Шарҳи Маснавӣ (198)

Қиссаи бозаргон, ки тӯтӣ ӯро пайғом дод ба тӯтиёни Ҳиндустон ҳангоми рафтан ба тиҷорат (24)

* * *

Шунидани он тӯтӣ, ҳаракати он тӯтиён ва мурдани он тӯтӣ дар қафас ва навҳаи хоҷа бар вай (9)

* * *

Поракардай васваса бошӣ дило!

Гар тарабро, боздонӣ аз бало.

Эй дил, ё эй соҳибдил! Агар ту шодиро аз бало ҷудо бидонӣ, яъне агар лутфу қаҳри илоҳиро аз ҳам фарқ бигузорӣ ва лутфашро дӯст бидорӣ ва қаҳрашро нахоҳӣ, ту асири васвасаҳои шайтонӣ шудаӣ ва тавассути шайтон ба осебу табоҳӣ дучор омадаӣ.

Нукта: Ошиқи ҳақиқӣ ҳеч хосте барои худ надорад. Хушии ӯ ҳамон аст, ки маъшуқ мехоҳад, хоҳ саодати васл бошад ва хоҳ ранҷи фироқ. (Шарҳи Маснавии маънавии Мавлавӣ, дафтари аввал, с.271)

Гар муродатро мазоқи шаккар аст,

Бемуродӣ на муроди дилбар аст?

Агар баровардани мурод ва хостаат монанди шакар ширин аст, оё бе мурод будани ошиқ муроди маъшуқ нест?

Нукта: Агар касе дам аз ошиқ будан бизанад, ва дар айни ҳол, таҳаққуқи орзуҳои худро ҳамчун шакар ширину гуворо бидонад, мусалламан ӯ ошиқи содиқ нест, балки асири васвасаҳои нафс аст, зеро ишқи ҳақиқӣ мусталзими ин аст, ки ошиқ хостаи худро дар хоста ва муроди маъшуқ фонӣ кунад ва танҳо бар муроди ӯ биравад. (Шарҳи ҷомеъи Маснавии Маънавӣ, ҷ.1, с.553)

Ҳар ситораш хунбаҳои сад ҳилол,

Хуни олам рехтан ӯро ҳалол.

Ҳар ситораи он маҳбуби азалӣ хунбаҳои сад ҳилол аст, яъне андак таҷаллии ҷалолияи Ҳақ хунбаҳои теъдоди бисёре аз соликон аст. Шореҳони Маснавӣ “ситора”-ро киноя аз таҷаллии ҷалолии маъшуқ донистаанд ва “ҳилол”-ро киноя аз соликон шумурдаанд. (Шарҳи Маснавии Валимуҳаммади Акбарободӣ, дафтари аввал, с.121)

Устод Фурӯзонфар дар тавзеҳи байти ахир гӯяд: “Дар ишқ андак-андак хушиҳо ва ҳолоти нафсонӣ ба лаззот ва аҳволи руҳонӣ бадал мешавад. Нахустин, камфурӯғ ва зудгузар аст ва моҳи навро монад, ки омехта ба торикӣ аст ва андак фурӯғе дорад ва то ба бас дер фурӯ менишинад. Дуввумин, ба ситора монад, ки тобнок ва тобиши он ҳамешагӣ аст. Ҳамчунин ин ҳолот ба таъоқуб бар дил мегузарад, то он ки вуҷуди ошиқ ба тамому камол табдил меёбад ва ҳастии нангини вай ранги ҳастии волое, ки мавҳибати ишқ аст ба худ мегирад. Пас, ишқ вуҷуди ошиқро дарҳам мешиканад ва аз нав вуҷуде ҷовидон месозад, то он мағлуби ҳаво аз банд мераҳад ва ба камоли озодагӣ мерасад. Мақсуди Мавлоно аз “хун рехтан” ва “хунбаҳо ёфтан” ин дақиқа тавонад буд.” (Шарҳи Маснавии шариф, ҷ.3, с.695-696)

Мо баҳову хунбаҳоро ёфтем,

Ҷониби ҷон бохтан биштофтем.

Инак, ки мо баҳо ва хунбаҳоро дарёфтем, яъне акнун ки мо музди фаноро мутаваҷҷеҳ шудаем, пас ба сӯйи ҷон бохтан дар роҳи маъшуқ равона шудаем.

Нукта: Ҳаким Сабзаворӣ гӯяд: “Ишорат аст ба ҳадиси қудсии –

من عشقني عشقته ومن عشقته قتلته ومن قتلته فعليّ دينه

“Ҳар ки ошиқам шавад, ошиқаш шавам, ва ҳар киро ошиқ шавам, кушамаш, ва ҳар киро кушам, бар ман аст хунбаҳои ӯ.” (Шарҳи асрор, с.57)

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ



Рубрики:Бишнав аз най..., Ирфони назарӣ, Маснавии Маънавӣ, Шарҳи Маснавӣ

Метки: , , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: