Дар бораи ҷавонони Эмомалӣ Раҳмон ва ғайра

Ёддошти Додоҷон Атовуллоев дар нашрияи Centre1

Дар Тоҷикистон барои ҳар сол унвоне мегузоранд: аз “Соли оби тоза (пок)” гирифта то “Соли омӯзишу парвариш” ва то “Соли ҳиндувона (тарбуз)”… Ҳамаи онро наметавон баршумурд. Соли ҷорӣ ба унвони “Соли ҷавонон” номгузорӣ шуд. Чӣ касоне ва чӣ ҳадафе пушти ин номгузориҳо меистад?

Дар ин сол, тамоми Тоҷикистонро ба шиорҳо ва плокордҳо бо суханони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҷавонон ва нақши онҳо дар ҷомеа, пур карданд. Дар ҳамаи шаҳрҳо ва рустоҳо (қишлоқҳо) конфронсҳо ва семинорҳо ва нишастҳо бо меҳварияти ҳамин мавзӯъ баргузор шуда ва мешаванд.

Тамоми бародарзодаҳо ва хоҳарзодаҳои ман, бидуни истисно, кишварро тарк кардаанд. Бархе, феълан дар урдугоҳҳои паноҳандагон дар Урупо қарор доранд, то паноҳандагӣ дарёфт кунанд, ва аммо бештарашон дар Русия “гастрабайтер” шудаанд.

Ҳамаи ин азизон дорои мадраки омӯзиши олӣ ҳастанд: яке барноманавис аст, яке заминшинос (геолог), яке рӯзноманигор, яке ҳам муаллим ва ҳоказо… Аммо бо ин вуҷуд, ба унвони кӯчарӯб, банно, рангкор ва ронанда машғул ба коранд.

Аз яке аз ин азизонам пурсидам: “Чӣ касе (дар ватан) боқӣ мондааст?”

Бо як андӯҳ посух дод: “Модарбузург, падарбузург, модар ва падар…” Ва афзуд, онҳо низ ба дунболи пайдо кардани ҷойи коре ҳастанд, ҳатто барои модар.

Имрӯз, бештари бонувонамон дар ҳоли тарки Тоҷикистонанд, аз барои ёфтани “қуте лоямут”. Ин як раванди комилан ҷадид дар Тоҷикистон аст.

* * *

Ҷавонони тиллоӣ – фарзандони “дандонтиллоҳо”

Бо ин ҳама, дар ин кишвари хокистарӣ рангҳои барроқу дурахшоне ҳам ба чашм мехӯрад. Мегӯянд, кобореҳои шабонаи Душанбе дар ҳоли ҳозир, камтар аз тафреҳгоҳҳои Порис, Дубай ва Лус Онҷелес нестанд.

Дар ин кобореҳо, бештар “ҷавонони тиллоӣ” меоянд, онҳо барои фақат як пиёла чой нӯшидан, 200-300 дулор мебахшанд, ва ё ин ки пулҳои зиёде бар сари раққосаҳо ё хонандаҳо мепошанд. Ҳар касе, ки бештар пул харҷ кунад, ин яъне ӯ як сару гардан болотар аз дигарон аст.

Мусобиқаи ронандагӣ бо мошинҳои фавқулъода гарон, ва шикори “парвонаҳои шабона” – ҷузъе аз саргармиҳои онҳост.

Аммо рӯзона куту шалворҳои гаронқимати корӣ ва либосҳои низомӣ бар тан карда ва ҳар як ба сари кораш ҳузур меёбад; яке дар вазоратхона, яке дар бонк, яке дар ширкат ва яке ҳам дар дастгоҳи риёсати ҷумҳурӣ.

Яке аз мухолифон бо як нафрат боре ба ман гуфт: “Падарони инон бо “дандонҳои тилло” дар кулбаҳо сафо мекарданд, аммо ҳоло фарзандонашон худро “ҷавонони тиллоӣ” унвон мекунанд.

* * *

Бигӯ, падарат кист?

Нардбони “боло рафтан” дар Тоҷикистон барои ҷавонон, бештар бар асоси яке аз ду асл устувор аст: фомилат чист ва дар куҷо мутаваллид шудаӣ? Аммо боқӣ, дигар маҳалле аз эъроб надорад. Дар роҳравҳои ҳукумат дар ҳар қадаме метавон инсонеро бо фомили маъруф ё зодгоҳ пайдо кард.

Раиси бахши Урупо ва Омрикои Вазорати хориҷа Ҷамолуддин Убайдуллоев, писари раиси Маҷлиси улёи порлумон Муҳаммадсаид Убайдуллоев аст. Амирҷон, писари дуввуми ӯ, пештар ба унвони намояндаи Тоҷикистон дар Бонки ҷаҳонӣ ва Сандуқи байналмилалии пул машғул ба кор буд, ва қабл аз он, дар Вазорати молия, ва ҳаминак дар дастгоҳи риёсати ҷумҳурӣ.

Шоҳрух Саидзода, раиси бахши таҳқиқоти ҷиноии кишвар – писари раиси Кумитаи мубориза бо фасод Абдулфаттоҳ Ғоибов аст.

Фирӯз Шарифзода, сафири Тоҷикистон дар Туркманистон – писари вазири собиқи Вазорати кишвар Ҳумдин Шарипов аст.

Баҳром Холназаров, консули собиқ дар Қазоқистон ва ҳаминак раиси бахши консулии Вазорати хориҷа – домоди бародари раисиҷумҳур Нуриддин Раҳмонов аст.

Фарҳод Салимов, сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳида – писари Абдулмаҷид Достиев, муовини собиқи раиси порлумон аст.

Ин феҳристро метавон ба шакли як ҷузва, ё беҳтар аст бигӯем, ба сурати як китоб даровард. Ва ҳамин вазъ дар саросари кишвар ҳукмфармост; дар устонҳо ва шаҳристонҳо фарзандони руасои ин манотиқ дорои маносиби мухталифи давлатӣ ҳастанд.

Ва дуруст ҳаминон, насли ҷадиди соҳибони қудрат дар Тоҷикистонро ташкил медиҳад; насле, ки пиромуни Рустами Эмомалӣ, писари раисиҷумҳур, дар ҳоли шакл гирифтан аст.

* * *

Шоҳаншоҳ

Шаҳрдори Душанбе – Рустами Эмомалии 29-соларо ба ҳамин унвон мехонанд. Ӯ ҳаминак пас аз падар, дар воқеъ раиси дуввуми “отдели кадрҳо” аст.

Бисёре аз мансабҳои муҳимми давлатӣ зимни тавсияи ӯ ба афрод вогузор мешавад.

Албатта, дар ин кор ӯро Озода Раҳмон, раиси дафтари риёсати ҷумҳурӣ ва шавҳараш Ҷамолуддин Нуралиев, муовини аввали нахуствазири кишвар, амуяш Ҳасан Саъдуллоев, раиси “Ориёнбонк” ва соири наздикон ва бастагонаш, ки аз ҳадди шумориш берун ҳастанд, кӯмак мекунанд.

Раҳмон, дорои 9 фарзанд аст. Бародараш танҳо аз як зан 13 фарзанд дорад. Дар ҳукумат имрӯз ин падида мӯд шуда, ки беш аз як зан бигиранд. Хоҳари раисиҷумҳур дорои 11 фарзанд аст. Ҳамаи онҳо ё дар муассасоти давлатӣ машғул ба коранд ва ё ба тиҷорат ва бозаргонӣ.

Кишваре ба андозаи Тоҷикистон, қатъан барои якчунин хонаводаи бузург “кучак” аст. Гоҳе миёни аъзои хонавода ҷанҷолу кашмакашҳое сурат мегирад; он ҷо, ки манофеъашон бо манофеъи дигарӣ дар тазодд воқеъ бишавад, ки тавассути домоди бузурги раисиҷумҳур Муҳаммадзоир Соҳибов контрол мешавад.

Мегӯянд, Раҳмон ба писараш ағлаби авқот мегуфтааст: “Ту ҷавонтарин вазир гардидӣ, ҷавонтарин женерол, ҷавонтарин шаҳрдор. Ба зудӣ, ҷавонтарин раисиҷумҳур хоҳӣ шуд.”

* * *

Ҷавонони пир

Замоне ки ин мақоларо таҳия мекардам, бо бисёре аз ҷавонон сӯҳбат кардам. Сухани яке аз онҳо воқеан маро шигифтзада кард:

“Ман 28 сол синн дорам. Ман ва ҳамсолонам чӣ дидем? Кулбаи кӯҳна ва фарсуда, либосе тармимшуда, кор дар шароити бисёр сахт ва ғайриинсонӣ дар кишварҳои бегона, беморӣ ва мӯйҳои сапед. Чӣ чизи хубе дидем? Мо – ҷавонони пирем!”

Манбаъ: сойти Centre1

Реклама


Рубрики:Нақду назар, Ҷомеа

Метки: , , ,

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход / Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход / Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход / Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход / Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: