Фалсафа ва равиши реализм (92)

Воқеият ва ҳастии ашё (6)

Матни китоб:

Мо дар баробар суфастоӣ (идеалисти ҳақиқӣ), ки ба чизе ҷуз андеша эътироф надошт ва надорад, мегӯем: замин ҳаст, осмон ҳаст, инсон ҳаст, дарахт ҳаст, модда ҳаст, қувва ҳаст… Яъне ҳар як аз ин шумурдаҳо дорои воқеият аст. Албатта, ин воқеият, ки барои ҳама исбот мекунем, маъноест ғайр аз маънои ҳар як аз онҳо ва ҳам як маънист. (1) Ва агар чунончи маънии мавзӯъ ва маҳмул дар ин қазияҳо яке буданд (инсон ҳаст, яъне инсон инсон) дигар исбот лузум надошт. Гузашта аз ин ки суфастоӣ андешаи ин маъониро инкор надошт. Ва ҳам як маънӣ бештар инкор надорад ва он, мисдоқи ҳамон мафҳуми ҳастӣ ва воқеият аст. Аз ҳамин ҷо бояд натиҷа гирифт, ки:

1) Мо воқеият (ҳастӣ)-ро ба як маънӣ ба ҳама чиз исбот мекунем;

2) Мафҳуми воқеият (ҳастӣ) ғайр аз мафҳуми ҳар як аз ашёи воқеиятдор аст;

3) Назар ба ин ки мо дар хориҷ ҳама чизро айни ҳам намепиндорем ва тардид ҳам надорем, яъне инсон ғайри дарахт ва дарахт ғайри инсон аст (ба ҳар маънӣ аз ғайрият буда бошад, ҳамин андоза, ки “дутоӣ” дуруст шавад), аз ҳамин ҷо бояд натиҷа гирифт, ки мо аз мавҷудоти хориҷӣ ду мафҳуми мутабойин мегирем: яке мафҳуме, ки ашёи воқеиятдор бо он аз ҳамдигар мутамойизанд, ва суфастоӣ низ ба номи “андеша” онро мепазирад, монанди мафҳуми инсон, дарахт ва… Ва дигаре мафҳуми ҳастӣ (воқеият). Пас ҳар чизи воқеиятдор ба мо ду мафҳум эъто мекунад, монанди инсони хориҷӣ, ки ду мафҳуми “инсон” ва “воқеият”-ро медиҳад.

* * *

Таълиқот:

(1) Ишора аст ба ду масъала аз масоили вуҷуд, ки яке ба номи “муғойирати мафҳумии вуҷуд бо моҳият” ва ё ба номи “зиёдати вуҷуд бар моҳият” ва дигаре ба номи “иштироки вуҷуд” хонда мешавад.

Масоили вуҷуд, ки ба сурати 12 масъала дар матн баён шуда, бархе мутааллиқ ба олами зеҳн аст, яъне ҷанбаи зеҳнӣ дорад ва бархе мутааллиқ ба олами хориҷ аст, яъне ҷанбаи айнӣ дорад ва бархе зуҷанбатайн аст ва мо ба тартиб ин ҷанбаҳоро дар ҳар як аз онҳо тавзеҳ медиҳем. Хонандаи ҷилди аввал ва дуввуми ин китоб мутаваҷҷеҳи аҳаммияти таҳқиқ ва баррасии идрокот ва аъмол ва афъоли зеҳнӣ ва робитаи шадиди тарзи таҳқиқи фалсафӣ бо шинохтани фаъолиятҳо ва тарзи андешасозии зеҳн шуд ва мушоҳида кард, ки ғолиби мақолоти гузашта бар меҳвари масоили идрокӣ мечархид. Дар ин мақола низ, ки аз масоили вуҷуд баҳс мекунем ва сару кори мо бо худи воқеият ва ҳастӣ аст, боз ба масоиле бармехӯрем, ки бо масоили идрокӣ муртабит аст.

Албатта, бар ошноён ба ин мабоҳис пӯшида нест, ки тарзи таҳқиқи масоили идрокӣ дар фалсафа бо тарзи таҳқиқи равоншиносии ҷадид комилан мутафовит аст. Назари равоншиносӣ мутаваҷҷеҳи мутолеаи олами дарун ва қонунҳои ба вуҷуд омадан ва аз байн рафтан ва равобити падидаҳои нафсонӣ бо якдигар ё бо умури хориҷӣ аст ва мақсуди вай шинохтани мавҷудоти олами дарунӣ аст, вале назари фалсафа аввалан ва биззот мутаваҷҷеҳи шинохти вуҷуд ва воқеият аст ва ба андешаҳои зеҳн ҷуз бо назари абзор ва асбоби кор нигоҳ намекунад. Аз назари фалсафии мо, шинохти вуҷуд ва воқеият вақте муяссар аст, ки анбӯҳи андешаҳоеро, ки маҳсули фаъолиятҳои мухталифи зеҳн аст ба даст оварем ва он чиро, ки намояндаи воқеияти хориҷ аст аз он чӣ маҳсул ва маълули фаъолияти зеҳн аст ташхис диҳем. Ва ба иборати дигар, ба баррасии идрокоти зеҳн пардохта он чиро “ҳақиқат” аст аз он чӣ “ҳақиқатнамо” аст тамйиз диҳем. Ва ба таъбири фалосифаи исломӣ, умури асилро аз умури эътиборӣ бозшиносем. Ва ин матлаб аз мутолеаи ҳамин мақола ва мақолаҳои баъдӣ равшантар хоҳад шуд. Ва хонандаи мӯҳтарам аз ҳоло бояд зеҳни хешро барои қабули як ҳақиқат, ки мукаррар ба он ишора хоҳем кард омода кунад, ва он ин ки: то зеҳнро нашиносем, наметавонем фалсафа дошта бошем.

Инсон пас аз изъон ва қабули асли қатъии “воқеияте ҳаст” ва пас аз ёфтани порае мазоҳири воқеият аз қабили “ман ҳастам”, “сафедӣ ҳаст”, “дарахт ҳаст”, “санг ҳаст”, “хуршед ҳаст” ва… ба ин нукта бармехӯрад, ки зеҳн худ тасаввуроти зиёде аз ашёи зиёде дорад, масалан тасаввуре аз сафедӣ дорад ва тасаввуре аз хуршед ва тасаввуре аз дарахт ва тасаввуре аз санг… Он гоҳ мебинад ин маъонӣ, ки аз онҳо тасаввуроте дорад, ҳеч кадом ба якдигар қобили татбиқ нестанд, яъне биззарура меёбад, ки дарахт айни санг ва ҳар ду айни хуршед ва ҳар се айни инсон ва ҳар чаҳор айни сафедӣ ё қирмизӣ нестанд. Пас, мефаҳмад, ки иҷмолан айнияти мутлақ байни ин мафҳумот ҳукмфармо нест ва як наҳв муғойирате дар кор аст, вале дар айни ҳол ҳамаи ин умури мутағойир дар як амр, бо якдигар шариканд, яъне зеҳн дар бораи онҳо аз як ҳайс ба як ҷур ҳукм мекунад ва он ҷиҳат иборат аст аз ҷанбаи мавҷуд будан ва воқеият доштан дар хориҷ. Яъне зеҳн дар бораи ҳар як аз онҳо ҳукм мекунад, ки дар хориҷ мавҷуд аст ва воқеият дорад, ба ин тартиб: дарахт воқеият дорад, санг воқеият дорад, инсон воқеият дорад. Пас, ҳар кас, ки ба зеҳни хеш муроҷиа кунад, меёбад, ки аввалан тасаввурот ва мафоҳими зиёде аз ашё пеши худ дорад мисли тасаввури сафедӣ ва тасаввури гармӣ ва тасаввури дарахт ва тасаввури санг (аммо ин ки иллат ва маншаи пайдоиши ин мафоҳим ва тасаввурот чист, хориҷ аз баҳси феълии мост ва дар мақолаи 5 баён шудааст.) Ва сониян, мафҳуми “вуҷуд” ё “воқеият” бо ҳамаи онҳо дар зеҳн интисоб ва иртибот пайдо мекунад, яъне зеҳн ҳукм мекунад, ки сафедӣ воқеият дорад, дарахт воқеият дорад, санг воқеият дорад… Дар ин ҷо чанд пурсиш меояд:

1) Оё мафҳуми вуҷуд ё воқеият, ки мо дар форсӣ аз он бо калимаи “ҳастӣ” таъбир мекунем, айни ҳамон мафоҳими мутааддидае аст, ки мо аз ашё дорем? Масалан, мафҳуми ҳастӣ дар зеҳни мо айни мафҳуми инсон ва мафҳуми сафедӣ ва мафҳуми дарахт ва ғайра аст? Ва ба иборати дигар, тасаввури зеҳнии мо аз вуҷуд ва ҳастӣ айни тасаввури зеҳнии мо аз инсон ва сафедӣ ва дарахт ва соири ашёест, ки дар зеҳн вуҷудро ба онҳо нисбат медиҳем, ё ғайри онҳост? Ин суол, масъалаи аввал аз ду масъалаи болоро, ки ба номи “зиёдати вуҷуд бар моҳият” ё “муғойирати вуҷуд бо моҳият” хонда мешавад, тарҳ мекунад. Ин масъала чунонки возеҳ аст сирфан ҷанбаи зеҳнӣ дорад ва рӯйи ҳамин ҷиҳат барои ёфтани посухи суоли боло, ҳамон муроҷиа ба зеҳн ва баррасии мухтасари тасаввуроти зеҳнӣ бидуни эҳтиёҷи паймудани печухами истидлол кофӣ аст. Инсон бо муроҷиа ба зеҳни худ, меёбад, ки ҳамон тавре, ки худи тасаввуроте, ки мо аз ашё дорем, муғойир бо якдигаранд — масалан тасаввури зеҳнии инсон ғайр аз тасаввури зеҳнии санг ва ғайра аст — меёбад, ки тасаввури зеҳнии санг ва дарахт ва ғайра, ғайр аз тасаввури зеҳнии “ҳастӣ” низ ҳаст. Яъне ҳамон тавре, ки санг ва дарахт ва ғайра ҳар як дар зеҳн сурате дорад муғойир бо сурате, ки хуршед дар зеҳн дорад, ҳастӣ низ сурате дар зеҳн дорад муғойир бо сурати зеҳнии хуршед ва сурати зеҳнии дарахт ва ғайра. Ва албатта ҳамон тавре, ки дар матн ишора шуда, метавон бурҳон низ бар матлаб иқома кард, ба ин тартиб, ки агар тасаввури зеҳнии ҳастӣ айни тасаввури зеҳнии инсон (масалан) буда бошад, лозим аст, ки лафзи “ҳастӣ” ё “вуҷуд” ё “воқеият” муродиф бо лафзи инсон буда бошад, мисли лафзи башар, ки муродифи лафзи инсон аст. Ва дар ин сурат, бояд маънои ҷумлаи “инсон мавҷуд аст” мусовӣ бошад бо ҷумлаи “инсон инсон аст”, ҳамон тавре, ки ҷумлаи “инсон башар аст” мусовӣ аст бо ҷумлаи “инсон инсон аст”. Ва агар ин ду ҷумла мусовӣ ва муродифи якдигар буда бошанд, бояд ғанӣ аз истидлол ва ғайри мӯҳтоҷ ба исбот буда бошад. Зеро “инсон инсон аст” барои зеҳн ғанӣ аз истидлол аст, ва ҳол он ки исботи вуҷуди инсон барои зеҳн мӯҳтоҷ ба истидлол аст, ва албатта мафҳуми инсон ба унвони мисол оварда шуд ва метавон чизҳои дигарро ба ҷойи инсон зикр кард.

Ва низ чунонки дар пурсиши дуввум хоҳем дид, мафҳуми ҳастӣ мафҳуми воҳидест ва мафоҳими инсон ва дарахт ва санг ва сафедӣ мафоҳими мутааддида ҳастанд ва мафҳуми воҳид маҳол аст, ки айни чанд мафҳуми мутааддид буда бошад.

Пас, натиҷа гирифта мешавад, ки мафҳуми вуҷуд ё воқеият ё ҳастӣ як мафҳумест, ки дар зеҳн муғойир аст бо мафҳуми ҳар як аз умуре, ки мо дар назари воқеъбинии худ онҳоро умуре воқеиятдор мебинем ва ҳукм мекунем, ки фалон чиз ҳаст. Ва ин аст маънои “муғойирати мафҳумии вуҷуд бо моҳият” ё “зиёдати вуҷуд бар моҳият”.

Ин масъала дар муқобили ақидаи бархе мутакаллимин, ки мӯътақид будаанд ҳеч муғойирати мафҳумӣ байни вуҷуд ва моҳият нест тарҳ шуда, яъне баҳсҳои каломии мутакаллимин мӯҷиби вуруди ин масъала дар мабоҳиси фалсафӣ шуда. Дар китобҳои ҳукамои аввал касе, ки мебинем ин масъаларо мутаарриз шуда ва ёдоварӣ карда Форобӣ аст.

Ҳарчанд худи ин масъала аз назари ин ки возеҳ ва бениёз аз истидлол аст, аҳаммияти чандоне надорад, вале чунонки баъдан хоҳем дид, ҳамин масъалаи ғайримуҳим мӯҷиби пайдоиши асоситарин масоили фалсафа яъне масъалаи “асолати вуҷуд ва асолат моҳият” шуда ва таваҷҷӯҳ ба ин масъала барои бурҳонҳое, ки дар он масъала иқома мешавад лозим аст.

2) Оё мафҳуми вуҷуд ё ҳастӣ, ки ба ин умури мутааддида дар зеҳн ҳамл мешавад — ва ҳукм мешавад, ки замин ҳаст, осмон ҳаст, инсон ҳаст, дарахт ҳаст — як мафҳуми воҳид ва як маънои воҳидест ё он ки мафоҳим ва маъонии мутааддида аст? Ва ба истилоҳ, оё муштараки маънавист ё муштараки лафзӣ? Аз масоили вуҷуд ҳамин як масъала аст, ки дар мобаъдуттабиаи Арасту тарҳ шуда. Арасту дар мақолаи “Алифи кубро” барои исботи ин ки вуҷуд як мафҳуми омм ва шомиле аст, баҳси иштироки лафзӣ ва иштироки маънавиро пеш мекашад ва собит мекунад, ки мафҳуми вуҷуд аз қабили муштараки маънавӣ аст, на лафзӣ.

Қаблан бояд маънои истилоҳи “муштараки маънавӣ” ва “муштараки лафзӣ”-ро тавзеҳ диҳем:

Агар фарз кунем қазияҳои чандеро, ки дорои мавзӯъоти мутааддидае бошанд, вале ҳамаи онҳо аз лиҳози маҳмул муштарак ва монанди якдигар бошанд тарҳ кунем, мисли ин ки бигӯем “Зайд инсон аст” ва “Амр инсон аст” ва “Ҳасан инсон аст”, дар ин сурат, гоҳ ҳаст, ки маҳмули муштараки мо фақат аз ҷанбаи лафз дар ҳама якест, на аз ҷанбаи маънӣ, мисли ин ки мо ба мойеъе, ки аз пистони гов дӯшида шуда ишора мекунем ва мегӯем, ки “Ин шир аст” ва ба ҳайвони махсусе, ки дорои чанголу дандону ёлу думи махсус аст ва дар музеи ҳайвонот дар қафас ҳабс шудааст низ ишора мекунем ва мегӯем “Ин шер аст” ва ба шири самовар низ ишора мекунем ва мегӯем “Ин шир аст”. Дар инҷо маҳмул дар ҳар се қазия ба ҳасби лафз якест, вале ба ҳасби маъно ва мафҳум мутааддид аст. Яъне он гоҳ, ки ба он мойеъ мегӯем “шир аст” як маъно ва мафҳум дар зеҳни мо пайдо мешавад ва он гоҳ, ки ба он ҳайвон мегӯем “шер аст” як маъно ва мафҳуми дигар ва он гоҳ, ки ба шири самовар мегӯем “шир аст” як маъно ва мафҳуми севвум, ва ба иборати дигар, дар ҳар як аз ин се “ҳамл”, ки маҳмул бо як лафз адо шуда як сурати зеҳнии бахусусро бар мавзӯъ мунтабиқ сохтаем ва ҳеч гуна маъно ва мафҳуми муштараке, ки ба ҳар се мавзӯъ қобили интибоқ бошад дар назар нагирифтаем.

Вале гоҳ ҳаст, ки маҳмули муштарак мо аз ҷанбаи маъно ва мафҳум воҳид аст, мисли он ки мегӯем: “Зайд инсон аст”, “Амр инсон аст”, “Ҳасан инсон аст”. Дар инҷо мафҳум ва мақсуди мо аз лафзи “инсон” дар ҳамаи ин қазияҳо як чиз аст. Яъне дар ҳар се “ҳамл”, ки маҳмул бо лафзи “инсон” адо шуда, як сурати куллии зеҳниро бар мавзӯъ мунтабиқ сохтаем ва як маъно ва мафҳуми муштаракеро дар ҳар се маврид дар назар гирифтаем. Ва албатта мумкин аст дар ин қисм, ки маъно ва мафҳум дар ҳар се маврид якест, алфози мутааддид бошад, мисли он ки алфози мутародифаро ба кор бибарем ва бигӯем: “Зайд инсон аст” ва “Амр башар аст” ва “Ҳасан ҳайвони нотиқ аст” . Дар инҷо бо ин ки алфоз мутааддид ва мухталиф аст ва дар ноҳияи лафз иштироке нест, дар ноҳияи маъно иштирок ҳаст.

Ба ҳасби истилоҳ, иштирок дар мавриди мисоли аввал (мисоли шир) “иштироки лафзӣ” ва иштирок дар мавриди мисоли дуввум (мисоли инсон) “иштироки маънавӣ” хонда мешавад. Ва албатта иштироки лафзӣ чун аз сифоти лафз аст ва аз робитаи лафз бо маъно ҳикоят мекунад, дар луғоти мухталиф, мухталиф аст, вале иштироки маънавӣ чун хоссияти зеҳнии маъност, рабте ба олами вазъи алфоз надорад.

Ҳоло бояд бибинем, ки мафҳуми “вуҷуд” ё “ҳастӣ”, ки ба мавзӯъоти мутааддида ҳамл мешавад — ва ҳукм мешавад, ки “замин ҳаст”, “инсон ҳаст”, “осмон ҳаст” — муштараки лафзӣ аст ё муштараки маънавӣ? Посухи ин пурсиш низ чун мустақиман марбут ба виҷдониёти зеҳнии худи мост, возеҳ аст. Яъне ҳар кас бо таваҷҷӯҳи мухтасар ба муҳтаваёти зеҳнии хеш дарк мекунад, ки мафҳуми “воқеият” ё “вуҷуд” ё “ҳастӣ”, ки ба ашёе монанди замин ва осмон ва дарахт ва инсон ва модда ва қувва ва ғайра ҳамл мешавад, аз қабили муштараки маънавӣ аст, на аз қабили муштараки лафзӣ. Яъне мо ҳангоме, ки дар зеҳни худ “ҳастӣ”-ро ба ҳар як аз ин ашё ҳамл мекунем ва ҳукм ба ҳастии онҳо менамоем, як маъно ва мақсудро дар ҳамаи маворид ҳамл мекунем, на бештар.

3) Мо аз ҳар чизи воқеиятдор, ки алорағми суфастоӣ ҳукм мекунем, ки “воқеиятдор аст” мисли инсон ва дарахт ва замин ва ғайра, ду мафҳум дар зеҳни худ дорем:

Яке, ҳамон мафҳуми “инсон” (дар мавриди инсон) ва “дарахт” (дар мавриди дарахт), ки милоки тамйиз ва шиносоии мо ҳамон мафҳум аст ва рӯйи ҳамон мафҳум ӯро ғайр аз соири ашё медонем. Ва дигар, мафҳуми “ҳастӣ”, ки муштаракун фиҳии ҳамаи ин умур аст. Ҳоло бояд бидонем, ки аз ин ду мафҳум, ки нисбат ба ҳар чизе дорем, кадом як асил аст ва кадом як эътиборӣ? Посухи ин пурсишро, ки масъалаи севвумиро тарҳ мекунад, дар поварақии баъд ба пайравӣ аз матн хоҳем дод.

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари Фалсафа ва равиши реализм



Рубрики:Фалсафа ва равиши реализм

Метки: , , , , , , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: