиқан ташхис дода ва таҷриба кардааст, ки фарҳанге, ки мардуми мусалмон ба он такя мекунанд ва идеулужие, ки ба он менозанд, фарҳанг ва идеулужии исломӣ аст, боқӣ ҳама ҳарф аст ва аз чаҳор девори конфронсҳо ва ҷашнвораҳо ва кунгираҳо ва семинорҳо ҳаргиз берун намеравад ва ба матни тӯда нуфуз намеёбад. Пас мардум аз он эътиқод ва аз он имон ва аз он эътимод ва ҳусни занн бояд тахлия шаванд, то омодаи сохта шудан тибқи улгуҳои ғарбӣ гарданд.

Барои бадбин кардани мардум ба он фарҳанг ва он идеулужӣ ва паёмоварони онҳо чӣ аз ин беҳтар, ки ба насли ҷадид чунин вонамуд шавад, ки мардуме, ки шумо мепиндоред рисолати наҷот ва раҳоӣ ва раҳбарии башарият ба саодатро доштанд ва ба ин ном ба кишварҳои дигар ҳамла мебурданд ва режимҳоеро сарнагун мекарданд, худ ба ваҳшиёнатарин корҳо даст задаанд ва ин ҳам намунааш.

Бинобар ин, хонандаи мӯҳтарам тааҷҷуб нахоҳад кард, ки (дар) суолоти имтиҳонии солиёнаи донишгоҳи Калкатаи Ҳинд, ки ба дасти ангилисиҳо идора мешудааст, барои ҳалли муғолатаи мантиқӣ суоле пайдо намешуда ҷуз матни фармони маҷъули китобсӯзӣ. Ва барои як нависандаи эронӣ (дар замони шоҳ) ҳам, ки мабонии фалсафа барои соли шашуми дабиристонҳо менависад ва ҳар соле даҳҳо ҳазор нусха аз он чоп мешавад ва дар ихтиёри донишомӯзони бехабар ва соддадили эронӣ қарор мегирад, он ҷо, ки дар бораи қиёси истисноӣ дар мантиқ баҳс мешавад, алорағми фишорҳое, ки нависанда бар мағзи худ меоварад, ҳеч суоли дигаре ба зеҳн намерасад ҷуз ҳамон суоле, ки тарроҳони ангилисӣ дар донишгоҳи Калката тарҳ карданд ва ночор мешавад масъаларо ба ин сурат тарҳ кунад:

Мумкин аст қиёси истисноӣ дар айни ҳол мунфасила ва муттасила яъне мураккаб бошад. Мисоли ин гуна қиёс қавли маъруфи мансуб ба пешвои араб аст, ки чун хост сӯзондани китобхонаи Соcониёнро мудаллал ва муваҷҷаҳ кунад, чунин истидлол кард: ин китобҳо ё мувофиқи Қуръонанд ва ё мухолифи он. Агар мувофиқи Қуръонанд вуҷудашон зоид аст, агар мухолифи он ҳастанд низ вуҷудашон зоид ва музир аст ва ҳар чизи зоид ва музир бояд аз байн бурда шавад, пас дар ҳар сурат ин китобҳо бояд сӯхта шаванд.” (Дуктур Алиакбари Сиёсӣ, Мабонии фалсафа, с.254)

Чанд сол пеш дар муассисаи исломии ҳусайнияи Иршод ду суханронӣ эрод кардам, ки унвонаш “Китобсӯзии Искандария” буд ва бепоягии онро равшан кардам. Ёдам ҳаст, ки баъд аз поёни он суханрониҳо аз муқаддасмаобе номае дарёфтам ба ин мазмун, ки ту чӣ ангезае дорӣ, ки дурӯғ будани ин қиссаро исбот кунӣ?! Бигузор агар дурӯғ ҳам ҳаст, мардум бигӯянд, зеро дурӯғест ба маслиҳат ва таблиғест алайҳи Амри Ос.

Ин муқаддасмаоб гумон карда буд, ки ин ҳама буқу карнай, ки аз Урупо то Ҳиндро пур карда, китобҳо дар атрофаш менависанд ва румонҳо барояш месозанд ва барои он ки мусаллам ва қатъӣ талаққӣ шавад дар китобҳои мантиқ ва фалсафа ва суолоти имтиҳонӣ онро мегунҷонанд, ба хотири эҳсосоти зидди амри осӣ аст ва ё қурбатан илаллоҳ ва барои хидмат ба олами ташайюъ ва беобрӯ кардани мухолифони Амирулмӯъминин аст!

Ин ашхос намедонанд, ки дар ҷавве, ки ин масоил матраҳ мешавад, масъалаи ислом матраҳ асту бас, ва намедонанд, ки дар ҷаҳони имрӯз силоҳи муассир алайҳи як кеш ва як ойин баҳсҳои каломӣ ва истидлолҳои мантиқии зеҳнӣ нест. Дар ҷаҳони имрӯз, тарҳи тарзи бархӯрди пайравони як кеш дар ҷараёни торих бо мазоҳири фарҳанг ва тамаддун, муассиртарин силоҳ лаҳ ё алайҳи он кеш ва он ойин аст.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Реклама


Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: