ҲНИТ: «Ин амалҳои нангин ҳеч гоҳ пеши роҳи муборизаро нахоҳад гирифт»

Дар пайи фишору таъқиби наздикон ва хешовандони аъзои ҲНИТ, Шӯрои иҷроияи ин ҳизб бо судури баёнияе, бо маҳкум кардани “рафторҳои нафратовари ҳукумати кишвар алайҳи пиронсолон ва занону кӯдакони маъсум”, ин аъмолро “як ҷиноят ва терроризми давлатӣ” донистааст.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ баён доштааст: “Шикаст хӯрдани ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дар майдони сиёсат ва ноком гаштанаш дар саҳнаи байналмилалӣ боис гаштааст, ки чеҳраи воқеъии ҷинояткоронаашро ба намоиш бигзорад ва интиқоми шикасти худро аз пиронсолон ва занону кӯдакони бедифоъ бигирад.”

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ дар ин баёния аз созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, сафоратхонаҳо, расонаҳо ва ҳама иснонҳои соҳибзамир дархост кардааст, “рисолати касбӣ ва иснонии худро барои раҳонидани одамони бегуноҳ аз азобу машаққати ҷисмонӣ ва равонии мақомоти Тоҷикистон“ анҷом диҳанд.

Ин шӯро ба ҳукумати ҶТ ҳушдор додааст, ки “ин кирдорҳои ноҷавонмардона ва зиддибашарии хешро хотима дода, аз пиронсолону занони гарвагонгирифтаашон ҳамчун василаи муборизаи сиёсӣ истифода накунанд. Ин амалҳои нангин ҳеч гоҳ пеши роҳи муборизаро нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Баръакс, зарурати васеътар кардани мубориза алайҳи ҷиноятхои мақомоти давлати Тоҷикистонро бештар ва иродаву устувории муборизонро барои решакан кардани зулм аз болои миллат қавитар мекунад.”

Машрӯҳи ин баёния, ки Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ дар сафҳаи худ дар Фейсбук гузоштааст, ба шарҳи зерин аст:

Рӯзҳои ахир ҳукумати ҶТ фишорҳои худ болои аъзои хонавода ва хешу табори фаъолони сиёсии хориҷи кишварро бештар намуда, аз ин тариқ мехоҳад пеши роҳи фаъолиятҳои сиёсӣ, расонаӣ ва ҳуқуқии онҳоро бигирад. Даъвати падару модар, зан ва ё хешовандони дуру наздик ба мақомоти пулис ва амният, фиристодани гурӯҳҳои омодашуда аз ҳисоби занҳову ҷавонон ба манзили онҳо, баргузории ҷаласаҳои ”фаъолони маҳаллаҳо” ба хотири “насиҳат”-и оммавӣ ва таҳқиромез ба наздикони мухолифин, аз зумраи иқдомҳое мебошанд, ки мақомоти Тоҷикистон имрӯзҳо дар саросари кишвар анҷом медиҳанд.

Ҳаҷми ин фишорҳо баёнгари он аст, ки ин иқдомҳо тасодуфӣ набуда, аз тарафи мақомоти болоии кишвар ҳамоҳанг ва назорат мешаванд. Агар пештар мақомот ин ҳолатҳоро ҳамчун худсарии зинаҳои поёни мақомоти давлатӣ шарҳ медоданд, маълумотҳои ахиран расида аз сарчашмаҳои мӯътамад гувоҳи он аст, ки дастури фишор ба пайвандони фаъолони сиёсӣ аз зинаҳои болои ҳукумати кишвар содир шудааст.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ рафторҳои нафратовари ҳукумати кишвар алайҳи пиронсолон ва занону кӯдакони маъсумро шадидан маҳкум намуда, ин ҳамаро ҳамчун як ҷиноят ва терроризми давлатӣ меҳисобад. Шикаст хӯрдани ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистон дар майдони сиёсат ва ноком гаштанаш дар саҳнаи байналмилалӣ боис гаштааст, ки чеҳраи воқеъии ҷинояткоронаашро ба намоиш бигзорад ва интиқоми шикасти худро аз пиронсолон ва занону кӯдакони бедифоъ бигирад.

Палидии рафтори мақомоти кишвар дар он аст, ки пас аз таҳқиру фишорҳои бераҳмона ва ноҷавонмардона алайҳи занону пиронсолон, онҳоро таҳдид мекунанд, ки агар созмонҳои байналмилалӣ, сафоратҳо ва расонаҳо аз ин кор огоҳ шаванд, вазъияти онҳо боз бадтар хоҳад шуд. Ягона роҳи халосӣ аз ин фишорҳо, ба гуфтаи мақомот, ин қатъи фаъолияти сиёсии наздиконашон дар хориҷ хоҳад буд.

Ин фишорҳо дар арафаи баргузории ҳамоиши солона бахшида ба 20-умин солгарди имзои Созишномаи Сулҳ дар ш. Дортмунди Олмон бештар гашта, ҳанӯз ҳам идома доранд.

Барои намуна, метавон аз чанд мавориди фишор алайҳи наздикони фаъолон зикр кард, ки тайи чанд рӯзи охир рух доданд:

1) Дар таърихи 07.07.2017, мақомоти додситонӣ, амният ва пулиси н. Данғара тақрибан соатҳои 10-и субҳ ба хонаи падари Ҷаннатуллоҳ Комилов, намояндаи ҲНИТ дар Олмон ва узви Шӯрои иҷроияи ҳизб, воқеъ дар ҷамоати Себистони ноҳия омада, модари пир ва бемораш шаҳрванд Саймо Қулова, бародаронаш Зубайдуллоҳ ва Убайдуллоҳ Комиловҳоро мавриди фишор қарор доданд. Онҳо таҳдид карданд, ки агар Ҷаннатуллоҳ аз баргузории ҳамоиши зидди давлатӣ дар Дортмунд даст накашаду худро ба мақомоти тоҷик насупорад, хонаҳо ва заминҳояшонро мусодира хоҳанд кард. Ҳамчунин ду рӯз баъд, 09.07.2017, мақомоти амниятӣ падарарӯси Ҷаннатуллоҳ, Зубайдуллоҳ Атовуллоевро ба шӯъбаи КДАМ дар ноҳияи Данғара бурда, ӯро то шаб дар онҷо боздошт карданд.

2) Як гурӯҳи 10-нафара аз мақомоти амнияти шаҳри Кӯлоб паиҳам дар санаҳои 07.07.2017 ва 08.07.2017 ба хонаи падари Бобоҷон Қаюмов, узви Раёсати Олии ҳизб, шаҳрванд Тағоймурод Қаюмов, истиқоматкунандаи деҳаи Кули ҷамоати Даҳанаи н. Кӯлоб рафта, нисбати ин муйсафеди 68-сола ва модари 65-солааш фишор, бадрафторӣ ва таҳқир раво диданд. Мақомот ба ин волидайн таҳдид карданд, ки агар фарзандашон дар Аврупо митинг баргузор кунад, хонаашонро хароб хоҳанд кард. Ҳамчунон, онҳоро маҷбур карда, видео забт карданд, то алайҳи фарзандашон дар баробари камера баёнот диҳанд.

Илова бар ин, рӯзи 09.07.2017, ҳамзамон бо рӯзи баргузории ҳамоиши сулҳ дар ш. Дортмунд, мақомоти амнияти н. Кӯлоб падари Бобоҷон Қаюмовро барои бозҷӯӣ ба идораи шӯъбаи КДАМ дар шаҳри Кӯлоб даъват карданд ва то шаби ҳамон рӯз ӯро боздошт ва нисбаташ бадрафторӣ ва таҳқир раво диданд.

3) Ҳамчунин як рӯз пас аз баргузории ҳамоиши сулҳ дар Дортмунд ва суханронии Ҷамшед Ёров дар он ҳамоиш, мақомоти КДАМ дар санаи 10.07.2017 ба хонаи Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр Ёров, адвокати машҳури тоҷик ва маҳбуси сиёсӣ, воқеъ дар кӯчаи Д. Барот, хонаи 3-и шаҳри Ваҳдат рафта, зани ӯ шаҳрванд Дилбар Зуҳуроваро ҳамроҳ бо фарзандонаш ба идораи КДАМ дар Душанбе оварда, онҳоро бозҷӯӣ карданд.

4) Мақомоти КДАМ паиҳам дар санаҳои 06.07.2017 ва 07.07.2017, падари Исломиддин Саидов, намояндаи ҲНИТ дар Лаҳистон ва узви Шӯрои иҷроияи ҳизб, шаҳрванд Асомуддин Саидов, истиқоматкунандаи деҳаи “Пандовчи саридашт”-и ҷамоати “Сафедчашма” (пештар Самсолик)-и н. Нурободро ба дафтари марказии КДАМ дар ш. Душанбе эҳзор карда, ӯро ба хотири фаъолиятҳои писараш мавриди фишор ва озори равонӣ қарор доданд. Дар рафти таҳқиқ ва бозҷӯӣ, мақомоти амниятӣ ба ӯ аксҳое аз ҳамоиши соли гузаштаи САҲА дар Варшаваро, ки дар онҳо писараш дида мешавад, нишон доданд ва таҳдид карданд, ки агар писараш аз фаъолиятҳои сиёсӣ даст накашад, нисбати онҳо ва фарзандашон чораҳое хоҳанд андешид, аммо шарҳ надоданд, ки чӣ чораҳоеро анҷом хоҳанд дод. Ҳамчунин, кормандони КДАМ хоҳари Исломиддин Саидовро, ки нахост номаш ифшо шавад ва дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, мавриди бозҷӯӣ ва фишор қарор доданд, дар сурате, ки ба гуфтаи худи Исломиддин, хоҳараш бо Исломиддин Саидов ҳеч иртиботе пас аз ҳиҷрат надоштааст.

Илова бар ин, рӯзҳои баъд, 09.07.2017 ва 10.07.2017, мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқи н. Нуробод мардуми деҳаи мазкурро ҷамъ карданду падари пиронсоли ӯро дар байни ҳамдеҳагонаш хезонда, нисбати фарзандаш туҳматҳо заданд ва гуфтанд, ки бояд фарзандашро баргардонад. Лозим ба ёдоварӣ аст, ки пас аз ин фишорҳо, вазъияти саломатии модари Исломиддин, ки аз бемории дил ранҷ мебарад, вахим шуда, фазои хонаашонро руъбу ваҳшат фаро гирифтааст.

5) Субҳи рӯзи 11.07.2017, кормандони КДАМ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хонаи падари Маҳмудҷон Файзраҳмонов, сухангӯи ҲНИТ, воқеъ дар деҳаи Пахтакори ҷамоати Панҷи н. Ҷайҳун (пештар Қумсангир) омада, модари 61-солаи ӯро, ки аз бемории дил ранҷ мебарад, бо худ ба дафтари ҷамоат бурданд. Баъди чанд соат аз пурсуҷӯи модар, мақомоти маҳаллӣ ва кормандони амният мардуми деҳаи Пахтакорро, ки М. Файзраҳмонов онҷо таваллуд шудааст, ҷамъ карда, дар ҳузури модараш аз фаъолиятҳои сиёсии ӯ интиқод карданд. Мақомот гуфтанд, ки М. Файзраҳмонов ва бародаронаш дар хориҷ мардумро бар зидди давлати Тоҷикистон даъват ва таблиғ мекунад ва бояд аз иқдомҳои зиддидавлатӣ даст бикашанд. Ин боздошт ва мулоқот чанд соат идома ёфта, модари М. Файзраҳмонов ба хона баргашт, аммо ба гуфтаи наздикон, ӯ ҳоло вазъияти равонӣ ва саломатии хеле вахиме дорад ва як фазои руъбу тарс байни аъзо ва кудакони ин хонавода вуҷуд дорад.

Ҳадаф аз ин иқдомҳо, мавриди таҳрим ва муҳосараи иҷтимоӣ қарор додани хонаводаи М. Файзраҳмонов дар деҳа ва байни мардум мебошад. Зеро пас аз ин мулоқот ва бозҷӯиҳои қаблӣ, мардуми деҳа аз тамос ва рафтуомад ба аъзои хонавода ҳазар мекунанд. Додари ноболиғаш, Ҳусейнҷон Файзраҳмонов, аз он шикоят кард, ки ба сабаби фишорҳои мақомот дустон ва ҳамсинфонаш метарсанд бо ӯ дар тамос шаванд.

6) Пас аз зуҳри рӯзи 07.07.2017, мақомоти шаҳри Хуҷанд наздикон ва хешу табори Илҳомҷон Ёқубов, собиқ раиси шуъбаи ҲНИТ дар Суғдро, ба идораҳои давлатӣ эҳзор карда, дар ҷаласаҳои махсус “насиҳатҳо” ва “фаҳмондадиҳӣ” карданд ва мавриди фишорҳои равонӣ қарор доданд.

7) Ҳамчунин, мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи н. Қумсангир дар таърихи 08.07.2017 ба хонаи бародари Ифтихор Рустамов, яке аз ҷонибдорони ҲНИТ, шаҳрванд Абумуслим Рустамов ва ҳамчунин ба хонаҳои хоҳаронаш Сабоҳат Хӯҷаева ва Зарнигор Рустамова рафта ва онҳоро барои фаъолиятҳои сиёсии бародарашон мавриди фишор қарор доданд.

8) Пеш аз баргузории ҳамоиши сулҳ дар ш. Дортмунди Олмон, мақомоти амният ва ҳифзи ҳуқуқ ба хонаи волидайни шаҳрванд Гулбарг Сайфова, аз наздикони устод Муҳиддин Кабирӣ (раҳбари ҲНИТ) рафта, хонаводаи ӯро маҷбур карданд, то дар назди камераи видеоӣ алайҳи устод Муҳиддин Кабирӣ суханҳои қабеҳ бизананд. Гулбарг Сайфова номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагон дар соли 2015 буда, пас аз фишорҳо ба Лаҳистон ҳиҷрат намуда, дархости паноҳандагӣ кард.

9) Рӯзи ҷумъаи гузашта, 07.07.2017, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба хонаи падари Мижгона ва Савринисо Амоноваҳо, аъзои ҲНИТ, воқеъ дар н. Фирдавсии ш. Душанбе рафта, падарашонро мавриди фишор қарор дода, гуфтанд, ки духтаронаш ҳамроҳи “хоинон” дар Аврупо буда, алайҳи давлат ва “Ҷаноби олӣ” таблиғот мебаранд ва бояд баргашта, аз “Ҷаноби олӣ” бахшиш пурсанд.

Бинобар ин, Шӯрои иҷроияи ҲНИТ диққати созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, сафоратхонаҳо, расонаҳо ва ҳама иснонҳои соҳибзамирро ба ин вазъияти ногувор ҷалб намуда, изҳори умедворӣ менамояд, ки рисолати касбӣ ва иснонии худро барои раҳонидани одамони бегуноҳ аз азобу машаққати ҷисмонӣ ва равонии мақомоти Тоҷикистон анҷом хоҳанд дод.

Бояд ишора кард, ки муроҷиати расмӣ накардани шаҳрвандон ба созмонҳо, расонаҳо ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳанӯз маънии онро надорад, ки чунин ҳодисаҳо вуҷуд надоранд. Тарси саросарии мардум ва ноумедӣ аз натиҷаи муроҷиатҳои қаблӣ боис гаштааст, ки қурбониёни ин ҷиноятҳо хомуширо авло бидонанд ва танҳо наздикони худро аз ин ҷиноятҳои мақомот огоҳ бисозанд.

Ҳамзамон, Шӯрои иҷроияи ҲНИТ аз ҳукумати ҶТ талаб менамояд, ки ин кирдорҳои ноҷавонмардона ва зиддибашарии хешро хотима дода, аз пиронсолону занони гарвагонгирифтаашон ҳамчун василаи муборизаи сиёсӣ истифода накунанд. Ин амалҳои нангин ҳеч гоҳ пеши роҳи муборизаро нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Баръакс, зарурати васеътар кардани мубориза алайҳи ҷиноятхои мақомоти давлати Тоҷикистонро бештар ва иродаву устувории муборизонро барои решакан кардани зулм аз болои миллат қавитар мекунад.

Аз тарафи дигар, ин амалҳои нангин нишон медиҳад, имрӯз тақдири миллат ва давлат дар дасти касоне аст, ки камтарин эҳтиром ба қонун, арзишҳои инсонӣ ва милливу динӣ надоранд ва барои ҳифзи мансаб омодаанд ба пасттарин амалҳои зиддибашарӣ даст бизананд.

Шӯрои иҷроияи ҲНИТ

12.07.2017



Рубрики:Сиёсат, Ҷомеа

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: