6 хостаи эътилофи “Шӯрои олии наҷоти Афғонистон”

Муовини дуввуми раиси иҷроии давлати Афғонистон бо матраҳ кардани 6 хостаи эътилофи опозисиюни Ашраф Ғанӣ, таъкид кард, ки давлат нигоҳи яксон ва бидуни табъиз ба ақвоми ин кишвар дошта бошад.

Муҳаммади Муҳаққиқ, муовини дуввуми раиси иҷроии давлати Афғонистон, Арги риёсати ҷумҳурии ин кишварро ба эъмоли табъиз, вазъи маҳдудият бар салоҳиятҳои қонунии вузаро ва табақабандии ақвоми Афғонистон муттаҳам кард.

Вай эълом кард, ки хостори нигоҳи яксон ва мутавозини давлат ба ҳамаи ақвоми Афғонистон аст ва табъиз байни ақвоми ин кишвар пазируфтанӣ нест.

Муовини дуввуми Абдуллоҳ изҳор дошт: “Ҳамаи ақвоми ин сарзамин бояд ба як нигоҳ дида шаванд”. Вай афзуд: “Эътилофи “Шӯрои олии наҷоти Афғонистон”-ро барои наҷоти ин кишвар аз ноамнӣ, аз гуногун диданҳо, наҷоти миллат аз инҳисор, таҳқир ва тавҳин ташкил додем.

Ба гузориши Tasnimnews, Муҳаққиқ бо ишора ба истиқболи 500 ҳазор нафарии мардум аз ситоди интихоботии тими “Ислоҳот ва ҳамгароӣ” дар вилояти Балх ва ҳузури даҳҳо ҳазор нафарӣ ба эҳтироми женерол Дӯстум дар гирдиҳамоии интихоботӣ дар вилояти Қундуз барои ҳимоят аз Ашраф Ғанӣ гуфт: “Мо танҳо барои як қавм садо баланд накардаем, ҳамаи касоне, ки ҳамосаҳои беназир халқ кардаанд дар шарқ, ғарб, шимол ва ҷануби ин кишвар, дорои ҳуқуқи мусовӣ ҳастанд ва бояд ба ҳуқуқи онҳо эҳтиром гузошта шавад.”

Ба назар мерасад, ки Муҳаққиқ ин изҳоротро дар киноя аз ба ҳошия рондони муттаҳидони Ашраф Ғанӣ аз ҷумла Дӯстум унвон кардааст.

Муовини дуввуми Абдуллоҳ таъкид кард: “Шӯрои олии наҷоти Афғонистон имтиёзи хоссе намехоҳад ва танҳо хостори касби ҳуқуқи машрӯи худ бар асоси тавофуқоти суратгирифта дар ҳукумат аст.”

Вай дар идомаи изҳорот худ 6 хостаи асосии эътилофи сиёсии наҷот барои Афғонистонро эълом кард:

Ҳукумати ваҳдати миллӣ баромада аз як тавофуқи сиёсӣ байни ду тими интихоботӣ бо назорат ва таъйиди ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, ки бояд дар чорчӯби тавофуқномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ амал шавад ва ин тавофуқнома дар тамоми арсаҳо иҷроӣ шавад.”

Кишвар ба бӯҳрони иқтисодӣ, бӯҳрони беэътимодии миллӣ ва бӯҳрони амниятӣ мувоҷеҳ аст. Ноамнӣ дар бахшҳои мухталифи кишвар густариш ёфта ва роҳи ҳалли ин бӯҳронҳо гуфтугӯ, музокира ва иттихози тасмимҳои муштарак ва ҳамаҷониба аст.”

Инҳисорталабӣ, якҷонибагароӣ ва нодида гирифтанҳо, Афғонистонро ба сӯи нобудӣ кашондааст ва ин раванд бояд мутаваққиф шавад.”

Ба манзури ҷалби эътимоди шаҳрвандон, тармими беэътимодии миллӣ, ислоҳоти бунёдӣ ва ҳамаҷониба дар идорот ва ургонҳо ба вуҷуд ояд; бавежа дар интихобот ва идорот ва дар ҳамаи умуре, ки мардумро сахт ба сутӯҳ овардааст.”

Вазоратхонаҳо дорои раъй ва пуштвонаи намояндагони порлумон аст ва тибқи қонун дорои салоҳиятҳои мушаххас аст. Ин салоҳиятҳо бояд ба тамоми вазоратхонаҳо бидуни истисно баргардонда шавад, ки ин ҳам барои ҷалби эътимод ва ризояти миллат буда ва ҳам ба нафъи ҳукумат аст.”

Ҳукумати ваҳдати миллӣ бояд машрӯъ бошад ва бар пояҳои машрӯъ идома ёбад. Пояҳои ин ҳукумати машрӯъ ҳар ду тим (“Таҳаввул ва тадовум” ва “Ислоҳот ва ҳамгароӣ”) аст. Ҳар гуна талош барои камранг кардани ҳар яке аз ин ду ҷиноҳ, ба маънии нодида гирифтани орои шаҳрвандони кишвар буда ва барои миллат қобили қабул нест.”

Аз сӯи дигар, Шоҳҳусайн Муртазавӣ, сарпарасти дафтари сухангӯи раисиҷумҳури Афғонистон, дар вокуниш ба изҳороти Муҳаққиқ эълом кард, ки бештари бахшҳои тавофуқномаи ҳукумати ваҳдати миллӣ амалӣ шудаанд ва равобит байни раисиҷумҳур ва раиси иҷроии давлат самимӣ ва дӯстона аст.

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Ҷаҳони ислом

Метки: , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: