Кӯтоҳ омадани Эмомалӣ Раҳмон ба суди чӣ касест?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Дар ҳамин оғоз ёдоварӣ кунам, матлабе, ки банда дар ин ёддошт хоҳам овард, рабте ба ин ки инҷониб ҷузъе аз опозисиюн ҳастам надорад; балки як таҳлили сирф ва дидгоҳи шахси нигоранда аст ва чи басо баъзе аз афроди опозисиюн бо порае аз ин матолиб аслан мувофиқ ҳам набошанд.

Суоле, ки мехоҳам дар ибтидо матраҳ кунам ин аст: сиёсати феълии ҳукумати Тоҷикистон ва шахси Эмомалӣ Раҳмон, мабнӣ бар саркӯби мухолифони сиёсӣ ва талош барои ҳазфу маҳви онҳо аз сафҳаи ҷомеаи Тоҷикистон бо гумони холӣ сохтани он фақат барои афрод ва гурӯҳҳое, ки мавриди таъйиди эшон бошад, ношӣ аз чист? Ва ба сухани дигар, оё ҷаноби Раҳмон дар сиёсате, ки пеш гирифта, намунае дар ҷаҳони муосир суроғ дорад, ки дар якчунин сиёсате муваффақ шуда бошад?

Метавон эҳтимол дод, шояд улгуи эшон Чин бошад. Аммо дар мавриди Чин, ду нукта қобили таваҷҷӯҳ аст. Нуктаи аввал ин ки: дар қонуни асосии ин кишвар тасреҳ шуда, ки як давлати такҳизбист (шабеҳи Шӯравии собиқ) ва ба ҷуз ҳизби кумунист касе ҳаққи ташкили давлат ва ё фаъолият дар берун аз чорчӯби қонуни асосиро дар ин кишвар надорад. Ва нуктаи дуввум он ки: ҳукумати Чин агар аз мардум “чизе”-ро гирифт, дар иваз ҷойи онро ба “чизе дигар” пур кард; ба ин маъно, ки агар дар арсаи сиёсат такгароиро бар ҷомеа таҳмил кард, дар арсаи иқтисод ба гунае амал кард, ки ҷомеа дигар ба истилоҳ даҳонаш баста шуд. (Феълан дар мақоми арзёбии ин рафтор нестам, ки оё дуруст аст ё нест, фақат воқеиятро бозгӯ мекунам.)

Пас, таҷрубаи Чин ба ҳеч ваҷҳ дар ҷомеаи мо ҷавобгӯ нест, то улгуе бошад барои ҳукумати кунунӣ. Зеро аввалан, тибқи Қонуни асосӣ, такҳизбӣ дар кишвари мо ҳукмфармо нест, яъне мисли Шӯравии собиқ ва ё Чин нест. Ва сониян, ин давлат агар дар садади таҳмили такгароӣ дар ҷомеа аст (ки албатта хилофи Қонуни асосист), вале дар иваз – масалан дар арсаи иқтисод — чӣ чизеро ҷойгузини он карда? Оё иқтисоди мо мисли иқтисоди Чин аст? Оё аксари ақшори ҷомеа аз рафоҳи лозим бархӯрдоранд? Оё дар ин замина, тавонистанд (ё метавонанд) мисли Чин даҳони мардумро ба истилоҳ бибанданд?

Хуб, ҷавоб комилан равшан аст.

* * *

Ва шояд улгуи эшон, кишвари ҳамсоя яъне Ӯзбакистон бошад. Зеро ин кишвар низ дар оғозҳои пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, шароите шабеҳи шароити кишвари моро дошт. Яъне интихоботи озод баргузор мешуд ва аҳзоб ва гурӯҳҳои сиёсӣ ва опозисиюн дар он озодона фаъолият мекарданд, аммо Ислом Каримов, бо иттихози як сиёсати саркӯбгарона ва бисёр хашин дар баробари мухолифони сиёсиаш, то ҳудуде тавонист ҷомеаро аз вуҷуди опозисиюни ҷиддӣ ва қавӣ холӣ кунад. Аммо ин ки чаро Каримов муваффақ ба ин кор шуд, ду далел дорад:

Яке ин ки: опозисиюни Ӯзбакистон дар торихи худ на аз як инсиҷоми лозим бархӯрдор буд ва на дар ҷомеа аз як пойгоҳи лозими мардумӣ;

Дуввум он ки: раҳбари муҳимтарин ҳизби сиёсии ин кишвар, яъне ҷаноби Муҳаммад Солеҳ, ки дар яке аз интихоботҳои риёсати ҷумҳурӣ рақиби Ислом Каримов ҳам буд, пас аз муҳоҷират мутаассифона амалкарди Ҳаракати исломии Ӯзбакистонро (ки дар Афғонистон қарор дошт) таъйид кард ва ҳатто дар бурҳае аз замон аланан аз он ҳимоят ва пуштибонӣ ба амал овард; ҳаракате, ки дар феҳристи гурӯҳҳои теруристи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дошт ва ҳадафаш сарнагунии ҳукумати қонунии Ӯзбакистон буд. (Қобили ёдоварист, марҳум Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба шиддат бо сиёсатҳои ин ҳаракат мухолиф буданд ва ҳатто кор ба ҷойе расида буд, ки раҳбари вақти ин ҳаракат марҳуми Устодро ба хотири сулҳу созиш бо ҳукумат тавҳин ва таҳқир намуд, зеро ин ҳаракат аз реша мухолифи демукросӣ ва шевааш як шеваи толибонӣ аст.) Ва ҳамин сиёсатҳои опозисиюни Ӯзбакистон буд, ки камтар маҳбубияте ҳам, ки дар ҷомеа дошт, аз даст дод.

Ин ду иллат, ба назари нигоранда, аз асоситарин иллатҳои муваффақияти Ислом Каримов дар хомӯш кардани садои мухолифи сиёсаташ дар Ӯзбакистон ба шумор меравад.

* * *

Ҳол, суоли матраҳ ин аст, ки оё шароити опозисиюни тоҷик дар хилоли 20-у анде соли фаъолияташ пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, шабеҳи шароит ва вазъияти опозисиюни Ӯзбакистон аст, то пиндошта шавад ҳамон сиёсате, ки давлати Ӯзабкистон дар қиболи опозисиюни ин кишвар иттихоз намуд, дар Тоҷикистон низ ҷавоб бидиҳад?

Опозисиюни тоҷик, бахусус ҲНИТ – ки бар хилофи давлатмардони кунунӣ, барои ҷомеаи Тоҷикистон хуб шинохташуда аст ва амалкард ва наҳваи фаъолияташ барои ҳамагон, аъамм аз дохилу хориҷ, маълум ва маъруф аст – оё боре ҳам шудааст, ки дар хориҷ аз Қонуни асосӣ гом бардошта бошад? Оё боре шудааст, ки даъват ба сарнагунии низоми ҳоким дар кишвар намуда бошад? Оё боре ҳам шуда, ки аз ҳаракатҳои теруристӣ ва хилофи қонун, ҳимоят ва пуштибонӣ намуда бошад?

Тамоми ҳарфаш ин аст, ки: дар кишвари мо қонун ҳукмфармо бошад; ҳамин қонуни ҷорӣ. Амалкарди ҳукумат дар чорчӯби қонун бошад. Интихоботҳо озод ва шаффоф баргузор шаванд. Фарҳанги қонунмадорӣ дар ҷомеа ҳоким гардад. Расонаҳо озод бошанд. Ба касе ба хотири дидгоҳҳои сиёсиаш фишор ворид нагардад. Ҷомеаи маданӣ фаъол бошад. Ҳуқуқи ҳеч шаҳрванде – аъамм аз диндору бедину мусалмону ғайримусалмону атеисту ғайра – поймол нашавад.

Оё ғайр аз ин аст?

Ба ҳамин хотир аст, ки вақте ҳукумати феълӣ ҲНИТ-ро ба терурист ва экстримист будан муттаҳам намуд, аҳаде дар дохилу хориҷ ба ин иттиҳоми воҳӣ ва пуч бовараш наёмад, чаро ки ҲНИТ-ро мешинохтанд ва мешиносанд.

* * *

Хулоса, мо дар ҷаҳони муосир ҳеч намунае суроғ надорем, ки як ҳукумат бо мухолифони мусолиматомези сиёсии худ ин гуна бархӯрд карда ва дар натиҷа муваффақ ба холӣ кардани арсаи ҷомеа танҳо барои худаш шуда бошад. Ҳеч намунае суроғ надорем. Балки ин гуна сиёсатҳои хашин ва саркӯбгарона, ки шояд дар кӯтоҳмуддат натиҷае ҳам дарбар дошта бошад, вале дар дарозмуддат дуруст натоиҷи акс додаанд, ки ҳеч одами оқил ва дилсӯзи ватан ва миҳанаш намехоҳад якчунин паёмадҳои ногувор гиребонгири ҷомеааш бишавад. Аз давлатмардони кишвар хоҳиш мешавад, як бор муруре бикунанд бар торих ва таҷоруби ҷомеаҳои шабеҳи ҷомеаи мо дар ҳамин асру замон, на торихи дур.

Аз ин рӯ, нигоранда мӯътақид аст, ки ҳанӯз дер нашуда ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон як каме кӯтоҳ биёяд ва даст аз ин сиёсати хато ва иштибоҳ бардорад. Зеро кӯтоҳ омадан дар инчунин шароите, пеш аз ҳама, ба нафъи ҷомеа ва ҳатто ба нафъи худи эшон аст. Ин ки гуфта шавад, ҲНИТ ва ё соири аҳзоб ва ҳаракатҳои опозисиюни феълии Тоҷикистон терурист ҳастанд ва мехоҳанд давлате шабеҳи ДОЪИШ барқарор кунанд, ин ҳарфҳо дар ҷаҳон дигар харидор надорад, ҳатто дар дохил ҳам дигар харидоре надорад. Фишору таъқибу зиндон кардану тазйиқҳое, ки ҳамакнун бар наздикон ва хешовандони опозисиюн аз сӯйи дастгоҳҳои амниятӣ сурат мегирад, ҷуз ба зарару зиёни худи ҳукумат нест.

Албатта, кӯтоҳ омадан, ки мегӯям, манзур ин нест, ки гуфта бошам, ҷаноби Раҳмон аз тоҷу тахт поин ояд, на! Эшон феълан раисиҷумҳур аст. Балки манзурам ин аст, ки барои аҳзоби мухолиф ва опозисиюн маҷоли фаъолияти озодона дар чорчӯби қонун дода шавад, зиндониҳои сиёсӣ озод шаванд, аҳзоби мухолиф ба ватан баргарданд ва дар дохил ба сурати расмӣ ва дар чорчӯби қонун фаъолият кунанд.

Хулоса, опозисиюн чизе ҷуз ҳаққи машрӯъ ва қонунии худро намехоҳад. Бо вуҷуди опозисиюн аст, ки ҷомеаи моро хатари ҷараёнҳои теруристӣ – ки дар кишвари ҳамсоя яъне Афғонистон дар ҳоли ҷамъ шудан ҳастанд – таҳдид намекунад.

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Таҳлилот, Ҷомеа

Метки: , , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: