Нақшаи ДОЪИШ барои чигунагии идомаи бақо фош шуд

Хабаргузории Associated Press нақшаҳои ДОЪИШ барои идомаи бақо пас аз шикастҳои ахирро фош кард.

Ин хабаргузорӣ ба нақл аз манбаъ навишт: “ДОЪИШ дар талош аст бо кӯмаки гурӯҳҳои ҷаҳонӣ зерсохтҳои созмони ҷадиде барои идома бақо эҷод кунад.”

Бар пояи ин гузориш, ба зудӣ гурӯҳе муташаккил аз пасмондаҳои гурӯҳи шикастхӯрдаи ДОЪИШ ва шуморе аз гурӯҳҳо ва созмонҳои ифротии бумӣ дар Ироқ ва Сурия ва дигар кишварҳои ҷаҳон, эъломи мавҷудият хоҳад кард.

Ба гуфтаи Associated Press, ин гурӯҳҳо дар ҳоли ҳозир ба сурати интернетӣ бо якдигар дар тамос ҳастанд, то битавонанд ташкилоти ҷадидро сомондеҳӣ карда ва созмони ҷадидро дар оянда роҳандозӣ кунанд.

Гурӯҳи ҷадид шомили гурӯҳкҳои кучаке аз теруристҳои фирорӣ аз минтақаи даргирӣ дар Ироқ ва Сурия ба изофаи аносури тозае хоҳад буд, ки ҳеч гоҳ дар ҷанг ширкат надоштанд.

Ин хабаргузорӣ изъон кард, ки шикасти ДОЪИШ дар Мавсили Ироқ ва муҳосира шудани пасмондаҳои ин гурӯҳ дар Риққаи Сурия, давлати хилофати иддаоияшонро нобуд кард, ба ҳамин сабаб ин гурӯҳи теруристӣ нақшаи ҷадиде бо нармиши ҳар чӣ бештарро дар дастури кор қарор дод, то битавонад бо чолишҳои пеши рӯ муқобила кунад.



Рубрики:Такфир

Метки:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: