Лю Сяобо, мухолифи саршиноси ҳукумати Чин даргузашт

Лю Сяобо, мухолифи саршиноси ҳукумати Чин ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобели соли 2010, ки аз соли 2009 дар зиндон буд, дар бемористон ва бар асари бемории саратони кабид, дар синни 61-солагӣ даргузашт.

Хабаргузориҳо аз марги Лю Сяобо, ки ба далели ибтило ба саратони кабид ба бемористон мунтақил шуда буд, хабар доданд.

Сяобо дар соли 2009 ба иттиҳоми “иғтишош ва таҳрик барои барандозии ҳукумат”, ба 11 сол ҳабс маҳкум шуд ва аз он замон дар зиндон буд.

Мушорикат дар нигориши “Маншури 08” — баёнияе, ки хостори эҷоди ислоҳоти демукротик дар Чин аст — аз далоили зиндонӣ шудани вай буд.

Сяобо дар соли 2010 дар ҳоле, ки дар зиндон буд, ба унвони барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел интихоб шуд ва ин амр сабаби қатъи равобити диплумотики Чин ва Нурвеж (Норвегия) гардид.

Ин ду кишвар, пас аз 6 сол, дар соли 2016 ва дар ҷараёни дидори нахуствазири Чин ва вазири умури хориҷаи Нурвеж дар Пекин, тасмим ба оддисозии равобит бо якдигар гирифтанд.

Реклама


Рубрики:Машоҳир

Метки: ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: