Ислом ва Эронзамин (37)

(Хадамоти мутақобили Эрон ва ислом, ба қалами Устод Муртазо Мутаҳҳарӣ)

Бахши дуввум:

Хадамоти ислом ба Эрон (24)

Корномаи ислом дар Эрон

Мутолеаи сафаҳоти гузашта нишон дод, он гоҳ, ки исломи азиз ба кишвари маҳбуби мо қадам гузошт, кишвари мо дар чӣ вазъ ва чӣ шароиту аҳвол ба сар мебурд. Ислом аз Эрон чӣ гирифт ва ба Эрон чӣ дод?

Ба он чӣ аз матолиби гузашта ба ҳофиза супурдаед, муруре бикунед, мебинед аввалин чизе, ки ислом аз Эрон гирифт, ташаттути афкору ақоиди мазҳабӣ буд, ва ба ҷойи он, ваҳдати ақида барқарор кард. Ин кор барои аввалин бор ба василаи ислом дар ин марзу бум сурат гирифт. Мардуми шарқу ғарб ва шимолу ҷануби ин кишвар, ки бархе сомӣ ва бархе ориёӣ буданд ва забонҳо ва ақоиди гуногун доштанд ва то он вақт робит миёни онҳо фақат зӯру ҳукумат буд, барои аввалин бор ба як фалсафа гаравиданд. Фикри воҳид, ормони воҳид, идели воҳид пайдо карданд, эҳсосоти бародарӣ миёни онҳо пайдо шуд. Ҳарчанд ин кор ба тадриҷ дар тӯли чаҳор қарн анҷом гирифт, вале саранҷом сурат гирифт ва аз он вақт то кунун дар ҳудуди 98 дарсади ин мардум чунинанд.

Режими мӯбадӣ бо ин ки тақрибан мусовии ҳамин муддат бар Эрон ҳукумат кард ва ҳамвора мекӯшид ваҳдати ақида бар асоси зартуштигарӣ эҷод кунад, муваффақ нашуд, вале ислом, бо он ки ҳукумат ва сайтараи сиёсии араб пас аз ду қарн аз ин кишвар рахт бар баст, ба ҳукми ҷозибаи маънавӣ ва нерӯи иқноъӣ, ки дар муҳтавои худи ин дин аст, дар Эрон ва чандин кишвари дигар ин тавфиқро ҳосил кард.

Ислом ҷилави нуфуз ва тавсиъаи масеҳиятро дар Эрон ва дар машриқзамин ба таври умум гирифт. Мо наметавонем ба таври қатъ бигӯем агар Эрон ва машриқзамин масеҳӣ шуда буд, чӣ мешуд, вале метавонем ҳадси наздик ба яқин бизанем, ки бар сари ин кишвар ҳамон меомад, ки бар сари соири кишварҳое, ки ба масеҳият гаравиданд омад, яъне торикии қуруни вусто. Эрон дар партави гароиш ба ислом дар ҳамон вақт, ки кишварҳои гараванда ба масеҳият дар торикии қуруни вусто фурӯ рафта буданд, ҳамдӯш бо соири милали исломӣ ва пешопеши ҳамаи онҳо машъалдори як тамаддуни азим ва шукӯҳманд ба номи “тамаддуни исломӣ” шуд.

Инҷо ин пурсиш ба зеҳн меояд, ки агар хоссияти масеҳият он аст ва хоссияти ислом ин, пас чаро имрӯз кор баръакс аст? Ҷавобаш равшан аст: онҳо аз ҳафт ҳашт қарн пеш масеҳиятро раҳо карданд ва мо аз ҳамон вақт исломро.

Ислом ҳисори мазҳабӣ ва ҳисори сиёсӣ, ки гирдогирди Эрон кашида шуда буд ва намегузошт эронӣ истеъдоди хешро дар миёни миллатҳои дигар буруз диҳад ва ҳам намегузошт ин миллат аз маҳсули андешаи соири милали муҷовир ё дурдаст истифода кунад, дарҳам шикаст; дарвозаҳои сарзаминҳои дигарро ба рӯйи эронӣ ва дарвозаи Эронро ба рӯйи фарҳангҳо ва тамаддунҳои дигар боз кард. Аз ин дарвозаҳои боз ду натиҷа барои эрониён ҳосил шуд: яке ин ки тавонистанд ҳушу лиёқату истеъдоди хешро ба дигарон амалан собит кунанд, ба тавре, ки дигарон онҳоро ба пешвоӣ ва муқтадоӣ бипазиранд. Дигар ин ки бо ошно шудан ба фарҳангҳо ва тамаддунҳои дигар, тавонистанд саҳми азиме дар такмил ва тавсиъаи як тамаддуни азими ҷаҳонӣ ба худ ихтисос диҳанд.

Аз ин рӯ аз як тараф мебинем барои аввалин бор дар торихи ин миллат, эронӣ пешво ва муқтадо ва марҷаъи динии ғайриэронӣ мешавад; филмасал Лайс ибни Саъди эронӣ пешвои фиқҳии мардуми Миср мешавад ва Абӯҳанифаи эронӣ — бо ин ки дар худи Эрон ба воситаи ошноии ин мардум бо мактаби Аҳли байт пайравони зиёде пайдо намекунад — дар миёни мардуми дигар, ки бо он мактаби муқаддас ошно нестанд, ба сурати як пешвои берақиб дармеояд. Абӯубайда Муаммар ибни ал-Мусанно ва Восил ибни Ато ва амсоли онҳо пешвои каломӣ мешаванд. Сибавайҳ ва Касоӣ имоми сарфу наҳв мегарданд ва дигаре марҷаъи луғат ва ғайра.

Дар инҷо бемуносибат нест достони зайлро нақл кунем:

Ҳишом ибни Абдулмалик (халифаи марвонӣ) рӯзе аз яке аз уламо, ки ба мулоқоти вай дар Расофаи Куфа рафта буд пурсид:

— Оё уламо ва донишмандонеро, ки акнун дар шаҳрҳои исломӣ марҷаъияти илмӣ ва фатвоӣ доранд мешиносӣ?

Гуфт:

— Оре.

Ҳишом гуфт:

— Акнун фақеҳи Мадина кист?

Ҷавоб дод:

— Нофеъ.

— Нофеъ мавлост ё арабӣ? (Ба эрониён дар он даврон мавло мегуфтанд.)

— Мавлост.

— Фақеҳи Макка кист?

— Ато ибни Абирибоҳ.

— Мавлост ё арабӣ?

— Мавлост.

— Фақеҳи аҳли Яман кист?

— Товус ибни Кайсон.

— Мавлост ё арабӣ?

— Мавлост.

— Фақеҳи Ямома кист?

— Яҳё ибни Касир.

— Мавлост ё арабӣ?

— Мавлост.

— Фақеҳи Шом кист?

— Макҳул.

— Мавлост ё арабӣ?

— Мавлост.

— Фақеҳи Ҷазира кист?

— Маймун ибни Маҳон.

— Мавлост ё арабӣ?

— Мавлост.

— Фақеҳи Хуросон кист?

— Заҳҳок ибни Музоҳим.

— Мавлост ё арабӣ?

— Мавлост.

— Фақеҳи Басра кист?

— Ҳасан ва Ибни Сирин.

— Мавло ҳастанд ё арабӣ?

— Мавло ҳастанд.

— Фақеҳи Куфа кист?

— Иброҳими Нахаъӣ.

— Мавлост ё арабӣ?

— Араб аст.

Ҳишом гуфт:

— Наздик буд бехуд шавам. Ҳар киро пурсидам, ту гуфтӣ мавлост, хуб шуд лоақал ин як арабӣ аст. (Муҳаммад Абузуҳра, Абӯҳанифа; ҳаётуҳу ва асруҳ, фиқҳуҳу ва ороуҳ, с.15)

Дар чӣ аср ва чӣ замоне инчунин фурсат барои эронӣ пайдо шудааст, ки ифтихори пешвоии динии мардуми нуқоти мухталиф ва кишварҳои мухталиф аз Ҳиҷозу Ироқу Яману Шому Ҷазираву Мисру ғайраро пайдо кунад? Дар замонҳои баъд ин пешвоӣ тавсиъаи бештаре пайдо кард. Аҷиб ин аст, ки Сэр Ҷон Малкуми ангилисӣ, қарни аввал ва дуввуми исломиро, ки давраи ренусонс ва шукуфтани истеъдодҳои илмӣ ва маънавии эрониён пас аз як рукуди тӯлонист, қарнҳои сукут ва хумуди эронӣ меномад. Сэр Ҷон Малкум амдан мехоҳад қазоёро аз зовияи сиёсӣ ва бо айнаки таассуботи нажодӣ, ки махсусан истеъмори қарни 19-ум ба шиддат таблиғ мекард, бингарад ва ироа диҳад. Аз назари Сэр Ҷон Малкум он чӣ фақат бояд онро ба ҳисоб овард ин аст, ки чӣ касе ва аз чӣ нажоде бар мардум ҳукм мерондааст, ва аммо тӯдаи мардум дар чӣ ҳолу вазъе будаанд ва чӣ бурда ва чӣ бохтаанд, набояд ба ҳисоб ояд. Амсоли Сэр Ҷон Малкум ҳаргиз таассуфе надоранд, ки масалан чаро Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф одам мекушт ва ситам мекард; таассуфашон ва дар ҳақиқат изҳори таассуфашон, таҳти ин унвон аст, ки чаро як нафар эронӣ ба ҷойи Ҳаҷҷоҷ ибни Юсуф корҳои ӯро накард? Бигзарем аз ин ҷумлаи мӯътариза.

Мутолеаи торихи Эрони баъд аз ислом, аз назари шӯру ҳаяҷоне, ки дар эрониён аз лиҳози илмӣ ва фарҳангӣ падид омада буд, ки монанди ташнаи маҳруме фурсатро ғанимат мешумурданд ва дар натиҷа тавонистанд истеъдодҳои худро буруз диҳанд ва барои аввалин бор милали дигар онҳоро ба пешвоӣ ва муқтадоӣ пазируфтанд ва ин пазириш ҳанӯз ҳам нисбат ба эрониёни қуруни аввал то шашум ва ҳафтуми исломӣ идома дорад, фавқулъода ҷолиб аст.

Ин аз як тараф, ва аз тарафи дигар, ин дарвозаҳои боз сабаб шуд, ки илова бар фарҳанг ва улуми исломӣ, роҳ барои вуруди фарҳангҳои юнонӣ, ҳиндӣ, мисрӣ ва ғайра боз шавад ва моддаи сохтани як бинои азими фарҳанги исломӣ фароҳам гардад; заминаи шукуфтани истеъдодҳое назири Бӯалӣ ва Форобӣ ва Абӯрайҳон ва Хайёми риёзидон ва Хоҷа Насируддини Тӯcӣ ва Садрулмутаалиҳин ва садҳо олими табиӣ ва риёзӣ ва муаррих ва ҷуғрофиёдон ва пизишк ва адиб ва файласуф ва ориф фароҳам гардад.

Музҳик ин аст, ки Пурдовуд мегӯяд:

Агар ҳамлаи тозиён ва фарҳанги сомӣ набуд ва донишмандони мо чун Бӯалӣ ва Хайём ба шеваи “Наврӯзнома” ва ё “Донишномаи Алоӣ” китобҳои дигарашонро менавиштанд, имрӯз забони порсӣ ғанитар ва бозтар буд.” (Ба нақл аз рӯзномаи “Иттилоот”, шумораи 12745, муаррахаи 29 обони 1347)

Оё агар ҳамлаи тозиён набуд ва ҳисоре, ки мӯбадҳо кашида буданд ва истеъдодҳои эрониро дар онҷо маҳбус карда буданд, (агар) ҳамчунон боқӣ буд, Бӯалӣ ва Хайёме буд, то “Донишнома” ва “Наврӯзнома” ва ҳазорон китоби дигарро ба забони порсӣ бинависанд? Ин ҳама осор ба забони арабӣ ё форсӣ, ки эрониёни ҳушманд ба ҷаҳон арза карданд, мавлуди ҳамон ҳамлаи тозиён ва ҳисоршикании онҳо ва ошно шудани эрониён бо як фарҳанги мазҳабии ғанӣ буд, ки илмро бар ҳар мусалмоне фариза мешуморад.

Дуруст мисли ин аст, ки бигӯем, агар дар рӯз хуршед намебуд ва ҳарораташ бар сари мо наметофт, мо роҳаттар кор мекардем! Дар сурате, ки агар хуршед набуд, рӯз ҳам набуд.

Ин ду ҷараён танҳо маҳсули шикастани ҳисорҳои хориҷӣ ва ба вуҷуд омадани дарвозаҳои боз набуд; омили дигар бардоштани монеи таҳсилӣ аз сари роҳи тӯдаи мардуми Эрон буд, ки қаблан иҷтимои табақотӣ ва режими мӯбадӣ ба вуҷуд оварда буд. Ислом аъёну ашроф намешинохт ва илмро ба табақаи руҳонӣ ва ё табақоти дигар ихтисос намедод. Аз назари ислом, мӯзагару кӯзагар ҳамон андоза ҳаққи таҳсилу омӯзиш дорад, ки фалон шоҳзода. Аз қазо, навобиғ аз миёни ҳамин баччамӯзагарҳо ва баччакӯзагарҳо зуҳур мекунанд. Бардоштани ин монеи дохилӣ ва он монеи хориҷӣ сабаб шуд, ки эрониён мақоми шоистаи хешро чӣ аз назари пешвоии соири милал ва чӣ аз назари ширкат дар бинои азими тамаддуни ҷаҳонии исломӣ эҳроз кунанд.

Ислом, эрониро ҳам ба худаш шиносонд ва ҳам ба ҷаҳон; маълум шуд, ки он чӣ дар бораи эронӣ гуфта шуд, ки нубуғу истеъдодаш фақат дар ҷанбаҳои низомӣ аст ва димоғи илмӣ надорад ғалат аст. Ақиб афтодани эронӣ дар бархе давраҳо аз нақси истеъдодаш набуда, балки ба воситаи гирифторӣ дар занҷири режими мӯбадӣ будааст ва аз ин рӯ ҳамин эронӣ дар давраи исломӣ нубуғи илмии хешро дар аълодараҷа нишон дод.

Режими мӯбадии истеъдодкуши пеш аз ислом сабаб шудааст, ки бархе хориҷиён иштибоҳ карда, асосан истеъдоди эрониёнро таҳқир кунанд. Масалан Густов Ле Бун (Gustave Le Bon) мегӯяд:

Аҳаммияти эрониён дар торихи сиёсати дунё хеле бузург будааст, вале баръакс дар торихи тамаддун хеле хурд будааст. Дар муддати ду қарн, ки эрониёни қадим бар қисмати муҳимме аз дунё салтанат доштанд, шоҳаншоҳии фавқулъода боазамате ба вуҷуд оварданд, вале дар улум ва фунун ва санойеъ ва адабиёт абадан чизе эҷод накарданд ва ба ганҷинаи улум ва маърифате, ки аз тарафи ақвоми дигаре, ки эрониён ҷойи онҳоро гирифта буданд (боқӣ монда буд) чизе наяфзуданд… Эрониён холиқ набуданд, балки танҳо ривоҷдиҳандаи тамаддун буданд ва аз ин қарор аз лиҳози эҷоди тамаддун аҳаммияти онҳо бисёр кам будааст.” (Хулқиёти мо эрониён, с.93. асари Муҳаммадалӣ Ҷамолзода, нақл аз “Тамаддуонти қадимӣ”-и Густов Ле Бун)

Климен Ҳурт (Clément Huart), муаррихи фаронсавӣ ва муаллифи китоби “Эрони бостонӣ ва тамаддуни Эрон” мегӯяд:

Эрон мамлакате буд низомӣ, ки чӣ улум ва чӣ санойеъу фунун маҳол буд дар он ҷо нашъунамо намояд ва пизишки юнонӣ, ки дар мадориси манотиқи Медитарона тарбият мешуд, танҳо намояндаи улум дар Эрон буд, ҳамчунон ки ҳунармандони бегона аз қабили юнониён ва аҳоли Лидӣ ва мисриҳо танҳо намояндагони санъат ва ҳунар дар он марзу бум буданд ва ҳоказо муставфиҳо низ калдонӣ ва оромиҳои соминажод буданд.” (Ҳамон манбаъ, с.108)

Ҷурҷ Ровлинсун (George Rawlinson) дар китоби “Салтанатҳои панҷгонаи бузурги олами машриқзамин” гуфтааст:

Эрониёни қадим абадан кӯмаке ба тараққии илму дониш нанамуданд. Руҳ ва қареҳаи ин қавм ҳеч вақт бо таҳқиқоте, ки мусталзими сабру ҳавсала бошад, бо таҷассусот ва татаббӯъот ва ковишҳои пурзаҳмате, ки мояи тараққиёти илмӣ аст миёна надоштааст… Эрониён аз оғоз то поёни салтанат ва азаматашон абадан илтифоте ба таҳсилоти илмӣ надошта ва тасаввур менамуданд, ки барои субути иқтидори маънавии худ ҳамоно нишон додани кохи Шуш ва қасрҳои Тахти Ҷамшед ва дастгоҳи азими салтанат ва ҷаҳондории онҳо кофӣ хоҳад буд.” (Ҳамон манбаъ, с.81-82)

Шак нест, ки ин гуна изҳори назарҳо як бадбинӣ ва суизанни беҷо нисбат ба қавми эронист. Гузашта аз ин ки ин гуна муаррифӣ ва тавсифи Эрони қадим (Эрони қабл аз ислом) муболиғаомез ба назар мерасад. (Мо дар бахши баъд дар бораи асолати тамаддуни эронӣ баҳс хоҳем кард.) Намебоист нақси корро аз нақси истеъдоди эрониён бидонанд ва гуноҳи режими мӯбадиро ба гардани истеъдоди эронӣ биандозанд. Далели матлаб ин аст, ки ҳамин қавм дар давраи ислом истеъдоди хешро дар кӯмак ба фарҳанг ва тамаддун ба ҳадди аъло ироа дод.

Оқои Густов Ле Бун (Gustave Le Bon) ва Климен Ҳурт (Clément Huart) ва Ровлинсун (George Rawlinson) ин матлабро қабул доранд, гӯ ин ки ба ғалат онро таҳти унвони “Тамаддуни араб” ёд мекунанд ва ҳол он ки тамаддуни исломӣ ҳамчунон ки тамаддуни эронӣ ё ҳиндӣ нест, тамаддуни араб ҳам нест.

Ислом нишон дод, ки тасаввури собиқуззикр дар бораи эрониён ғалат аст. Ислом истеъдод ва нубуғи эрониёнро ҳам ба худашон нишон дод ва ҳам ба ҷаҳониён, ва ба таъбири дигар, эронӣ ба василаи ислом худро кашф кард ва сипас онро ба ҷаҳониён шиносонид.

Чаро дар даврони қабл аз ислом афроде лоақал монанди Лайс ибни Саъд ва Нофеъ ва Ато ва Товус ва Яҳё ва Макҳул ва садҳо нафари дигар, пешвои маънавии мардуми Мисру Ироқу Шому Яману Ҳиҷозу Марокашу Алҷазоиру Тунису Ҳинду Покистону Андунезӣ (Индонезия) ва ҳатто Испониё ва қисмате аз Урупо нашуданд? Чаро дар он давраҳо шахсиятҳое монанди Муҳаммад ибни Закариёи Розӣ ва Форобӣ ва Бӯалӣ зуҳур накарданд?

Ислом аз назари қудратҳои сиёсӣ ва мазҳабии ҳоким бар Эрон, як таҳоҷум буд, аммо аз назари тӯда ва миллати Эрон як инқилоб буд ба тамоми маънии калима ва бо ҳамаи хасоисаш. Ислом ҷаҳонбинии эрониро дигаргун сохт, хурофоти санавиро бо ҳамаи бадбиниҳои ношӣ аз он аз димоғи эронӣ берун рехт, санавияте, ки “аз хусусиёти тафаккури эронӣ” шинохта мешуд, санавияте, ки чанд ҳазор сол собиқа дошт, санавияте, ки Зартушт бо он мубориза кард ва шикаст хӯрд ва ойини худи ӯ ба он олуда гашт. Оре, ислом чунин санавиятеро аз димоғи эронӣ хориҷ сохт ва мағзи эрониро аз он шустушӯ дод.

Як инқилоб чӣ мекунад? Ҷуз ин аст, ки “дид”-ро нисбат ба ҷаҳон иваз мекунад, ҳадаф ва барнома ва идеулужӣ медиҳад, афкор ва мӯътақадотро дигаргун месозад, ташкилоти иҷтимоиро зеру рӯ мекунад, “хофизаи рофеъа” аст, болои баноҳақ болоро поин мекашад ва поини ба зулм поинро боло мебарад, хулқу хӯю манишро ба шакли дигар, ки зинда ва муассир аст дармеоварад, руҳи туғён ва исён дар баробари зӯргӯён ба вуҷуд меоварад, ҷӯшу хурӯшу шӯру имон халқ мекунад, хуни тоза дар рагҳо ба ҷараён меандозад? Оё хасоиси инқилоб ҷуз ин аст? Ва оё ҳамаи инҳо дар асари ислом дар Эрон падид наомад?

Мегӯянд шамшер! Оре, шамшер, аммо шамшери ислом чӣ кард? Шамшери ислом қудратҳои ба истилоҳ аҳриманиро дарҳам шикаст, сояи шуми мӯбадҳоро кӯтоҳ кард, занҷирҳоро аз дасту пойи қариб 140 милюн боз кард, ба тӯдаи маҳрум ҳуррият ва озодӣ дод. Шамшери ислом ҳамвора бар фарқи ситамгарон ба суди ситамкашон фуруд омадааст ва дасти татовули зӯргӯёнро қатъ кардааст. Шамшери ислом ҳамвора дар хидмати мазлумин ва мустазъафин кашида шудааст:

وَمَا لَكُمْ لاَ تُقَاتِلُونَ فِي سَبِيلِ اللّهِ وَالْمُسْتَضْعَفِينَ مِنَ الرِّجَالِ وَالنِّسَاء وَالْوِلْدَانِ الَّذِينَ يَقُولُونَ رَبَّنَا أَخْرِجْنَا مِنْ هَذِهِ الْقَرْيَةِ الظَّالِمِ أَهْلُهَا وَاجْعَل لَّنَا مِن لَّدُنكَ وَلِيًّا وَاجْعَل لَّنَا مِن لَّدُنكَ نَصِيرًا

(“Чаро шумо дар роҳи Худо (ва дар роҳи наҷоти) мардону занону кӯдакони мустазъаф намеҷангед? Ҳамонон, ки мегӯянд: Парвардигоро! Моро аз ин шаҳре, ки мардумаш ситампешаанд берун бибар ва аз ҷониби худ барои мо сарпарасте қарор деҳ ва аз назди хеш ёваре барои мо таъйин фармо!” (Сураи Нисо, ояти 75))

Ислом аз Эрон санавият ва оташпарастӣ ва ҳумпарастӣ ва офтобпарастиро гирифт ва ба ҷойи он тавҳид ва худопарастӣ дод. Хидмати ислом ба Эрон аз ин лиҳоз беш аз хидмати ин дин ба Арабистон аст, зеро ҷоҳилияти араб танҳо дучори ширк дар ибодат буд, аммо ҷоҳилияти Эрон илова бар ин, гирифтори ширк дар холиқият буд.

Ислом андешаи худои шохдору болдор, ришу сабилдор, асо ба даст, ридо бар дӯш, муҷаъадмӯй ва дорои тоҷи кунгирадорро табдил кард ба андешаи Худои қайюм, бартар аз хаёлу қиёсу гумону ваҳм, мутаолӣ аз тавсиф, ки ҳама ҷо ва бо ҳама чиз ҳаст ва ҳеч чиз бо ӯ нест, ҳам аввал аст ва ҳам охир, ҳам зоҳир аст ва ҳам ботин, ӯ чашмҳоро мебинад аммо чашмҳо ӯро намебинанд. Ислом тавҳидро чӣ зотӣ ва чӣ сифотӣ ва чӣ афъолӣ дар пуравҷтарин шаклаш ба эронӣ ва ғайриэронӣ омӯхт. Ислом асли тавҳидро пояи аслӣ қарор дод, ки илова бар ин ки мабнои фалсафӣ дорад, худ муҳаррики фикру андеша аст.

Ислом хурофоте аз қабили масофи нӯҳ ҳазор солаи Аҳуромаздо ва Аҳриман, қурбонии ҳазорсолаи Зӯрвон барои фарзанддор шудан, ва зоида шудани Аҳриман ба воситаи шак дар қабулии қурбонӣ ва баҷо афтодани назр, ҳамчунин дуоҳои девбанд, ташрифоти аҷиби оташпарастӣ, ғизо ва машруб барои мурдагон бар бомҳо, рондани ҳайвоноти ваҳшӣ ва мурғон дар миёни оташ, ситоиши офтоб ва моҳ дар чаҳор навбат, ҷилавгирӣ аз тобиши нур бар оташ, манъи дафни мурдагон, ташрифоти камаршикани даст задан ба ҷасади майит ё бадани зани ҳоиз, манъи истеҳмом дар оби гарм, тақаддуси шустушӯ бо идрори гов ва садҳо амсоли инҳоро аз зиндагии фикрӣ ва амалии эронӣ хориҷ сохт.

Ислом дар ибодат ба ҷойи муқобили офтоб ё оташ истодан ва беҳуда замзама кардан ва ба ҷойи оташро бар ҳам задан ва пуном ба даҳон бастан ва ба ҷойи зону задан дар муқобили оташ ва муқаддас шумурдани ташт, ибодоте дар ниҳояти маъқулият ва дар авҷи маънавият ва дар камоли латофати андеша барқарор кард. Азони ислом, намози ислом, рӯзаи ислом, ҳаҷҷи ислом, ҷамоат ва ҷумъаи ислом, масҷиди ислом, азкору авроди мутараққӣ ва мамлув аз маорифи ислом, дуоҳои пур аз ҳикмат ва маърифати ислом, шоҳид гӯёест бар ин муддаъо.

Ислом бар хилофи масеҳият ва монавият ва ойини маздакӣ (ва бар вифоқи таълимоти Зартушт) асли ҷудоии саодати руҳ ва бадан, ва тазодди кори дунё ва охират, ва фалсафаҳои мабнӣ бар риёзат ва таҳаммули аъмоли шоққа, палидии таносул ва тақаддуси таҷаррудбаргузидагон (дар кеши монавӣ ва кеши маздакӣ) ва таҷарруди кординолҳо ва попҳо (дар кеши масеҳӣ), ки душмани тамаддун аст ва дар Эрон дар ҳоли пешравӣ буд, мансух сохт ва дар айни тавсия ба тазкияи нафс парҳез аз неъматҳои покизаи заминро накӯҳиш кард. Ислом иҷтимои табақотии он рӯзро, ки решаи бисёр куҳан дошт ва бар ду рукни хуну моликият қоим буд ва ҳамаи қавонин ва русум ва одоб ва сунан бар меҳвари ин ду рукн мегашт, дар ҳам рехт ва иҷтимое сохт минҳои ин ду рукн; бар меҳвари фазилат, илм, саъю амал, тақво.

Ислом руҳонияти маврусӣ ва табақотӣ ва ҳирфаиро мансух сохт, онро аз ҳолати ихтисосӣ берун овард, бар асл ва мабнои дониш ва покӣ қарор дод, аз ҳар синф ва табақае гӯ бош.

Ислом ин фикрро, ки подшоҳон осмонинажоданд, барои ҳамеша решакан сохт. Кристенсен (Arthur Christensen) мегӯяд:

Салотини соcонӣ худро дар катибаҳо ҳамеша парастандагони Маздоҳ (Маздаясн) хондаанд, аммо дар айни ҳол худро шахси раббонӣ ва аз нажоди худоён (яздон) номидаанд”. (Эрон дар замони Сосониён, с.284).

Ва ҳам ӯ мегӯяд:

Хусрави дуввум (Парвиз) худро чунин хондааст: одаме фанонопазир аз миёни худоён ва худое бисёр ҷалил дар миёни мардумон”. (Ҳамон манбаъ)

Эдворд Броун мегӯяд:

Эҳтимол меравад дар ҳеч мамлакате монанди Эрон дар замони Соcониён, асле, ки ба мӯҷиби ин асл ҳаққи осмонӣ барои подшоҳ қоил шаванд, пайравоне росихулақидатар аз эрониён надоштааст.”

Нулдике (Theodor Nöldeke) мегӯяд: “Касе, ки аз хонадони салтанат набошад, монанди Баҳроми Чӯбин, ки аз нуҷабо буд ва сарпечӣ намуд ё монанди Шаҳрбароз, ва салтанатро ғасб кунад, амали ӯ тақрибан боварнакарданӣ ва ҷуз ба шарорат ва бешармӣ ба чизи дигар ҳамл нашавад.”

Аз ин рӯ мардум одат карда буданд, ки фикр кунанд танҳо як нажод ин салоҳиятро дораду бас. Эдворд Броун достони маъруфи Баҳроми Чӯбинро, ки дар ҳоли фирор бо пиразане мулоқот ва муҳовира мекунад ва пиразан ӯро, ки аз тухмаи шоҳӣ нест ва муддаии шоҳӣ аст тахтиа мекунад, шоҳид меоварад. Оқои дуктур Маҳмуди Саноӣ дар китоби “Озодии фард ва қудрати давлат” он ҷо, ки ақидаи бархе аз фалосифаи ҷадиди Урупоро дар сиёсат, ки мабнӣ бар ҳуқуқи илоҳӣ аст меоварад, мегӯяд:

Ин назария албатта тоза набуд ва шояд асли онро бояд дар торихи худи мо ҷустуҷӯ кард. Фарраи эзадӣ, ки эрониёни бостон бад-он мӯътақид буданд, баёни ҳамин маънист.” (с.5)

Ислом ин аслро низ шадидан барҳам зад. Дар давраи ислом дигар сухан аз тухмаи шоҳӣ нест. Баччамоҳигир ва баччабарда ва баччадарвеш ҳам аҳёнан дар худ чунин салоҳияте мебинад, ҳиммат баланд медорад ва ба олитарин мақом мерасад. Дар давраи ислом иттикои салотин бештар ба лиёқати худашон аст, на ба нажодашон.

Ислом ҳамон тавр, ки фикри ин ки руҳоният аз мухтассоти як табақаи хосс аст, аз димоғи эронӣ хориҷ кард, ин фикрро низ аз димоғи онҳо берун намуд. Ислом фикри ҳукумати ашроф ва ба истилоҳ аристукросиро аз миён бурд ва фикри дигаре, ки аз лиҳози реша, демукросӣ ва ҳукумати омма аст ба вуҷуд овард.

Ислом ба зан шахсияти ҳуқуқӣ дод, тааддуди завҷот ба шакли ҳарамсародорӣ ва бидуни қайду шарту ҳаддро мансух сохт; онро таҳти шароите бар асоси тасовии ҳуқуқи занон ва имконоти мард ва дар ҳудуди муайяне, ки ношӣ аз як зарурати иҷтимоӣ аст муҷоз донист.

Ория додани зан, фарзанди истилҳоқӣ, издивоҷи ниёбӣ, издивоҷ бо маҳорим, вилояти шавҳар бар занро мансух сохт.

Ислом на танҳо барои эрониёне, ки мусалмон шуданд хайру баракат буд, дар ойини зартуштӣ низ асар гузошт ва ба таври ғайримустақим мӯҷиби ислоҳоти амиқе дар он гашт. Қаблан аз Кристенсен (Arthur Christensen) нақл кардем, ки:

Ҳангоме, ки ғалабаи ислом давлати соcониро, ки пуштибони руҳониюне буд вожгун кард, руҳониюн дарёфтанд, ки бояд кӯшиши фавқулъода барои ҳифзи шариати худ аз инҳилоли томм бинамоянд. Ин кӯшиш сурат гирифт; ақида ба зӯрвон ва асотири кӯдаконаро, ки ба он тааллуқ дошт дур андохтанд, парастиши хуршедро мулғо сохтанд, басе аз ривоёти динро ё ба куллӣ ҳазф карданд ё тағйир доданд, ва бахшҳое аз Авастои соcонӣ ва тафосири онро, ки олуда ба афкори зӯрвония шуда буд, дар тоқи нисён ниҳоданд ё аз миён бурданд…

Хадамоти ислом ба Эрон ва эронӣ, мунҳасир ба қуруни аввали исломӣ нест; аз замоне, ки сояи ислом бар ин мамлакат густарда шудааст, ҳар хатаре, ки барои ин мамлакат пеш омада ба василаи ислом дафъ шудааст. Ислом буд, ки муғулро дар худ ҳазм сохт ва аз одамкушони одамхор инсонҳои донишдӯст ва донишпарвар сохт, аз дудаи чангизӣ, Муҳаммади Худобанда таҳвил дод ва аз насли Темур Амир Алишер Навоӣ ва Амирҳусайни Бойқаро ба вуҷуд овард.

Имрӯз низ ислом аст, ки дар муқобили фалсафаҳои мухарриби бегона истодагӣ карда ва мояи эҳсоси шараф ва иззат ва истиқлоли ин мардум аст. Он чӣ имрӯз миллати Эрон метавонад ба он ифтихор кунад ва ба рухи дигарон бикашад, Қуръон ва Наҳҷул-балоға аст, на Авасто ва Занд…

Дар инҷо сухани худро дар бораи хадамоти ислом ба Эрон ба поён мерасонем. Навбати он аст, ки дар бахши баъд хадамоти Эронро ба ислом тавзеҳ диҳем.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб



Рубрики:Ислом, Рӯшанфикрӣ ва рӯшанфикрон, Торих

Метки: , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: