Хведудаҳ (xwēdōdah) ё издивоҷ бо маҳорим дар ойини Зартушт

Ба қалами Маҳмудхон Бурҳонов, коршиноси фалсафа ва маорифи исломӣ

Издивоҷ бо маҳорим (аз ҷумла модар, хоҳар ва духтар), ҳам дар манобеъи динии зартуштӣ омада ва ҳар дар нақлҳои торихӣ яъне аз давраҳои гуногуни Эрон гузориш шуда ва ҳамчунин дар осори адабӣ ва ашъори порсӣ ҳикоят шудааст.

Яке аз манобеъи бисёр мӯътабари динии зартуштиён китоби “Динкард” мебошад, ки издивоҷ бо маҳорим ба такрор дар он зикр шудааст. “Динкард” доиратулмаорифи бузурги зартуштӣ ва аз муҳимтарин матнҳои паҳлавӣ дар шарҳу тафсири Авесто аст.

“Динкард” китоби сутургест ба забони порсии миёна (паҳлавӣ), ки онро ба дурустӣ “донишномаи маздаяснӣ“ ва ё “дарсномаи маздоӣ“ хондаанд. Вожаи “Динкард” (Dēnkart) дар порсии миёнаро метавон ба “кардаҳо ва корҳои динӣ“ ва низ “навиштаҳои динӣ“ баён дошт.

Ин гирдовардаи бузург худ дорои 9 наск аст, ки аз он миён наскҳои нахуст ва дуввум ва низ порае аз наски севвуми он ба дастони мо нарасидааст. “Динкард” фароҳамомада аз навиштаҳоест, ки замони нигориш ва низ нависандагони онҳо саросар шинохта нестанд. Ва наске, ки дар дастони мост, бар пояи ин навиштаҳо дар садаи нӯҳум ва даҳуми пас аз мелод ба дасти ду тан аз фарҳехтагони Эрон ба номҳои Озарфарнбағи Фаррухзод (آذرفَرْنْبَغِ فرخزادان) ва Озарбоди Умедон (آذربادِ امیدان) гирдоварӣ ва сомонбандӣ шудааст.

Озарфарнбағи Фаррухзод ҳамон касест, ки дар дарбори Маъмун, халифаи аббосӣ бо як зартуштии ба ислом гаравида (Динҳурмуз, ки баъд аз мусалмон шудан номи Абдуллайсро интихоб кард) ба гуфтугӯ пардохт ва аз ин гуфтугӯ пирӯз берун омад.

“Динкард”-ро Баҳроми Фараҳвашӣ “як донишномаи улуми динӣ ва ақлӣ“ хонда ва Фаридуни Фазилат онро “гаронсангтарин буннавишти паҳлавӣ аз доноёни пешин“ медонад. (Википедияи форсӣ)

Иброҳими Пурдовуд, яке аз авестошиносони маъруфи эронӣ, дар бораи аҳаммият ва эътибори “Динкард” мегӯяд: “Бахусус мундараҷоти Динкард роҷеъ ба Авесто бисёр муҳим аст. Аз ҷиҳати матолиби илмӣ саромади китобҳои паҳлавӣ аст.

Ва ҳамчунин мегӯяд: “Динкард абадан дар умури динӣ марамматкорӣ (зоҳирсозӣ) надорад, пойбанди таъассуб ҳам нест.“ (Иброҳими Пурдовуд, Готҳо куҳантарин бахши Авесто, Теҳрон, интишороти Асотир, сафҳаи 42 ва 74, чопи 1378)

Дар китоби “Динкард” мисдоқҳое аз издивоҷ бо маҳорим (хведудаҳ) баён шуда (1) ва низ далелҳое бар нек будани он оварда шудааст. Боби ҳаштодум аз китоби севвуми “Динкард” ба ҳамин масъала бахшида шуда ва унвони он боб низ чунин аст:

Эътирози яҳудӣ бар Ҳирбад дар айб донистани хветудад, ё низ эътирози як яҳудӣ бар Ҳирбад дар бораи бунангезаи хведудаҳ ва чароии онро аз вай хостор шудан ва посухи Ҳирбад баробари омӯзаҳои дини беҳӣ“.

Аз худи ҳамин унвон бармеояд, ки он яҳудӣ ба рафторе эътироз кардааст, ки онро нописанд медониста, яъне издивоҷ бо маҳорим мисли модар, хоҳар ва духтарро, зеро издивоҷ бо ғайр аз маҳорим аз хешону бегонагон, ҳаргиз дар назди яҳудиён нописанд набудааст.

Нигорандаи “Динкард” ибтидо “хветудад”-ро таъриф мекунад ва мегӯяд: “Деҳише аз хеш ба хеш дар миён“ ва пайванд бо хешон барои растагории дуда (дудмон) ва ин ки “хешони ҳамхун бо хешони табақаи аввал ва ҳар чи наздиктар пайванд банданд“.

Дар идома мегӯяд: “Ман (нақли қавл аз Ҳирбад) бавижа се гуна ҳампайвандиро дар назар гирифтаам, ки инҳоянд: “ҳампайвандии падар бо духтар, ҳампайвандии писар бо модар, ҳампайвандии бародар бо хоҳар.“ (Китоби севвуми Динкард, дафтари аввал, интишороти Фарҳанги Деҳхудо, Теҳрон, сафҳаи 143, чоп 1381, ба эҳтимоми Фаридуни Фазилат)

Сипас нависанда ба тафсили ҳар як мепардозад ва он гоҳ аз савоб доштани ин издивоҷ сухан мегӯяд: “Аз он ҷое, ки девон душмананд (душмани афзоиши мардум), бар онон биму ранҷу дарде сахт даруфтад, нерӯяшон костӣ гирад ва низ камтар хоҳони патёрагӣ (осеб, зарар) ва газанд бар мардум шаванд. Аз ин рӯй ин мусаллам аст, ки ранҷур ва дардманд ва бимнок кардан ва ситезиш бо девон савоб дорад. Ин аст он роҳе, ки савобкорон подош ва муздро азони хеш мекунанд.“ (Китоби севвуми Динкард, дафтари аввал, сафҳаи 145, ҳамон)

Ва баъд нависанда тавзеҳ медиҳад, ки издивоҷ бо маҳорим сабаб мешавад, ки вижагиҳои ахлоқӣ ва ҷисмӣ дар хонавода пок бимонад, на ин ки бо дигар нажодҳо ва дудмонҳо омехта ва заиф гардад.

Сипас барои исботи дурустии ин издивоҷ мисоли аҷибе мезанад: “Агар гург бо саг издивоҷ кунад, натиҷаи ин издивоҷ мавҷуде хоҳад буд, ки на монанди гург аст ва на монанди саг. Ҳамчунин курраасби шаҳрӣ бо курраасбӣ тозӣ васлат кунад, ҳосили ин пайванд асбе нотавон хоҳад буд”. (Китоби севвуми Динкард, дафтари аввал, сафҳаи 145 – 146, ҳамон)

Дар идомаи тавҷеҳоти худ нависанда дар гуфторе аҷиб мегӯяд: “Агар касе бигӯяд, ин кор дар ниҳоди худ зишт аст ва дар ҳамон замон захме дар олати модар, хоҳар ё духтари хеш бубинад ва бубинад, ки ҳеч чорае нест, ҷуз он ки марди пизишке захмбанд бар он захм ниҳад, ( оё он бегона) сазовортар аст, ё ки падар, писар ё бародараш дар амри пизишкӣ ба фарёд расад? Дар ин миён кадом дар ниҳоди хеш зишттар аст, ки он ҷоро бо даст бипармосанд ва захмбанд бар он ҷо ниҳанд, ё он ки як марди бегона? Агар ҷуфт гузидан ба замони боистагӣ расида бошад, кадом кор, ки дар ниҳоди хеш зишттар аст, камтар зиёнманд хоҳад буд?” (Китоби севвуми Динкард, дафтари аввал, сафҳаи 147, ҳамон)

Далели дигар бар машрӯият ва бартарии издивоҷ бо маҳорим ин аст, ки зани худӣ асрори хонаводаро махфӣ медорад ва костиро ифшо намекунад ва чун бегона нестанд, дар баробари дуруштии шавҳар шакебоӣ меварзанд. Хоҳар бадиҳои бародарро таҳммул мекунад, модар зиштиҳои писарро ва духтар бадиҳои падарро. Дар ҳоле ки занони бегонагон чунин шакебоӣ ва муҳаббате дар ҳаққи шавҳарони худ надоранд ва ҳатто мумкин аст дар муқобили костиҳои зиндагӣ обрӯи шавҳарро бибаранд. Аммо модар ва хоҳар ва духтар ҳеч гоҳ обрӯи писар ё бародар ё падари худро намебарад. (Китоби севвуми Динкард, дафтари аввал, сафҳаи 147 ва 148, ҳамон)

Ҳатто Ҳирбад мегӯяд: “Ҳар кас мебояд бидонад, ки зиштӣ ва некӯӣ, на дар гавҳар, (бал) ки баромади дарёфт ва сушҳ (эҳсос) ва гиравш (гароиш) ва хӯймандии (табиат ва одат) бошандагон аст“. Ва ҳатто Ҳирбад дар посух ба эътирози касе, ки гуфт: “Эзад пас аз он фармуд, хведудаҳ наварзед“, чунин посух дод: “Ҳар кас чунин фармонеро донишмандона бидонад ва ривоҷ диҳад, мо онро донишмандона на, ки пуч ва беарзиш медонем.“ Ва дар поён мегӯяд: “Ҷурсумаи ҳар зоише, ки аз ойини хветудад сарбоз занад, ҷуз сар ба ошуфтагӣ гузоридан надорад.” (Китоби севвуми Динкард, дафтари аввал, сафҳаи 149 ва 150, ҳамон)

Гузашта аз ин боб, дар мавориди дигаре аз китоби “Динкард” низ издивоҷ бо маҳорим омадааст. Дар Бағнаск омада, ки издивоҷ байни хоҳар ва бародар ба василаи фарраи эзадӣ рӯшан мешавад ва девонро ба дур мекунад. (Динкард, китоби нӯҳум, фасли 60, банди 2 ва 3)

* * *

Шавоҳиди торихӣ

Ҳерудут (Геродот, 485 – 425 қабл аз мелод) дар бораи издивоҷи Камбуҷия бо яке аз хоҳарони худ овардааст: “Камбуҷия ошиқи яке аз хоҳарони худ шуд ва хост ӯро ба никоҳи худ дароварад. Ба ин манзур қузоти шоҳиро хоста пурсид, ки оё қонуне ҳаст, ки издивоҷи хоҳарро иҷоза дода бошад? Қузоти шоҳӣ ба Камбуҷия посухе доданд, ки ҳам одилона буд ва ҳам бехатар буд. Гуфтанд: Қонуне, ки чунин иҷозае дода бошад наёфтем, вале қонуни дигаре ҳаст, ки ба шоҳ иҷоза медиҳад, он чи бихоҳад бикунад… Пас аз он Камбуҷия бо хоҳари худ, ки дӯст дошт, издивоҷ кард ва пас аз чанде хоҳари дигарро ба ҳамсарӣ гирифт.” (Торихи Ҳерудут, ба ҳиммати Ҳодии Ҳидоятӣ, сафҳаи 207 ва 1384, донишгоҳи Теҳрон, Теҳрон)

Дар аҳди Сосониён низ на танҳо дар китобҳои муосири он даврон, монанди Оготиёс (Агафи Миринейский 582 – 538 қабл аз мелод) ва китоби мансуб ба Ибни Даҳлон (569 – 494 қабл аз мелод) аз издивоҷи маҳорим ёд шуда, балки дар ҳодисаҳои он давра ҳам чанд намуна аз чунин издивоҷ дида мешавад. (Ортур Кристенсен, Эрон дар замони Сосониён, сафҳаи 321 ва 322)

Дар торихи Балъамӣ омадааст: “Чун даҳ сол аз мулки Қубод гузашт, марде ба сӯи ӯ берун амад. Номи ӯ Маздак аз замини Хуросон буд ва аз шаҳри Нисо ва даъвои паёмбарӣ кардӣ ва эшонро ҳеч шариате нав наниҳод, магар ҳамон шариъати муғӣ ва оташ парастидан ва модару хоҳару духтарро ба занӣ кардан ва ба ҳалол доштан, магар он ки никоҳ аз зан бияфтад“. (Муҳаммад Ибни Ҷарири Табарӣ, Торихи Балъамӣ, сафҳаи 967, тасҳеҳи Маликушшуаро, интишороти Идораи кулли нигориши вазорати фарҳанг,Теҳрон)

Қубод (падари Анӯшервон) бо хоҳари худ ва чанде баъд бо хоҳарзодаи худ издивоҷ кард. (Абдулҳусайни Зарринкӯб, Рӯзгорон, сафҳаи 214, интишороти Сухан, Теҳрон)

Дуктур Зарринкӯб намунаи дигареро низ аз давраи сосонӣ зикр мекунад ва он издивоҷи Яздигирд бо духтари худ аст. (Ҳамон, сафҳаи 207)

Ортур Кристенсен, ( 9 январ 1875 – 31 март 1945 ) ховаршиноси маъруфи донморкӣ дар ин замина мегӯяд:

Эҳтимом бар покии насаб ва хуни хонаводагӣ аз сифоти боризи ҷомеъаи эронӣ ба шумор мерафт, то ҳадде ки издивоҷ бо маҳоримро ҷоиз мешумурданд ва чунин васлатеро хведугдас мехонданд.“

Ва дар идома мегӯяд: “Бо вуҷуди асноди мӯътабаре, ки дар манобеъи зартуштӣ ва китобҳои бегонагони муосири аҳди сосонӣ дида мешавад, кӯшише, ки баъзе аз порсиёни ҷадид барои инкори ин амал, яъне васлат бо наздикон мекунанд, беасос ва сабуксарона аст.“ (Ортур Кристенсен, Эрон дар замони Сосониён, сафҳаи 435)

Ҳамчунин Мэри Бойс, эроншиноси ангилис (2 август 1920 – 4 апрел 2006) низ бар вуҷуди ин расм дар миёни зартуштиён ва махсусан ашроф ва бузургони Эрони бостон таъкид дорад. Ӯ мегӯяд: “Ин расм ҳам дар асри Ҳахоманишиён ва ҳам Ашкониён ва ҳам Сосониён вуҷуд дошт ва ҳатто Критер (мӯбади пурнуфузи даврони Сононӣ) ба ташвиқи ҳар чи бештари ин масъала эҳтимом меварзид”. (Мэри Бойс, Зартуштиён; боварҳо ва одоби динии онҳо, тарҷумаи Аскари Баҳромӣ, интишороти Қуқнус, сафҳаи 81 ва 127 ва 141, Теҳрон)

* * *

Фирдавсӣ низ намунаҳои зиёде аз издивоҷ бо маҳоримро ҳикоят мекунад, аз ҷумла

а) Издивоҷи Исфандиёр ва Ҳумой:

Исфандиёр пас аз куштани Бедирафш, ба ифтихори издивоҷ бо хоҳари хеш Ҳумой ноил меояд. Ба ин маврид аз издивоҷ бо маҳорим дар Гуштоспномаи Дақиқӣ низ бармехӯрем. Пас аз пирӯзии Исфандиёр бар Бедирафш, Гуштосп духтари хеш Ҳумойро ба ҳамсарии Исфандиёр дармеоварад.

Чу шоҳи ҷаҳон боз шуд боз ҷой,

Ба пури меҳин дод фаррух Ҳумой.

б) Издивоҷи Сиёвуш бо хоҳараш:

Достон ба ин шарҳ аст, ки Судоба зани Кайковус барои наздикӣ бо Сиёвуш, нописарии худ, ӯро ба ҳарамсаро мебарад. Вале пас аз ин ки Сиёвуш пешниҳоди ӯро рад мекунад, ба Кайковус пешниҳод мекунад, ки барои пок мондани нажод беҳтар хоҳад буд, ки яке аз духтаронашро ба Сиёвуш бидиҳад ва Кайковус аз ин пешниҳод истиқбол мекунад.

Бад-ӯ гуфт Судоба: “Гар гуфти ман

Пазирад, шавад ройи ӯ ҷуфти ман,

Ки аз тухми хешаш яке зан диҳам,

На аз номдорони барзан диҳам,

Ки фарзанд орад варо дар ҷаҳон

Ба дидори ӯ дар миёни меҳон.

Маро духтаронанд монанди ту,

Зи тухми туву пок пайванди ту.

Ҳам аз тухми Кайорашу Кайпашин

Бихоҳад ба шодӣ, кунанд офарин”.

Бадӯ гуфт, ки–“Ин худ ба коми ман аст,

Бузургӣ ба фарҷому номи ман аст”.

Дар давоми шеър аз забони Сиёвуш мегӯяд:

Кунун духтарат бас ки бошад маро,

Набояд ҷуз ӯ кас, ки бошад маро.

Бар ин бошу бо шоҳи Эрон бигӯ,

Нигаҳ кун, ки посух чӣ ёбӣ аз ӯ.

Бихоҳам ман ӯрову паймон кунам,

Завони ба наздат гаравгон кунам..

Сипас Судоба хабари ин издивоҷро ба Кайковус мужда медиҳад:

Бари шоҳ шуд з-он сухан мужда дод,

Зи кори Сиёвуш ҳаме кард ёд…

Чунон шод шуд з-он сухан шаҳриёр,

Ки моҳ омадаш гуфтӣ андар канор.

Агарчи саранҷом ин издивоҷ сурат намегирад, вале аз достон бармеояд, ки ин издиваоҷ бар хилофи расму русуми он давр набудааст.

в) Издивоҷи Шируя ва Ширин:

Мавриди дигар тақозои Шируя, писари Хусрави Парвиз, аз номодарии худ Ширин барои издивоҷ аст. Шируя бар падари худ туғён кард ва саранҷом ӯро зиндонӣ намуд ва ба қатл расонид ва ба ҷои падар ба тахт нишаст ва аз Ширин ҳамсари падараш пас аз ду моҳ тақозои иҳдивоҷ кард:

Ба наздики ӯ кас фиристод шоҳ,

Ки аз сӯги Хусрав баромад ду моҳ.

Кунун ҷуфти ман бош то бархӯрӣ,

Бидон то сӯи кеҳтаре нангарӣ.

Бидорам туро ҳам ба сони падар,

Вазон низ номитару хубтар.

Ширин, ки худро маҷбур ба издивоҷ медид, се шарт барои Шируя таъйин кард, ки яке аз онҳо рафтан ба гӯри Хусрави Парвиз буд, Шируя ҳам мувофиқат кард. Ширин заҳреро, ки ба ҳамроҳ дошт назди гӯри Хусрав бихӯрд ва ҳамон ҷо даргузашт.

* * *

Пайнавишт:

(1) Дар манобеи зартуштӣ бад-ин шаклҳо омадааст: Хваетвадас, хваетвадатас-ча (hvaêtvadathasca, барои музаккар), хваетвадаитиш-ча (hvaêtvadaithîshca, барои муаннас), хваетаят, хетвадат, хведуда, хведудас, хветодас (khwetodas) хатведат, хваетвадас, хведугдас, хветикдус, хваетвадаса, хваетвадаса (hvaêtvadatha, hvaetvadaθa), хведодаҳ (xwēdōdah), хветук-дас (khvetuk-das), хветудад (khvetudad).

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Пароканда, Посух ба шубаҳот, Торих

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: