Тавозуни қудрат дар Ховари Миёна ба нафъи кадом меҳвар дар ҳаракат аст?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи Раъюл-явм

Нигоҳе ба таҳаввулоти шитобон дар минтақаи Ховари Миёна аз ҷумла ба хато рафтани муҳосиботи сарнагунии низоми ҳокими Сурия ва акнун пирӯзии Ироқ дар озодсозии Мавсил, ба изофаи бӯҳрони равобити арабӣ, ҳамагӣ ҳокӣ аз ин аст, ки меҳвари Эрон дар ҳоли ба самар нишондани пирӯзиҳои рӯзафзун буда ва дар муқобил, меҳвари саудӣ ақибгард дошта ва ноком мондааст.

Ҳамзамонии пирӯзии нерӯҳои ироқӣ ва бозпасгирии шаҳри Мавсил бо 11-умин солрӯзи пирӯзии Ҳизбуллоҳи Лубнон бар зидди таҷовузоти Исроил дар тобистони соли 2006, чи басо тасодуфӣ бошад, аммо иртиботи ин ду дастовард ба ҳам, нишондиҳандаи қудрати Эрон дар минтақа ва ба самар нишондани дастовардҳо яке пас аз дигаре дар ҷабҳаҳои мухталиф аст.

Дар ин миён, Сайидҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон, дар суханони худ ба ҳамин муносибат, пирӯзии нерӯҳои ироқӣ дар Мавсилро дар баробари ДОЪИШ сутуд ва озодии ин шаҳрро пирӯзии бисёр бузург баршумурд ва дар ёдоварии мавзӯи муҳим афзуд: “Уламои аҳли суннати Ироқ мавзеъи истисноии худ дар ҷанг бар зидди ДОЪИШ-ро ба исбот расонданд. Ва он чи роҳи фитна дар Ироқро сад кард, ҳамин мавзеъгирии шуҷоъонаи уламои аҳли суннат буд.”

Пирӯзиҳои меҳвари эронӣ дар Ироқ, Сурия ва Лубнон дар ҳолест, ки меҳвари саудӣ ақибгард дошта ва тарҳҳои он дар дараҷаи аввал мӯҷиби ғарқ шудан дар бӯҳронҳои дохилӣ шуда ва пас аз он низ ин кишварро гирифтори таниши минтақаӣ ба вежа бо Қатар ва Яман кардааст.

Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки: меҳвари эронӣ дар минтақа дар кишварҳои Ироқ, Сурия, Лубнон ва ғайра муваффақ буда ва рӯз ба рӯз дар масири инсиҷом ва истеҳкоми ҳар чӣ бештар гом ниҳодааст, дар ҳоле ки меҳвари муқобил инсиҷоми худро аз даст дода ва фурӯ пошида ва дар бештари ҷабҳаҳо ҳамонанди Сурия, Ироқ ва Яман шикаст хӯрдааст.

Ин Эрон аст, ки доираи пирӯзиҳояш дар минтақа дар ҳоли густарда шудан аст. Ва яке аз авомили пирӯзии меҳвари эронӣ ин аст, ки муқовимат дар баробари режими саҳюнистӣ мубтанӣ бар машрӯият аст, ва ин, аслитарин рамзи пирӯзии ин меҳвар аст. Дар муқобил, меҳвари саудӣ машрӯият бахшидан ба оддисозии равобит бо ишғолгари исроилиро дар пеш гирифтааст, ва ин ҳамон тафовути бузурги ин ду меҳвар аст.

Бояд гуфт, Сайидҳасан Насруллоҳ дар ситоиши нақши уламои аҳли суннати Ироқ дар ҷилавгирӣ аз бурузи фитна дар ин кишвар, комилан ҳақ дошт ва суханони ӯ гоме ҳушмандона дар муқобили талошҳои эҳтимолӣ дар сатҳи минтақа ва байналмилалӣ барои шӯълавар кардани бӯҳронҳои фирқаӣ байни аҳли суннат ва шиъаи Ироқ буд, ки сарфасли он ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷадид барои пур кардани халаъи ношӣ аз шикасти ДОЪИШ ва ҷилавгирӣ аз такрори иштибоҳоти он аст.

Машйи Эрон дар ташкили нерӯҳои ғайринизомӣ ва ғайрисуннатӣ, ки нусхае аз нерӯҳои Сипоҳи Посдорон аст, ҳар рӯз мустаҳкамтар шуда ва дар ҳоли ба самар нишастан аст. Зеро пас аз муваффақияти таҷрибаи Ҳизбуллоҳ дар Лубнон, мо акнун дар Ироқ низ шоҳиди нерӯҳои мушобеҳ ҳастем, ки дар нерӯҳои Алҳашдуш-шаъбӣ намуд ёфтааст, ки нақши муҳимме дар шикасти гурӯҳи теруристии ДОЪИШ ифо кард.

Агар Омрико ва нерӯҳояш бо ҳамла ба Ироқ онро ишғол карданд ва ба ин ҷанг таҳти унвони ташкили “Ироқи ҷадид” бар вайронаҳои ҳизби Баъс ифтихор мекарданд, бояд гуфт, мо имрӯз пас аз озодсозии Мавсил худро дар баробари “Ироқи ҷадидтаре” мебинем, ки дар сояи меҳвари эронӣ- сурӣ нақши хешро ба унвони як қудрати меҳварӣ дар минтақа бозмеёбад.

Минтақаи арабӣ бо дар назар гирифтани таҳаввулоти сареъи Сурия, нақши рӯ ба рушди Русия ва шикасти бештари дидгоҳҳои мубтанӣ бар суқути низоми ҳокими Сурия дар тӯли шаш соли гузашта, дар ҳоли бозсозии сохтори минтақаии ҷадид бар асоси нақшаи ҷуғрофиёӣ ва сиёсӣ аст.

Даврони тиллоии ду даҳаи гузашта, ки дар он пулу сарвати арабҳои минтақаи халиҷи Форс ҳарфи аввалро мезад, ба суръат дар ҳоли поён аст. На фақат ба далели коҳиши даромадҳои нафтӣ ва бухор шудани бахши азиме аз захоири молии ҳосил аз он, балки ба далели нақшаҳои Омрико барои интиқоли нооромиҳо ва бесуботиҳо ба минтақаи халиҷи Форс ва омодагӣ барои оғози муҳокимаи се кишвари Арабистони Саудӣ, Қатар ва Аморот, ба иттиҳоми ҳимоят аз теруризм.

Дар ҳамин иртибот 15 мавриди шикоят дар иртибот бо даст доштани ин кишварҳо дар ҳамалоти 11 сентябри 2001 ба додгоҳҳои омрикоӣ ирҷоъ дода шуда, ки ғаромати сангини хонаводаи қурбониёни ин ҳамалотро бар онон таҳмил хоҳад кард.

* * *

Ҳарчанд эътироф мекунем, ағлаби ҷангҳо ва нақшаҳои кунунӣ барои азҳампошидагии минтақа ба нафъи манофеъи Исроил будааст аммо ин манофеъ умри кӯтоҳе дорад; зеро тағйироте, ки дар муъодилоти ҷадид ба он ишора кардем, хатаре барои мавҷудияти Исроил ба шумор меояд, ва ин ҳамон чизест, ки Исроил аз он бим дорад, ва дар воқеъ, бештарин чизе, ки аз он метарсад, расидани муттаҳидони Эрон яъне Ҳизбуллоҳ ва Алҳашдуш-шаъбӣ, ба марзҳои ҷанубии Сурия аст.

Дар ин миён, нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин ки Миср равобити худро бо Сурия ҳифз кард ва вазорати хориҷаи ин кишвар пирӯзии Ироқ дар Мавсилро табрик гуфт. Ва илова бар ин, Қоҳира бо вуҷуди мулҳақ шудан ба меҳвари саудӣ алайҳи Қатар, ҳамалоти расонаии худ алайҳи Эронро коҳиш дод, ки ҳамаи ин маворид нишон медиҳад, Миср намехоҳад ҳамаи тухми мурғҳои худро дар сабади саудиҳо бигузорад.

Дар ин миён равшан аст, ки минтақаи Ховари Миёна дар остонаи тағйироте аст, ки агар поёни султаи Омрикоро рақам назанад, чи басо мӯҷиби заъфи сайтараи он шуда ва тавозуни қувваҳоро ба нафъи меҳваре, ки акнун пирӯз аст пеш мебарад., яъне меҳвари эронӣ.

Raialyoum

Реклама


Рубрики:Таҳлилот, Ҷаҳони ислом

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: