Гузинаҳои меҳвари саудӣ барои ташдиди таҳримҳо алайҳи Қатар чист?

То ин лаҳза таҳримҳои эъмолшуда хасоратҳои чандоне ба иқтисоди Қатар ворид накардааст, зеро Қатар ба баракати бархурдорӣ аз манобеи ғании гоз, яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва илова бар ин, сандуқи захираи арзии ин кишвар болиғ бар 335 милёрд дулор аст ва сармояҳои бисёре низ дар хориҷ дорад.

Ба гузориши шабакаи хабарии CNN, ҳарчанд таҳримҳои эъмолшуда бар Қатар хасорати қобили зикре бар ин кишвар ба бор наовардааст, аммо чӣ басо чаҳор кишвари арабӣ шомили Арабистон, Амороти Муттаҳидаи Арабӣ, Миср ва Баҳрайн дар садад бароянд бо мутақоъид кардани шарикони тиҷории байналмилалии Қатар ба коҳиши равобити худ бо Дуҳа, ин кишварро беш аз пеш таҳти фишор қарор диҳанд.

Дар ин шароит суоле, ки матраҳ мешавад ин аст: ин кишварҳо чӣ тадобири дигаре мумкин аст алайҳи Дуҳа иттихоз кунанд?

Дар ин хусус бояд дар назар дошт, ки Арабистон, Аморот, Баҳрайн ва Миср дар садади поён додан ба таҳрими Қатар дар ояндаи наздик нестанд ва мумкин аст фишорҳояшонро бар ин кишвар дучандон кунанд, зеро ин чаҳор кишвар асри сешанбе дар баёнияи муштарак таъкид карданд, то замоне ки Қатар хостаҳои онон шомили мубориза бо теруризм, барқарории амният ва субот дар минтақаро ба таври комил ба иҷро дарнаёварад, иқдомоти кунунӣ алайҳи он идома хоҳад дошт.

Дар ҳамин иртибот Анвар Қарқош, вазири мушовир дар умури хориҷаи Аморот низ ҳафтаи гузашта пас аз посухи манфии Қатар ба шурут ва хостаҳои 13-гонаи ин чаҳор кишвари арабӣ, гуфт, иқдомоти баъдӣ инзивои беш аз пеши Қатарро ба дунбол хоҳад дошт. Вай бо иддаои ин ки Қатар дар радифи Эрон ва бисёре аз ташкилоти теруристӣ қарор хоҳад гирифт, пурсид, ҳикмати ин мумошот бо ифротгароӣ ва теруризм чист?

Ба ҳар ҳол, дар мавриди иқдомоти эҳтимолии ин чаҳор кишвар алайҳи Қатар метавон ба мавориди зер ишора кард:

Форуқ Сусо (Farouk Soussa), коршиноси аршади иқтисод дар ширкати Citibank дар Ховари Миёна дар ин бора гуфт: “Ба ҳеч ваҷҳ равшан нест ин чаҳор кишвари арабӣ чӣ иқдоме метавонанд барои ташдиди фишор алайҳи Қатар анҷом диҳанд, ба назар мерасад, расмият бахшидан ба инзивои Қатар матлубтарин гузина аст”.

Ба ақидаи Сусо ва соири таҳлилгарон, чӣ басо кишварҳои таҳримкунандаи Қатар дар садад бароянд бо мутақоъид кардани шарикони тиҷории байналмилалии Қатар ба коҳиши равобит бо Дуҳа, ин кишварро таҳти фишор қарор диҳанд.

Дар ҳамин иртибот Турбҷрун Султвит (Torbjorn Soltvedt), таҳлилгари аршади Ховари Миёна ва шимоли Офриқо дар пажӯҳишкдаи Maplecroft гуфт: “Ба назар мерасад Омрико, Урупо ва Осиё тамоюле барои вуруд ба ин бӯҳрон надошта бошанд, аммо чӣ басо Арабистони Саудӣ ва муттаҳидонаш бикӯшанд ширкатҳо ва кишварҳои хориҷиро маҷбур кунанд, ки дар шароити мавҷуд, як тарафро интихоб кунанд, ки ин иқдом мумкин аст паёмадҳое барои иқтисоди Қатар дошта бошад.

Эми Моколистер (Amy McAlister), коршиноси иқтисодии минтақаи Ховари Ниёна дар Oxford Economic низ дар изҳори назар дар ин хусус гуфт: “Аз ин пас бахши молии Қатар ба далели адами тамоюли бонкҳои минтақаӣ барои таъомул ва ҳамкорӣ бо он, дучори мушкил хоҳад шуд ва ё ҳатто мумкин аст ин бонкҳо дар садади хуруҷи комили сармояҳои худ аз Қатар бароянд.”

Дар ин миён нуктае, ки бояд ба он таваҷҷӯҳ дошт, нигаронии воқеии сармоягузорон аз бӯҳрони кунунӣ байни чаҳор кишвари арабӣ бо Қатар аст, зеро ин бӯҳрон мӯҷиб шуд шохиси бозори саҳоми Дуҳа пас аз қатъи равобити ин чаҳор кишвари арабӣ дар 5 июн бо Қатар, ба мизони 10 дарсад коҳиш ёбад. Аммо ҳанӯз нишоне мабнӣ бар нигаронии ширкатҳои бузурги байналмилалӣ дар ин хусус вуҷуд надорад.

Нуктаи дигар ин ки ширкати фаронсавии Тутол рӯзи сешанбе аз оғози фаъолият барои густариши майдони нафти “Шоҳин”-и Қатар бо ҳамкории ширкати давлатии Қатар хабар дод.

Тутол бо судури баёнияе эълом кард, мутаъаҳҳид мешавад широкати нафтии худ бо Қатарро чӣ дар дохили ин кишвар ва чӣ дар сатҳи байналмилалӣ густариш дода ва барои идомаи ҳамкориҳои худ бо Қатар ба вежа дар заминаи пружаҳои ҷадид дар Қатар омодагӣ дорад.

Шабакаи CNN дар идомаи гузориши худ навишт:

Яке аз муҷозотҳои эҳтимолии ин чаҳор кишвари арабӣ алайҳи Дуҳа, ба таълиқ даровардани узвияти Қатар дар Шӯрои ҳамкорӣ аст; Шӯрое, ки дар соли 1981 барои ҳамоҳангӣ дар сиёсатҳои кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс ташкил шуд.

Ихроҷи Қатар аз маҷлиси Шӯрои ҳамкорӣ, шиддати амали зиёде алайҳи Дуҳа аст, ки эҳтимоли савқ ёфтани он ба самти меҳвари Эронро ба дунбол дорад ва илова бар ин, ихроҷи Қатар аз ин шӯро ниёзманди ҳимояти Кувайт аст, ҳол он ки Кувайт дар талош барои ёфтани роҳи ҳалле барои поёни ин бӯҳрон аст.

Дар ин миён талошҳои диплумотики дигаре низ дар ҷараён аст ба ин маънӣ, ки Рикс Тилерсун вазири хориҷаи Омрико рӯзи сешанбе роҳии Дуҳа шуд, то ёддошти тафоҳуме дар бораи мубориза бо теруризм бо Қатар имзо кунад.

Тилерсун дар ин бора гуфт: “Бар ин боварам, ки мавозеъи Қатар комилан равшан ва мантиқӣ будааст. Моилем дар бораи кайфияти пешбурди умур сӯҳбат кунем.”

Вай рӯзи чаҳоршанбе низ дар нишасте бо вазирони хориҷаи Арабистон, Миср, Аморот ва Баҳрайн дар шаҳри Ҷидда, дар бораи бӯҳрони Қатар баҳс ва ройзанӣ кард.

Ин дар ҳолест, ки Қатар ҳеч нишонае мабнӣ бар пазириши хостаҳои кишварҳои таҳримкунанда шомили таътилии шабакаи хабарии Алҷазира, коҳиши сатҳи равобити диплумотик бо Эрон, таваққуфи сохти пойгоҳи низомии Туркия дар хоки худ буруз надодааст.

Ҷолиб ин ки Қатар рӯзи якшанбеи гузашта аз ташкили кумитае хабар дод, ки ҳадаф аз он дарёфти ғаромат аз кишварҳои таҳримкунанда ба далели зиёнҳои ношӣ аз таҳрим аст.

Бояд дар назар дошт, ки то ин лаҳза таҳримҳои эъмолшуда, хасоратҳои чандоне ба иқтисоди Қатар ворид накардааст, зеро Қатар ба баракати бархурдорӣ аз манобеи ғании гоз, яке аз сарватмандтарин кишварҳои ҷаҳон ба шумор меравад ва илова бар ин, сандуқи захираи арзии ин кишвар болиғ бар 335 милёрд дулор аст ва сармояҳои бисёре низ дар хориҷ дорад.

Бо ин ҳама чӣ басо таҳримҳои тӯлонӣ ва тадобири сахтгиронатар алайҳи Қатар мӯҷиби зарару зиёни ин кишвар шавад.

Дар ҳамин иртибот Димо Ҷордоне (Dima Jardaneh), мудири иҷроии таҳқиқоти иқтисодии Ховари Миёна ва шимоли Офриқо дар ширкати чандмиллиятии хадамоти молӣ ва бонкдории Standard Chartered гуфт: “Қатар ин тавоноиро дорад, ки хатароти иқтисодӣ ва молиро коҳиш дода ва маҳор кунад; ба шарти ин ки бахши содироти ҳидрукурбуники он, таҳти таъсири бӯҳрон қарор нагирад. Аммо дар сурати идомаи бӯҳрон, мумкин аст ҳазинаҳои роҳандозӣ ва фаъолиятҳои тиҷорӣ дар Қатар бештар ва душвортар шавад.”

Бино бар ҳушдори ожонси эътиборсанҷии Moody’s низ чунончи Қатар ин бӯҳронро ба суръат ҳал накунад, дучори мушкил хоҳад шуд.

Ҳамчунин таҳримҳои ҳавоии Қатар аз сӯи ҳамсоягонаш санъати гардишгарӣ ва соири санойеъи хадамотии онро таҳти таъсири манфӣ қарор хоҳад дод.

Илова бар ин, хутути ҳавоии Қатар ва соири ширкатҳо таҳти таъсири ин таҳримҳо қарор гирифта ва мутазаррир хоҳанд шуд ва дар ниҳоят мумкин аст талошҳои давлати Дуҳа барои танаввӯъ бахшидан ба манобеи иқтисодӣ, ба мушкил бархӯрд кунад.

Moody’s ҳафтаи гузашта дар ёддоште эълом кард: “Эҳтимол дорад ин бӯҳрон тӯлонӣ шуда ва то соли 2018 идома дошта бошад, бинобар ин пешбинӣ намешавад ин низоъ ба суръат дар чанд моҳи оянда ҳаллу фасл шавад, дар натиҷа чӣ басо хатароти ин бӯҳрон таъсироти манфӣ бар эътибори ҳокимиятии Қатар бар ҷой бигузорад.”

Реклама


Рубрики:Сиёсат, Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: